You are on page 1of 151

Саъдии Шерози ва «Гулистон»-и У

Шайх Муслињиддин Саъдии Шерозї аз љумлаи чунин мардони


баргузидаи љомеаи башарист, ки бо эљодиёт, таълифот ва таълимоти худ на
танњо барои форсизабонон хидмати бузурги таърихие кардааст, балки дар
пешбурди тамаддун ва Рушду камоли афкори бадеии љањонї низ сањми
носутурдание дорад. Афкору оро ва андешањои гуманистии Саъдї имрўз њам
барои тарбияи маънавии инсоният, пойдор гардондани сулњ, таъмин нмудани
иттиходу иттифоки халќу миллатхои саёраи мо хизмат карда истодааст.
Шоњиди барљастаи ин маънї дар пештоќи даромадгоњи Совети Амнияти
Ташкилоти Давлатњои Муттањида бо забонњои машњури олам сабт шудани
абёти зерини љовидонаи Саъдї мебошад, ки аз китоби «Гулистон»-и ў
гирифта шудааст:

Банї одам аъзои якдигаранд,


Ки дар офариниш зи як гавњаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвњоро намонад ќарор.

Саъдї саромад ва устоди ѓазали навин буд. Ба њамин муносибат


муаллифи номаълуме ўро дар ќатори Фирдавсиву Анварї пайѓамбари назм
хондааст:

Дар назм се тан паямбаронанд,


њарчанд ки «ло набию баъдї»,
Авсофу ќасидаю ѓазалро
Фирдавсию Анварию Саъдї.

Муаллифи дигаре низ дар бораи Саъдї сухан ронда, мавкеъ ва


ањамияти эљодиёти ўро аз шањомати дастгоњи атобаки Форс Саъд ибни Зангї
болотар донистааст:

Номи Саъдї дар «Гулистон»-аш


Бењ зи Саъду саою айвонаш.

Рољеъ ба тарљумаи њол ва љараёни зиндагии Саъдї дар сарчашмањои


таърихї ва тазкирањо маълумоти пароканда ва хеле ихтилофнок дучор
мешавад. Аз рўи онњо барќарор намудани тарљумаи њоли њаќиќии ў бисёр
душвор ва њатто номумкин аст. Бинобар ин дар њалли ин масъала
муњаќќиќони саъдишинос асосан ба ахбори осори худи Саъдї мурољиат
кардаанд.
Мувофиќи маълумоти сарчашмањо номи пурраи Саъдї Мушрифиддин
ибни Муслињиддин ибни Абдуллоњ мебошад. Зодгоњаш шањри Шероз аст,
вале соли таввалудаш дар маъхазњо њар хел нишон дода шудааст. Агар ба
њисоб гирем, ки Саъдї дар байни халќ ба умрдарозї маъруф аст, санаи 1184-
ро низ метавон њамчун соли таввалуди ў тахмин кард. Дар сурате, ки соли
вафоти ў санаи 1292 аст, 108 сол умр диданаш равшан мегардад, њарчанд ки
дар ин бобат фикрњои дигар њам њаст.
Падари Саъдї аз одамони маъруфи Шероз буда, аз рўи баъзе ишоратњо
дар дастгоњи њукмрони он ваќтаи Шероз Саъд ибни Зангї хидматеро њам дар
уњда доштааст. Вай дар симои фарзанди хурдсолаш осори аќлу заковатро
мушоњида мекард ва ба таълиму тарбияташ ба љон мекушад. Њамин тавр,
Мушрифиддини хурдсол дар сояи њиммату ѓамхорињои падари мењрубону
модари мушфиќ дар мактаб мехонд ва чун њама кўдакон аз баду неки одаму
олам хабар надошт. Вале ин хушбахтии кўдаконаи ў дер давом накард,
самиму сарди аљал нињоли умри падари бузургвори ўро аз беху бун
барканд. Саъдї ятим монд. Ў ваќтњое, ки дар њимояту сарпарастии падар
мезист, чигунагии њоли тифлони пепадарро намефањмид ва дар ин бобат
фикр њам намекард. Вале чун худаш ятим монд, ба сахтию талхии танњоию
бекаси ба зуди сарфањм рафт. Ба њоли ятими бепадар касе эътибор
намедод. Ин барои Мушрифиддини хурдсол, ки дар ањди падар басо
навозишњо аз хешу бегона дида буд, хеле аламангез буд. Ин аст, ки ў ваќте ки
ў ба рушду камол расид, на танњо худ ба ятимон мењрубонї мекард, балки
дигаронро низ ба ин амри савоб даъват менамуд. Дар ин бора ў дар боби
дуюми маснавии «Бўстон» чунин навишта аст:

Падармурдаро соя бар сар фикан,


Ѓубораш бияфшону хораш бикан.
Надони, чї будаш фурў монда сахт?
Бувад тоза бе бех њаргиз дарахт?
Чу бинї ятиме сарафканда пеш,
Мадењ бўса бар рўи фарзанди хеш.
Ятим ар бигиряд, ки нозаш харад?
В-агар хашм гирад, ки бораш барад?
Ало, то нагиряд, ки арши азим
Биларзад њаме, чун бигиряд ятим.
Ба рањмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафќат бияфшонаш аз дида хок.
Агар сояи худ бирафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Ман он гањ сари тољвар доштам,
Ки сар бар канори падар доштам.
Агар бар вуљудам нишасти магас,
Парешон шуди хотири чанд кас.
Кунун душманон гар барандам асир,
Набошад кас аз дўстонам насир.
Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар тифли аз сар бирафтам падар.

Саъдї баъди хатми мактаб ният дошт, ки тањсилро дар яке аз


мадрасањои Шероз давом дињад. Вале ин кор ба ў муяссар нашуд. Дар ин њол
ў ба номи яке аз хољагони Шероз, ки падараш низ солњо дар хидмати ў буд,
мактубе манзум навишта, арзи садоќат ва хизмат намуд:

Падарам бандаи ќадими ту буд,


Умр дар бандагї бар сар бурдаст.
Бандазода, ки дар вуљуд омад,
Њам ба рўи ту дида бар кардааст.
Хидмати дигаре нахоњам кард,
Ки маро неъмати ту парвардааст.

Эњтимол меравад, ки ин кўшиши Саъдї њам бе натиља мондааст. Зеро,


чунон ки аз байти зерин пайдост, ў аз Шероз ва ањли он ба куллї дилгир
шуда, майли Баѓдод кардааст:

Дилам аз сўњбати Шероз ба куллї бигирифт,


Ваќти он аст, ки пурсї хабар аз Баѓдодам.

Њамин тавр, Саъдї аз барори кори худ дар Шероз тамоман ноумед
шуда, барои давом додани тањсил ба Баѓдод, ки маркази хилофат ва илму
адаб буд, рахти сафар баст. Дар Баѓдод ба мадрасаи машњури «Низомия», ки
барои мусофирон шароити бењтаре дошт, ќабул шуд ва илмњои маъмули
замони худ, аз љумла улуми адабия, тафсир, фиќњ, ки дар он замон ањамияти
калони амали дошт, тахассуси комил пайдо кард. Саъдї дар маљлисњои
бањси фаќењони номдори маркази хилофат борњо иштирок карда, бо фасоњати
сухан, дурустии далелњо ва мантиќи мањокима бар онњо ѓолиб омада, тањсину
офарини ањли маљлис ва њозирон гардида буд. Дар ин бора њикояти
муфассале низ дар боби чоруми «Бўстон» оварда шудааст.
Бо вуљуди он ки Саъдї дар илми фаќњ ва дигар илмњои замонаи худ ба
дараљаи камолоти њаќиќї расида буд, вале ў то охири умр њељ кадоми ин
илмњоро ба худ ихтисоси доимї ќарор надод. Вай баъди хатми мадрасаи
«Низомия» ба нияти дидани оламу шинохтани одам аз Баѓдод роњи сафарро
пеш гирифта, муддатњо дар шањру мамлакатњои гуногун мусофиратњо кард.
Дар ин сафарњо Саъдї Осиёи Саѓир, њабаша, Миср, Шом, Фаластин,
Арабистон, њиндустон ва бештари шањрњои Эронро саёњат намуд. Аз рўи
баъзе њикоятњои «Гулистон» гуё ў ба Арманистон, Туркистони шарќї ва
баъзе аз кишварњои Европа низ сафар карда будааст.
Саъдї мувофиќи шароити ин ё он мањал ва таќозои ваќт худро ба
суратњои гуногун, масалан, баъзан њамчун дарвеш, гоње дар либоси ањли
илму ваъз, ваќте ба сурати суфию муршид намудор мекард. Муњимтар аз
њама ин аст, ки Саъдї дар ин сафарњо бо табаќоти гуногуни мардуми он
замон ошно гардида аз маљмўи ахлоќу одоб, рафтору кирдор ва урфу одатњои
халќњои мухталиф бањрањо бардошт, ки он њама дидаву шунидањои ў
минбаъд дар осораш хулоса шудаанд.
Мероси адабии Саъдї аз назму наср иборат аст.
Осори манзуми Шайх Саъдї аз маснавии оламшумули «Бўстон»,
ќасоиди форсї ва арабї, чор адад маљмўаи ѓазалиёт бо номњои «Тайибот»,
«Бадоеъ», «њавотим», «ѓазалиёти ќадим », китоби соњибия, маснавиёт,
ќитъаот, рубоиёт ва муфрадот иборат аст.
Осори мансури Шайх бошад аз шаш рисолаи хурд бо номњои «Дар
таќрири дебоча», «Дар таќрири маљолиси панљгона», «Дар суоли
Соњибдевон», «Дар аќл ва ишќ», «Дар насињати мулук», «Таќрироти салоса»
ва китоби «Гулистон» иборат аст.
Алњол мо ин љо фаќат дар бораи «Гулистон», тартибу танзим, таркибу
структура, услуби нигориш, маќому ањамияти ин асар дар эљодиёти Саъдї ва
дар таърихи адабиёт, инчунин кайфияти тањияи матни њозираи «Гулистон»
чанде таваќќуф карданї њастем. Зимнан бояд гуфт, ки дар бораи осори
Саъдї, алалхусус «Гулистон», ховаршиносони њамзабон ва хориљї дањо ва
садњо тадќиќоти хурду калонро анљом додаанд, ки њар кадом мувофиќи
замону макони таълиф ва њадафу маќсади муаллифон љолиби диќќат ва
ќобили мутолааву омўзиш мебошад. Њангоми навиштани ин маќола мо
бењтарин муњокимањо ва хулосањои муњаќиќони Саъдиро ба назар гирфита
бошем њам, тадќиќи «Гулистон»- ро асосан аз рўи маълумоти худи хамин
асар манзур гардондаем.
Инак «Гулистон».
Саъдї дар дебочаи «Гулистон» аз хусуси шўњрати сухани худ ва
мазияти он, хоса осори мансураву муншаоташ, забони хомаро ба гуфтор
оварда, таъкид намудааст, ки «зикри чамили Саъдї», андар дањони авом
афтодааст ва чакидањои килки гуњаррези ўро «хосу ом» ба муњаббату
эътиќоди тамом ќабул доранд: «Зикри љамили Саъдї, ки дар афвоњи авом
афтода ва сити суханаш, ки дар басити замин рафта ва ќасаб-ул-љайби
њадисаш, ки њамчун шакар мехўранд ва руќъаи муншаоташ, ки чун коѓази зар
мебаранд…лољалам коффаи аном аз хосаву ом ба муњаббати у гароидаанд».
Аз ин иќтибос бармеояд, ки Саъдї дар назари тамоми халќ, тамоми
табаќањои ањолї маќбулу мањбуб будааст ва ба аќидаи ў, мањбубият ва
шўњрати њаќиќї фаќат њамон ваќт ба адиб муяссар мешавад, ки халќи оддї,
мардуми авом ва оммаи ўро эътироф намоянд ва навиштањояшро дўст
доранд.
Воќиаи таълифи «Гулистон»-ро Саъдї ба тариќи шоирона ва дар
сурати њикояти марѓубе накл намудааст. «Як шаб,-навиштааст ў,-таамули
айёми гузашта мекардам ва бар умри талафкарда таасуф мехўрдам ва санги
сарочаи дилро ба алмоси оби дида месуфтам… Баъд аз таамули ин маънї
маслињат он дидам, ки дар нишемани узлат нишинам, домани сўњбат фаро
худ чинам ва дафтар аз гуфтањои парешон бишўям ва минбаъд парешон
нагўям».
Саъдї дар њамин андеша буд, ки яке аз дўстони дерину ќаринаш ба
аёдати ў меояд ва ба расми ќадим аз њар боб базлагўиву ширинсуханї оѓоз
менамояд. Вале Саъдї, аз рўи ањди ќатъии худ, ки бо касе мусоњибат
нахоњад кард љавобе ба ў намедињад. Яке аз ањли хонаводаи Саъдї мењмонро
аз ќарори шайх огоњ мекунад. Аз ин воќиа огоњ шуда, дўсти Саъдї на танњо
арзи ранљиш мекунад, балки мегўяд:
«Ба иззати азим ва сўњбати ќадим, ки дам барнаёрам ва ќадам
барнадорам, магар он гањ ки сухан гуфта шавад бар одати маълуф ва тариќи
маъруф, ки озурдани дустон љањл асту кафорати ямин сањлу хилофи роњи
савоб аст ва нуќзи рои улулалбоб, зулфиќори Алї дар ниёму забони Саъдї
дар ком».
«Филљумла,-мегўяд Саъдї,-забон аз муколимаи ў дар кашидан ќувват
надоштам ва рўй аз муњодасаи ў баргардонидан мурувват надонистам, ки ёр
мувофиќ буду иродат содиќ… Ба њукми зарурат сухан гуфтему
тафарруљкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду
авони давлати вард расида».
Ба ин тариќа, Саъдї ба хотири дўсти содиќаш ањди худро шикаста, бо
дастае аз ёрони мувофиќ дар аввали бањорон беруни шањр меравад ва шабро
дар бустонсарои яке аз дўстон ба рўз меоваранд. «Бомдодон, ки мегўяд
Саъдї, - хотири бозомадан бар раъи нишастан ѓолиб омад, дидамаш (яъне
њамон дўсташро – С.С.) домане гулу райњону сунбулу займарон фароњам
оварда ва оњанги руљўъ карда. Гуфтам: «Гули бўстонро, чунон ки донї, баќое
ва ањди гулистонро вафое набошад ва њукамо гуфтаанд: њар чи напояд,
дилбастагиро нашояд». Гуфто: «Тариќ чист?» Гуфтам: «Барои нузњати
нозирон ва фусњати њозирон китоби «Гулистон»-е тавонам тасниф кардан, ки
боди хазонро бар вараќи ў даст набошад ва гардиши замон айши рабеашро ба
тайши њариф мубаддал накунад.

Ба чї кор оядат зи гул табаќе?


Аз «Гулистон»-и ман бубар вараќе.
Гул њамин панљ рўзу шаш бошад,
В-ин «Гулистон» њамеша хуш бошад».

Њамин дўсти Саъдї бо шунидани ин суханон домани гулњои чидаи


худро пошида, аз Саъдї илтиљову зорї мекунад, ки фавран ба таснифи
«Гулистон» шурўъ намояд. Гуё Саъдї аз ин илтиљову бозхости дўсташ боз
њам шавќманд гардида, њамон рўз ба таълифи «Гулистон» мепардозад ва, ба
ќавли худаш, то бегоњ як боби онро аз баёз ба савод мерасонад. «Фасле дар
њамон рўз иттифоќи баёз афтод дар њусни муошират ва одоб муњовират дар
либосе, ки мутакаллимонро ба кор ояд ва мутарассилонро балоѓат
бияфзояд»-навиштааст Саъдї.
«Филљумла, - гуфтааст Саъдї, - њанўз аз гули бўстон баќияте монда
буд, ки китоби «Гулистон» тамом шуд».
Мутахассисони Саъдишинос бар онанд, ки Саъдї «Гулистон»-ро дар
њудуди се моњ, яъне дар фасли бањорон, навишта тамом кардааст. Алњаќ, ба
ин маънї дар иќтибоси боло њам ишорате њаст. Дар айни њол, дар худи
«Гулистон» ишоратњое њам диа мешавад, ки аз пешаки ба таври парешон
навишта шудани фаслу бобњои алоњидаи асар шањодат медињанд. «Ва дафтар
аз гуфтањои парешон бишўям ва минбаъд парешон нагўям»-гуфтани Саъдї
дар дебочаи «Гулистон» низ ишорат ба њамин маънист.
Дар њаќиќат њам, агар Саъдї яке аз бобњои калони «Гулистон»-ро ки
дар одоби сўњбат аст ва он аз рўи тартиб боби њаштуми асарро ташкил
медињад, дар як рўз таълиф карда бошад, њатман зери даст навиштањои
парешоне доштааст. Зеро ки махсусан дар њамин боб, ки дар дебоча Саъдї
онро «дар њусни муошират ва одоби муњовират» номзад карда, дар
таќсимбандии «Гулистон» дар «дар боби сўњбат» ном нињодааст, порчањои
шеъри ва он њам дар мавзўњои гуногун ва дар вазнњои мухталиф гуфта
шавад. Ин дар навбати худ, бар он шањодат медињад, ки Саъдї таасуроти
сайру сафарњо, дидаву шунидањо ва хандаву донистањои худро солњои сол
ёддошт мекардааст, ки он њама ёддошту ќайдњои пароканда акнун барои
њарчи тезтар тартибу танзим ёфтани китоби «Гулистон» кўмаки љидди
расондаанд.
Зоњиран, сабаб дар њамин аст, ки баъзе матолиби «Гулистон» ба
унвони бобњо мувофиќат намекунад. Нависанда, аз афташ, нахостааст, ки
њикоятњои аз пеш навиштааш берун аз китоб монад ва ё шумораи онњо
чандоне набудааст, ки барои онњо боби људогона муносибате надоштани
баъзе њикоятњо ба унвон ва мавзўю матолиби бобњо алњол фаќат як мисол
меоварем. Чунончи, боби «Дар ахлоќи дарвешон» ин њикоятро дорад:
«њикоят. Овардаанд, ки фаќење духтаре дошт баѓоят зиштрўй ва ба њадди
занон расида ва бо вуљуди љихозу неъмат кас ба мунокањати (аќди никоњ) ў
раѓбат наменамуд.

ФАРД:
Зишт бошад дабиќию дебо,
Ки бувад бар арўси нозебо.

Филљумла, ба њукми зарурат ба зарире (нобиное) акди никоњаш


бастанд. Овардаанд, ки дар он айём њакиме аз Сарандеб расид, ки дидан
нобино равшан њамекард. Фаќењро гуфтанд: «Чаро домоди худро илољ
накунї?» Гуфт: «Метарсам, ки бино шавад, духтарамро талоќ гуяд».

«Шўи зани зишт марди нобино бењ».

Чунон ки мебинем, ин њикоят, бо он ки хеле марѓуб аст, ба афъолу


аъмоли дарвешон ба њељ ваљњ муносибате надорад. Вале Саъдї аз бањри ин
њикоят гузашта натавониста, онро ба њамин боб илќо намудааст.
Саъдї сабки нигориш ва равияи услубии «Гулистон»-ро низ худ
ишорат намудааст. «…калимае чанд,-мегуяд, ў,-ба тарики ихтисор аз
наводиру амсол ва шеъру њикоёт дар ин китоб дарљ намудем ва бархе аз умри
гаронмоя бар ў харљ. Мўљиби таснифи китоби «Гулистон » ин буд:

Бимонад солњо ин назму тартиб,


Зи мо њар зарра хок афтода љое.
Ѓараз наќшест, к-аз мо бозмонад,
Ки њастиро набинам баќое.
Магар соњибдиле рўзе ба рањмат
Кунад дар кори дарвешон дуое».

Аз ин љо бармеояд, ки «Гулистон» аз суханони кўтоњи њикматнок ва


њикояту тамсилњои нодир дар шакли назму наср танзим ёфтааст. Хусусияти
услубии «Гулистон»-ро аз ин бењтар ифода кардан мумкин нест. Зеро дар
зимни он чор калима – «наводиру амсол ва шеъру њикоёт»- њамаи фазилатњои
бадеию услубии ин асар љамъбаст шудааст.

Саъдї «Гулистон»-ро ба њашт боб таќсим кардааст:


БОБИ АВВАЛ «Дар сирати подшоњон»,
БОБИ ДУВВУМ «Дар ахлоќи дарвешон»,
БОБИ САВВУМ «Дар фазилати ќаноат»,
БОБИ ЧАХОРУМ «Дар фавоиди хомўшї»,
БОБИ ПАНЧУМ «Дар ишќ ва љавонї»,
БОБИ ШАШУМ «Дар заъф ва пирї»,
БОБИ ХАФТУМ «Дар таъсири тарбият»,
БОБИ ХАШТУМ «Дар одоби сўњбат».
Инчунин соли танзиму тартиби «Гулистон»-ро низ дар порчаи шеърии
зерин аниќу даќиќ таъин намудааст:

«Дар ин муддат, ки моро ваќт хуш буд,


Зи њиљрат шашсаду панљоњу шаш буд.
Муроди мо насињат буду гуфтем,
Њаловат бо худо кардему рафтем».

Агар санаи 656 њиљриро ба соли милоди баргардонем, раќами 1258


њосил мешавад, ки ин соли итмоми таълифи «Гулистон» аст.
Мазмуну мундариља ва мавзўю мўњтавоиёти «Гулистон»-ро Саъдї дар
ќисмати хотимавии асар сароњатан таъкид намудааст. «ѓолиби гуфтори
Саъдї, - навиштааст, ў – тарабангез асту тийбатомез. Кўтањназаронро бад-ин
иллат забони таън дароз гардад, ки маѓзи димоѓ бењуда бурдан ва дуди чароѓ
бефоида хўрдан кори хирадмандон нест. Валекин бар рои равшани
соњибдилон, ки рўи сухан бар эшон аст, пушида намонад, ки мавъизањои
шофи (шифобахш) дар силќи иборат кашидааст ва доруи талхи насињат ба
шањди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати ќабул мањрум
намонад».
Дар њаќиќат њам, «Гулистон» тарабангезу тийбатомез аст, вале аз
љињати моњият ва «шањди зарофат» дорад, аммо аз ваљњи оќибат. Валекин
«доруи талхи насињат» дар тамоми њикоёти «Гулистон» дида мешавад. Ва ин
њама хусусиятињои «Гулистон» мањз ба воситаи доруи талхи насињат зоњир
мегардад. Насињат ва ибрат љону равони «Гулистон»-ро ташкил медињад.
Аслан Саъдї дар «Гулистон» гулистонро тасвир накардааст. Агар истисно
кунем, ки асар дар фасли бањор, айёми шукуфтани гулу лола навишта
шудааст, «Гулистон» ном гирифтани он њам комилан рамзист. Саъдї шояд
бо ин ном гуфтанї будааст, ки агар ањли ибрат аз ин њикоёт ва мавъизањои ў
панд гиранд, њаёташон гулистон хоњад шуд. Саъдї, албатта, аз доираи
фањмиши асри Х111 -13 ва асосан барои муосирони худ гап мезад, вале
њафтсад сол ин љониб одамон аз гуфтањои Саъдї масал мезананд. Дар айни
замон, Саъдї насињати талхи худро барои тамоми гуруњњои љамъиятї, аз шоњ
то гадо, аз вазир то Пешавар номзад карда бошад њам, њадафи ў одамони
боаќл ва хирадманди ин гурўњу табаќањо буд. Саъдї аз нобино њам панд
мегирад, вале аз беаќл не (Дар боби «Таъсири тарбият» ин гунна мисолњо
бисёранд).
Ваќтњое њам, ки Саъдї ашхоси таърихиро ном мебарад ва гуё њикоёти
таърихї мегўяд, манзури ў хаќиќати таърих набудааст, чунон ки дар њикоёти
Хорун-ар-Рашид, истилои Миср аз љониби ў ва пастарин ѓуломро њокими
Миср таъин кардани вай мебинем. Манзури ў мањз «наводиру амсол» на
таъкид ва таъйиди њаќиќати таърихї. Аз рўї њамин муќоясаву муояна
метавон гуфт, ки ќиссањои рўзгори Саъдї њам, ки дар «Гулистон» мазкуранд,
шояд чандон ќиссаи рўзгори шахси Саъдї набошад. Ба ин љихати
«Гулистон» њам муњаќќиќон эътибори љиддї додаанд. Баъзењо чунин аќида
доранд, ки гўё сафарњои Саъдї ба Кашќару Сўманот воќеї набошад. Вале
њељ кас њаќиќат будани воќиањои дар ин њикоёт тасвир шударо инкор карда
натавонистааст ва нияти рад кардан њам надоштааст. Аслан гирем, гап дар
сари он аст, Саъдї дар дохили њикоятњои «Гулистон» дар байни фарди
таърихї ва образи бадеии ќарор гирифта аст. Дар айни њолл муњимтар ин аст,
ки дар њарду њолат њам шахсияти њаќиќи ва образи бадеии Саъдї таълими ва
ибратбахшанд.
Аз ин вуљуњ чунин ба назар мерасад, ки зикри номи ашхоси намоёни
таърихї, истинод ба ќавли њукамо, таъин кардани љои зуњури воќиа ва
амсоли ин дар «Гулистон» барои он аст, ки сухани Саъдї њарчи боварибахш
ва муътамад намудор гардад. Агар ањвол њаќиќатан њам чунон аст, ки мо
мегуем, маќсуди нависанда дар «Гулистон» ба њадаф расидааст. «Гулистон»
ба оини худнамоии тамоми гуруњњо, табаќот ва аснофи љамъияти асри Саъдї
табдил ёфтааст. Зиндаги, зиндагии реалии одамон бо тамоми мухолифатњову
мураккабињояш, бо њама фарозу нишебњояш дар сатњи донишу биниш ва
таљрибаи њаётии Саъдии љањондидаву одамшинохта ба маърази баён
омадааст. Њикмати инсони дар «Гулистон» ба дараљаест, ки њар кас
метавонад дар маљлису мањофилаз он иќтибос кунад ва ё аз номи Саъдї
масал занад. Љумлахои кўтоњи пурмазмун, насри муљази њикматнок, назми
њаётиву ибратомўз бисёр њикоёти «Гулистон» ва љузвњои халосавии онро ба
амсолу њикам табдил додаанд. Инак, барои исботи муддао чанд мисол аз
суханони њикматноки Саъдї: «Озурадни дўстон љахл аст», «Ду чиз тираи аќл
аст: дам фўру бастан ба ваќти гуфтану гуфтан ба ваќти хомўшї», «њар чи
напояд, дилбастагиро нашояд», «Андеша кардан, ки чи гуям, бењ аз
пушаймонї хўрдан, ки чаро гуфтам», «њар ки даст аз љон бишўяд, њарчи дар
дил дорад, бигўяд», «Дурўѓи маслињатомез бењ, ки аз рости фитнаангез»,
«Кўтоњи хирадманд бењ, ки нодони баланд», «Муњол аст, агар хирадманд
бимирад, ки бењунар љои ў бигирад», «Тавонгарї ба њунар аст, на ба мол ва
бузургї ба аќл аст, на ба сол», «Хонаи дўстон бирўбу дари душманон
макўб», «Шўи зани зиштрўй нобину бењ», «њар киро сабр нест, њикмат нест»,
«Рўи зебо марњами дилњои хастаасту калиди дилњои баста», «Андаке љамол
бењ аз бисёре мол». «њар чї ба дил фурўд ояд, дар дил накў намояд, «љаври
устод бењ аз мењри падар», «Мол аз бањри осоиши умр аст, на умр бањри гирд
овардани мол» ва ѓайра.
Њар яке аз ин суханон, ки Саъдї бештар аз номи худ ва ќисман ба
унвони «гуфтаанд», «њукамо гуфтаанд» ва «овардаанд» гўё аз номи дигарон
баён кардааст, аз њаёти воќеии одамон њикоят мекунад ва њаќиќати
зиндагиро дар марњала ва лањзањои гуногун ифода менамояд. Аз ин љост, ки
њикоятњои «Гулистон» садсолањо ба табъу завќ ва хиради одамон дар
њимоятњои ин асар баъзе аз лањзањои рўзгори комронї ё таназулу нокомии
худро дидаанд.
Саъдї дар «Гулистон » њељ яке аз табаќоти љамъияти замони худро
њадафи њаљв ё ситоиши аз њад зиёд ќарор надодааст. Дар њама њол ў њадди
эътидолро нигоњ доштааст. Њатто дар масъалањои динниву мазњабї њам ба
таассуб роњ надодаст. Шиор ва матлубу маќсуди ў аз ин њама њикоёту амсол
фаќат панду андарз ва насињату мавъиза будаасту бас.
Гирифтем, ки ў дар мавриди подшоњони золиму бетабдирро сахт
мањкум намояд њам, дар мавриде дигар хираду тадбир ва дурандешиву
заковати њукумронони алоњидаро ситоиш кардааст. Тасвири њоли дарвешон
низ њамчуон аст.
«Аз ин руст, ки, - мегўяд яке аз Саъдишиносони эронї, - ин асари
нафис аз бењтарин оинањои адабї аст, ки намоиши авзои иљтимої ва
ахлоќии асрро ба таври комил медињад ва њам, аз ин рў, бисёре аз њикоёту
достонњои дархўри авзои умумии он аср пардохта шуда».
Ин суханон барњаканд. Вале «Гулистон» фаќат барои муосирони
нависанда нигошта нашудааст. Саъдї, ки равоншиноси олимаќом буд, панду
андарзњо ва њикоёту достонњои «Гулистон»-ро барои наслњои ояндаи
инсоният њам мўлљар карда будааст. Гап дар сари он аст, ки мавзўъ ва
матлабњои умумиинсонї доранд ва хусусияти љовидонаи башарї касб
кардаанд. Аз ин рў, аксарияти он фикру андешањо њаргиз кўњна намешаванд
ва дарозумрии «Гулистон» њам, зоњиран, дар њамин аст.
Њикоятњои «Гулистон» ва он воќеањое, ки дар онњо тасвир шудааст,
аз њаёти одамон наќл менамояд. Нависанда њаёти инсонро дар натиљаи
тањќиќи рўзгору рўхияи худи инсон ба тасвир гирифтааст. Аз ин ваљњ,
«Гулистон» аз асарњои ќабили «Калила ва Димна», «Тўтинома», ки
зиндагони ва рўњонияти одамонро бо роњи тамсил ифода кардаанд, тафовут
дорад. Дар чанд маврид њам, ки Саъдї њикоёти тамсилї овардааст, матлаби ў
фаќат ба воситаи онњо ифода наёфтааст. Ин њама муњокимањо чунин маъни
дорад, ки «Гулистон» дар навъи худ дар адабиёти тољик собиќа надорад. Ба
ин тариќа, «Гулистон» њамчун як навъи асари бадеї аз ихтирооти фикру
зењни Саъдист. Дар асарњои баъдина дар пайравии «Гулистон » як силсила
асарњо таълиф гардид, ки бењтарини онхо «Бањористон»-и Абдуррањмони
Чомї , «Хористон»-и Маљдуддини Хофи ва «Парешон»-и њабиби Кони
будааст. Дар айни њол адиб, олим ва маорифпарвари намоёни њиндустон
Алтоф њусайни Холи дар «њаёти Саъдї» ном китобаш «Гулистон»-ро ба ин
асарњо муќояса намуда гуфтааст: «Кутубе чанд ба тарзи «Гулистон» навишат
шудааст, ки сетои онњо ќобили таваљљўњ аст: якум, «Бањористон»-и Чомї,
дуюм, «Хористон»-и Маљдуддини Хофи ва, сеюм, «Парешон»-и Хабиби
Коонии Шерозї. Муќобилаи инњо бо «Гулистон» монанди моњу шамъ бо
хуршед аст».
Ин љо аз рўи инсоф бояд иќрор шуд, ки ин се асар барои муосирони
њамон мартабаву маќом ва ањамиятро молик буд, ки «Гулистон» барои
њамзамонони Саъдї. Ин муаллифон мавзўи «Гулистон»-ро тавсиа доданд ва
бо таќозои муњити иљтимої, вазъи ахлоќї ва сабки адабии асри худ асарњои
оригинали офариданд. Ин асарњо, низ дар ќатори «Гулистон» дар замони худ
шўњрати калон пайдо карда будаанд, хонандаву эътиќотмандони бисёр
доштанд ва аз њикоёту тамсилот ва панду андарзњои ин китобњо низ наслњои
баъдина зиёда масал задаанд.
Панду андарз ва њикмати инсонї дар асарњои мансури то ањди Саъдї
њам дар шаклњои гуногун, аз љумла зимни рисолањои фалсафї, ирфонї,
ахлоќии дини, китобњои таърихї тамсилї ифода ёфтаанд. Вале дар ин ќабил
асарњо њаёт ва зиндагонии гурўњ ва табаќањои мухталифи одамон, ахлоќу
одоби љомеа бевосита аз рўи тасвири рўзгори онњо ба инобат гирифта
нашудааст. Панду андарзњои «Гулистон» комилан иљтимоист ва таълимоти
Саъдї дар ин бобат аз њаёти воќеї сарчашма гирифтааст. Масоили дунявї
маѓз андар маѓзи ин асарро ташкил медињад.
Ба ин тариќа, одам ва неку бади тинату сиришти он дар «Гулистон»
мавзўи асосї ва марказист. Афъоли бад ва оќибати бади кирдори одамони
алоњидаеро, ки Саъдї накўњиш кардааст, дар њамаи асру замонњо бад ва зишт
шинохтаанд ва, дар айни њол, наљобат ва накиўњои инсониро, ки ў сутудааст,
њама наљиб ва накў хондаанд. Ба ин маънї Саъдї дар образи ќањрамонон
њикоёти «Гулистон» на танњо натиљаи мушоњидоти худро дар бораи
чигунагии феълу атвор, майлу хоњишњо ва фикру зикри муосирони худ иброз
доштааст, балки, умуман, сиришти навъњои башариро тањќиќ намудааст.
Саъдї дар натиљаи дидану омўхтану шинохтани одами замони худ гўё
образњои љомее офаридааст, ки назиру монанди онњо дар њар асру замон дида
мешавад. Бо ин њама Саъдї мехост, ки инсоният оќилтар ва комилтар шавад,
љомеаи башарї истењком ёбад, мулк ободу мардум осудаву озод бошанд. Ин
ният ва маќсади поку башардустона дар «Гулистон» абадияти ном ва
таълимоти Саъдиро таъмн кардааст.
«Гулистон» асари мансур бошад њам, дар он назм мавќеи нињоят калон
дорад. Нависанда дар порањои мансури њикоятњо њаётро ба воситаи образ ва
амалиёти персонажњо тасвир мекунад, вале дар бораи онњо камтар муњокима
меронад. Дар ќисмати назми њикоятњо бошад, на танњо матлаби асосии
муаалиф љамъбаст мешавад, балки тарафњои дигари мавзўъ њам таъкид ва
ошкор мегардад. Сохти њикояњо ва формулаи онњо аксаран чунон аст, ки
аввал гуё кас мебинад, мушоњида мекунад, баъд ибрат мегирад ва сипас
хулосаи њаёти мебарорад. Ба иборати дигар, асрори њикоятњо ва њикмати
онњо бештар бо ёрии порчањои манзум ифшо мегардад.
Дар «Гулистон» санъати саљъ мавќеи муњим дорад. Бештар муњаќиќон
онро асари насри синоъии мусаљљаъ хондаанд. Шояд њамин тавр гуфтан њам
љоиз бошад. Вале инро њам бояд гуфт, ки љумла ва фикрањое, ки бидуни саљъ
мебошанд, дар «Гулистон» кам нест. Ин њолат бештар њангоми наќли
воќеањо мушоњида мешавад. Ваќтњое, ки муаллиф аз воќеа ва амалиёти
персонажњо хулосаи пешакї баровардани мешавад ва фикри худро
таъсирнок, боварибахш ва хотирнишин кардан мехоњад, њарчи бештар ба
саљъ рў овардааст. Хусусан боби њаштуми «Гулистон», ки дар ќисмати насри
он воќеабандї ќариб дида намешавад, саљъ мавќеи њукмрон пайдо кардааст.
Ин љо саљъ омили асосие шудааст, ки суханони муаллиф њамчун масал садо
дињад. Саљъ дар «Гулистон» на танњо фасоњату балоѓати каломро накостааст,
балки ба он салосат ва равонї илќо намудааст. Саъдї бар хилофи дигар
нависандагони номдори муосир ва гузаштаи худ дар истифодаи санъати саљъ
њељ гуна зуру такаллуф ба кор набурдааст. Санъати саљь, Саъдиро ба
пуррагиву муѓлакбаёни ва костани мазмуну афзудани ороиши зоњирии пучу
каммаънии сухан наёвардааст.
Истифодаи иборањо ва оёту њадис ба забони арабї низ дар «Гулистон»
ба тарзи хосса сурат гирифтааст. Саъдї бар хилофи баъзе гузаштагон ва
муосирони худ љумла, ибора ва масалњои арабиро бештар на барои тасдиќи
фикр ва зинати сухан, балки њамчун ќисми таркибии љумла истифода
бурдааст. Агар онњо аз таркиби љумла берун карда шаванд, иборат ва маънои
он хароб мегардад.Чунин њикоятњо њам дар «Гулистон» њаст, ки фаќат чанд
калимаи он, аз ќабили «гуфт», «гуфтам», «гуфтанд» тољикї буда, фикр ва
мазмуни асосї пурра ба забони араби баён шудааст.
Бо вуљуди он ки ибора, љумла ва фикрањои арабї дар «Гулистон» кам
нест, наметавонем гўем, ки забони он сахт сангину мураккаб аст. Дар он
бисёр њикоятњои равону салис њаст, ки сар то по бо иборати ширин ва зебову
мафњум мураттаб шудааст. Соддагии алфоз ва њусни маънї дар ин гунна
њикоётњо ба дараљаест, ки њатто муосирони мо бе ёрии китобњои луѓат
матолиби онро батамом фањмида метавонанд. Барои мисол ин њикоятро
хонем:
«њикоят. Мењмони пире будам дар Диёрбакр, ки моли бисёр дошт ва
фарзанди хубрўй. Шабе њикоят кард, ки маро дар умри хеш љуз ин фарзанд
набудааст. Ва дарахте дар ин води зиёратгоњ аст, ки мардум ба њочат хостан
он љо раванд ва ман шабњои дароз дар пои он дарахт нолидаам, то маро ин
фарзанд бахшидааст. Ва шунидам, ки писар ба рафиќон мегуфт: «Чї будї, ки
ман он дарахтро дидаме ва дуо кардаме, ки падарам бимурди». Хоља
шодикунон, ки писарам оќил аст ва писар таъназанон, ки падарам фартут.

Ту ба љои падар чї кардї хайр,


Ки њамон чашм дорї аз писарат».
Бо вуљуди ин, матни «Гулистон» барои хонандаи имрўзаи тољик аз
чанд љињат душворињо пеш меоварад. Аввал ин ки бе тарљума фањмидани
ибора, фиќра ва љумлањои арабї ба њар кас муяссар намешавад. Сониян, дар
асар калимањои бисёри арабии имрўз дар забони адабии тољик номаълум ва
калимањои аслан тољикии кўњнашуда дучор мешавад, ки бе мадади китобњои
луѓат фањмидани онњо барои хонандаи умум душвор аст. Нињоят, порчањои
манзуми «Гулистон» њам дар мавридњои муайян шарњу тафсири калимањои
душворфањм ва тарљумаи мисраву байтњои арабиро таќозо менамояд. Ин
мушкилот дар ќисмати «Луѓот ва тавзењот»-и китоб, ки мо мураттаб кардаем,
то андозае њал шудааст.
Як хусусияти дигари «Гулистон», ки онро аз асарњои дигари мансури
то асри Х111-13 ва њам асри Х111 фарк мекунонад, ин аст, ки порчањои
манзуми асар рехтаи ќалам ва парвардаи табъу заковати худи Саъдист. Ба
иборати дигар гўем, порчањои манузуми «Гулистон»-ро Саъдї билъакси
анъанаи маъмул аз гуяндагони дигар иќтибос накардааст. Чунончї худ
мегўяд:
«Бидон, ки дар ин китоб, чунон ки расми муаллифон аст ва даъби
мусаннифон аз ашъори мутаќаддимон ба тариќи истиорат талфиќе нарафт.
Байт:
Кўњан љомаи хеш пиостан,
Бењ аз љомаи орият хостан».

Бо вуљуди ин муњаќќиќони даќиќназару хурдбин ва њамабину


њамадон дарёфтаанд, ки байти зерин аз њикояти аввали боби якуми
«Гулистон» аз маснавии «Гаршоспнома»-и Асади Тўсї ба «Гулистон» ворид
шуда будааст:

Макун такя бар мулки дунёву пушт,


Ки бисёр кас чун ту оварду кушт.

Албатта, ин сиркат не, балки таворуд аст. Азбаски Саъдї осори


гузаштагони худро бо диќќати тамом мутолиа карда, бењтарин абёту афкори
онро азхуд мекард, ин байти Асадї њам дар хотири ў наќш баста, бо мурури
замон гўяндааш фаромўш гардида, ба моли худи ў табдил ёфтааст.
Саъдї дар «Гулситон» як ибтикорот ё навоварии дигар дорад. Ин
татбиќи жанри мунозира дар насри «Гулистон» аст, ки асосан дар њикояи
«Тавонгар ва дарвеш» ва ќисман дар дигар њикоёт, аз љумла ќиссаи муштзан,
ифода шудааст.
Ба ин тариќа, «Гулистон» њам аз ваљњи њадафи ѓояви бадеї ва њам аз
лињози сабку забон дар адабиёти мо зуњуроти тоза буд. Саъдї ба воситаи ин
асар мактаби тарбиятии иљтимоии дар адабиёт таъсис намуд. Љолиби диќќат
аст, ки бисёр панду андарзњо ва мазмунњои «Гулистон»-ро фасл ба фасл ба
«Кодекси ахлоќии бинокорони коммунизм» татбиќ кардан мумкин аст. Ба ин
маъни, «Гулистон» њозир њам асари замонавї мебошад.
Матни њозираи «Гулистон» асосан аз рўи ду нашри «куллиёти Саъдї»,
ки якеро Ањмади Илмї дар заминаи нусхаи мусањењи марњум Муњаммадалии
Фўруѓї соли 1338 шамсї дар Тењрон интишор додааст ва дигареро Мазохири
Мусаффо бо муќобилаи муљаддад соли 1340 шамсї низ дар Тењрон чоп
кардааст, тањия намудаем. Илова бар ин, њангоми тасњењи матн борњо ба
матни илмию интиќодии «Гулистон», ки Рустам Алиев омода ва чоп
кардааст (Москва, соли 1959) ва чанд адад дастхати нафиси осори Саъдї, ки
дар ганљинаи дастхатњои Институти шарќшиносии АФ РСС Тољикистон ба
номи А.Мирзоев мањфуз аст, мурољиат кардаем.
Дар айни хол матни «Гулистон» бо яке аз ќадимтарин нусхањои
калимаи куллиёти Саъдї, ки баъди 37 соли вафоти ў китобат шуда, алњол
зери раќами 503 дар ганљинаи дастхатњои ИШ АФ РСС Тољикистон махуф
аст, муќояса ва фарќи он дар поварак дода шуд. Ба њамин муносибат матни
њозираи «Гулистон» ба худ як навъ сурати матни интиќодиро ќабул кардааст.
Нияти мо аз ин иќдом аст, ки бартари ва камияти ин дастнавис нисбат ба
дигар дастнависњои муътабари Эрон, ки нашрњои эронии «Гулистон» аз рўи
бењтарини онњо тањия шудааст, ошкор гардад. Чунон ки аз повараќи матни
њозира њам равшан хоњад шуд, нусхаи ќадима ба завќу салиќаи
нависандагони асри Саъдї ва ќариби он хеле наздик буда, калимоти латиф,
ширин ва хушлањни табии матни онро хеле љолиб ва дилкаш гардондаанд. Аз
тарафи дигар, дар чандин маврид порчањои шеърии њикоятњо бо абёт ва
порчањои тоза такмил дода шудаанд, ки низ љанбаи тарбиявию ахлоќї
доранд. Чунончи, ин порчаи шеъри ба њикояти охирини боби аввал замима
шуда, мазмуни онро боз њам тавсиа додааст.

Ин њама њељ аст, чун мебигзарад,


Бахту тахту амру нахю гиру дор.
Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат ёдгор.
Дигар замимањои мансуру манзум, ки дар повараќи сањифањо омадааст,
ба њамин ќиёс мебошад.
Дар айни замон, «Гулистон» дар ин нусхаи ќадимї як андоза мухтасар
аст. Баъзе њикоятњо ва як ќисми абёту порчањои шеърї, ки дар дастхатњои
баъдина мављуд аст, дар он дида намешавад.
«Гулистон» барои фосизабонон аз ибтидои таълифаш ва барои
аврупоиён баъди чандин аср китоби таълими буд. Барои форсизабонон
маќбул ва матлуб буд барои он ки дар ин китоб њаќиќати њаёти таърихиву
иљтимої ва ахлоќии асри Саъдї ба таври бадеии инъикос ёфтааст. Дар ин
асар њар як табаќаи љамъият, њар як ќавму ќабила худро ва малу омоли
хешро мебинад. Барои фарангиён ин китоб маъќул ва матлуб шуд барои он
ки дар он назокати забони форсї ва хиради халќ ифода шудааст. Барои
фарангиён ин китоб, пеш аз њама, аз ду љињат муњим буд. Якум, њамчун
бењтарин намунаи забони классики форси ва, дуввум, њамчун воситаи
донистани афкори сиёсиву иљтимои ва динниву таамулоти халќњои
форсизабон. Алњол, «Гулситон» барои сокинони сайёраи мо аз љумлаи
мањбубтарин асарњост.
Нињоят, мехоњем, ки ба њамкорони арљманд Аълохон Афсањзод,
Чонфидо Аскар, Чобул Додалишоев, ки дар тартибу танзим ва тасњењи матни
«Гулистон» ба мо маслињатњои муфид додаанд, инчунин Сайиднуриддин
Шањобиддинов ва Абдулло Юлдошев, ки дар шарњи матнњои арабї
мададгорї кардаанд, арзи самимият ва сипосгузорї намоем.

Сањобиддин Сиддиќов.
Дебоча
Як шаб таамули айёми гузашта мекардам ва бар умри талафкарда
таасуф мехурдам ва санги сарочаи дилро ба алмоси оби дида месуфтам ва ин
байтњо муносиби њоли худ мегуфтам.

Њар дам аз умр меравад нафасе,


Чун нигањ мекардам, намонда, басе.
Эй, ки панљоњ рафту дар хоби,
Магар ин панљрўза дарёби.
Хиљил он кас, ки рафту кор нахост,
Кўси рехлат заданду бор насохт.
Хоби нушини бомдоди рањил
Боздорад пиёдаро зи сабил.
Њар ки омад, иморате нав сохт,
Рафту манзил ба дигаре пардохт.
В-он дигар пухт њамчунон њавасе
В-ин иморат ба сар набурд касе.
Ёри нопойдор дўст мадор,
Дўстиро нашояд ин ѓаддор.
Неку бад чун њаме бибояд мурд,
Хунўк он кас, ки гўи неки бурд.
Барги айше ба гўри хеш фирист,
Кас наёрад зи пас, ту пеш фирист.
Умр барф асту офтоби тамуз
Андаке монду њоља ѓарра њанўз.
Эй тињидаст рафта дар бозор,
Тарсамат барнаёварї дастор.
Њар ки мазрўи худ бихўрд њавид,
Ваќти хирман-ш хўша бояд чид.

Баъд аз таамули ин маънї маслињат он дидам, ки дар нишемани узлат


нишинам ва домани суњбат фаро худ чинам ва дафтар аз гуфтањои парешон
бишуям ва минбаъд парешон нагўям:

Забон бурида ба кунље нишаста сумму буќм,


Бењ аз касе, ки набошад забонаш андар њукм.

То яке аз дўстон, ки дар каљова аниси ман будї ва дар хуљра чалис, ба
расми ќадим аз дар даромад, чандон ки нишоти мулоабат кард ва бисоти
мудоабат густурд, љавобаш нагуфтам ва сар аз зонуи таабуд барнагирифтам,
ранљида нигањ карду гуфт:
Кунунат, ки имкони гуфтор њаст,
Бигў, эй бародар, ба лутфу хушї,
Ки фардо чу пайки аљал даррасад,
Ба њукми зарурат забон баркашї.
Касе аз мутаалиќони манаш бар њасби воќеа мутталеъ гардонид, ки
фалон азм кардааст ва нияти љазм, ки баќияти умр мўътакиф нишинад ва
хомўшї гузинад. Ту низ агар тавонї сари хеш гир ва роњи муљонабат пеш.
Гуфто:
- Ба иззати азим ва сўњбати ќадим, ки дам баранёрам ва ќадам
барнадорам магар он гањ, ки сухан гуфта шавад бар одати маълуф ва тариќи
маъруф, ки озурдани дўстон љахл асту каффорати ямин сањлу хилофи роњи
савоб аст ва наќзи рои улулалбоб, зулфиќори Алї дар ниёму забони Саъдї
дар ком:

Забон дар дањон, эй хирадманд чист?


Калиди дари ганљи соњибњунар.
Чу дар баста бошад, чи донад касе,
Ки љавњарфурўш аст ё пилавар?

***
Агарчи пеши хирадманд хомўшї адаб аст,
Ба ваќти маслињат он бењ, ки дар сухан кўшї.
Ду чиз тираи аќл аст: дам фурў бастан
Ба ваќти гуфтану гуфтан ба ваќти хомўшї.

Филљумла, забон аз муколамаи ў даркашидан ќувват надоштам ва руй


аз мањодасаи ў гардонидан мурувват надонистам, ки ёр мувофиќ буду иродат
содиќ:

Чу љанг овари, бо касе барситез,


Ки аз вай гузират бувад ё гурез.

Ба њукми зарурат сухан гуфтему тафарруљкунон берун рафтем дар


фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду авони давлати вард расида:

Пироњани барг бар дарахтон


Чун љомаи иди некбахтон.

***
Аввали урдибињишти моњи љалолї,
Булбул гуянда бар минобири кузбон.
Бар гули сурх аз нам ўфтода лаолї,
Њамчун араќ бар узори шоњиди ѓазбон.

Шабро ба бўстони яке аз дўстон иттифоќи мабийят афтод, мавзее хушў


хуррам ва дарахтон дарњам. Гуфтї, ки хурдаи мино бар хокаш рехта ва иќди
сурайё аз токаш овехта:
Равзаи мои нањрњо салсол,
Дуњан саљъи тайрњо мавзун.
Он пур аз лолањои рангоранг
В-ин пур аз мевањои гуногун.
Бод дар сояи дарахтонаш
Густуронида фарши букалмун.

Бомдодон, ки хотири бозомадан бар раъи нишастан ѓолиб омад,


дидамаш домане гулу райњон ва сунбулу займарон фароњам оварда ва оњанги
руљуъ кард. Гуфтам:
- Гули бўстонро, чунон, ки донї, баќое ва ањди гулистонро ва ё
набошад ва њукамо гуфтаанд: «њар чї напояд, дилбастагиро нашояд».
Гуфто:
- Тариќ чист?
Гуфтам:
- Барои нузњати нозирон ва фусњати њозирон китоби гулистоне тавонам
тасниф кардан, ки боди хазонро бар вараќї ў даст набошад ва гардиши замон
айши рабеашро ба тайши њариф мубаддал накунад:

Ба чї кор оядат зи гул табаќе,


Аз гулистони ман бубар вараќе.
Гул њамин панљ рўзу шаш бошад
В-ин гулистон њамеша х (в) аш бошад.

Њоли ки ман ин њикоят бикардам, домани гул бирехт ва дар доманам


овехт, ки ал-кариму изо ваъда вафо (тарљумааш: соњибкарам он аст, ки ваъда
дињаду вафо кунад). Фасле дар њамон руз иттифоќи баёз афтод дар њусни
муошират ва одоби муњовират дар либосе, ки мутакаллимонро ба кор ояд ва
мутарассилонро балоѓат биафзояд. Филљумла, њанўз аз гули бўстон баќияте
монда буд, ки китоби «Гулистон» тамом шуд ва тамом онгањ шавад ба
њаќиќат, ки писандида ояд дар боргоњи шохи, љањонпаноњ Музаффариддин
Абу Бакр ибн Саъд ибн Зангї мутолаа фармояд:

Гар илтифоти худовандияш биёрояд,


Нигорхонаи чинию наќши Аржангист,
Умед њаст, ки рўи малол дарнакашад
Аз ин сухан, ки гулистон на љои дилтангист.
Алахусус, ки дебочаи њумоюнаш
Ба номи Саъд Абў Бакр Саъд ибни Зангист.

Дигар арўси фикри ман аз бељамоли сар барнаёрад ва дидаи яъс аз


пушти пои њиљолатбар надорад ва дар зумраи соњибдилон мутаљаллї
нашавад, магар он ки мутањалли гардад ба зевари ќабули амири кабири
олами одил муайиди музаффари мансур, захири сарири салтанат ва мушири
тадбири мамлакат, кахф-ул-фуќаро, мулоз-улѓурабо, мурабби-юл-фузало,
мухибб-ул-атќиё, ифтихори ањли Форс, ямин-ул-мулк, малик-ул-хавос,
Атобак Фахруддавлати в-ад-дин Абубакр ибни Абинаср, ки мамдўњи акобири
офоќ асту маљмўи макорими ахлоќ.

Њар кї дар сояи инояти ўст,


Гунањаш тоат асту душман дўст.

Бар њар як аз соири бандагону њавошї хидмате мутааййин аст, ки агар


дар адои бархе аз он тањовун ва такосул раво доранд, дар маърази хитоб оянд
ва дар мањали итоб магар, бар ин тоифаи дарвешон, ки шукри неъмати
бузургон вољиб асту зикри љамилу дуои хайр ва адои чунин хидмате дар
ѓайбат авлитар аст, ки дур њузур, ки он ба тасаннўъ наздик асту ин аз такалуф
дур, ба иљобат макрун бод.

Пушти дутои фалак рост шуд аз хуррамї,


То чу ту фарзанд зод модари айёмро.
Њикмати мањз аст, агар лутфи љањонофарин
Хос кунад бандае маслињати омро.
Давлати љовид ёфт, њар кї накўном зист,
К-аз оќибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Васфи туро гар кунанд в-ар накунанд ањли
Њољати машшота нест рўи дилоромро.

Таќсиру такоиде, ки дар мувозабати хидмати боргоњи худовандї


меравад, бинобар он аст, ки тоифае аз њукамои Хиндустон дар фазоили
Бузурљмењр сухан мегуфтанд, ба охир чуз ин айш надонистанд, ки дар сухан
гуфтан батеъ аст, яъне диранги бисёр мекунад ва мустамеъро басе мунтазир
бояд будан, то таќрири сухане кунад. Бузурљмењр бишуниду гуфт: - Андеша
кардан, ки чї гўям, бењ аз пушаймонї хўрдан, ки чаро гуфтам.

Сухандони парварда пири куњан


Бияндешад, он гањ бигўяд сухан.
Мазан бе таамул ба гуфтор дам,
Накў гўй, гар дер гўї, чї ѓам?
Бияндешу он гањ баровар нафас
В-аз он пеш бас кун, ки гўянд бас
Ба нутќ одамї бењтар аст аз даво
Давоб аз ту бењ, гар нагўї савоб.

Факайфа, дар назари аъёни њазрати худовандї, ки маљмаи ањли дил аст
ва маркази уламои мутабаххир, агар дар саёќати сухан далерї кунам, шўхї
карда бошам ва бизоати музљот ба хазрати азиз оварда ва шабањ дар
љавњариён љаве наярзад ва љарог пеши офтоб партаве надорад ва манораи
баланд бар домани кўњи Алванд паст намояд.
Њар кї гардан ба даъвї афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.
Саъдї афтодааст озода,
Кас наёядба љанги афтода.
Аввал андеша в-он гање гуфтор,
Пойбаст омадаасту пас девор.

Нахлбандї донам, вале на дар бўстон ва шоњиде фурушам, вале на дар


Канъон. Луќонро гуфтаанд:
- њикмат аз кї омўхтї?
Гуфт:
- Аз нобиноён, ки то љое набинад, пой нанињан: «ќадим-ул-хуруља
ќабл-ал-вулуљ (тарљумааш: пеши назар гирбаромаданро пеш аз ворид шудан),
мардият биёзмой ва он гањ зан кун.

Гарчи шотир бувад хурўс ба љанг,


Чи зияд пеши бози зубинљанг.
Аммо ба эътимоди вусъати ахлоќи бузургон, ки чашм аз авоиби
зердастон бипўшанд ва дар ифшон љароими кењтарон накушанд, калимае
чанд ба тариќи ихтисор аз наводиру амсол ва шеъру њикоёт ва сияри мулуки
мози дар ин китоб дарљ кардем ва бархе аз умри гаронмоя бар ў харљ.
Муљиби таснифи китоб ин буд,

Бимонад солњо ин назму тартиб,


Зи мо њар зарра хок афтода љое,
Ѓараз наќшест, к-аз мо бозмонад,
Ки њастиро намебинам баќое.
Магар соњибдиле рўзе ба рањмат
Кунад дар кори дарвешон дуое.

***
Гурба шер аст дар гирфитани муш,
Лек муш аст дар масофи паланг.
Имъоми назар дар тартиби китоб ва тањзеби абвоби эъљози сухан
маслињат дид, то бар ин равзан ѓино ва њадиќан гулабо чун бињишт њашт боб
иттифоќ афтод, аз он мухтасар омад, то ба малол наянљомад.

Бобби аввал «Дар сирати подшоњон»,


Бобби дуввум «Дар ахлоќи дарвешон».
Бобби саввум «Дар фазилати ќаноат»,
Бобби чањорум «Дар фавоиди хомўшї»,
Бобби панљум «Дар ишќу љавонї»,
Бобби шашум «Дар заъфу пирї»,
Бобби њафтум «Дар таъсири тарбият»,
Бобии њаштум «Дар одоби сўњбат».
Дар ин муддат, ки коро ваќт х (в) аш буд,
Зи њиљрат шашсаду панљоњу шаш буд.
Муроди мо насињат буду гуфтем,
Њаловат бо худо кардему рафтем.

БОБИ АВВАЛ
ДАР СИРАТИ ПОДШОХОН
ХИКОЯТ
Подшоњеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар
њолати навмедї маликро дашном додан гирифт ва саќат гуфтан, ки гуфтаанд:
«њар ки даст аз љон бишуяд, њар чї дар дил дорад, бигўяд»:

Ваќти зарурат чу намонад гурез


Даст бигирад сари шамшери тез.

Малик пурсид:
- Чї мегўяд?
Яке аз вузарои некмањзар гуфт:
- «Эй худованд», њаме гўяд: «Ва-л-ќозимина-л-ѓайзи ва-л-офина Ани-н-
нос» (тарљумааш: Пўшандагони ѓазаб ва бахшояндагони гуноњи мардум).
Маликро рањмат омад ва аз сари хуни ў даргузашт.
Вазири дигар, ки бар зидди ў буд, гуфт:
- Абнои љинси моро нашояд дар њазрати подшоњон љуз ба рости сухан
гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.
Малик аз ин сухан руй дарњам овард ва гуфт:
- Маро он дуруѓ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтї, ки рўи он
дар маслињате буд ва бинои ин бар њабасате ва хирадмандон гуфтаанд:
«Дурўѓе маслињатомез бењ, ки аз росте фитнаангез».

Њар кї шоњ он кунад, ки ў гўяд,


Њайф бошад, ки љуз накў гуяд.
Бар токи айвони Фареддуѓ набишта б
«љахон, эй бародар, намонад ба кас
Дил андар љањонофарин банду бас.
Макун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт,
Чу оњанги рафтан кунад љони пок,
Чу бар тахт мурдан, чи бар рўи хок».

ЊИКОЯТ
Яке аз мулуки Хуросон Мањмуди Сабуктегинро ба хоб чунон дид, ки
љумла вуљуди ў рехта буд ва хок шуда магар чашмони ў, њамчунон дар
чашмхона њаме гардид ва назар њаме кард. Соири њукамо аз таъвили он фурў
монданд магар дарвеше, ки ба љой овард ва гуфт:
Њанўз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст.

Бас номвар ба зери замин дафи кардаанд,


К-аз њастияш ба рўи замин бар нишон намонд.
В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок,
Хокаш чунон бихўрад, к-аз ў устухон намонд,
Зинд (а) аст номи фаррухи Нушервон ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нушервон намонд.
Хайре кун, эй фалону ѓанимат шумор умр
З-он пештар, ки бонг барояд, фалон намонд.

ЊИКОЯТ
Маликзодаеро шунидам, ки кўтоњ буду њакир ва дигар бародаронаш
баланду хубрўй. Боре падар ба кароњату истењкор дар ў назар мекард. Писар
ба фаросату истибсор ба љой оварду гуфт:
- Эй падар, кўтоњи хирадманд бењ, ки нодони баланд.
На њар чї ба ќомат мењтар, ба ќимат бењтар:

Он шунидї, ки лоѓаре доно


Гуфт боре ба аблање фарбењ:
Асби тозї в-агар заиф бувад,
Њамчунон аз тавилан хар бењ.

Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба љон


биранљиданд.

То мард сухан нагуфта бошад,


Айбу њунараш нуњуфта бошад.
Њар беша гумон мабар нињоле,
Бошад, ки паланг хуфта бошад.

Шунидам, ки маликро дар он ќурб душмане саъб рўй нињод. Чун


лашкар аз њар ду тараф рўй дар њам оварданд, аввал касе, ки ба майдон
даромад, ин писар буд ва гуфт:

Он наман бошам, ки рўзи љанг бинї пушти ман,


Он манам, гар дар миёни хоку хун бинї саре.
К-он ки љанг орад, ба хуни хеш бозї мекунад,
Рўзи майдон в-он кї бигрезад, ба хуни лашкаре.

Ин бигуфт ва бар сипоњи душман зад: Тане чанд аз мардони кори


бияндохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибўсид ва гуфт:
Эй ки шахси манат њаќир намуд,
То дуруштї њунар напиндорї.
Аспи лоѓармиён ба кор ояд
Рўзи майдон, на гови парворї.

Овардаанд, ки сипоњи душман бисёр буд ва инон андак. Љамоате


оњанге гурез карданнд. Пас наъра зад ва гуфт:
- Эй мардон, бикўшед, то љомаи занон напўшед!
Саворонро ба гуфтании ў тањаввур зиёд гашт ва ба як бор њамла бурданд.
Шунидам, ки њам дар он рўз бар душман зафар ёфтанд.
Малик сару чашмаш бибўсид ва дар канор гирифт ва њар рўз назараш
беш кард. Бародарон њасад бурданд ва зањр дар таомаш карданд. Хоњараш аз
ѓурфа бидид, дарича бар њам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом бозкашид ва
гуфт: «Муњол аст, агар њунарманд бимирад, ки бењунар љои ў бигирад».

Кас наёяд ба зери сояи бум


В-ар њумой аз љањон шавад маълум.

Падарро аз ин њол огањї доданд, бародаронашро бихонд ва гушволе ба


вољиб бидод, пас њар якро аз атрофии билод њиссаи марзе муайян кард, ки то
фитна бинишаст ва низоъ бархост, ки дањ дарвеш дар гилеме бихусбанд ва ду
подшоњ дар иќлиме наѓунљанд.

Нимноне гар хўрад марди худой,


Базли дарвешон кунад ниме дигар.
Мулки иќлиме бигирад подшоњ,
Њамчунон дар банди иќлиме дигар.

ЊИКОЯТ
Тоифаи дуздони араб бар сари кўње нишаста буданд ва манфази корвон
баста ва раияти булдон аз макоиди эшон маръуб ва лашкари султон маѓлуб.
Ба њукми он ки малозе манеъ аз ќуллаи кўње ба даст оварда буданд ва малљаъ
ва маъвои худ карда.
Мудаббирони мамолики он тараф дар дафъи маззарати эшон машварат
карданд, ки агар ин тоифа њам бар ин насак рўзгору мудовимат намоянд,
муќовимат бо эшон мумтанеъ гардад:

Дарахте, ки акнун гирифтааст пой,


Ба нерўи марди барояд зи љой.
В-араш њамчунон рўзгори њили,
Ба гардунаш аз бех барнагсили.
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чи пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.
Сухан бар он муќаррар шуд, ки якеро ба таљассуси эшон баргумоштанд
ва фурсат нигањ доштанд, то ваќте, ки дар сари ќавме ронда буданд ва буќъа
холї монда. Тане чанд аз мардони воќеадидаи љангозмуда бифиристоданд, то
дар шаъби љабал пинњон шуданд.
Шабонгањ, ки дуздон бозомаданд сафаркарда ва ѓорат оварда, силоњ
бикушоданд ва ѓанимат бинињоданд. Нахустин душмане, ки дар сари эшон
тохт, хоб буд. Чандон ки посе аз шаб даргузашт.

Курси хуршед дар сиёњї шуд,


Юнус андар дањони моњї шуд.

Мардони диловар аз камингоњ бадар љастанд ва дасти ягон-ягон бар


китф бастанд ва бомдодон ба даргоњи малик њозир оварданд. Њамаро ба
куштан амр фармуд. Дар миён љавоне буд меваи унфувони шабобаш
наврасида ва сабзаи гулистони узораш навдамида.
Яке аз вузаро пои тахти маликро бўса дод ва рўи шафоат бар замин
нињод ва гуфт:
- Ин љавон њамчунин аз боѓи зиндагонї бар нахўрдааст ва аз райњони
љавони таматтуъ наёфта, таваќќўъ ба карам ва ахлоќи худовандї чунон аст,
ки ба бахшидани хуни ў бар банда минат дињад.
Малик рўй аз ин сухан дарњам кашид ва мувофиќи раъи баландаш
наёмад ва гуфт:

Партави некон нагирад, њар ки бунёдаш ба даст,


Тарбият ноањлро чун гирдакон бар гунбад аст.

Насли фасоди инон мунтаќеъ кардан авлотар аст ва бехи табори эшон
баровардан, ки оташ нишондану ахтар гузоштан ва афъї куштану бача нигоњ
доштан кори хирадмандон нест.

Абр агар оби зиндагонї борад,


Њаргиз аз шохи бед бар нахўрї.
Бо фурўмоя рўзгор мабар,
К-аз наи бурё шакар нахўрї.

Вазир чун ин сухан бишунид, тавъаи ва кархан биписандид ва бар


њусни раъи малик офарин хонд ва гуфт:
- Он чї худованд фармуд, айни њаќиќат аст, ки агар дар силќи сўњбати
он бадон мунтазам монди, табиати эшон гирифтї, аммо банда умедвор аст,
ки ба ишрати солењон тарбият бипазирад ва хўи хирадмандон гирад, ки њанўз
тифл аст ва сирати баѓй ва иноди он гурўњ дар нињоди ў мутамаккин нашуда:
Бо бадон ёр гашт њамсари лут,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асњоби кањф рўзе чанд,
Паи некон гирифту мардум шуд.
Ин бигуфт ва тоифае аз нудамои малик бо вай ба шафоат ёр шудаанд,
то малик аз сари хуни ў даргузашт ва гуфт:
- Бахшидан, агарчи маслињат надидам.

Донї, ки чї гуфт Зол бо Рустам гурд:


Душман натавон њакиру бечора шумурд,
Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд,
Чун пештар омад, шутуру бор бибурд.

Филљумла, писарро ба нозу неъмат баровардан гирифт ва устоди


адибро ба тарбияти ў насб кард, то занни хато равад ва хўи некўяш биёмўхт
ва соири одоби хидмати мулукаш таълим кард, чунон ки дар назари бузургон
писанд ояд. Боре вазир аз шамоили ў дар њазрати малик шаммае мегуфт, ки
«Тарбияти оќилон дар ў асар кардааст ва љањли ќадим аз чибиллати ў бадар
бурда». Маликро аз ин сухан табассум омад ва гуфт:

Оќибат гургзода гург шавад,


Гарчї бо одами бузург шавад.

Соле ду бар ин баромад. Тоифаи авбоши мањаллат дар ў пайвастаанд ва


ањди мувофиќат бастанд, то ба ваќти фурсат вазир ва њар ду писарашро
бикут ва неъмати беќиёс бардошт ва дар маѓораи дуздон ба љои падар
бинишаст ва осї шуд. Малик дасти тахайюр ба дандон газидан гирифт ва
гуфт:

Шамшери нек аз оњани бад чун кунад касе?


Нокас ба тарбият нашавад, эй њаким, кас.
Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Аз боѓ лола рўяду аз шурабум хас.

***
Замини шўра сунбул барнаёрад,
Дар ў тухму амал зоъй магардон.
Накўї бо бадон кардан чунон аст,
Ки бад кардан ба љои некмардон.

ЊИКОЯТ
Сарњангзодаеро дар сарои Уѓулмиш дидам, ки аќлу ќиёсатею фањму
фаросате зоидулвасф дошт, њам аз ањди хурдї осори бузурги дар носияи ў
пайдо.
Болои сараш зи хушманди
Метофт ситораи баланди.
Филљумла, маќбули назари султон омад, ки љамоли сурату камоли
маънї дошт ва хирадмандон гуфтаанд: «Тавонгарї ба њунар аст, на ба мол ва
бузургї ба аќл аст, на ба сол». Абнои љинси ў бар мансаби ў њасад бурданд ва
ба хиёнаташ мутањњам карданд ва дар куштани ў саъи бефоида намуданд.

Душмани чї занад, чу мењрубон бошад дўст

Малик пурсид, ки мўљиби хасмии инон дар њаќќи ту чист?


Гуфт:
- Дар сояи давлати худовандї њамгинаро розї кардам магар њасудро, ки
розї намешавад илло ба заволи неъмати ман ва иќболу давлати худованд.

Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе,


Њасудро чї кунам, к-у зи худ ба ранљ – дар аст.
Бимир, то бирањи, эй њасуд, к-ин ранљест,
Ки аз машаќќати он љуз ба марг натвон раст.

***
Шўрбахтон ба орзу хоњанд
Муќбилонро заволи неъмату чоњ.
Гар набинад ба рўз шабпара чашм,
Чашмаи офтобиро чї гуноњ?
Рост хоњї, њазор чашми чунон
Кўр бењтар, ки офтоб сиёњ.

ЊИКОЯТ
Яке аз мулуки Аљамро њикоят кунанд, ки дасти татовул ба моли раъият
дароз карда буд ва љавру азият карда, то ба љое ки халќ аз макоиди феълаш ба
љањон бирафтанд ва аз курбати љавраш роњи ѓурбат гирифтанд. Чун раият
кам шуд, иртифои вилоят нуќсон пазируфт ва хизона тињї монд ва душманон
зўр оварданд.

Њар кї фарёдраси рўзи мусибат хоњад,


Гў, дар айёми саломат ба љавонмардї кўш.
Баланди њалќабагўш ар нанавозї, биравад.
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад њалќабагўш.
Боре ба маљлиси ў китоби «Шоњнома» мехонанд дар заволи мамлакати
Зањњок ва ањди Фаредун. Вазир маликро пурсид:
- њељ тавон донистан, ки Фаредун, ки ганљу мулку њишам надошт, чї
гуна бар ў мамлакат муќаррар шуд?
Гуфт:
- Ончунон ки шунидї, халќе бар ў ба таасуб гирд омаданд ва таќвият
карданд, то подшоњи ёфт.
Вазир гуфт:
- Эй малик, чун гирд омадани халќе муљиби подшоњияст, ту мар халќро
парешон барои чї мекунї? Магар сари подшоњї кардан надорї?
Њамон бењ, ки лашкар ба љон парварї,
Ки султон ба лашкар кунад сарварї.

Малик гуфт:
- Мўљиби гирд омадани сипоњу раият чї бошад?
- Гуфт:
- Подшоњро карам бояд, то бар ў гирд оянд ва рањмат, то дар паноњи
давлаташ эмин нишинанд ва туро ин њар ду асло дар љибиллат нест:

Накунад љаврпеша султонї,


Ки наёяд зи гург чўпонї.
Подшоње, ки тарњи зулм афканд,
Пойдевори мулк хеш биканд.

Маликро панди вазири носењ мувофиќи табъи мухолиф наёмад, рўй аз


ин сухан дар њам кашиду ба зиндонаш фиристод.
Басе барнаёмад, ки банї аъмоми султон ба мунозаат хостанд ва мулки
падар хостанд. Ќавме, ки аз дасти татовули ў ба љон омада буданд ва
парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва таќвият карданд, то мулк аз
тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муќаррар шуд.

Подшоње, к-ў раво дорад ситам бар зердаст,


Дўстдораш рўзи сахтї душмани зўровар аст.
Бо раият сулњ кун в-аз љанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоњаншоњи одилро раият лашкар аст.

ЊИКОЯТ
Подшоње бо ѓуломе аљамї дар киштї нишаст ва ѓулом дигар бора
киштиву дарё надида буд ва роњати киштї наёзмуда. Гиряву зорї дарнињод
ва ларза дар андомаш ўфтод. Чандон ки мулотифат карданд, ором
намегирифт ва айши малик аз ў мунаѓас буд.
Чора надонистанд. Њакиме дар он кишти буд, маликро гуфт:
- Агар фармон дињи, ман ўро ба тариќе хомўш гардонам?
Гуфт:
- ѓояти лутфу карам бошад.
Бифармуд, то ѓуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ѓўта хўрд. Мўяш
гирифтанд ва пеши киштї оварданд ва ба ду даст дар суќќони киштї овехт.
Чун баромад, ба гушае биншаст ва ором ёфт.
Малик аљаб омад, њакимро пурсид:
- Дар ин чї њикмат буд?
Гуфт:
- Аз аввал мењнати ѓарча шудан ночашида буд, ва ќадри саломати
киштї намедонист. Њамчунин ќадри офият касе надонад, ки ба мусибате
гирифтор ояд.
Эй сер, туро нони љавин хуш нанамояд,
Маъшуќи ман аст, он кї ба наздики ту зишт аст.
Хўрони бињиштро дўзах бувад аъроф,
Аз дўзахиён пурс, ки аъроф бињишт аст.

***
Фарќ аст миёни он, ки ёраш дар бар,
То он ки ду чашми интизораш ба дар.

ЊИКОЯТ
Њурмузро гуфтанд:
- Вазирони падарро чї хато дидї, ки дар банд фармудї?
Гуфт:
- Хатое маълум накардам, валекин дидам, ки мањобати ман дар дили
эшон бекарон асту бар ањди ман эътимоди куллї надоранд. Тарсидам, аз
бими газанди хеш оњанги њалоки ман кунад. Пас, ќавли њукаморо кор бастам,
ки гуфтаанд:

Аз он, к-аз ту тарсад, битарс, эй њаким


В-агар бо чун ў сад барои ба љанг.
Набини, ки чун гурба ољиз шавад,
Барорад ба чангол чашми паланг.
Аз он мор бар пои роъї занад,
Ки тарсад, сарашро бикўбад ба санг.

ЊИКОЯТ
Яке аз мулуки Араб ранљур буд дар њолати пирї ва умеди зиндагонї
ќатъ карда, ин нигоњ саворе аз дар даромад ва башорат дод, ки фалон ќалъаро
ба давлати худованд кушодем ва душманон асир омаданд ва сипоњу раъияти
он тараф ба љумлагї мутеи фармон гаштанд. Малик нафасе сард баровард ва
гуфт:
- Ин мужда маро нест, душманонам рост, яъне ворисони мамлакатро.

Бад-ин умед ба сар шуд дареѓ умри азиз,


Кї он чї дар дилам аст, аз дилам фароз ояд.
Умеди баста баромад, вале чї фоида з-он-к
Умед нест, ки умри гузашта боз ояд.

***
Кўси рењлат бикуфт дасти аљал,
Эй ду чашмам, видои сар бикунед.
Эй кафи дасту соиду бозу,
Њама тавдеи якдигар бикунед.
Бар ман афтода душмани ноком,
Охир, эй дўстон, гузар бикунед.
Рўзгорам бишуд ба нодонї,
Ман накардам, шумо њашар бикунед.

ЊИКОЯТ

Бар болини турбати Яњё-пайѓамбар, алайњисалом, мўътаќиф будам дар


љомеи Димишќ, ки яке аз мулуки Араб, ки ба беинсофї мансуб буд,
иттифоќан ба зиёрат омад ва намоз карду њољат хост.

Дарвешу ѓанї бандаи ин хоки даранд


В-онон, ки ганиматаранд, муњтољтаранд.

Он гањ маро гуфт:


- Аз он љо, ки њиммати дарвешон аст ва сидќи муомилаи эшон хотире
њамроњи ман кунед, ки аз душмане андешаноком.
Гуфтамаш:
Бар раъияти заиф рањмат кун, то аз душмани ќавї зањмат набинї.

Ба бозувони тавоною ќуввати сари даст


Хатост, панљаи мискини нотавон бишкаст.
Натарсад он, ки бар афтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд, касаш нагирад даст.
Њар он кї тухми бадї кишту чашми некї дошт,
Димоѓи бењуда пухту хаёли ботил баст.
Зи гўш пунба бурун ору доди халќ бидењ
В-агар ту менадињї дод, рўзе доде њаст.

Банї одам аъзои якдигаранд,


Ки дар офариниш зи як гавњаранд,
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвњоро намонад ќарор.
Ту, к-аз мењнати дигарон боѓамї,
Нашояд, ки номат нињанд одамї.

ЊИКОЯТ
Дарвеше мустаљобуддаъват дар Баѓдод падид омад. Њаљљољ ибни
Юсуфро хабар карданд. Бихондаш ва гуфт:
- Дуои хайре бар ман бикўн.
Гуфт:
- Худоё, љонаш биситон!
- Гуфт:
- Аз бањри худой, ин чї дуост?!
Гуфт:
- Дуои хайр аст туро ва љумла мусулмононро, то ту аз азоби њаќ ва халќ
аз балои ту бирањанд.

Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чик ор оядат љањондорї?
Мурданат бењ, ки марудм озорї!

ЊИКОЯТ
Яке аз мулуки беинсоф порсоеро пурсид:
- Аз ибодатњо кадом фозилтар аст?
Гуфт:
- Туро хоби нимрўз, то дар он як нафас халќро наёзорї.

Золимеро хуфта дидам ними рўз,


Гуфтам: ин фитн (а) аст, хобаш бурда бењ.
В-он ки хобаш бењтар аз бедорияст,
Ончунон бадзиндагонї мурда бењ.

ЊИКОЯТ
Яке аз мулукро шунидам, ки шабе дар ишрат рўз карда буд ва дар
поёнии мастї њаме гуфт:

Моро ба љањон хуштар аз ин як дам нест,


К-аз неку бад андешаву аз кас ѓам нест:

Дарвеше гурусна ва барањна ба сармо буруни дар хуфта буд ва дар


бадења гуфт:

Эй, он кї ба иќболи ту дар олам нест,


Гирам, ки ѓамат нест, ѓамии мо њам нест?

Маликро хуш омад, суррае њазор динор аз равзан бурун дошт ва гуфт,
ки доман бидор, эй дарвеш!
Гуфт:
- Доман аз куљо орам, ки љома надорам?!
Маликро бар њоли заифи ў риќќат зиёдат шуд ва хилъате бар он мазид
кард ва пешаш фиристод.
Дарвеш мар он наќду чинсро ба андак замон бихўрду парешон гардид
ва боз омад.

Ќарор дар кафи озодагон нагирад мол,


На сабр дар дили ошиќ, на об дар ѓирбол.
Дар њолате, ки маликро парвои ў набуд, њол бигуфтанд. Бањам баромад
ва рўй аз ў дарњам кашид ва з-ин љо гуфтаанд:
«Асњоби фитнат ва хибратро аз хиддату саврати подшоњон барњазар
бояд будан, ки ѓолиби њиммати эшон ба муаззамоти умури мамлакат бошад
ва тањамули издињоми авом накунад.

Њаромаш бувад неъмати подшоњ,


Ки њангоми фурсат надорад нигоњ.
Маљоли сухан то набинї зи пеш,
Ба бењуда гуфтан мабар ќадри хеш.

Гуфт:
- Ин гадои шўхи мубаззиро, ки чандон неъмат ба чандин муддат
барандохт, биронед, ки хизона байтулмоли луќмаи масокин аст, на тўъмаи
ихвонишшаётин!

Аблање, к-ў рўзи равшан шамъи кофурї нињад,


Зуд бинї, к-аш ба шаб равѓан набошад дар чароѓ.

Яке аз вузарои носењ гуфт:


- Эй худованд, маслињатон бинам, ки чунин касонро ваљњ ќафоф ва
тафоруќ маљро доранд, то дар нафаќа исроф накунад. Аммо он чи фармудї
аз заљру манъ, муносиби сирати арбоби њиммат нест: якеро ба лутф умедвор
гардонидан ва боз ба навмедї њаста кардан.

Ба рўї худ дари таммаъ боз натвон кард,


Чу боз шуд, ба дурушти фароз натвон кард.

***
Кас набинад, ки ташнагони Хиљоз
Ба сари оби шўр гирд оянд.
Њар куљо чашмае бувад ширин,
Мардуму мурѓу мўр гирд оянд.

ЊИКОЯТ
Яке аз подшоњони пешин дар риояти мамлакат сустї кардї ва лашкар
ба сахтї доштї, лољарам душмане саъб рўй намуд, хама пушт бидоданд.

Чу доранд ганљ аз сипоњї дареѓ,


Дареѓ оядаш даст бурдан ба теѓ.

Якеро аз онон, ки ќадр карданд, бо ман дўст буд, маломат кардаму


гуфтам:
- Дун асту бесипосу сифлаю њакношинос, ки ба андак таѓири њол аз
махдуми ќадим баргардад ва њуќуќи неъмати солњо дарнаварданд!
Гуфт:
- Ар ба карам маъзур дорї шояд, ки асбам дар ин воќеа бе љав буд ва
намади Зин ба гарав ва султон, ки ба зар бо сипоњї бахилї кунад, бо ў ба љои
љавонмарди натавон кард.
Зар бидењ марди сипоњиро, то сар бинињад
В-агараш зар надињї, сар бинињад дар олам.

ЊИКОЯТ
Яке аз вузаро маъзул шуд ва ба њалќаи дарвешон даромад. Баракати
сўњбати эшон дар ў сироят кард ва љамъияти хотираш даст дод. Малик бори
дигар бар ў дил хуш кард ва амал фармуд, ќабулаш наёмаду гуфт:
- Маъзулї бењ, ки машѓули.

Онон, ки ба кунљи офият биншастанд,


Дандони сагу дањони мардум бастанд.
Коѓаз бидариданду ќалам бишкастанд
В-аз дасти забони њарфгирон растанд.

Малик гуфто:
- њар оина моро хирадманди кофї бояд, ки тадбири мамлакатро
бишояд. Гуфт: «нишони хирадманди кофи он аст, ки ба чунин корњо тан
надињад».

Њумой бар њама мурѓон аз он шараф дорад


Ку устухон хўраду љонвар наёзорад.

ЛАТИФА
Сияњгўшро гуфтанд:
- Туро мулозимати сўњбати шер ба чї ихтиёр афтод?
Гуфт:
- То фазали сайдаш мехўрам ва аз шарри душманон дар паноњи савлату
зиндагї мекунам.
Гуфтанд:
- Акнун, ки ба зилли њимояташ даромадї ва ба шукри неъматаш
эътироф кардї, чаро наздиктар наёї, то ба њалќаи хосонат дарорад ва аз
бандагони мухлисат шуморад?
Гуфт:
- њамчунон аз батши ў эмин нестам.

Агар сад сол габр оташ фурўзад,


Ба як дам, к-андар ў афтад, бисўзад.

Афтад, ки надими њазрати султонро зар биёбад ва бошад, ки сар


биравад ва њукамо гуфтаанд: «Аз талаввуни табъи подшоњон барњазар бояд
будан, ки ваќте ба саломе биранљанд ва дигар ваќт ба дашноме хилъат
дињанд ва овардаанд, ки зарофати бисёр кардан њунари надимон асту айби
њакимон».

Ту бар сари кадри хештан бошу виќор,


Бозию зарофат ба надимон бигузор.

ЊИКОЯТ
Яке аз рафиќон шикояти рўзгори номусоид ба назди ман овард, ки
кафофи андак дораму аёли бисёр ва тоќати бори фоќа намеорам ва борњо, дар
дилам омад, ки ба иќлиме дигар наќл кунам, то дар њар он сурат, ки
зиндагони карда шавад, касеро бар неку бади ман иттило набошад.

Бас гурона хуфту кас надонист, ки кист?


Бас љон ба лаб омад, ки бар ў кас нагирист.

Боз аз шамотати аъдо барандешидам, ки ба таъна дар ќафои ман


биханданд ва саъи моро дар њаќќи аёл бар адами мурувват њамл кунанд ва
гўянд:

«Мабин он бењамиятро, ки њаргиз


Нахоњад дид рўї некбахтї,
Ки осони гузинад хештанро
Зану фарзанд бигзорад ба сахтї».

Ва дар илми муњосибат, чунон ки маълум аст, чизе донам. Агар ба чоњи
шумо љињате муайян шавад, ки мўљиби љамъияти хотир бошад, баќияти умр
аз ўњдаи шукри он неъмат бурун омадан натавонам.
Гуфтам:
- Амали подшоњ, эй бародар, ду тараф дорад: умеди нону бими љон ва
хилофи рои хирадмандон аст бад-он умед дар ин бим афтодан.

Кас наёяд ба хонаи дарвеш,


Ки хирољи замину боѓ бидењ.
Ё ба ташвишу ѓусса рози бош,
Ё љигарбанд пеши зоѓ бинењ?

Гуфт:
- Ин муносиби њоли ман нагуфтї ва љавоби суоли ман наёвардї,
нашунидаї, ки њар кї хиёнат варзад, пушташ аз њисоб биларзад.

Ростї муљибї ризои худост,


Кас надидам, ки гум шуд аз рањи рост.
Ва њукамо гўянд: «Чор кас аз чор кас ба љои биранљанд: њароми аз
султон ва дузд аз посбон ва фосиќ аз ѓаммоз ва рўсабї аз мухтасиб ва онро
ки њисоб покаст, аз муњосиба чї бок аст?
Макун фаррохрави дар амал, агар хоњї,
Ки ваќти дафъи ту бошад маљоли душман танг.
Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок,
Зананд љомаи нопок козурон бар санг».
Гуфтам:
- њикояти он рўбоњ муносиби њоли туст, ки диданд гурезону бехештан
афтону хезон. Касе гуфташ: «Чи офат аст, ки мўљиби чандин мањофат аст?»
Гуфто «Шунидам, ки шутурро ба сухра мегиранд». Гуфт: «Эй сафењ,
шутурро бо ту чї муносибат аст ва туро бад-ў чї мушобењат?» гуфт:
«Хомўш, ки агар њасудон ба ѓараз гуянд, шутур аст ва гирифтор оям, кї
ѓамии тањлиси ман дорад? То тафтиши њоли ман кунад ва то тарёк аз Ироќ
оварда шавад, моргазида мурда бувад».
Туро њамчунин фазл асту диёнату таќвою амонат, аммо мутааниттон
дар каминанд ва муддаиён гўшанишин. Агар он чї њусни сирати туст, ба
хилофи он таќрир кунанд ва дар маърази хитоби подшоњ афтї, дар он њолат
киро маљоли маќолат бошад. Пас, маслињат он бинам, ки ќаноат, хиросат
кунї ва тарки риёсат гўї.

Ба дарё- дар манофеъ бешумор аст


В-агар хоњї саломат, бар канор аст.

Рафиќ ин сухан бишунид ва бањам баромаду рўй аз њикояти ман дарњам


кашид ва суханњои ранљишомез гуфтан гирифт, к-ин чи аќлу кифоят асту
фањму дироят? ќавли њукамо дуруст омад, ки гуфтаанд: «Дўстон дар зиндон
ба кор оянд, ки бар суфра њама душманон дўст намоянд».

Дўст машмор он, ки дар неъмат занад


Лофи ёрию бародархондагї.
Дўст он донам, ки гирад дасти дўст
Дар парешонњолию дармондагї.

Дидам, ки мутаѓйир мешавад насињат ба ѓараз мешунавад, ба наздики


соњибдевон рафтам. Ба собиќаи маърифате, ки дар миёни мо буд, сурати
њолат баён кардам ва ањлияту истењкомаш бигуфтам, то ба коре мухтасараш
насб карданд.
Чанде бад-ин баромад, лутфи табъашро бидиданд ва њусни
тадбирашро биписандиданд ва кораш аз он даргузашт, ба мартабате волотар
аз он мутаммакин шуд. Њамчунин наљми саодаташ дар тараќќї буд, то ба
ављи иродат бирасид ва муќарраби њазрати султону мушорунилайњ ва
мўътамади илийя гашт. Пас бар саломати њолат шодмони кардам ва гуфтам:

Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор,


Ки оби чашмаи њайвон даруни торикист.
***
Маншин туруш аз гардиши айём, ки сабр
Талх аст, валекин бари ширин дорад.

Дар он ќурбат маро бо тоифаи ёрон иттифоќи сафар афтод. Чун аз


зиёрати Макка бозомадам, дар манзилам истиќбол кард. Зоњири њолашро
дидам парешону дар њайати дарвешон.
Гуфтам:
- Ин чї њолат аст?
Гуфт:
- Ончунон ки ту гуфтї, тоифае њасад бурданд ва ба хиёнатам мансуб
карданд ва малик дар кашфи њаќиќати он истифсор нафармуд ва ёрони
ќадиму дўстону њалим аз калимаи њаќ хомўш шуданд ва сўњбати дерина
фаромўш карданд.

Набинї, ки пеши худованди чоњ


Ниёишкунон даст дар бар нињанд.
Агар рўзгораш дарорад зи пой,
Њама оламаш пой бар сар нињанд.

Филљумла, ба анвои азобу уќубат гирифтор будам, то дари ин њафта, ки


муждаи саломати њуљљољ бирасид, аз банди гаронам халос карду мулки
маврусам хос.
Гуфтам:
- Он навбат ишорати ман ќабулат наёмад, ки гуфтам: «Амалии
подшоњон чун сафари дарёст хатарноку судманд, ё ганљ баргирї, ё дар
тилисм бимирї.

Ё зар ба њар ду даст кунад хоља дар канор,


Ё мављ рўзе афканадаш мурда барканор.

Маслињат надидам аз ин беш дарунаш ба маломат харошидан ва намак


пошидан, бад-ин калима ихтисор кардам:

Надонистї, ки бинї банд бар пой,


Чу дар гушат наёмад панди мардум.
Дигар рањ чун надорї тоќати неш.
Макун ангушт дар сўрохи каждум

***
Ба сунъи худо чун касе уфтод,
Њама оламаш пой бар сар нињанд.
Чу диданд, к-иќбол дасташ гирифт,
Ситоишкунон даст бар сар нињанд.
ЊИКОЯТ
Тане чанд аз равандагон дар сўњбати ман буданд, зоњири эшон ба салоњ
ороста ва яке аз бузургон дар њаќи ин тоифа њусни зане балиѓ дошт ва идроре
муайян карда, то яке аз инон њаракате кард на муносиби њоли дарвешон, зани
он шахс фосид шуд ва бозори инон косид. Хостам, то ба тариќе кафофи ёрон
мустахлис кунам. Оњанги хидматаш кардам, дарбонам рањо накард ва љафо
кард, маъзураш доштам, ки латифон гуфтаанд:

«Дари миру вазиру султонро


Бе василат магард пироман.
Сагу дарбон чу ёфтанд ѓариб,
Ин гиребон-ш гирад, он доман».

Чандон, ки мукаррабони њазрати он бузург бар њоли ман вуќуф ёфтанд,


ба икромам дароварданд ва бартар маќоме муайян карданд. Аммо ба тавозўъ
фурўтар нишастам ва гуфтам:

Бигзор, ки бандан каминам,


То дар сафи бандагон нишинам.

Гуфт:
- Иллањ, иллах, чї љои ин сухан аст?

Гар бар сару чашми мо нишинї,


Нозат бикашам, ки нозанинї.

Филљумла, бинишастам ва аз њар даре сухан пайвастам, то њадиси


зиллати ёрон дар миён омаду гуфтам:

«Чї љурм дид худованди собикулъином,


Ки банда дар назари хеш хор медорад?
Худойрост мусаллам бузургворию њукм,
Ки љурм бинаду нон барќарор медорад».
Њоким ин суханро азим биписандид ва асбоби маоши ёрон фармуд, то
бар ќоиди мозї муњайё доранд ва маунати айёми таътил вафо кунад. Шукри
неъмат бигузоридам ва замини хидмат бибўсидам ва узри љасорат бихостам
ва дар ваќти бурун омадан гуфтам:

Чу Каъба ќиблаи хољат шуд, аз диёри банд


Раванд халќ ба дидораш аз басе фарсанг,
Туро тањаммули амсоли мо бибояд кард,
Ки њељ кас назанад бар дарахти бебар санг.

ЊИКОЯТ
Маликзодае ганљи фаровон аз падар мерос ёфт. Дасти карам баркушод
ва доди саховат бидод ва неъмат бедареѓ бар сипоњу раият бирехт.

Наёсояд машом аз таблаи уд,


Бар оташ нењ, ки чун анбар бибўяд.
Бузургї боядат, бахшандагї кун,
Ки дона то наяфшонї, нарўяд.

Яке аз љуласои бетадбир насињаташ оѓоз кард, ки мулуки пешин


маар ин неъматро ба саъй андўхтаанд ва барои маслињате нињода. Даст
аз ин њаракат кўтоњ кун, ки вокеањо дар пеш аст ва душманон аз пас.
Набояд, ки завќи њољат фурў монї.

Агар ганље кунї, бар омиён бахш,


Расад њар кадхудоеро ба ранље.
Чаро настонї аз њар як љаве сим,
Ки гирад ояд туро њар рўз ганље?

Малик рўй аз ин сухан бањам овард ва мар ўро заљр фармуду гуфт:
- Маро худованди таоло малики ин мамлакат гардонидааст, то
бихўраму бибахшам, на посбон, ки нигоњ дорам.

Корун њалок шуд, ки чињил хона ганљ дошт,


Нўшервон намурд, ки номи накў гузошт.

ЊИКОЯТ
Овардаанд, ки Нўшервони одилро дар шикоргоње сайде кабоб карданду
намак набуд. Ѓуломе ба русто рафт, то намак орад.
Нушервон гуфт:
- Намак ба ќимат биситон, то расме нашавад ва дењ хароб нагардад.
Гуфтанд:
- Аз ин ќадар чї халал ояд?
Гуфт:
- Бунёди зулм дар љањон аввал андаке будаст.
Њар кас ки омад, бар ў мазиде кард, то бад-ин ѓоят расид.

Агар зи боѓи раият малик хурад себе,


Бароваранд ѓуломони ў дарахт аз бех.
Ба панљ байза, ки султон ситам раво дорад
Зананд лашкариёнаш њазор мурѓ ба сих.

ЊИКОЯТ
Вазири ѓофилеро шунидам, ки хонаи раият хароб карди, то хизонаи
султон обод кунад бехабар аз ќавли њакимон, ки гуфтаанд: «њар ки худойро
азза ва љалла биёзорад, то дили халќе ба даст орад, худованди таоло њамон
халќро бар ў гуморад, то димор аз рўзгораш барорад».

Оташи сўзон накунад бо сипанд,


Он чї кунад дуди дили дардманд.

Сари љумлаи њайвонот гўянд, ки шер аст ва камтарини љонварон њар ва


ба иттифоќ хари борбар бењ, ки шери мардумдар.

Мискин њар агарчи бетамиз аст,


Чун бор њамебарад, азиз аст.
Говону харони борбардор
Бењ з-одамиёни мардумозор.

Боз омадем ба њикояти вазири ѓофил. Маликро тарафе аз замоими


ахлоќи ў ба кароин маълум шуд, дар шиканљааш кашид ва ба анвои уќубат
бикушт.

Њосил нашавад ризои султон,


То хотири бандагон наљуи.
Хоњї, ки худой бар ту бахшад,
Бо халќи худой кун накуї.

Овардаанд, ки яке аз ситамдидагон бар ў бигузашт ва дар њоли табоњи ў


таамул карду гуфт:

На њар кї ќуввати бозую мансабе дорад,


Ба салтанат бихўрад моли мардумон ба ѓизоф.
Тавон ба халќ фурў бурдан устухони дурушт,
Вале шикам бидарад, чун бигирад андар ноф.

***
Намонад ситамгори бадрўзгор,
Бимонад бар ў лаънати пойдор.

ЊИКОЯТ
Мардумозореро њикоят кунанд, ки санге бар сари солење зад. Дарвешро
маљоли интиќом набуд. Сангро нигоњ њаме дошт, то замоне, ки маликро бар
он лашкари хашм омад ва дар чоњаш кард. Дарвеш андар омад ва санг дар
сараш куфт.
Гуфто:
- Ту кистї ва маро ин санг чаро задї?
Гуфт:
- Ман фалонам ва ин њам њамон санг аст, ки дар фалон таърих бар ман
задї.
Гуфт:
- Чандин рўзгор куљо будї?
Гуфт:
- Аз љоњат меандешидам, акнун, ки дар чоњат дидам фурсат ѓанимат
донистам.
Носазоеро, ки бинї бахтиёр,
Оќилон таслим карданд ихтиёр.
Чун надорї нохуни дарранда тез,
Бо бадон он бењ, ки кам гирї ситез,
Њар кї бо пўлодбозу панља кард.
Соиди симини худро ранља кард.
Бош, то дасташ бубандад рўзгор,
Пас ба коми дўстон маѓзаш барор.

ЊИКОЯТ
Якеро аз мулук маразе хоил буд, ки иодати зикри он нокардан авлитар.
Тоифаи њукамои Юнон мутаффиќ шуданд, ки мар ин дардро давое нест магар
зањрае одаме, ки ба чандин сифат мавсуф бошад, бифармуд талаб кардан.
Дењќонписаре ёфтанд бад-он сифат, ки њакимон гуфта буданд. Падару
модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон хушнуд гардонид ва ќозї фатво
дод, ки хуни яке аз раият рехтан саломати нафси подшоњро раво бошад.
Љалод ќасди ў кард. Писар Сар ба сўи осмон баровард ва табассум кард.
Малик пурсидаш, ки ин њолат чї љои хандидан аст?
Гуфт:
- Нози фарзанд бар падару модар бошад ва даъво пеши ќозї баранду
дод аз подшоњ хоњанд. Акнун падару модар ба иллати хутоми дунё маро ба
хун дарсупурданд ва ќозї ба кўштанам фатво дод ва султон масолењи хеш
андар њалоки ман њаме бинад, ба љуз худои азза ва чалла паноњ намебинам:

Пеши кї бароварам зи дастат фарёд,


Њам пеши ту аз дасти ту мехоњам дод.

Султонро дил аз ин сухан ба њам баромад ва об дар дида бигардониду


гуфт:
- њалоки ман авлотар аст аз хуни бегуноње рехтан.
Пас саручашмаш бибўсид ва дар канор гирифт ва дар неъмати
бендозааш бахшиду озод кард. Гўянд, њам дар он њафта султон шифо ёфт.

Њамчунон дар фикри он байтам, ки гуфт


Пилбоне бар лаби дарёи Нил:
Зери поят гар надони њоли мур,
Њамчу њоли туст зери пои пил.
ЊИКОЯТ
Яке аз бандагони Амру Лайс гурехта буд. Касон дар аќибаш бирафтанд
ва бозоварданд. Вазирро бо вай ѓаразе буд ва ишорат ба куштан фармуд, то
дигар бандагон чунин феъл раво надоранд. Банда пеши Амру сар бар замин
нињоду гуфт.

Њар чї равад бар сарам, чун ту писандї, равост,


Банда чї даъви кунад, њукм худованд рост.

Аммо ба мўљиби он парвардаи неъмати ин хонадонам, нахоњам, ки дар


ќиёмат ба хуни ман гирифтор ои. Агар бе гумон ин бандаро бихоњи кушт, ба
таъвили шаръи бикўш, то дар ќиёмат маъхуз ба фармони њаќ набошї.
Амру гуфт:
- Таъвил чї гуна аст?
Гуфт:
- Иљозат фармой, то вазирро бикушам, ба ќасоси ў бифармои хуни маро
рехтан, то ба њаќ кушта бошї.
Маликро ханда гирифт, вазирро гуфт:
- Чи маслињат мебинї?
Гуфт:
- Эй худованди љањон, аз бањри худой ин шўхдидаро ба садаќоти гўри
падар озод кун, то маро дар балое наяфканда. Гуноњ аз ман аст ва ќавли
њукамо мўътабар, ки гуфтаанд:

«Чун кардї бо кулўхандоз пайкор,


Сари худро ба нодонї шикастї,
Чу тир андохтї дар рўї душман,
Хазар кун, к-андар омољаш нишастї».

ЊИКОЯТ
Малик Завзанро хољае буд каримуннафс, некмањзар, ки њагинонро дар
мувољања хидмат кардї ва дар ѓайбат накуї гуфтї. Иттифоќан аз ў њаракате
дар назари султон нописанд омад, мусодира фармуд ва уќубат кард.
Сарњангони малик ба савобиќи мењнати ў мўътариф буданд ва ба шукри он
муртањан. Дар муддати тавќили ў рифќу мулотифат кардандї вазъ аљру
муокабаи раво надоштандї.

Сулњ бо душман агар хоњї, њар гањ ки туро


Дар ќафо айб кунад, дар назараш тањсин кун.
Сухан охир ба дањон мегузарад мўзиро,
Суханаш талх нахоњї, дањанаш ширин кун.

Он чї мазмуни хитоби малик буд, аз ўњдаи баъзе бадар омад ва ба


баќияте дар зиндон бимонд. Яке аз мулуки навоњї дар хуфя паёмаш
фиристод, ки мулуки он тараф ќадри чунон бузургворе надонистанд ва ё
беиззатї карданд. Агар раъи азизи фалон, ањсануллоњ, хулоса ба љониби мо
илтифот кунад, дар риояти хотираш њар чї тамомтар саъй карда шавад ва
аъёни ин мамлакат ба дидори ў муфтахаранду љавоби ин њарфро мунтазир.
Хоља бар ин вуќуф ёфт ва аз хатар андешиду љавобе мухтасар, чунон ки
маслињат дид, бар ќафои вараќ набишт ва равон кард. Яке аз мутаалиќон
воќиф шуд ва маликро эълом кард, ки фалонро ки њабс фармудї, бо мулуки
навоњї муросилат дорад. Малик ба њам баромад ва кашфи ин хабар фармуд.
ќосидро бигрифтанд ва рисолатро бихонданд, набишта буд, ки «њусни зани
бузургон беш аз фазилати мост ва ташрифи ќабуле, ки фармудаанд, бандаро
имкони иљобат нест ба њукми он, ки парвардаи неъмати ин хонадон аст ва ба
андак моя таѓйири хотир бо валинеъмат бевафої натавон кард.

Онро, ки барои туст њар дам караме,


Узраш бинењ, ар кунад ба умре ситаме.

Маликро сирати њакшиносї аз ў писанд омад ва хилъату неъмат


бахшиду узр хост, ки хато кардам, ки ўро бегунох биёзурдам.
Гуфт:
- Эй худованд, банда дар ин њолат мар худовандро хатое намебинад,
балки таќдири худованди таоло чунин буд, ки ин бандаро макрўњї бирасид.
Пас, бадасти ту авлотар, ки савобиќи неъмат бар ин банда дорї ва аёдии
миннат. Ва њукамо гуфтаанд:

«Гар газандат расад зи халќ, маранљ,


Ки ин роњат расад зи халќ на ранљ.
Аз худо дон хилофи душману дўст,
Ки дили њар ду дар тасарруфи ўст.
Гарчи тир аз камон њаме гузарад,
Аз камондор бинад ањли хирад».

ЊИКОЯТ
Яке аз мулуки араб мутаалиќони девонро фармуд, ки марсуми фалонро,
чандон ки њаст, мазоаф кунад, ку мулозими даргоњ асту мутарасисди фармон
ва дигар хидматгорон ба лавњу лаб машѓуланд ва дар адои хидмат
мутањовин.
Соњибдиле бишуниду гуфт:
Маротиби бандагон ба даргоњи худои таоло њамин мисол дорад.

Ду бомдод агар ояд касе ба хидмати шоњ,


Сим хароина дар вай кунад ба лутф нигоњ.
Умед њаст парастандагони мухлисро,
Ки ноумед нагарданд аз остони илоњ.

***
Мењтарї дар ќабули фармон аст,
Тарки фармон далели хирмон аст.
Њар кї симои ростон дорад,
Сари хидмат бар остон дорад.

ЊИКОЯТ
Њокимеро њикоят кунанд, ки њезуми дарвешон харидї ба хайру
тавонгаронро додї ба тарњ. Соњибдиле бар ў гузар карду гуфт:

«Моњї ту, ки њар киро бубинї, бизанї,


Ё бум, ки њар куљо нишинї, биканї.
***
Зўрат ар беш меравад бо мо,
Бо худованди ѓайбдон наравад.
Зўрмандї макун бар ањли замин,
То дуое бар осмон наравад».
Њоким аз гуфтани ў биранљид ва рўй аз насињати ў дарњам кашид ва
бар ў илтифот накард, то шабе оташи матбањ дар анбори њезумаш афтод ва
соири амволаш бисўхт ва аз бистари нармаш ба хокистари гарм нишонд.
Иттифоќан њамон шахс бар ў бигузашт ва дидаш, ки бо ёрон њаме гуфт:
- Надонам, ин оташ аз куљо дар сарои ман афтод?
Гуфт:
- Аз дуди дили дарвешон.

Њазар кун зи дуди дарунњои реш,


Ки реши дарун оќибат сар кунад.
Ба њам бармакун, то тавонї, диле,
Ки оње љањоне ба њам баркунад.

ЛАТИФА
Бар тољи Кайхусрав набишта буд:

Чї солњои фаровону умрњои дароз,


Ки халќ бар сари мо бар замин бихоњад рафт.
Чунон ки даст ба даст омадаст мулк ба мо,
Ба дастгоњи дигар њамчунон бихоњад рафт.

ЊИКОЯТ
Яке дар санъати гуштї гирифтан саромада буд, сесаду шаст банди
фунун бидонистї ва њар рўз ба навъе аз он гуштї гирифти, магар гўшаи
хотираш ба љамоли яке аз шогирдон майле дошт, сесаду панљоњу нўњ бандаш
даромўхт магар як банд, ки дар таълими он дафъ андохтї ва таъхир карди.
Филљумла, писар дар ќуввату санъат љар омад ва касеро бо ў имкони
муќовимат набуд, то ба њадде ки пеши малики он рўзгор гуфта буд: «Устодро
фазилате, ки бар ман аст, аз рўи бузургист ва њаќќи тарбият, вагарна ба
ќувват аз ў камтар нестам ва ба санъат бо ў баробар».
Маликро ин тарки адаб нописандомад, фармуд, то мусораат кунанд.
Маќоме муттасеъ тартиб карданд ва аркони давлату аъёни њазрат ва
зуроварони рўи замин њозир шуданд.
Писари љавон чун пили маст андаромад ба салаботе, ки агар кўњи
оњанин будї, аз љой баркандї. Устод донист, ки љавон ба ќувват аз ў бартар
аст. Бад-он банди ѓариб, ки аз вай нињон дошта буд, бо ў даровехт. Писар
дафъи он надонист. Устод ба ду даст аз заминаш болои сар бурд ва фурў
куфт. Гирев аз халќ бархост.
Малик фармуд, то устодро хилъату неъмат доданд ва писарро заљру
маломат кард, ки бо парварандаи хеш даъвои муќовимат кардї ва ба сар
набурдї.
Гуфт:
- Эй подшоњи рўи замин, ба зўроварї бар ман даст наёфт, балки маро аз
илми гуштї даќиќае монда буд ва аз ман дареѓ њаме дошт. Имрўз бад-он
даќиќаи бар ман ѓолиб омад.
Устод гуфт:
- Бале, аз бањри чунин рўзе, ки зиракон гуфтаанд: «Дўстро чандон
ќувват мадењ, ки агар душманї кунад, тавонад. Нашунидаї, ки чї гуфт, он
кї аз парвардаи хеш љафо дид:

Ё вафо худ набуд дар олам,


Ё магар кас дар ин замона накард.
Кас наёмўхт илми тир аз ман,
Ки маро оќибат нишона накард»

ЊИКОЯТ
Дарвеше муљаррад ба гўшае сањрое нишаста буд, подшоње бар ў
бигузашт. Дарвеш аз он љо ки фароѓи мулки ќаноат аст, сар барнаёварад ва
илтифот накард. Султон аз он љо ки сатвати салтанат аст, биранљид ва гуфт:
- Ин тоифаи хиркапўшон бар мисоли њайвонанд ва ањлияти одамият
надоранд.
Вазир наздикаш омаду гуфт:
- Эй љавонмард, султони рўи замин бар ту гузар кард, чаро хидмате
накардї ва шарти адаб ба љо наёвардї?
Гуфт:
- Султонро бигўй, таваќќуи хидмат аз касе дор, ки таваќќуи неъмат аз
ту дорад ва дигар бидон, ки мулук аз бањри поси раиятанд, на раият аз бањри
тоати мулук, чунон ки гўянд:

Подшоњ посбони дарвеш аст,


Гарчи ромиш ба фарри давлати ўст.
Гусфанд аз барои чўпон нест,
Балки чўпон барои хидмати ўст.
Яке имрўз комрон бинї,
Дигареро дил аз муљоњада реш.
Рўзаке чанд бош, то бихўрад
Хок маѓзи сари хаёландеш.
Фарќи шоњию бандагї бархост
Чун ќазои набишта омад пеш.
Гар касе хоки мурда боз кунад,
Нанмояд тавонгару дарвеш.

Маликро гуфтани дарвеш устувор омад.


Гуфт:
- Чизе аз ман бихоњ.
Гуфт:
- Он мехоњам, ки дигарбора зањмати ман надињї.
Гуфт:
- Маро панде бидењ.
Гуфт:

Дарёб кунун, ки неъматат њаст ба даст,


К-ин давлату мулк меравад даст ба даст.

ЊИКОЯТ
Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрї рафт ва њиммат хост, ки рўзу шаб
ба хидмати султон машѓулам ва ба хайраш умедвору аз уќубаташ тарсон.
Зуннун бигрист ва гуфт:
- Агар ман худойро азза ва љалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз
љумлаи сиддиќон будаме.

Гар на умеду биму роњату ранљ,


Пои дарвеш бар фалак будї.
В-ар вазир аз худо битарсидї,
Њамчунон к-аз малик, малак будї.

ЊИКОЯТ
Подшоње ба куштани бегуноње фармон дод.
Гуфт:
- Эй малик, ба мўљиби хашме, ки туро бар ман аст, бозори худ маљўй,
ки ин уќубат бар ман як нафас барояд ва базаи он бар ту љовид бимонад.

Даврони баќо чу боди сањро бигузашт,


Талхию хушию зишту зебо бигузашт.
Пиндошт ситамгар, ки љафо бар мо кард,
Дар гардани ў бимонду бар мо бигузашт.

Маликро насињати ў судманд омад ва аз сари хуни ў даргузашт.


ЊИКОЯТ
Вузарои Анўшервон дар муњимме аз масолењи мамлакат андеша
мекарданд ва њар як рое њамезаданд ва малик њамчунин тадбире андеша кард.
Бузарљмењрро рои малик ихтиёр омад.
Вазирон дар нињонаш гуфтанд:
- Раъи маликро чї мазид дидї бар фикри чандин њаким?
Гуфт:
- Ба мўљиби он ки анљоми кор маълум нест ва рои њамгинон дар
машият аст, ки савоб ояд ё хато. Пас, мувофиќати раъи малик авлитар аст, то
агар хилофи савоб ояд, ба иллати мутобеати ў аз муоќибат эмин бошам, ки
гуфтаанд:

Хилофи раъи султон раъй љустан,


Ба хуни хеш бошад даст шустан.
Агар худ рўзро гўяд шаб аст ин,
Бубояд гуфтан: инак моњу парвин.

ЊИКОЯТ
Шайёде гесувон бофт, ки ман алавиям ва бо ќофилаи њиљоз ба шахр
даромад, ки аз њаљ њамеоям ва ќасидае пеши малик бурд, ман гуфтам,
неъмати бисёраш фармуд ва икром кард.
Яке аз нудамон њашрати подшоњ, ки аз сафари дарё омада буд, гуфт:
- Ман уро иди азњо дар Басра дидам, њољї чї гуна бошад?
Дигаре гуфто:
- Падараш насронї буд ва дар Малатия. Писари Шариф чї гунна
бошад?
Ва шеърашро ба девони Анварї дарёфтанд.

Малик фармуд, то бизанандаш ва нафи кунанд, то чандин дуруѓ чаро


гуфт.
Гуфт:
- Эй худованди рўи замин, як сухани дигар дар хидматат бигуям, агар
рост набошад, ба њар уќубат, ки фармои, сазоворам.
Гуфт:
- Бигу то он чист?
Гуфт:

Гарибе гарат мост пеш овард,


Ду паймона об асту як љумла дўѓ.
Гар аз банда лаѓве шунидї, бубахш
Љањондида бисёр гўяд дурўѓ.

Маликро ханда гирифт ва гуфт:


- Аз ин ростар сухан дар умри худ нагуфтаї?
Пас фармуд, то он чи маъмули ўст, муњайё доранд, то ба хушї биравад.

ЊИКОЯТ
Яке аз вузаро ба зердастон рањмат оварди ва салоњи њамгинон ба
хайр таввасут намудї. Иттифоќан ба хитоби малик гирифтор омад.
Њамчунон дар истихлоси ў саъй карданд ва муваккилон дар муоќибаташ
мулотифат намуданд ва бузургон зикри сирати хубаш ба афвоњ бигуфтанд, то
малик аз сари итоби ў даргузашт, Соњибдиле бар ин иттилоъ ёфт ва гуфт:

То дили дўстон ба даст орї,


Бўстони падар фурўхта бењ.
Пухтани деги некхоњонро
Њар чи рахти сарост, сўхта бењ,
Бо бадандеш њам накўи кун,
Дањани саг ба луќма дўхта бењ.

ЊИКОЯТ
Яке аз писарони Хорун-ар-Рашид пеши падар омад хашмолуд, ки
фалон сархангзода маро дашноми модар дод. Њорун аркони давлатро гуфт:
- љазои чунин кас чи бошад?
Яке ишора ба куштан кард ва дигаре ба мусодира ва нафи. Њорун гуфт:
- Эй писар, карам он аст, ки авф кунї ва агар натавони, ту низаш
дашноми модар дењ, на чандон ки аз њад даргузарад, ки он гоњ зулм аз тарафи
ту бошаду даъво аз ќибали хасм.

На мард аст он ба наздики хирадманд,


Ки бо пили дамон пайкор љўяд,
Бале, мард он кас аст аз рўи тањќиќ
Ки чун хашм оядаш, ботил нагўяд.

***
Якеро зиштхўе дод дашном,
Тањаммул карду гуфт: «Эй некфарљом,
Батар з-онам, ки хоњї гуфт, они,
Ки донам, айби ман чун ман надонї».

ЊИКОЯТ
Бо тоифаи бузургон ба кишти нишаста будам. Завраќе дар паи мо ѓарк
шуд. Ду бародар ба гирдобе дарафтоданд. Яке аз бузургон гуфт маллоњро:
«Бигир ин њардувонро, ки ба њар яке панљоњ динорат дињам». Маллоњ дар об
афтод, то якеро бироњанд, он дигар њалок шуд. Гуфтам:
- Баќияти умраш намонда буд. Аз ин сабаб дар гирифтани ў таъхир
кард ва дар он дигар таъљил.
Маллоњ бихандид ва гуфт:
-Ончї ту гуфтї, якин асту дигар майли хотир ба рањонидани ин бештар
буд, ки ваќте дар биёбоне монда будам, маро бар шутур нишонд ва аз дасти
он дигар тозиёнае хўрда будам дар тифли нуфтам: «Саддаќаллоњу ман амила
солењан фалинафсињи ва ман асоа фаалайњо».

То тавонї, даруни кас махарош,


К-андар ин роњ хорњо бошад.
Кори дарвеши мустаманад барор,
Ки туро низ корњо бошад.

ЊИКОЯТ
Ду бародар яке хидамати султон кардї ва дигаре бо зўри бозу нон
хўрдї. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки «Чаро хидмат накунї, то аз
машаќќати кор кардан бирањї?».
Гуфт:
- Ту чаро кор накунї, то аз маззалати хидмат рањои ёби, ки
хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хўрдану нишастан бењ, ки камари зарин ба
хидмат бастан».

Ба даст оњани тафта кардан хамир


Бењ, аз даст ба сина пеши амир.

***
Умри гаронмоя дар ин сарф шуд,
То чї хўрам сайфу чу пўшам шито
Эй шиками хира ба таъни бисоз,
То накуни пушт ба хидмат дуто.

ЊИКОЯТ
Касе муждае пеши Анушервони одил оварад, ки шунидам, фалон
душмани туро худой бардошт.
Гуфт:
- њеч шунидї, ки маро бигузошт?

Агар бимурд аду, љои шодмонї нест,


Ки зиндагонии мо низ љовидонї нест.

ЊИКОЯТ
Гурўње њукамо ба њазрати Кисро ба маслињати-дар сухан хаме нуфтанд
ва Бузургмењр, ки мењтари эшон буд, хомўш. Гуфтандаш:
- Чаро ба мо дар ин бањс сухан нагўї?
Гуфт:
- Вазирон бар мисоли атиббоанду табиб дору надињад љуз соќимро.
Чун бинам, ки раъи шумо барсавоб аст, маро бар сари он сухан нуфтан
њикмат набошад.
Чу коре бе фузули ман барояд,
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.
В-агар бинам, ки нобиною чоњ аст,
Агар хомўш биншинам, гуноњ аст.

ЊИКОЯТ
Њорун -ар-Рашидро чун мулки Миср муссалам шуд, гуфт:
- Ба хилофи он тоѓї, ки ба ѓурур малики Миср даъвои худої кард,
набахшам ин мамлакатро магар ба хасистарини бандагон.
Саёње дошт номи ў Хазиб. Мулки Миср ба вай арзони дошт ва гуянд:
«Аќлу дирояти ў то ба љое буд, ки тоифаи хурроси Миср шикоят овардандаш,
ки пунба кошта будем бар канори Нил ва борон бе ваќт омаду талаф шуд».
Гуфт: «Пашм боисти коштан». Њаким гуфт:

Агар рўзи ба дониш дарфузуд,


Зи нодон тангрўзитар набудї.
Ба нодонон чунон рўзи расонад.
Ки доно андар он ољиз бимонад.
***
Бахту давлат ба кордони нест,
Љуз ба таъйиди осмони нест.
Уфтодааст дар љањон бисёр
Бетамиз-арљманду оќил-хор
Ќиёмигар ба ѓусса мурдаву ранљ,
Аблањ андар хароба ёфта ганљ.

ЊИКОЯТ
Якеро аз мулук канизаке чини оварданд. Хост, дар њолати мастї ба вай
љамъ ояд. Канизак мамониат кард. Малик дар хашм рафт ва мар ўро ба сиёње
бахшид, ки лаби забаринаш аз параи гўшу бини даргузашта буд ва зеринаш
ба гиребон фуру хишта. Њайкале, Сахри љиннї аз талъаташ бирамидию айн-
ул-катар аз баѓалаш бидамидї.

Ту гуї, то ќиёмат зиштрўй


Бар ў хатм асту бар Юсуф накуї.

***
Шахсе на чунон карењманзар,
К-аз зиштии ў хабар тавон дод.
Он гањ баѓале наузу биллоњ,
Мурдор ба офтоби мурдод.

Овардаанд, ки сиёњро дар он муддат нафс толиб буду шавњат ѓолиб.


Мењраш биљунбиду мўњраш бардошт. Бомдодон, ки малик канизакро биљусту
наёфт, њикоят бигуфтанд, хашм гирифт ва фармуд, то сиёњро бо канизак
устувор бубанданд ва аз боми љавсаќ ба ќаъри хандак дарандозанд. Яке аз
вузарои некмањзар рўи шафоат бар замин нињод ва гуфт:
- Сиёњи бечораро дар ин хатое нест, ки соири бандагон ва
хидматгузорон ба навозиши худованди матааввиданд. Гуфт:
Агар дар муфовазаи ў шабе таъхир кардї, чї шудї, ки ман ўро афзун аз
киммати канизак дилдорї кардаме.
Гуфт:
- Эй худованди рўи замин, нашунидаї, ки:

Ташнаи сўхта дар чашмаи равшан чу рассад,


Ту мапиндор, ки аз пили дамон андешад.
Мулхиди гурусна дар хонаи холї барии хон,
Аќл бовар накунад, к-аз рамазон андешад.

Маликро ин латифа писанд омад ва гуфт:


- Сиёњ туро бахшидам, канизакро чї кунам?
Гуфт:
- Канизак сиёњро бахш, ки нимхўрдаи ў њам ўро шояд.
Њаргиз онро ба дўстї маписанд,
Ки равад љои нописандида.
Ташнаро дил нахоњад оби зулол.
Нимхўрда дањони гандида.

ЊИКОЯТ
Искандари румиро пурсиданд: «Диёри Машриќу Маѓриб ба чї
гирифтї, ки мулуки пешинро хазоин ва умру лашкар беш аз ин будааст ва
чунин фатње муяссар нашуд?»
Гуфто:
- Ба авни худои азза ва чалла њар мамлакатеро, ки гирифтам, раияташ
наёзурдам ва номи подшохон чуз ба накўї набурдам.

Бузургаш нахонанд ањли хирад,


Ки номи бузургон ба зиштї барад.

***
Ин њама њељ аст чун мебигзарад,
Бахту тахту амру нахю гиру дор
Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат ёдгор.

ДАР АХЛОКИ ДАРВЕШОН


ХИКОЯТ
Яке аз бузургон порсоеро гуфт: «Чї гўї дар њаќќи фалон обид, ки
дигарон дар вай ба таъна суханњо гуфтанд».
Гуфт:
- Дар зоњираш айб намебинам ва дар ботинаш ѓайб намедонам.

Њар киро љома порсо бинї,


Порсо дону некмард ангор.
В-ар надонї, ки дард нињонаш чист,
Мухтасибро даруни хона чї кор?

ЊИКОЯТ
Дарвешеро дидам, сар бар остони Каъба њамемолид ва мегуфт: «Ё
ѓафур, ё рањим, ту донї, ки аз зулуми љуњул чї ояд?»
Узри таќсири хидмат овардам,
Ки надорам ба тоат истизњор.
Осиён аз гунањ тавба кунанд,
Орифон аз ибодат истиѓфор.

Обидон љазои тоат хоњанду бозаргонон бањои бизоат, мани банда умед
овардаам на тоат ва ба дарюза омадаам, на ба тиљорат.
Гар кушї в-ар љурм бахшї, рўю сар бар остонам,
Бандаро фармон набошад, њарчи фармої, бар онам.

***
Бар дари Каъба соиле дидам,
Ки хамегуфту мегирист хуш.
Ман нагўям, ки тоатам бипазир,
Ќалами афв бар гуноњам каш.

ЊИКОЯТ
Абдулќодири Гелониро дидаанд дар њарами Каъба рўй бар њасбо
нињода, њаме гуфт:
- Эй худованд, бубахшой ва гар њароини мустављиби уќубатам, дар
рўзи ќиёматам нобино барангез, то дар рўи некон шармсор нашавам.

Рўй бар хоки аљз мегўям


Њар сањаргањ, ки бод меояд:
Эй, ки њаргиз фаромушат накунам,
Њељат аз банда ёд меояд?

ЊИКОЯТ
Дузде ба хонаи порсое даромад. Чандон ки љуст, чизе наёфт, дилтанг
шуд. Порсо хабар шуд, гилеме, ки бар он хуфта буд, дар роњи дузд андохт, то
мањрум нашавад.

Шунидам, ки мардони роњи худо


Дили душманонро накарданд танг.
Туро кай муяссар шавад ин маком,
Ки бо дўстонат хилоф асту чанг.

Маваддати ањли сафо чї дар рўю чї дар ќафо на чунон к-аз паят айб
гиранду пешат миранд.

Дар баробар чу гўспанди салим,


Дар ќафо њамчу гурги мардумхор.

***
Њар ки айби дигарон пеши ту оварда шумурд,
Бегумон, айби ту пеши дигарон хохад бурд.

ЊИКОЯТ
Тане чанд аз равандагон муттафиќи саёњат буданду шарики ранљу
роњат. Хостам, то мурофикат кунам, мувофиќат накарданд. Гуфтам:
- Аз карами ахлоќи бузургон бадеъ аст рўй аз мусоњибати мискинон
тофтан ва фоида дареѓ доштан, ки ман дар нафси хеш ин ќадар ќудрату
суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсро ёри шотир бошам, на
бори хотир.
Яке з-он миён гуфт:
- Аз ин сухан, ки шунидї, дил танг мадор, ки дар ин рўзњо дузде ба
сурати дарвешон баромад ва худро дар силќи сўхбати мо мунтаззам кард.

Чи донанд мардум, ки дар љома кист?


Нависанда донад, ки дар нома чист.

Ва аз он љо ки саломати њоли дарвешон аст, гумони фузулаш набурданд


ва ба ёри ќабулаш карданд.

Сурати њоли орифон далќ аст,


Ин ќадар бас, чу рўй дар халќ аст.
Дар амал кўшу њар чї хоњї, пўш,
Тољ бар сар нењу алам бар дўш.
Тарки дунёву шавњат асту њавас
Порсої, на тарки љомаву бас.
Дар гажаганд мард бояд буд,
Бар муханнас силоњи љанг чї суд?

Рўзе то ба шаб рафта будем ва шабонгањ ба пои њисор хуфта. Дузди


бетавфиќ ибриќи рафиќ бардошт, ки ба тањорат меравам ва ба ѓорат мерафт.

Порсо бин, ки хирќа дар бар кард,


Љомаи каъбаро љули хар кард.

Чандон ки аз назари дарвешон ѓоиб шуд, ба бурље рафт ва дарље


бидуздид, то рўз равшан шуд. Он торик маблаѓе роњ рафта буд ва рафиќон
бегуноњ хуфта. Бомдодон њамаро ба ќалъа дароварданд ва бурданду ба
зиндон карданд. Аз он таърих тарки сўхбат гуфтему тарики узлат гирифтем,
ки «в-ас-саломату филвањдати» (тарљумааш: амният дар иттифоќ будан аст).

Чу аз ќавме яке бедонише кард,


На кењро манзилат монад, на мењро.
Шунидасти, ки гове дар алафхор
Биёлояд њама говони дењро.

Гуфтам, сипосу минат худойро, ки аз баракати дарвешон мањрум


намондам. Гарчи ба сурат аз сўњбат вањид афтодам, бад-ин њикоят, ки гуфтї,
мустафид гаштам ва амсоли маро њамаи умр он насињат ба кор ояд.
Ба як нотарошида дар маљлисе
Биранљид дили хушмандон басе.
Агар бирќае пур кунад аз гулоб,
Саге дар вай афтад, кунад манљалоб.

ЊИКОЯТ
Зоњиде мењмони подшоње буд, чун ба таом бинишастанд, камтар аз он
хўрд, ки иродати ў буд ва чун ба намоз бархостанд, беш аз он кард, ки одати
ў, то занни салоњият дар њаќќи ў зиёдат кунанд.

Тарсам, нараси ба Каъба, эй аъробї,


К-ин рањ, ки ту мерави ба Туркистон аст.

Чун ба макоми хеш омад, суфра хост, то тановуле кунад. Писаре


соњибфаросат дошт, гуфт:
- Эй падар боре ба маљлиси султон-дар таом нахўрдї?
Гуфт:
- Дар назари эшон чизе нахўрдам, ки ба кор ояд.
Гуфт:
- Намозро њам ќазо кун, ки дар назари њаќ чизе накарди, ки ба кор ояд.

Эй њунарњо гирифта бар кафи даст,


Айбњо баргирифта зери баѓал,
То чї хоњї харидан, эй маѓрур?
Рўзи дармондаги ба сими даѓал.

ЊИКОЯТ
Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид будаме ва шабхезу мувлеи
зўњду парњез. Шабе дар хидмати падар, рањматуллоњи алайњи, нишаста будам
ва њама шабдида бар њам набаста ва мусхафи азиз дар канор гирифта ва
тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам:
- Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонаи бигузорад. Чунон хоби
ѓафлат бурдаанд, ки гўї на хуфтаанд, ки мурдаанд?
Гуфт:
- љони падар, ту низ агар бихуфти бењ, аз он ки дар пустини марудум
афтї.

Набинад муддаї љуз хештанро,


Ки дорад парадаи пиндор дар пеш.
Гарат чашми худобине бубахшанд,
Набини њељ кас ољизтар аз хеш.

ЊИКОЯТ
Якеро аз бузургон ба мањфиле андар њаме сутуданд ва дар авсофи
љамилаш муболиѓа мекарданд. Сар бароварду гуфт:
- Ман онам, ки донам.
Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст
В-аз хубси сар зи њиљлати ботин фитода пеш,
Товусро ба наќшу нигоре, ки њаст, халќ
Тахсин кунанду ў њиљил аз пои зишти хеш.

ЊИКОЯТ
Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид будаме ва шабхезу мувлеи
зўхду парњез. Шабе дар хидмати падар, рањматуллоњи алайњи, нишаста
будам ва њама шаб дида бар њам набаста ва мусхафи азиз дар канор гирифта
ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам:
- Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонаи бигузорад. Чунон хоби
ѓафлат бурдаанд, ки гўї на хуфтаанд, ки мурдаанд?
Гуфт:
- љони падар, ту низ агар бихуфти бењ, аз он ки дар пустини мардум
афтї.

Набинад муддаи љуз хештанро,


Ки дорад пардаи пиндор дар пеш.
Гарат чашми худобине бубахшанд,
Набини њељ кас ољизтар аз хеш.

ЊИКОЯТ
Яке аз сулањои Лубнон, ки маќомоти ў дар диёри Араб мазкур буд ва
каромот машњур ба љомеи Димишќ даромад ва бар канори биркаи килоса
тањорат њаме сохт, пояш билаѓжид ва ба њавз дарафтод ва ба машаќќат аз он
љойгањ рањои ёфту
- Чун аз намоз бипардохтанд, яке аз азњоб гуфт:
- Маро мушкиле њаст, агар иљозати пурсидан аст?
Гуфт:
- Он чист?
Гуфт:
- Ёд дорам, ки шайх ба рўї дарёи Маѓриб бирафт ва ќадамаш тар
нашуд. Имрўз чї њолат буд, ки дар ин об ќоматаш аз њалок чизе намонд?
Шайх андар ин фикрат фурў рафт ва пас аз таамули бисёр сар
бароварду гуфт:
- Нашунидаї, чи хољаи олам, алайњиссалом гуфт: «Ли маалоњи ваќтун
лоясаани фихи малакун муќќарабун ва ло набиюн мурсалун» (Тарљумааш:
маро бо худо вохуриест, ки он гањ на ба малоикаи муќрраб ва пайѓамбари
фиристода напардозам.) ва нагуфт аладдавом ваќте, чунин, ки фармуд ба
Чабраил ва Микоил напардохти ва дигар ваќт бо Хафсаю Зайнаб дархостї:
«Мушоњидат-ул-аброр байн аттаљалли в-ал-иститор» (Тарљумааш:
Дидорбинии покон байни намудор шудан ва пинњон шудан).
Менамоянду мебароянд:

Дидор менамоию парњез мекунї,


Бозори хешу оташи мо тез мекунї.

ЊИКОЯТ
Яке пурсид аз он гумкарда фарзанд,
Ки эй равшангуњар пири хирадманд,
Зи Мисраш буи пироњан шунидї,
Чаро дар чоњи Канъонаш надидї?
Бигуфт: «Ањволи мо барќи љањон аст,
Даме пайдову дигар дам нињон аст.
Гање бар торами аъло нишинем,
Гање бар пушти пои худ набинем,
Агар дарвеш дар холе бимонди,
Сари даст аз дуо лам барфишонди.

ЊИКОЯТ
Дар љомеи Баълбак ваќте калимае чанд њаме гуфтам ба тариќи ваъз бо
љамоате афсурдаи дилмурда, роњ аз олами сурат ба олами маъни набурда.
Дидам, ки нафасам дарнамегирад ва оташам њезуми тар асар намекунад.
Дареѓ омадам тарбияти сутурону оинадори дар мањаллати курон, валекин
дари маъни боз буд ва силсилаи сухан дароз. Дар маъни ин оят, ки «Ван ањну
акрабу илайњи мин хаблил вариди» (Тарљумааш: Мо ба ў аз раги гардан њам
наздиктарем), сухан ба љое расонида буд, ки

Дўст наздиктар аз ман ба ман аст,


В-ин-т мушкил, ки ман аз вай дурам.
Чи кунам, бо ки тавон гуфт, ки дўст.
Дар канори ману ман мањљурам.

Ман аз шароби ин сухан масту фузолаи ќадањ дар даст, ки раванде бар
канори маљлис гузар кард ва даври охир ба вай асар кард ва наърае чунон зад,
ки дигарон ба мо мувофиќати ў дар хурўш омаданд ва хомони маљлис ба
љуш.
Гуфтам:
- Субњонуллоњ, дурони бохабар дар њузуру наздикони бебасар дур.

Фањми сухан чун накунад мустамеъ,


Ќуввати табъ аз мутакаллим маљўй.
Фусњати майдони иродат биёр,
То бизанад марди сухангўй.

ЊИКОЯТ
Шабе дар биёбони Макка аз бехоби пои рафтанам намонд, сар
бинходам ва шутурбонро гуфтам:
- Даст аз ман бидор.

Пои мискин пиёда чанд равад,


К-аз тањаммул сутуда шуд бухтї.
То шавад љисми фарбење лоѓар,
Лоѓаре мурда бошад аз сахтї.

Гуфт:
- Эй бародар, њарам дар пеш асту њароми дар пас. Агар рафтї, бурдї в-
агар хуфтї, мурдї:

Хуш аст зери муѓелон ба роњи бодия хуфт


Шаби рањил, вале тарки љон бибояд гуфт.

ЊИКОЯТ
Порсоеро дидам бар канори дарё, ки захми паланг дошт ва ба њељ дору
бех намешуд. Муддатњо дар он ранљур буд. Њамчунон шукри худои њаќ
таоло мегуфт, ки ба мусибате гирифторам, на ба маъсияте.

Гар маро зор ба куштан дихад он ёри азиз,


То нагўї ки дар он да ѓами љонам бошад.
Гўям аз бандаи мискин чї гунањ содир шуд,
К-ў дилозурда шуд аз ман, ѓами онам бошад.

ЊИКОЯТ
Дарвешеро зарурате пеш омад, гилеме аз хонаи ёре бидуздид. Њокиме
фармуд, то дасташ бибуранд. Соњиби гилем шафоат кард, ки ман ўро бихил
кардам.
Гуфто:
- Ба шафоати ту њадди шаръ фурў нагузорам.
Гуфт:
- Рост гуфтї, валекин њар ки аз моли ваќф чизе бидуздад, ќатъи ядаш
лозим наояд, ки њарчи дарвешон рост, ваќфи муњтољон аст.
Њоким даст аз ў бидошт ва маломат кардан гирифт, ки љањон бар ту
танг омада буд, ки дузди накарди илло аз хонаи чунин ёре?
Гуфт:
- Эй худованд, нашунидаи, ки гуфтаанд: «Хонаи дўстон бирўбу дари
душманон макўб».

Чун ба сахтї дарбимони, тан ба аљз андар мадењ,


Душманонро пўст баркан, дўстонро пўстин.

ЊИКОЯТ
Подшоње порсоеро гуфт:
- њељат аз мо ёд меояд?
Гуфт:
- Бале, ваќте ки худоро фаромўш мекунам.

Њар сў давад он, к-аш зи бари хеш биронад,


В-онро, ки бихонад, ба дари кас надавонад.

ЊИКОЯТ
Яке аз солењон ба хоб дид подшоњеро дар бињишт ва порсоеро дар
дўзах. Пурсид, ки муљиби дараљоти ин чист ва сабаби даракоти он чї, ки
мардум ба хилофи ин њаме пиндоштанд. Нидо омад, ки ин подшањ, ба
иродати дарвешон ба бињишт андар аст ва ин порсо ба такарруби подшоњон
дар дўзах.
Далќат ба чї кор ояду масхию мураќќаъ,
Худро зи амалњои накўњида барї дор.
Хочат ба кулохи бараки доштанат нест,
Дарвешсифат бошу кулоњи татарї дор.

ЊИКОЯТ
Пиёдае сару по барањна бо корвони Хиљоз аз Кўфа бадар омаду
њамроњи мо шуд ва маълуми надошт, хиромон њаме рафту мегуфт:

На ба астар-бар саворам, на чун уштур зери борам,


На худованди раъият, на ѓуломи шањриёрам,
Ѓамии мављуду парешонии маъдум надорам,
Нафасе мезанам осудаю умре мегузорам.

Уштурсаворе гуфташ:
- Эй дарвеш, куљо меравї? Баргард, ки ба сахтї бимирї!
Нашунид ва ќадам дар биёбон нињоду бирафт.
Чун ба нахлаи Мањмуд даррасидем, тавонгарро аљал фаро расид,
дарвеш ба болинаш фароз омад ва гуфт:
- Мо ба сахтї намурдему ту бар бадбахтї бимурдї.

Шахсе њама шаб бар сари бемор гирист,


Чун рўз омад, бимурду бемор бизист.

***

Эй басо асби тезрав, ки намонд,


Ки хари ланг љон ба манзил бурд.
Бас, ки дар хок тандурўстонро
Дафн кардему захмхўрда намурд.

ЊИКОЯТ
Обидеро подшоње талаб кард. Андешид, ки доруе бихўрам, то заиф
шавам, магар, эътиќоде, ки дорад, дар њаќќи ман зиёдат кунад. Овардаанд, ки
доруи ќотил бихўрд ва бимурд.

Он ки чун писта дидамаш њама маѓз,


Пўст бар пўст буд њамчун пиёз
Порсоёни рўй дар махлуќ
Пушт бар ќибла мекунанд намоз.

***
Чун банда худои хеш хонад,
Бояд, ки ба љуз худо надонад.

ЊИКОЯТ
Корвонеро бар замини Юнон бизаданд ва неъмати беќиёс бибурданд.
Бозаргонон гиряву зори карданд ва худою пайѓамбар шафеъ оварданд, фоида
набуд.

Чу пирўз шуд дузди тираравон,


Чи ѓам дорад аз гиряи корвон.

Луќмони њаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён: «Магар


инонро насињате куни ва мавъизае гўй, то тарафе аз моли мо даст бидоранд,
ки дареѓ бошад чандин неъмат, ки зоеъ шавад?!»
Гуфт:
- Дареѓ калимаи њикмат бошад бо эшон гуфтан.

Оњанеро, ки мурёна бихўрд,


Натавон бурд аз ў ба сайќал занг.
Бо сияњдил чї суд гуфтани ваъз?
Наравад мехи оњанин дар санг.

- њамоно, ки љурм аз тарафи мост. Байт:

Ба рўзгори саломат шикастагон дарёб,


Ки љабри хотири мискин бало бигардонад.
Чу соил аз ту ба зори талаб кунад чизе,
Бидењ, вагарна ситамгар ба зўр бистонад.

ЊИКОЯТ
Чандон ки маро шайхи аљал Абулфараљ ибни Чўзї, рањматуллоњи
алайњ, тарки самоъ фармуди ва ба хилвату узлат ишорат карди, унфувони
шабобам ѓолиб омади ва њавою њавас толиб. Ночор ба хилофи раъи мурраби
кадаме бирафтаме ва аз самою муљоласат хазе баргирифтаме ва чун насињати
шайхам ёд омадї, гуфтаме:

Ќозї ар бо мо нишинад, барфишонад дастро,


Мухтасиб гар май хўрад, маъзур дорад мастро.

То шабе ба маљмаи ќавме бирасидам, ки дар миён мутрибе дидам.

Гўи ранги љон мегусилад захмаи носозаш,


Нохуштар аз овозаи марги падар овозаш.

Гоње ангушти њарифон аз ў дар гўшу гање бар лаб, ки хомўш.

Набинад касе дар самоат хушї,


Магар ваќти рафтан, ки дам даркашї.

***
Чун дар овоз омад он барбатсарої,
Кадхудоро гуфтам, аз бањри худой,
Зайбакам дар гўш кун, то нашнавам,
Ё дарам бикшої, то берун равам.

Филљумла, поси хотири ёронро мувофиќат кардам ва шабе ба чанд


муљоњида ба рўз овардам.

Муаззин бонг бењангом бардошт,


Намедонам, ки чанд аз шаб гузаштааст.
Дарозии шаб аз мижгони ман пурс.
Ки як дам хоб дар чашмам нагаштаст.

Бомдодон ба њукми табаррук дасторе аз сару диноре аз камар


бикушодам ва пеши муѓаннї нињодам ва дар канораш гирифтаму басе шукр
гуфтам. Ёрон иродати ман дар њаќќи ў хилофи одат диданд ва бар њиффати
аќлам њамл карданд. Яке з-он миён забони таарруз дароз кард ва маломат
кардан оѓоз, ки ин њаракат муносиби раъи хирадмандон накардї. Хиркаи
машоих ба чунин мутрибе додан, ки дар њамаи умраш дираме бар каф
набудааст ва курозае дар даф.

Мутрибе дур аз ин хучастасарой,


Кас ду бораш надида дар як љой.
Рост чун бонгаш аз дањан бархост,
Халќро мўй бар бадан бархост.
Мурѓи айвон зи њавли ў бипарид,
Маѓзи мо бурду халќи худ бидарид.

Гуфтам:
- Забони тааруз, маслињат он аст, ки кўтоњ кунї, ки маро каромати ин
шахс зоњир шуд.
Гуфт:
- Маро бар кайфияти он воќиф нагардони, то манаш њам такарруб
кунам ва бар мутоибате, ки кардам, истиѓфор гуям?
Гуфтам:
- Бале, ба иллати он ки шайхи аљаллам борњо ба тарки самоъ
фармудааст ва мавъизаи балиѓ гуфта ва дар самъи ќабули, ман наёмада.
Имшабам толеи маймуну бахти њумоюн бад-ин буќъа рањбари кард, то ба
дасти ин тавба кардам, ки баќияти зиндагони гирди самою мухолитат
нагардам.

Овози хуш аз кому дахону лаби ширин


Гар наѓма кунад в-ар накунад, дил бифиребад.
В-ар пардаи «Ушшоќ»-у «Хуросон»-у «Хиљозист»,
Аз ханљараи мутриби макрўњ назебад.

ЊИКОЯТ
Луќмонро гуфтанд:
- Адаб аз ки омўхтї?
Гуфт:
- Аз беадабон. Њар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парњез
кардам.

Нагўянд аз сари бозича њарфе,


К-аз он панде нагирад соњиби хуш
В-агар сад боби њикмат пеши нодон
Бихонанд, оядаш бозича дар гўш.

ЊИКОЯТ
Обидеро њикоят кунанд, ки дањ ман таом бихўрдї ва то сањар хатме
бикардї. Соњибдиле шуниду гуфт:
- Агар ними ноне бихўрдї ва бихуфтї, бисёр аз ин фозилтар будї.

Андарун аз таом њоли дор,


То дар ў нури маърифат бинї.
Тињї аз њикмати ба иллати он,
Ки пури аз таом то бинї.

ЊИКОЯТ
Бахшоиши илоњї гушмудаеро дар маноњи чароѓи тавфиќ фаро роњ
дошт, тоба халќаи ањли тањќиќ даромад. Ба юмни ќадами дарвешону сидќи
ќадами эшон замомими ахлоќаш ба њамоид мубаддал гашт, даст аз њавою
њавас кўтоњ кард ва забони тоинон дар њаќќи ў њамчунон дароз, ки бар
ќоидаи аввал аст ва зўњду тааташ номуаввал.

Ба узру тавба тавон растан аз азоби худої,


Валек менатавон аз забони мардум раст.

Тоќати љаври забонњо наёвард ва шикоят пеши пири тариќат бурд.


Љавобаш дод, ки шукри ин неъмат чї гунна гузорї, ки бењтар аз онї, ки
пиндорандат.

Чанд гўй, ки бадандешу њасуд


Айбгўёни ман мискинанд.
Гањ ба хун рехтанам бархезанд,
Гањ ба бад хостанам биншинанд,
Нек бошию бадат гўяд халќ,
Бењ, ки бад бошию некат бинанд.

Лекин маро, ки њусни занни њамгинон дар њаќки ман ба камол асту ман
дар айни нуќсон, раво бошад андеша бурдан ва темор хўрдан.

Гар онњо, ки мегуфтаме кардаме,


Накусирату порсо мурдаме.

***
Дар баста ба рўи худ зи мардум,
То айб нагустуранд моро.
Дар баста чї суд? Олимулѓайб
Донои нињону ошкоро.

ЊИКОЯТ
Пеши яке аз машоих гила кардам, ки фалон ба фасоди ман гувоњи
додаст. Гуфто:
- Ба салоњаш хиљил кун.

Ту некуравиш бош, тобадсигол


Ба нуќси ту гуфтан наёбад маљол.
Чу оњанги барбат бувад мустаќим,
Кай аз дасти мутриб хўрад гўшмол.

ЊИКОЯТ
Якеро аз машоихи Шом пурсиданд, ки њаќиќати тасаввуф чист?
Гуфт:
- Аз ин пеш тоифае дар љањон буданд ба сурат пароканда ва ба маъни
љамъ. Акнун ќавме њастанд ба сурат љамъу ба маъни пароканда.

Чун хас соат аз ту ба љое равад дил,


Ба танњои – андар сафое набинї.
В-арат чоњу мол асту заръу тиљорат,
Чу дил бо худояст, хилватнишинї.

ЊИКОЯТ
Ёд дорам, ки шабе дар корвони њама шаб рафта будаму сахаргох дар
канори бешае хуфта. Шуридае, ки дар он сафар њамроњи мо буд, наърае
баровардд ва роњи биёбон гирифту як нафас ором наёфт. Чун рўз шуд,
гуфтамаш:
- Он чї њолат буд?
Гуфт:
- Булбулонро дидам, ки ба нолиш даромада буданд аз дарахту кабкон аз
кўњу ѓўкон дар об бањоим аз беша. Андеша кардам, ки мурувват набошад,
њама дар тасбењу ман ба гафлат хуфта.

Дўш мурѓе ба субњ менолид,


Аќлу сабрам бибурду тоќќату хуш.
Яке аз дўстони мухлисро,
Магар овози ман расид ба гўш,
Гуфт: «бовар надоштам, ки туро
Бонги мурѓе чунин кунад мадњуш».
Гуфтам: «Ин шарти одамият нест,
Мурѓ тасбењгўю ман хомўш».
ЊИКОЯТ
Ваќте дар сафари Хиљоз тоифаи љавонони соњибдил њамдами ман
буданду њамќадам. Ваќтњо замзамае бикардандї ва байте муњаќќиќона
бигуфтандї. Обиде дар сабил мункири њоли дарвешон буду бехабар аз дари
эшон, то бирасидем ба хайли бани Хилол. Кўдаки сиёњ аз њайи араббадар
омаду овозе баровард, ки мурѓ аз њаво даровард. Уштури обидро дидам, ки ба
раќс андаромаду обидро бияндохт ва бирафт. Гуфт:
- Эй шайх, самоъ дар њайвон асар карду туро њамчунон тафовут
намекунад?!

Донї, чї гуфтмаро он булбули сањарї?


«Ту худ чї одами, к-аз ишк бехабарї?!
Уштур ба шеъри араб дар њолат асту тараб,
Гар завќ нест туро, кажтабъ љонварї.

***
Ба зикраш њар чї бинї, дар хурўш аст,
Диле донад дар ин маънї, ки гўш аст.
На булбул бар гулаш тасбењхонест,
Ки њар коре ба тасбењаш забонест.

ЊИКОЯТ
Якеро аз мулук муддати умр сипарї шуд, коиммаќоме надошт. Васият
кард, ки бомдодон нахустин касе, ки аз шањр андар ояд, тољи шоњи бар сари
вай нињанд ва тафвизи мамлакат бад-ў кунанд. Иттифоќан аввал касе, ки
даромад, гадое буд њама умр луќма андўхта ва рукъа дўхта. Аркони давлат ва
аъёни њазрат васияти малик ба љой оварданд ва таслими мафотењи ќилоъ ва
хазоин бад-ў карданд. Муддате њукм ронд, то баъзе умарои давлат гардан аз
итоати ў бипечониданд ва мулук аз њар тараф ба манозаат хостан гирифтанд
ва ба муќовимат лашкар оростан. Филљумла, сипоњу раъият ба њам баромад
ва бархе тарафи билод ва ќабзи тасарруфи ў бадар рафт. Дарвеш аз ин воќиа
хастахотир њаме буд, то яке аз дўстони ќадимаш, ки дар њолати дарвешї
ќарин буд, аз сафаре бозомад ва дар чунон мартаба дидаш, гуфт:
- Минат худойро, ки уѓлат аз хор баромаду хор аз пой бадар омад ва
бахти баландат рањбари карду иќболу саодат ёварї, то бад-ин поя расидї.

Шукуфа гоњ шукуфтаасту гоњ хўшида,


Дарахт ваќт барањнасту ваќт пўшида.

Гуфт:
- Эй ёри азиз, таъзиятам кун, ки љои тањният нест. Он гањ ки ту дидї,
ѓаме ноне доштаму имрўз ташвиши љањоне.

Агар дунё набошад дардмандем,


В-агар бошад, ба мењраш пойбандем.
Балое з-ин љањоношўбтар нест,
Ки ранљи хотир аст, ар њасту гар нест.

***
Маталаб, гар тавонгарї хоњї,
Љуз ќаноат, ки давлатест њанї.
Гар ѓани зар ба доман афшонад,
То назар дар савоби ў накунї,
К-аз бузургон шунидаам бисёр:
Сабри дарвеш бењ, ки зилли ѓанї.

***
Агар бирён кунад Бањром гўре,
На чун пои малањ бошад зи мўре.

ЊИКОЯТ
Якеро дўсте буд, ки амали девон кардї, муддате иттифоќи мулоќот
наяфтод. Касе гуфт:
- Фалонро дер шуд, ки надидї?
Гуфт:
- Ман ўро нахоњам, ки бинам.
Ќазоро яке аз касони ў њозир буд, гуфт:
- Чї хато кардааст, ки малули аз дидани ў?
Гуфт:
- њељ малоле нест, аммо дўстони девониро ваќте тавон дид, ки маъзул
бошанд ва маро роњати хеш дар ранљи ў набояд.

Дар бузургию доругири амал


З-ошноён фароѓате доранд.
Рўзи дармондагию маъзули
Дарди дил пеши дўстон оранд.

ЊИКОЯТ
Абў Хурайра њар рўз ба хидмати Муњаммад мустафо салаллоњи алайњи
ва олињи омадї.
Гуфт:
- Ё Або Хурайра, њар рўз маё, то муњаббат зиёдат шавад!
Соњибдилеро гуфтанд:
- Бад-ин хуби, ки офтоб аст, нашунидаем, ки касе ўро дўст гирифтааст
ва ишќ оварда.
Гуфт:
- Барои он ки њар рўзаш метавон дид магар дар зимистон, ки мањљуб
асту мањбуб.
Ба дидори мардум шудан айб нест,
Валекин на чандон ки гўянд бас.
Агар хештанро маломат кунї,
Маломат набояд шунида зи кас.

ЊИКОЯТ
Якеро аз бузургон боде мухолиф дар шикам печидан гирифт ва тоќати
забти он надошт ва бе ихтиёр аз ў содир шуд ва. Гуфт:
- Эй дўстон, маро дар он чї кардам, ихтиёре набуду базање барман
нанавиштанду роњате бавуљуди ман расид, шумо њам ба карам маъзур доред.

Шикам зиндони бод аст, эй хирадманд,


Надорад њељ оќил бод дар банд.
Чу бод андар шикам печад, фурў њил,
Ки бод андар шикам бор аст бар дил,
Њарифи турушрўи носозгор
Чу хоњад шудан, дастпешаш мадор.

ЊИКОЯТ
Аз суњбати ёрони Димишќам малолате падид омада буд, сар дар
биёбони Кудс нињодам ва бо њайвонот унс гирифтам, то ваќте ки асири
фаранг шудам. Дар хандаќи Туробулус бо љуњудонам ба кори гил бидоштанд.
Яке аз руасои Халаб, ки собиќаи маърифате миёни мо буд, гузар кард ва
бишинохту гуфт:
- Эй фалон, чї њолат аст?
Гуфтам:
- Чї гўям?

Њаме гурехтам аз мардумон ба кўњу ба дашт,


Ки аз худои набудам ба одами пардохт.
Ќиёс кун, ки чї њолам бувад дар ин соат,
Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.

***
Пой дар занљир пеши дўстон,
Бењ, ки бо бегонагон дар бўстон.

Бар њолати ман рањмат оварду ба дањ динорам аз ќайд халос карду бо
худ ба Халаб бурд ва духтаре, ки дошт, ба никоњи ман даровард ва кобини
сад динор. Муддате баромад. Бадхўй, ситезарўй, нофармон буд, забондарозї
кардан гирифт ва айши моро мунаѓѓас доштан.
Зани бад дар сари марди накў
Њам дар ин олам аст дўзахи ў,
Зинњор, аз ќарини бад, зинњор:
Ва кино рабуно азобан нор.
(Тарљумааш: худоё, аз азоби дўзах моро нигањ дор!)
Боре забони тааннут дароз карда њаме гуфт:
- Ту он нести, ки падарам туро аз фаранг ба дањ динор халос кард?
Гуфтам:
- Бале, ба дањ динорам халос карду ба сад динор дар дасти ту гирифтор.

Шунидам, гўсфандеро бузурге,


Рањонид аз дањону чангигурге.
Шабонгањ корд бар њалкаш бимолид,
Равони гўсфанд аз вай бинолид.
Ки аз чанголи гургам даррабудї,
Чу дидам, оќибат гургам ту будї.

ЊИКОЯТ
Яке аз подшоњон обидеро, ки аёлон дошт, пурсид, ки авќоти азизат
чигуна мегузарад?
Гуфт:
- њама шаб дар мунољоту сазар дар дуои њољот ва њама рўз дар банди
ихрољот.
Маликро мазмуни ишорати обид маълум гашт. Фармуд, то ваљњи
кафофи вай муайян доранд, то бори аёл аз дили ў бархезад.

Эй гирифтору пойбанди аёл,


Дигар озодагї мабанд хаёл.
Ѓамии фарзанду нону љомаю ќут
Бозат орад зи сайр дар малакут.
Њама рўз иттифоќ месозам.
Ки ба шаб бо худой пардозам.
Шаб чу аќди намоз мебандам,
Чї хўрад бомдод фарзандам?

ЊИКОЯТ
Яке аз мутааббидони шом дар беша зиндагонї кардї ва барги дарахтон
хўрдї. Подшоње ба њукми зиёрат ба наздики вай рафту гуфт:
- Агар маслињат бинї, ба шањр – андар барои ту маќоме бисозам, ки
фароѓи ибодат аз ин бењ даст дињад ва дигарон њам ба баракати анфоси шумо
мустафид гарданд ва ба солњои аъмоли шумо иќтидо кунанд.
Зоњид ќабул накард. Яке аз вазирон гуфташ:
- Поси хотири маликро раво бошад, ки чанд рўзе ба шањр андарои ва
кайфият маълум кунї. Пас агар сафои ваќти азизонро аз сўњбати агёр
ќудурате бошад, ихтиёр боќист.
Обид ба шањр даромад ва бўстонсарои хоси маликро бад-ў пардохтанд,
маќоме дилкушой, равоносой:
Гули сурхаш чу орази хубон,
Сунбулаш њамчу зулфи мањбубон.
Њамчунон аз нахиби барди аљуз,
Шир нохўрда тифли доя њанўз.

Малик дарњол канизаке хубрўй пешаш фиристод.

Аз ин мањпораи обидфиребе
Малоиксурате, товусзебе,
Ки баъд аз диданаш сурат набандад
Вуљуди порсоёнро шикебе.

Њамчунон дар аќибаш ѓуломе бадеъ-ул-љамоли латиф-ул-эътидол.

Дида аз диданаш нагашти сер,


Њамчунон к-аз Фурот мустаскї.

Обид таомњои лазиз хўрдан гирифт ва кисватњои латиф пўшидан. Ва аз


фавоќењу машмум ва њаловати таматтуъ ёфтан ва дар љамоли ѓулому канизак
нигаристан ва хирадмандон гуфтанд: «Зулфи хубон занчири пои акл асту
доми мурги зирак»:
Дар сари кори ту кардам дилу дин бо њама дониш,
Мурѓи зирак, ба њаќиќат, манам имрўз, ту домї.
Филљумла, давлати ваќт маљмўъ ба завол омад, чунон ки гуфтаанд:

Њар ки њаст аз фаќењу пиру мурид


В-аз забоноварони покнафас,
Чун ба дунёи дун фуруд омад,
Ба асал дарбимонд пои магас.

Боре малик ба дидани ў раѓбат кард. Обидро дид аз њайъати нахустин


баргардида ва сурху сафеду фарбењ шуда ва бар болиши дебо такя зада ва
ѓуломи парипайкар ба мирвањаи товуси болои сараш истода. Бар саломати
њолаш шодмонї кард ва аз њар даре сухан гуфтанд, то малик ба анљоми сухан
гуфт:
- Ман ин ду тоифаро дар љањон дўст медорам : яке уламо ва дигар
зўњњодро.
Вазири файласуфи љањондида њозир буд, гуфт:
- Эй худованд, шарти дўстї он аст, ки бо њар ду тоифа накўї кунї.
Олимонро зар бидењ, то дигар бихонанд ва зињидонро чизе малењ, то зоњид
бимонанд.

Хотуни хубсўрату покизарўйро


Наќшу нигору њотами пирўза гў, мабош!
Дарвеши нексирату фархундаройро
Нони работу луќмаи дарюза, гў, мабош!

***
То маро њасту дигарам бояд,
Гар нахонанд зоњидам, шояд.

ЊИКОЯТ
Мутобиќи ин сухан подшоњеро муњиме пеш омаду гуфт: «Агар анљоми
ин њолат ба муроди ман барояд, чандин дирам дињам зоњидонро». Чун
њољаташ баромад ва ташвиши хотираш бирафт, вафои назараш ба вуљуди
шарт лозим омад. Якеро аз бандагони хос ќисаи дирам дод, то сарф кунад бар
зоњидон. Гўянд: ѓулом оќилу њушёр буд. Њама рўз бигардиду шабонгањ
бозомад ва дирамњо бўса доду пеши малик бинњод ва гуфт:
- Зоњидонро чандон ки талаб кардам, наёфтам.
Малик гуфт:
- Ин чї њикоят аст? Он чї ман донам, дар ин мулк чањорсад зоњид аст!
Гуфт:
- Чандон ки маро дар њаќќи ин тоифаи худопарастон иродат асту
иќрор, мар ин шухдидаро адоват асту инкор ва њаќ ба љониби ўст:

Зоњид, ки дирам гирифту динор,


Зоњидтар аз ў диле ба даст ор.

***
Онро, ки сирате хушу сиррест бо худой,
Бе нони ваќфу луќмаи дарюза зоњид аст.
В-ангушти хубрўю баногўши дилфиреб
Бе гўшвору њотами фирўза шоњид аст.

Якеро аз уламои росих пурсиданд:


- Чї гўї дар нони ваќф?
Гуфт:
- Агар нон аз бањри љамъият хотир меситонад, њалол аст ва агар љамъ ва
бањри нон менишинад, њаром:

Нон аз барои кунљи ибодат гирифтаанд,


Соњибдилон, на кунљи ибодат барои нон.

ЊИКОЯТ
Дарвеше ба маќоме даромад, ки соњиби буќъа карим-ун-нафс буду
хирадманд. Тоифаи ањли фазлу балоѓат дар сўњбати ў њар яке базлаву латифа,
чунон ки расми њарифон бошад, њаме гуфтанд. Дарвеш роњи биёбон карда
буду мондаву чизе нахўрда. Яке аз он миён ба тариќи зарофат гуфт:
- Туро њам чизе бубояд гуфт.
Гуфт:
- Маро чун дигарон фазлу адабе нест ва чизе нахондаам. Ба як байт аз
ман ќаноат кунед.
Њамгинон ба раѓбат гуфтанд:
- Бигўй.
Гуфт:
Ман гурусна, дар баробарам суфраи нон,
Њамчунон азобам бар дари њамоми занон.

Њамагон бихандиданд ва зарофаташ биписандиданду суфра пеш


оварданд. Соњибдаъват гуфт:
- Эй ёр, замоне таваќќуф кун, ки парасторонам куфта бирён месозанд.
Дарвеш сар бароварду гуфт:

Кўфта бар суфраи ман, гў, мабош,


Гурснаро нони тињї кўфта аст.

ЊИКОЯТ
Муриде гуфт пирро:
- Чї кунам, к-аз халоиќ ба ранљ андарам. Азбаски ба зиёрати ман њаме
оянд ва авќотам аз тараддуди эшон мушавваш мешавад.
Гуфт:
- њар чї дарвешонанд, мар эшонро воме бидењ ва он чї тавонгаронанд,
аз эшон чизе бихоњ, ки дигар гирди ту нагарданд:
Гар гадо пешрави лашкари ислом бувад,
Кофар аз бими таваќќуъ биравад тодари Чин.

ЊИКОЯТ
Фаќење падарро гуфт:
- њељ аз ин суханони рангину диловези мутакаллимон дар ман асаре
намекунад ба њукми он: намебинам мар эшонро кирдоре мувофиќи гуфтор.

Тарки дунё ба мардум омўзанд,


Хештан симу ѓалла андўзанд.
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Њар чї гўяд, нагирад андар кас.
Олим он кас бувад, ки бад накунад.
На бигўяд, ба њалќу худ накунад.

***
Олим, ки комронию танпарварї кунад,
Ў хештан гум аст, киро рањбари кунад.

Падар гуфт:
- Эй писар, ба муљарради хаёли ботил нашояд рўй аз тарбияти носењон
бигардонидан ва уламоро ба залолат мансуд кардан ва дар талаби олими
маъсум аз фавоиди илм мањрум мондан њамчун нобиное, ки шабе дар вањал
афтода буд ва мегуфт: «Эй мусулмонон, охир чароѓе фаро роњи ман доред!»
Зане фориља гуфт: «Ту, ки чароѓ набинї, ба чароѓ чї бинї?» њамчунин
маљлиси ваъз чун кулбаи баззоз аст, он љо то накде надињи, насињате
наситони ва ин љо то иродате наёри, саодате набари:

Гуфти олим ба гўши љон бишнав


В-ар намонад ба гуфтанаш кирдор.
Ботил аст, он чї муддаї гўяд,
Хуфтаро хуфта кай кунад бедор.
Мард бояд, ки гирад андар гўш
В-ар навиштааст панд бар девор.

***
Соњибдиле ба мадраса омад зи хонакоњ,
Бишкаст ањди сўњбати ањли тариќро.
Гуфтам: «Миёни олиму обид чї фарќ буд.
То ихтиёр кардї аз он ин тариќро?»
Гуфт: «Он гилеми хеш бадар мебарад зи мављ
В-ин љањд мекунад, ки бигирад ѓариќро».

ЊИКОЯТ
Яке бар сари роње маст хуфта буд ва зимоми ихтиёр аз даст рафта.
Обиде бар вай гузар кард ва дар њолати мустаќбањи ў назар кард. Маст са
баровард ва гуфт: «Изо марру биллаѓви марру кирман» (тарљумааш: чун сари
инкор доранд, караме низ доранд).

Матоб, эй порсо, рўй аз гунањгор,


Ба бахшояндагї дарвай назар кун.
Агар ман нољавонмардам ба кирдор,
Ту бар ман чун љавонмардон гузар кун.

ЊИКОЯТ
Тоифаи риндон ба хилофи дарвеше бадар омаданд ва суханони носазо
гуфтанд ва бизаданду биранљониданд. Шикоят пеши пири тариќат бурд, ки
чунин њоле рафт. Гуфт:
- Эй фарзанд, хирќаи дарвешон љомаи ризост. Њар кї дар ин кисват
тањаммули бемуродї накунад, муддаисту хирќа бар ў њаром:

Дарёи фаровон нашавад тира ба санг,


Ориф, ки биранчад, тунукоб аст њанўз.

***
Гар газандат расад, тањаммул кун,
Ки ба афв аз гуноњ пок шавї.
Эй бародар, чу хок хоњї шуд.
Хок шав, пеш аз он ки хок шавї.

ЊИКОЯТИ МАНЗУМА

Ин њикоят шунав, ки дар Баѓдод


Рояту пардаро хилоф афтод.
Роят аз гарди роњу ранљи риќоб
Гуфт бо парда аз тариќи итоб.
Ману ту њар ду њољатошонем,
Бандаи боргоњи султонем.
Ман зи хидмат даме наёсудам.
Гоњу бегоњ дар сафар будам.
Ту наранљ озмудаї на њисор,
На биёбону боду гарду ѓубор.
Ќадами ман ба саъй пештар аст.
Пас, чаро иззати ту бештар аст?
Ту барии бандагони мањрўй,
Бо канизони ё суманбуї.
Ман фитода ба дасти шогирдон
Ба сафар пойбанду саргардон.
Гуфт: «Ман сар бар остон дорам,
На чу ту сар бар остон дорам,
Њар ки бењуда гардан афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.

ЊИКОЯТ
Яке аз соњибдилон зўрозмоеро дид ба њам баромада ва каф бар димоѓ
оварда. Гуфт: «Инро чї њолат аст?» Гуфтанд: «Фалон дашном додаш». Гуфт:
«Ин фурўмоя њазор ман санг бармедорад ва тоќати сухане намеорад».

Лофи сарпанљагию даъвии марди бигузор,


Ољизнафаси фурўмоя чї мардї, чї занї,
Гарат аз даст барояд, лањане ширин кун,
Марди он нест, ки муште бизанї бар дањан

***
Гарат худ барорад пешонии пил,
На мард аст он, ки дар вай мардуми нест.
Бани одам сириш аз хок доранд,
Агар хокї набошад, одамї нест.
ЊИКОЯТ
Бузургеро пурсидам аз сирати ихвони сафо. Гуфт:
- Камина он, ки муроди хотири ёрон бар масолењи хеш муќаддам дорад
ва њукамо гуфтаанд: бародар, ки дар банди хештан аст, на бародару на хеш
аст.
Њамроњ агар шитоб кунад, њамроњи ту нест,
Дил дар касе мабанд, ки дилбастаи ту нест.

***
Чун набувад хешро диёнату таќвї
Катъи рањим бењтар аз муваддату ќурбї.

Ёд дорам, ки муддаї дар ин байт бар ќавли ман эътироз кард ва гуфт:
- њак таоло дар китоби маљид аз ќатъи рањим нањй кардааст ва ба
маваддат зи-л-ќурбо фармуда. Он чї ту гуфтї, маноќизи он аст.
Гуфт:
- ѓалат кардї, ки мувофиќи он аст: ва ин љоњидока ало ан тушрику мо
лайса лака бињи илмун фало тутеъњумо (тарљумааш:агар бикўшанд, ки маро
ту аз рўи ноогоњи ширќ оварї, итоаташон накун).

Њазор хеш, ки бегона аз худо бошад,


Фидои як тани бегона, к-ошно бошад.

ЊИКОЯТ
Пирамарде латиф дар Баѓдод,
Духтаракро ба кафшдўзе дод.
Мардаки сангдил чунон бигазид
Лаби духтар, ки хун аз ў бичакид.
Бомдодон падар чунон дидаш,
Пеши домод рафту пурсидаш,
К-эй фурўмоя, он чї дандон аст,
Чанд холи лабаш, на анбон аст.
Ба мазоњат нагуфтам ин гуфтор,
Њазл бигзору љид аз ў бардор.
Хўи бад дар табиате, ки нашаст,
Нарањад љуз ба ваќти марг аз даст.

ЊИКОЯТ
Фаќење духтаре дошт баѓоят зиштрўй, ба љои занон расида. Бо вуљуди
љињозу неъмат касе дар мунокињати ў раѓбат наменамуд.

Зишт бошад дабиќию дебо,


Ки бувад бар арўси нозебо.
Филљумла ба њукми зарурат аќди никоњаш бо зарире бубастанд.
Овардаанд, ки њакиме дар он таърих аз Сарандеб омада буд, ки дидаи нобино
равшан њаме кард. Фаќењро гуфтанд: «Домодро саро илољ накунї?» Гуфт:
«Тарсам, ки бино шаваду духтарро талоќ дињад».
Шўи зани зиштрўй нобино бењ!

ЊИКОЯТ
Подшоње ба дидаи њаќорат дар тоифаи дарвешон назар кард. Яке аз он
миён ба фаросат ба љой овард ва гуфт:
- Эй малик, мо дар ин дунё ба љайш аз ту камтарем ва ба айш хуштар ва
ба марг баробар ва ба ќиёмат бењтар.

Агар кишвархудои комрон аст


В-агар дарвеши хочатманди нон аст.
Дар он соат ки хоњан ину он мурд,
Нахоњанд аз љањон беш аз кафан бурд.
Чу рахт аз мамлакат барбаст хоњї,
Гадої бехтар аст аз подшохї.

Зоњири дарвеши љомаи жанда асту мўи сутурда ва њаќиќати он дили


зиндаву нафси мурда.

На он ки бар дари даъвї нишинад аз халќе


В-агар хилоф кунандаш, ба љанг бархезад.
Агар зи кўњ фурў ѓалтад осиёсанге,
На ориф аст, ќи аз роњи санг бархезад.

Тариќи дарвешон зикр асту шукри хидмату тоату эсору ќаноату


тавњиду таваккалу таслим ва тањаммул. Њар ки бад-ин сифатњо мавсуф аст,
дарвеш аст, агарчи дар ќабост. Аммо њарзагарде бенамози њавопарасти
њавасбоз, ки рўзњо ба шаб овард дар банди шањвату шабњо рўз кунад дар
хоби ѓафлат ва бихўрад, њар чї дар миён ояд ва бигўяд, хар чї бар забон ояд
ринд аст вагар дар абост:

Эй дарунат барањна аз таќвї,


К-аз бурун љомаи риё дорї,
Пардаи њафтранг дармаѓзор,
Ту, ки дар хона бурё дорї?!

ЊИКОЯТИ МАНЗУМА

Дидам гули тоза чанд даста


Бар гунбаде аз гиёњ баста.
Гуфтам: «Чї бувад гиёњи ночиз,
То дар сафи гул нишинад ў низ?»
Бигрист гиёњу гуфт хомўш:
«Сўњбат накунад карам фаромўш.
Гар нест љамолу рангу бўям,
Охир на гиёњи боѓи ўям?
Ман бандаи њазрати каримам,
Парвардаи неъмати ќадимам.
Гар бењунарам в-агар њунарманд,
Лутф аст умедам аз худованд.
Бо он ки бизоате надорам,
Сармояи тоате надорам,
Ў чораи кори банда донад.
Чун хељ василаташ намонад.
Расм аст, ки моликони тањрир
Озод кунанд бандаи пир.
Эй борхудои оламорой
Бар бандаи пири худ бубахшой.
Саъдї, рањи каъбаи ризо гир.
Эй марди худо, дари худо гир!
Бадбахт касе, ки сар битобад
З-ин дар, ки даре дигар наёбад.

ЊИКОЯТ
Њакимеро пурсиданд:
- Аз саховату шуљоат кадом бењтар аст?
Гуфт:
- Он киро саховат аст, ба шуљоат чї хољат?!

Намонад Хотами Той, валек то ба абад


Бимонд номи баландаш ба некўї машњур.
Закоти мол бадар кун, ку фузлаи разро
Чу боѓбон бибурад, бештар дињад ангур.

***
Набиштааст бар гурии Бањроми Гўр,
Ки дасти карам бењ зи бозуи зўр.

ДАР ФАЗИЛАТИ КАНОАТ


ЊИКОЯТ
Хоњандаи маѓриби дар сафи баззозони Халаб мегуфт:
- Эй худовандони неъмат, агар шуморо инсоф будию моро ќаноат,
расми суол аз чахон аз чахон бархостї.
Эй ќаноат, тавонгарам гардон,
Ки варон ту њељ неъмат нест.
Ганљи сабр ихтиёри луќмон аст,
Њар киро сабр нест, њикмат нест.

ЊИКОЯТ
Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омўхту дигаре мол андўхт.
Оќибатуламр он яке алломаи аср гашт ва ин яке азизи Миср шуд. Пас ин
тавонгар ба чашми њакорат дар фаќењ назар кардї ва гуфтї:
- Ман ба салтанат расидам ва ин њамчунон дар масканат бимондааст.
Гуфт:
- Эй бародар, шукри неъмати бори азза исмању њамчунон афзунтар аст
бар ман, ки мероси пайѓамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавну
Хомон, яъне мулки Миср.

Ман он мўрам, ки дар поям бимоланд,


На занбурам, ки аз дастам биноланд.
Куљо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зўри мардумозорї надорам.

ЊИКОЯТ
Дарвешеро шунидам, ки дар оташи фоќа месўхт ва хирќа медўхту
таскини хотири мискинро мегуфт:

Ба нони хушк ќаноат кунему љомаи далќ,


Ки бори мењнати худ бењ, ки миннати халќ.

Касе гуфташ:
- Чи нишинї, ки фалон дар ин шањр табъе карим дорад ва караме амим.
Миён ба хидмати озодагон баста ва дар дилњо нишаста. Агар бар сурати њоли
ту, чунон ки њаст, муталлеъ гардад, поси хотири азизон минат дорад.
Гуфт:
- Хомўш, ки дар пасти мурдан бењ, ки њољат пеши касе бурдан.

Њам руќъа дўхтан беху илзоми ганљи сабр,


К-аз бањри љома руќъа бар хољагон набишт.
Њаќќо, ки бо уќубати дўзах баробар аст,
Рафтан ба поймардии њамсоя дар бињишт.

ЊИКОЯТ
Яке аз мулуки Аљам табибе њозиќ ба хидмати Муњаммад пайѓамбар
фиристод. Соле дар диёри Араб буд ва касе таљрибате пеши ў наёвард ва
муолиљате аз вай дарнахост. Пеши пайѓамбар омад ва гила кард, ки маро
муолиљати асњоб фиристодаанд ва дар ин муддат касе илитифоте накард, то
хидмате, ки бар банда муайян аст, ба љой оварад. Расул фармуд:
- Ин тоифаро тариќест, ки то иштињо ѓолиб нашавад, нахўранд ва њанўз
иштињо боќи бошад, ки даст аз таом бидоранд.
- Ин аст муљиби тандурустї. Замин бибўсид ва бирафт.

Сухан он гањ кунад њаким оѓоз,


Ё сарнагушт сўи луќма дароз,
Ки зи ногуфтанаш халал зояд
Ё зи нохўрданаш ба љон ояд.
Лољарам њикматаш бувад гуфтор,
Хўрданаш тандурустї орад бор.

ЊИКОЯТ
Дар сирати Ардашери Бобакон омадааст, ки њакими Арабро пурсид, ки
рўзе чї моя таом бояд хўрдан?
Гуфт:
- Сад дирамсанг кифоят аст.
Гуфт:
- Ин ќадар чї ќувват дињад?
Гуфт: Хозо-л-миќдору яхмилуќа ва мо зода ало золиќа фанта
хомилуху. (Тарљумааш: ин миќдор туро бардорад ва агар аз ин афзуд ту онро
бардорї).
Яъне ин ќадар туро бар пой њаме дорад ва харљ и бар ин зиёдат кунї, ту
њаммоли онї.

Хўрдан барои зистану зикр кардан аст,


Ту мўътакид ки зистан аз бањри хўрдан аст.

ЊИКОЯТ
Ду дарвеши Хуросони мулозими сўњбати якдигар сафар карданд. Яке
заиф буд, ки њар ба ду шаб ифтор кардї ва дигаре ќавї, ки рўзе се бор хўрдї.
Ќазоро бар дари шањре ба туњмати љосуси гирифтор омаданд. Њар дуро ба
хонае карданд ва дар ба гил бароварданд. Баъд аз ду њафта маълум шуд, ки
бегуноњанд. Ќавиро диданд мурда ва заиф љон ба саломат бурда. Дар ин аљаб
монданд.
Њакиме гуфт:
- Хилофи ин аљаб будї. Он яке бисёрхор буд, тоќати бенавої наёвард,
ба сахти њалок шуд. Ва ин дигар хештандор буд, лољарам бар одати хештан
сабр кард ва ба саломат бимонд.

Чу кам хўрдан табиат шуд касеро,


Чу сахтї пешаш ояд, сањд гардад.
Ва гар танпарвар аст андар фарохї,
Чу тангї бинад, аз сахтї бимирад.
ЊИКОЯТ
Яке аз њукамо писарро нањй кард аз бисёр хурдан, ки сери мардумро
ранљур кунад.
Гуфт:
- Эй пидар, гуруснагї халќро бикўшад. Нашунидаї, ки зарифон
гуфтаанд: ба сери мурдан бењ, ки гуруснагї бурдан.
Гуфт:
- Андоза нигањ дор.

Начандон бихўр, к-аз дањонат барояд,


На чандон, ки аз заъф љонат барояд.

***
Бо он ки дар вуљуди таом аст њаззи нафс,
Ранљ оварад таом, ки беш аз ќадар бувад.
Гар гулшакар хўрї ба такаллуф, зиён кунад,
В-ар нони хўшк дер хўрї, гулшакар бувад.

***
Макун, гар мардумї, бисёрхорї,
Ки саг з-ин мекашад бисёр хорї.

ЊИКОЯТ
Ранљуреро гуфтаанд:
- Дилат чї мехоњад?
Гуфт:
- Он, ки дилам чизе нахоњад.

Меъда чу пур гашту шикамдард хост,


Суд надорад њама асбоби рост.

ЊИКОЯТ
Баќќолеро дираме чанд бар суфиён гирд омода буд дар Восит ва њар
рўз мутолибат кардї ва суханони бохушунат гуфтї. Асњоб аз таанути вай
хастахотир њаме буданд ва аз тањаммул чора набуд. Соњибдиле дар он миён
гуфт:
- Нафсро ваъда додан ба таом осонтар аст, ки баќќолро ба дирам.

Тарки эњсони хоча авлитар,


К-эњтимоли љафои баввобон.
Ба таманнои гўшт мурдан бењ,
Ки таќозои зишти кассобон.

ЊИКОЯТ
Љавонмардеро дар љанги тотор љароњате њавлнок расид. Касе гуфт:
- Фалон бозаргон нўшдору дорад. Агар бихоњї, бошад, ки дареѓ
надорад?
Гўянд, он бозаргон ба бухл маъруф буд.

Гар ба љои нонаш андар суфра буди офтоб,


То ќиёмат рўзи равшан кас надидї дар љањон.

Љавонмард гуфт:
- Агар нўшдору хоњам, дињад ё надињад, ва агар дињад, манфиат кунад ё
накунад? Боре хостан аз ў зањри кушандааст.

Њар чї аз дунон ба миннат хостї,


Дар тан афзудаю аз љон костї.

Ва њакимон гуфтанд: «Оби њаёт агар фуўушанд, филмасал, ба оби рўй


доно нахарад, ки мурдан ба иллат бењ, аз зиндаги ба зиллат».

Агар њамзал хўрї аз дасти хушрўй,


Бењ аз ширинї аз дасти турушрўй.

ЊИКОЯТ
Яке аз уламо хўрандаи бисёр дошту кифояти андак. Бо яке аз бузургон,
ки дар хаќќи у муътаќид буд, бигуфт. Рўй аз таваќќўи ў дарњам кашид ва
тааррузи суол аз ањли адаб дар назараш нописанд омад.
Зи бахт рўй туруш карда пеши ёри азиз
Марав, к айш бар ў низ талх гардонї.
Ба њољате, ки равї тозарўю хандон рав,
Фурў набандад кори кушодапешонї.
Овардаанд, ки андаке дар вазифаи ў зиёдат кард ва бисёр аз иродат кам.
Донишманд чун пас аз чанд рўз маваддати маъњуд барќарор надид, гуфт:

Нонам афзуду обрўям кост,


Бенавои бењ аз маззалат хост.

ЊИКОЯТ
Дарвешеро зарурате пеш омад, касе гуфт:
- Фалон неъмате дорад беќиёс. Агар бар њољати ту воќиф гардад,
њамоно ки дар ќазои он таваќќуф раво надорад.
Гуфт:
- Ман ўро надонам.
Гуфт:
- Манат рањбарї кунам.
Дасташ гирифт, то ба манзили он шахс даровард. Якеро дид, лаб
фуруњишта ва тунд нишаста. Баргашту сухан нагуфт.
Касе гуфташ:
- Чї кардї?
Гуфт:
- Атои ўро ба лиќои ў бахшидам.

Мабар њољат ба наздики турушрўй,


Ки аз хўи бадаш фарсуда гардї.
Агар гўї ѓами дил, бо касе гўй,
Ки аз рўяш ба накд осуда гардї.

ЊИКОЯТ
Хушксоле дар Искандария инони тоќати дарвеш аз даст рафта буд,
дарњои осмон бар замин баста ва фарёди ањли замин ба осмон пайваста:

Намонд љонвар аз вахшу тайру моњию мўр,


Ки бар фалак нашуд аз бемуродї афѓонаш.
Аљаб, ки дуди дили халќ љамъ менашавад,
Ки абр гардаду селоби дида боронаш.

Дар чунин соле муханнасе дур аз дўстон, ки сухан дар васфи ў тарки
адаб аст, хоса дар њазрати бузургон, ва ба тариќи эњмол аз он даргузаштан
њам нашояд, ки тоифае бар аљзи гўянда њамл кунанд. Бар ин ду байт
ихтисор кунем, ки андак далели бисёре бошад ва муште намудоре хирворе:

Гар татар бикушад ин муханнасро,


Татареро дигар набояд кушт.
Чанд бошад чу чисри Баѓдодаш
Об дар зеру одаме дар пушт?

Чунин шахсе, ки як тараф аз наъти ў шунидї, дар ин сол неъмате


бекарон дошт, тангдастонро симу зар додї ва мусофиронро суфра нињодї.
Гурўње дарвешон аз љаври фоќа ба љон омада буданд, оњанги даъвати ў
карданд ва мушовират ба ман оварданд. Сар аз мувофиќат боззадам ва
гуфтам:

Нахўрад шер нимхўрдаи саг


В-ар бимирад ба сахтї андар ѓор,
Тан ба бечорагию гурснагї
Бинењу даст пеши сифла мадор.
Гар Фаредун шавад ба неъмату мулк,
Бењунарро ба њељ кас машмор.
Парниёну насиљ бар ноањл
Лољуварду тилост бар девор.

ЊИКОЯТ
Хотами тоиро гуфтанд:
- Аз худ бузургњимматтар дар љањон дидаї ё шунидаї?
Гуфт:
- Бале. Рўзе чињил шутур ќурбонї карда будам умарои арабро. Пас ба
гушам сањрое ба њољате бурун рафта будам. Хорканеро даррасидам, пушта
фароњам оварда. Гуфтамаш:
- Ба мењмонии Хотам чаро наравї, ки халќе бар симоти ў гирд
омадаанд?
Гуфт:
Њар ки нон аз амали хеш хўрад,
Миннат аз Хотами Той набарад.

Ман ўро ба њиммату љавонмардї аз худ бартар дидам.

ЊИКОЯТ
Мўсо дарвешеро дид аз барањнаги ба рег андар шуда. Дуо кард, то
худои азза ва љалла мар ўро неъмате дод. Пас аз чанд рўз дидаш гирифтору
халќе анбўњ бар ў гирд омада. Гуфт:
- Ин чї њолат аст?
Гуфтанд:
- Хамр хўрдааст ва арбада карда ва касеро кушта. Ќасосаш њамекунанд.
Он ки њафт иќлим оламро нињод,
Њар касеро он чї лоиќ буд, дод.
Гурбаи мискин агар пар доштї,
Тухми гунљишк аз замин бардоштї.
Он ду шохи гов агар хар доштї,
Одамиро назди худ нагзоштї.
Ољиз бошад, ки дасти ќудрат ёбад,
Бархезаду дасти ољизон бартобад.
Мўсо ба њикмати љањонофарин иќрор кард ва аз таљосури хеш
истиѓфор.
Сифла чу чоњ омаду симу зараш,
Сили хоњад ба зарурат сараш.
Он нашунидї, ки њакиме чї гуфт:
«Мўр њамон бењ, ки набошад параш».

***
Он кас, ки тавонгарат намегардонад,
Ў маслињат ту аз ту бењтар донад.

ЊИКОЯТ
Аъробиро дидам дар халќаи љавњариён Басра. Њикоят њаме кард, ки
ваќте дар биёбоне роњ гум карда будам ва аз озод чизе бо ман намонда ва
дил бар њалок нињода, ногоњ ќисае ёфтам пури марворид. Њаргиз он завќу
шодї фаромўш накунам, ки пиндоштам, гандумбирён аст. Боз он талхию
навмедї, ки бидонистам, марворид аст:
Дар биёбони хушку реги равон
Ташнаро дар дањон чи дур (р) чи садаф.
Марди бетўша, к-ўфтод аз пой,
Бар камарбанди ў чи зар, чи хазаф.

ЊИКОЯТ
Њамчунин дар ќоъи басит мусофире гум шуда буд ва ќути ќувваташ ба
охир омада ва дираме чанд дар миён дошт. Бисёре бигардид ва рањ ба љое
набурд. Пас ба сахти њалок шуд. Тоифае бирасиданду дирамњо диданд пеши
рўяш нињода ва бар хок набишта:

«Гар њама зарри љаъфари дорад,


Марди бетўша барнагирад гом.
Дар биёбон фаќири сўхтаро
Шалѓами пухта бењ, ки нуќраи хом».

ЊИКОЯТ
Њаргиз аз даври замон нанолида будаму рўй аз гардиши осмон дарњам
накашада, магар ваќте ки поям барањна буд ва иститоати пойпўшї надоштам.
Ба љомеи Кўфа даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси
неъмати њаќ ба љой овардам ва бар бекафши сабр кардам:

Мурѓи бирён ба чашми мардуми сер


Камтар аз барги тара бар хон аст.
В-он киро дастгоњу ќувват нест,
Шалѓами пухта мурѓи бирён аст.

ЊИКОЯТ
Яке аз мулук ботане чанд аз хоссон дар шикоргоње ба зимистон аз
иморат дур афтод. Шаб даромад, хонаи дењќоне диданд.
Малик гуфт:
- Шаб он љо равем, то зањмати саром набошад.
Яке аз вузаро гуфт:
- Лоиќи ќадри подшоњон набошад ба хонаи дењќоне илтиљо кардан.
Њамин љо хайма занему оташ кунем.
Дењќонро хабар шуд. Моњазаре овард ваз амин бўсиду гуфт:
- ќадри баланди султон бад-ин ќадар нозил нашудї, валекин нахостанд,
ки кадри дењќон баланд гардад.
Маликро сухан гуфтани ў матбуъ омад. Шабонгањ ба манзили ў наќл
карданд. Бомдодонаш хилъат фармуд. Дењќон дар риќоби султон њаме рафт
ва мегуфт:

Зи ќадру шавќати султон нагашт чизе кам


Аз илтифот ба мењмонсарои дењќоне.
Кулохгўшаи дењќон ба офтоб расид.
Ки соя бар сараш андохт чун ту султоне.

ЊИКОЯТ
Гадое мутамаввилро њикоят кунанд, ки неъмате вофир андўхта буд,
подшоњ гуфташ:
- њаме намоянд, ки моли бекарон дорї ва моро муњиме њаст. Агар ба
бархе аз он дастгирї кунї, чун иртифоъ расад, вафо карда шавад.
Гуфт:
- Эй худованди риу замин, лоиќи ќадри бузургвори подшоњ набошад
дасти њиммат ба моли чун ман гадое олуда кардан, ки љав-љав фароњам
овардаам.
Гуфт:
- ѓам нест, ки ба татар медињам.

Гар оби чоњи насрони на по каст,


Љуњуди мурда мешўї, чи бок аст.

Шунидам, ки сар аз фармони малик боззаду њуљљат овардан гирифт ва


шўхчашмї кардан. Малик фармуд, то мазмуни хитоб аз ў ба заљру тавбих
мустахлас караданд:

Ба латофат чу барнаёяд кор,


Сар ба бехурматї кашад ночор.
Њар ки бар хештан набахшояд,
Гар набахшад касе бар ў, шояд.

ЊИКОЯТ
Бозаргонеро дидам, ки саду панљоњ шутур бор дошт ва чињил бандаву
хидматгор. Шабе дар љазираи Кеш маро ба њуљраи хеш даровард. Њама шаб
наёрамид аз суханњои парешон гуфтан, ки фалон анборам ба Туркистон аст
ва фалон бизоат ба Хиндустон ва ин ќаболаи фалон замин аст ва фалон чизро
фалон кас замин аст. Гоњ гуфтї: хотири Искандария дорам, ки њавое хуш аст.
Боз гуфтї: на, ки дарёи Маѓриб мушавваш аст. Саъдиё, сафари дигар дар
пеш аст. Агар он карда шавад, баќияти умри хеш ба гўшае бинишинам.
Гуфтам:
- Он кадом сафар аст?
Гуфт:
- Гўгирди порси Хоњам бурдан ба Чин , ки шунидам, ќимате азим дорад
ва аз он љо косаи чинї ба Рум оварам ва дебои руми ба Хинд ва фулоди
хиндї ба Халаб ва обгинаи њалабї ба Яман ва бурди Ямонї ба Порс ва з-он
пас тарки тичорат кунам ва ба дўконе бинишинам.
Инсоф аз ин молихулиё чандон фурў гуфт, ки беш тоќати гуфтанаш
намонд.
Гуфт:
- Эй Саъдї, ту њам сухане бигўй аз онњо, ки дидаї ва шунида.
Гуфтам:

«Он шунидасти, ки дар аксои ѓўр


Борсолоре бияфтод аз сутур.
Гуфт: «Чашми танги дунёдўстро»
Ё ќаноат пур кунад, ё хоки гўр!»

ЊИКОЯТ
Молдореро шунидам, ки ба бухл чунон маъруф буд, ки Хотами Той
дар камар. Зоњири њолаш ба неъмати дунё ороста ва њиссати нафси љибилли
дар вай њамчунон мутамаккин то ба љоне аз даст надоди ва гурбаи Абў
Хурайраро ба луќмае нанавохти ва саги асњоб-ул-ќањфро устўхоне
наяндохтї. Филљумла, хонаи ўро кас надиди даркушода ва суфраи ўро
саркушода.

Дарвеш ба љуз бўи таомаш нашунидї,


Мурѓ аз паси нон хўрдану ў дона начидї.

Шунидам, ки ба дарёи Маѓриб андар роњи Миср баргирифта буд ва


хаёли Фиръавнї дар сар. Боде мухолифи кишти баромад.

Бо табъи малўлат чї кунад дил, ки насозад.


Шурта њама ваќте набувад лоиќи киштї.

Дасти дуо баровард ва фарёди бефоида хондан гирифт.

Дасти тазаррўъ чї суд бандаи муњтољро,


Ваќти дуо бар худой, ваќти карам дар баѓал.

***
Аз зару сим роњате бирасон,
Хештан њам таматтуе баргир.
В-он гањ ин хона, к-аз ту хоњад монд,
Хиште аз симу хиште аз зар гир.

Овардаанд, ки дар Миср аќориби дарвеш дошт, ба баќияти моли ў


тавонгар шуданд ва љомањои куњан ба марги ў бидариданд ва хазу димётї
буриданд. Њам дар он њафта якеро дидам аз эшон бар бодпое равон ва
ѓуломе дар пай давон.
Вањ, ки гарм мурда бозгардидї
Ба миёни ќабилаву пайванд,
Ради мерос сахттар будї,
Воисонро зи марги хешованд.
Ба собиќаи маърифате, ки дар миёни мо буд, остинаш гирифтам ва ин
байт бар ў хондам:

Бихўр, эй нексирате сарамард,


К-он нагунбахт гирд карду нахўрд.

ЊИКОЯТ
Сайёди заифро моњие ќавї ба дом андар афтод, тоќати њифзи он
надошт, моњи бар ў ѓолиб омад ва дом аз дасташ даррабуду бирафт.

Шуд ѓуломе, ки оби љўй орад,


Оби љўй омаду ѓулом бибурд.
Дом њар бор моњи овардї,
Моњи ин бор рафту дом бибурд.

Дигар сайёдон дареѓ хурданд ва маломаташ карданд, ки чунин сайде


дар домат афтод ва надонисти нигоњ доштан?!
Гуфт:
- Эй бародарон, чї тавон кардан? Маро рўзї набуд ва моњиро њамчунон
рўзї монда буд.
Сайёди берўзї дар Даљла моњї нагирад ва моњї бе аљал бар хушк
намирад.

ЊИКОЯТ
Даступобуридае њазорпое бикушт. Соњибдиле бар ў гузар карду гуфт:
- Субњонналлоњ, бо њазор пой, ки дошт, чун аљалаш фаро расид, аз
бедаступое гурехтан натавонист.

Чу ояд зи пай душмани љонситон,


Бубандад аљал пои аспи давон.
Дар он дам, ки душман паёпай расид,
Камони каёни бишояд кашид.

ЊИКОЯТ
Аблањеро дидам самин, хилъате самин дар бар ва маркабе този дар зер
ва касабе мисри бар сар.
Касе гуфт:
- Саъдї,чї гуна њамебинї ин дебои муаллам бар ин њайвони лояълам?
Гуфтам:
- Хате зишт аст, ки ба оби зар набишаст.

Як хилќати зебо бењ аз њазор хилъати дебо.

***
Ба одами натавон гуфт монад ин њайвон
Магар дурроаву дастору наќши берунаш.
Нигар ту дар њама асбобу мулку њастии ў.
Ки њељ чиз набини њалол љуз хунаш.

***
Шариф агар мутазаъиф шавад, хаёл мабанд.
Ки пойгоњи баландаш заиф хоњад шуд,
В-ар остонаи сими ба мехи зар бизанад,
Гумон мабар, ки яњудї шариф хоњад шуд.

ЊИКОЯТ
Дузде гадоеро гуфт:
- Шарм надорї, ки даст аз барои љаве сим пеши хар лаим дароз
мекунї?
Гуфт:
Даст дароз аз паи як хабба сим
Бењ, ки бубарранд ба донгеву ним.

ЊИКОЯТ
Муштзанеро њикоят кунанд, ки аз дањри мухолиф ба фигон омода ва
халќи фаррох аз дасти танг ба љои расида. Шикоят пеши падар бурду иљозат
хост, ки азми сафар дорам, магар ба ќуввати бозу домани коме фарочанг
орам:
Фазлу њунар зоеъ аст, то нанамоянд,
Уд бар оташ нињанду мушк бисоянд.
Падар гуфт:
- Эй писар, хаёли муњол аз сар бадар кун ва пои ќаноат дар домани
саломат каш, ки бузургон гуфтаанд: «Давлат на ба кўшидан аст, чора кам
љушидан аст».

Кас натавонад гирфит домани давлат ба зўр,


Кўшиши бефоидааст вусма бар абрўи кўр.

***
Чи кунад зурманди ворунбахт,
Бозўи бахт бењ, ки бозўи сахт.

***
Агар ба њар сари мўет сад хирад бошад,
Хираб ба кор наёяд, чу бахт бад бошад.

Писар гуфт:
- Эй падар, фавоиди сафар бисёр аст аз нузњати хотиру љарри манофеъ
ва дидани аљоибу шунидани ѓароиб ва тафрењи булдону муњовирати њуллон
ва тањсили чоњу адаб ва мазиди молу муќтасаб ва маърифати ёрону
таљрибати рўзгор чунон ки солиќони тариќат гуфтаанд:

То ба дуккону хона дар гаравї,


Њаргиз, эй хом, одамї нашавї.
Бирав, андар љањон тафарруљ кун
Пеш аз он рўз, к-аз љањон биравї.

Падар гуфт:
- Эй Писар, манофеи сафар, чунин ки гуфтї, бешумор аст, валекин
муссалам чанд тоифарост: нахустин, бозаргоне, ки бо вучуди неъмату мукнат
ѓуломону канизон дорад диловез ва шогирдони чобук, њар рўз ба шањреву
њар шаб ба маќоме ва њар дам тафарруљгохе аз наими дунё мутаматтўъ:

Мунъим ба кўњу дашту биёбон ѓариб нест,


Њар љо ки рафт, хайма заду хобгоњ сохт.
В-онро, ки бар муроди љахон нест дастрас,
Дар зоду буми хеш ѓариб асту ношинохт.

Даввум, олиме, ки ба мантиќи ширин ва ќуввати фасоњату мояи


балоѓат харљ о равад, ба хидмати ў иќдом намоянд ва икром кунанд.
Вуљуди мардуми доно мисоли зари тилост,
Ки њар куљо биравад, ќадру ќиматаш донанд.
Бузургзодаи нодон ба шањр сомонад,
Ки дар диёри ѓарибаш ба њељ настонад.
Сеюм, хубрўе, ки даруни соњибдилон ба муњолатати ў майл кунад, ки
бузургон гуфтаанд: «Андаке љамол бењ аз бисёре мол». Ва гўянд: «Рўи зебо
марњами дилњои хастаасту калиди дарњои баста». Лољарам сўњбати ўро њама
љой ѓанимат шиносанд ва хидматашро миннат донанд.

Шоњид он љо ки равад, њурмату иззат бинад,


В-ар биронанд ба ќањраш падару модари хеш.
Пари товус дар авроќи масоњиф дидам,
Гуфтам: «Ин манзалат аз ќадри ту мебинам беш».
Гуфт: «хомўш, ки њар кас, ки љамоле дорад,
Њар куљо пой нињад, даст надорандаш пеш»

***
Чун дар писар мувофиќию дилбари бувад,
Андеша нест, гар падар аз вай барин бувад.
Ў гавњар аст, гў, садафаш дар љањон мабош,
Дури ятимро њама кас муштари бувад.
Чањорум, хушовозе, ки ба ханљари Довуди об аз љараёну мурѓ аз таярон
боздорад. Пас ба василати ин фазилат дили муштоќон сайд кунад ва рабоби
маънї ба мунодамати ў раѓбат намоянд ва ба анвоъ хидмат кунанд.

Чи хуш бошад оњанги нарми хазин


Ба гўши њарифони масти сабўњ.
Бењ аз рўи зебост овози хуш,
Ки он хаззи нафс асту ин ќути рўх.

Панљум, камина пешраве, ки ба саъи бозу кафофењосил кунад, то обрўй


аз бањри нон рехта нагардад, чунон ки хирадмандон гуфтаанд:

Гар ба ѓариби равад аз шањри хеш,


Сахтиву мењнат набарад пинадўз.
В-ар ба хароби фитад ар мамлакат,
Гурсна хусбад малики нимрўз.

Чунин сифатњо, ки баён кардам, эй фарзанд, дар сафар муљиби


љамъияти хотир аст ва дояи тийби айш ва он ки аз ин љумла бебањра аст, ба
хаёли ботил дар љањон биравад ва дигар касаш ному нишон нашунавад:

Њар он ки гардиши гети ба кини ў бархост,


Ба ѓайри маслињаташ рањбари кунад айём.
Кабутаре, ки дигар ошён нахоњад дид,
Казо њаме барадш то ба сўи донаву дом.

Писар гуфт:
- Эй падар, ќавли њукаморо чї гуна мухолифат кунам, ки гуфтаанд:
«Ризќ агар чї маќсум аст, ба асбоби хусули он таалуќ шарт аст ва бало, гар
чи маќдур, аз авбоби духули он эхтироз вољиб».

Ризќ агарчанд бегумон бирасад,


Шарти аќл аст љустан аз дарњо.
В-арчи кас бе аљал нахоњад мурд,
Ту марав дар дањони аждарњо.

Дар ин сурат, ки манам, бо пили дамон бизанам ва бо шери жаён


панља дарафканам. Пас маслињати он аст, эй падар, ки сафар кунам, ки аз ин
беш тоќати бенавои намеорам:

Чун мард дарфитод зи љою маќоми хеш,


Дигар чи ѓам хўрад, њама офоќ љои ўст.
Шаб њар тавонгаре ба сарое њама раванд,
Дарвеш њар куљо, ки шаб ояд, сарои ўст».
Ин бигуфт ва падарро видоъ каруд њиммат хост ва равон шуд ва бо худ
њаме гуфт:
Њунарвар чу бахташ набошад ба ком,
Ба љое равад, к-аш надонад ном.

Њамчунин то бирасид ба канори обе, ки санг аз салобати ў бар санг


њаме омаду хурўш ба фарсанг мерафт.

Сахмгин обе, ќи мурѓоби дар ў эман набудї


Камтарин мављ осиёсанг аз канораш даррабудї.

Гурўње мардумонро дид, њар як ба курозае дар меъбар нишаста вар


ахти сафар баста. Љавонро дасти ато баста буд, забони сано баркушуд,
чандон ки зори кард, ёри накарданд.

Бе зар натавони, ки куни бар кас зўр,


В-ар зар дорї, ба зўр мўњтољ наї.

Маллоњи бемурувват ба ханда баргардиду гуфт:

«Зар надорї, натавон рафт ба зўр аз дарё,


Зўри дањ мард чї бошад, зари якмарда бисёр!» .

Љавонро дил аз таънаи маллоњ ба њам баромад, хост, ки аз ў интиќом


кашад. Кишти рафта буд, овоз доду гуфт:
- Агар бад-ин љома, ки пўшидаам, ќаноат кунї, дареѓ нест. Маллоњ
тамаъ кард ва киштї бозгардонид.

Бидўзад шарањ дидаи хушманд,


Дарорад тамаъ мурѓу моњї ба банд.

Чандон ки ришу гиребни маллоњ ба дасти љавон афтод, ба худ


даркашид ва бе муњобо кўфтан гирифт. Ёраш аз кишти бадар омад, то пушти
кунад, њамчунин дурушти диду пушт бидод. Љуз ин чора надоштанд, ки бо ў
ба мусалањат гароянд ва ба уљрат мусохамат намоянд.

Чу пархош бинї, тањаммул биёр,


Ки сањли бибандад дарї корзор.
Ба ширинзабонию лутфу хушї
Тавони, ки пиле ба мўе кашї.
Латофат кун он љо, ки бини ситез,
Набуррад кази нармро теѓи тез.
Ба узри мози дар ќадамаш фитоданд ва бўсае чанд ба нифоќ бар сару
чашмаш доданд. Пас ба кишти дароварданду рваон шуданд, то бирасиданд ба
сутуне, ки аз иморати Юнон дар об истода. Маллоњ гуфт:
- Киштиро халале њаст, яке аз шумо, ки диловар аст, бояд, ки бад-ин
сутун биравад ва хитоми киштї бигирад, то иморат кунем.
Љавон ба ѓурури диловари, ки дар сар дошт, аз хасми дилозўрда
наяндешид ва ќавли њукамо муътабар надошт, ки гуфтаанд: «њар киро ранље
ба дил расонидї, агар дар аќиби он сад роњат бирасонї, аз подоши он як
ранљиш эмин мабош, ки пайкон аз љароњат бадар ояд ва озор дар дил
бимонад.
Чї хуш гуфт Бектош бо хайли Тош:
«Чу душман харошиди, эмин мабош!»

***
Машав эмин, ки тангдил гарди,
Чун зи дастат диле ба танго яд.
Санг бар бораи њисор мазан,
Ки бувад, к-аз њисор санг ояд.

Чандон ки миквади киштї ба соид барпечиду болои сутун рафт, маллоњ


зимом аз кафаш даргусалонид ва кишти биронд. Бечора мутахйир бимонд,
рўзе ду балову мењнат кашї два сахти дид, саввум рўз хобаш гиребон гирифт
ва ба об андохт. Баъд аз шабонарўзе дигар ба канор афтод, аз њаёташ рамаќе
монда. Барги дарахтон хўрдан гирифт ва бехи гиёњон баровардан, то андаке
ќувват ёфт. Сар дар биёбон нињод ва њаме рафт, то ташнаву бетоќат ба сари
чоње расид: ќавме бар ў гирд омада, шарбате об ба пашизе њаме ошомиданд.
Љавонро пашизе набуд, талаб карду бечорагї намуд, рањмат наёварданд,
дасти таади дароз кард, муяссар нашуд. Ба зарурат тане чандро фурў кўфт.
Мардон ѓалаба карданду бе муњобош бизаданд ва маљрўњ шуд.

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,


Бо њама тундию салобат, ки ўст.
Мурчагонро чу бувад иттифоќ,
Шерри жаёнро бидаронанд пўст.

Ба њукми зарурат дар паи корвоне афтоду бирафт. Шабонгањ


бирасиданд ба макоме, ки аз дуздон пурхатар буд. Корвониёнро дид, ларза
бар андо афтода ва дил ба њар њалок нињода. Гуфт:
- Андеша мадоред, ки яке маннам дар ин миён, ки ба танњо панљоњ
мардро љавоб дињам ва дигар љавонон њам ёри кунанд.
Ин бигуфт ва мардуми корвонро ба лофи ў дил ќави гашт ва ба
сўњбаташ шодмони кардаанд ва ба зоду обаш дастгири вољиб донистанд.
Љавонро оташи меъда боло гирифта буд ва инони тоќќат аз даст рафта.
Луќмае чанд аз сари иштињо тановул кард ва даме чанд об дар сараш
ошомид, тодеви дарунаш биёромидва бихўфт. Пирамарде љањондида дар он
миён буд, гуфт:
- Эй ёрон, ман аз ин бадраќи шумо андешанокам, начандон ки аз
дуздон, чунон ки њикоят кунанд, ки араберо дираме чанд гирд омода буд ва
ба шаб аз ташвиши лўриён дар хона танњо хобаш намебурд. Якеро пеши худ
овард, то вањшати танњои ба дидори ў мунсариф кунад ва шабе чанд дар
сўњбати ў буд, чандон ки бар дирамњояш иттилоъ ёфт, бибурду сафар кард.
Бомдодон диданд арабро гирёну урьён. Гуфтанд: «њол чист? Магар он
дирамњои туро дузд бурд?»
Гуфт:
- Ло, валлоњ, бадраќа бурд!

Њаргиз эмин зи мор нанишастам,


Ки бидонистам, он чї хислати ўст.
Захми дандони душмане батар аст,
Ки намояд ба чашми мардум дўст.

Чї донед, агар ин њам аз љумлаи дуздон бошад, ки ба айёри дар миёни


мо таъбия шудааст, то ба ваќти фурсат ёронро хабар кунад. Маслињат он
бинам, ки мар ўро хуфта бимонему биронем.
Љавононро тадбири пир устувор омад ва мањобате аз муштзан дар дил
гирифтанд ва рахт бардоштанду љавонро хуфта бигузоштанд. Он гањ хабар
ёфт, ки офтобаш дар китф тофт. Сар баровард, корвон рафта дид. Бечора
басе бигардиду рањ ба љое набурд, ташнаву бенаво рўй бар хоку дил бар
њалок нињода њаме гуфт:

Дуруштї кунад бо ѓарибон касе,


Ки нобуда бошад ба ѓурбат басе.
Мискин дар ин сухан буд, ки подшоњписаре ба сайд аз лашкариён дур
афтода буд, болои сараш истода њаме њаме шунид ва дар њайъаташ нигањ
мекард: сурати зоњираш покиза ва сифати њолаш парешон.
Пурсид:
- Аз куљої ва бад-ин љойгах чун афтодї?
Бархе аз он чї бар сари ў рафта буд, иодат кард. Маликзодаро бар њоли
табоњи ў рањмат омад, хилъату неъмат дод ва муътамаде бо вай фиристод, то
ба шањри хеш омад. Падар ба дидори ў шодмони кард ва бар саломати њолаш
шукр гуфт. Шабонгањ аз он чї бар сари ў рафта буд – аз њолати киштиву
љаври маллоњ ва рустоён бар сари чоњ ва ѓадри корвониён – бо падар мегуфт.
Падар гуфт:
- Эй писар, нагуфтамат њангоми рафтан, ки тињидастонро дасти далерї
бастааст ва сарпанљаи шери шикаста:

Чї хуш гуфт он тињидасти силањшўр:


«љаве зар бењтар аз панљоњ ман зўр!».
Писар гуфт:
- Эй падар, хароин ато ранљ набарї, ганљ барнадорї ва то љон дар хатар
нанињї, бар душман зафар наёби ва то дона парешон накунї, хирман
барнагирї. Набинї, ба андак моя ранље, ки бурдам, чї тањсили роњат кардам
ва ба неше, ки хўрдам, чї моя асал овардам?

Гарчи берун зи ризќ натвон хўрд,


Дар талаб коњили нашояд кард.

***
Ѓаввос агар андеша кунад коми нањанг,
Њаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг.

Осиёсанги зерин мутањњарик нест, лољарам тањаммули бори гарон њаме


кунад.
Чї хўрад шери шарза дар буни ѓор?
Бози афтодаро чї ќут бувад?
То ту дар хона сайд хоњи кард,
Дасту поят чу анкабут бувад.

Падар гуфт:
- Эй писар, туро дар ин навбат фалак ёварї кард ва иќбол рањбарї, ки
соњибдавлате дар ту расид ва бар ту бубахшоид ва ќасри њолатро ба
тафаќќуде љабр кард ва чунин иттифоќ нодир афтад ва бар нодир њукм
натавон кард. Зинњор, то бад-ин тамаъ дигарбора гирди валаъ нагардї!

Сайёд на њар бор шикоре бибарад,


Афтад, ки яке рўз палангаш бидарад.
Чунон ки якеро аз мулуки порс нигине гаронмоя бар ангуштарин буд.
Боре ба њукми тафарруљ бо тане чанд хосон ба Мусаллои Шероз бурун рафт
фармуд, то ангуштариро бар гунбади Азд насб карданд, то њар ки тир аз
њалќаи ангуштарї бигузаронад, њотам ўро бошад. Иттифоќан чањорсад
ќадрандоз, ки дар хидмати ў буданд, љумла хато карданд. Магар кўдаке бар
боми работе ба бозича тир аз њар тарафе меандохт, боди сабо тири ўро ба
њалќаи ангуштар дарбигузаронид ва хилъату неъмат ёфт ва њотам ба вай
арзонї надошт. Писар тиру камонро бисўхт, гуфтанд:
- Чаро чунин кардї?
Гуфт:
- То равнаќи нахустин бар љой бимонад!

Гањ бувад, к-аз њакими равшанрой


Барнаёяд дуруст тадбире.
Гоњ бошад, ки кўдаке нодон
Ба ѓалат бар њадаф занад тире.
ЊИКОЯТ
Дарвешеро шунидам, ки ба ѓоре дарнишаста буд ва дар ба рўйи аз
љањониён баста ва мулуку аѓниёро дар чашми њиммати ў шавќату њайбат
намонда.
Њар ки бар худ дари суол кушод,
То бимирад ниёзманд бувад.
Оз бигзору подшоњи кун,
Гардани бетамаъ баланд бувад.

Яке аз мулуки он тараф ишорат кард, rи таваќќуъ ба карами ахлоќи


мардон чуни наст, rи ба намак бо мо мувофиќат кунад. Шайх ризо дод ба
њукми он, rи иљобати даъват суннат аст. Дигар рўз малик ба узри ќудумаш
рафт, обид аз љой ,барљасту дар канораш гирифт ва талаттуф карду сано гуфт.
Чун ѓоиб шуд, яке аз асњоб гуфт шайхро, ки чандин мулотифат имрўз бо
подшањ, ки ту кардї, хилофи одат буд ва дигар надидам. Гуфт:
- Нашунидаї, ки гуфтаанд:

Њар киро бар симот биншастї


Вољиб омад бар хидматаш бархост.

***
Гуш тавонад, ки њама умр вай
Нашнавад овози дафу чангу най.
Дида шикебад, ки тамошои боѓ
Бе гулу насрин ба сар орад димоѓ.
В-ар набувад болиши оѓандапар,
Хобт авон кард њазаф зери сар.
В-ар набувад дилбари њамхоба пеш,
Даст тавон кард дар оѓўши хеш.
В-ин шиками бењунари печ печ
Сабр надорад, ки бисозад бо њељ.

***
Њочат аст ин ки пеши миру вазир
Пушт њам мекунанду боло рост.

ДАР ФАВОИДИ ХОМУШИ


ЊИКОЯТ
Якеро аз дўстон гуфтам:
- Итминои сухан гуфтанам ба иллати он ихтиёр омадааст, ки ѓолиби
авќот дар сухан неку бад иттифоќ афтад ва дидаи душманон љуз бар бадї
намояд.
Гуфт:
- Душман он бењ, ки неки набинад.
Њунар ба чашми адоват бузургтар айб аст,
Гул аст Саъдию дар чашми душманон хор аст.

***
Нури гетифурўзи чашмаи хўр
Зишт бошад ба чашми мушаки кўр.

ЊИКОЯТ
Бозаргонеро њазор динор њасорат афтод. Писарро гуфт:
- Набояд, ки сухан бо касе дар миён нињї!
Гуфт:
- Эй падар, фармон турост, нагўям, валекин хохам маро бар фоидаи ин
мутталеъ гардонї, ки маслињат дар нињон доштан чист?
Гуфт:
- То мусибат ду нашавад: яке нуќсони мояву дигар шамотати њамсоя.

Магўй андуњи хеш бо душманон,


Ки «лоњавл» гўянд шодикунон.

ЊИТКОЯТ
Љавоне хирадманд аз фунуни фазоил хаззе вофир дошт ва табъе нофир,
чандон ки дар мањофили донишмандон нишастї, забони сухан бубастї. Боре
падар гуфт:
- Эй писар, ту низ он чї донї, бигўй!
Гуфт:
- Тарсам, ки бипурсанд, аз он чї надонам ва шармсорї барам.

Нашунидї, ки сўфие мекўфт


Зери наълайни хеш мехе чанд,
Остинаш гирифт сарњанге,
Ки биё, наъл бар сутурам банд!

ЊИКОЯТ
Олиме муъбарро мунозира афтод бо яке аз мулоњида лаанањуму л-лоњу
ало њидда (тарљумааш: худо онњоро як-як лаънат кунад). Ва ба њуљљат бо ў
барнаёмад. Сипар бияндохту баргашт. Касе гуфташ:
- Туро бо чандин фазлу адаб, ки дорї, бо бедине њуљљат намонд!
Гуфт:
- Илми ман ќуръон асту њадису гуфтори машоих ва ў бад-инњо
муътаќид нест ва намешунавад, маро шунидаї куфри ў ба чикор меояд?

Он кас, ки ба ќуръону хабар з-ў нарањї,


Он аст љавобаш, ки љавобаш надињї.
ЊИКОЯТ
Љолинус аблањеро дид, даст дар гиребон донишманде зада ва
бењурмати њаме кард. Гуфт:
- Агар ин доно будї, кори вай бо нодон бад-ин љо нарасидї.

Ду оќилро набошад кину пайкор,


На донное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба вањшат сахт гўяд,
Хирадмандаш ба нарми дил биљўяд.
Ду соњибдил нигањ доранд мўе,
Њамдедун саркаше в-озарљмўе.
В-агар бар њар ду љониб љоњилонанд,
Агар занљир бошад бигсалонанд.

***
Якеро зиштхўе дод дашном,
Тањаммул карду гуфт: «Эй некфарљом,
Батар з-онам, ки хохи гуфтан, онї,
Ки донам, айби ман чун ман надонї».

ЊИКОЯТ
Сањбони Воилро дар фасоњат беназир нињодаанд ва њукми он , ки бар
сари љамъ солее сухан гуфтї ва лафзе муќаррар накардї ва њамон иттифоќ
афтодї, ба иборате дигар бигуфтї ва аз љумлаи одоби нудамо яке ин аст.
Сухан гарчи дилбанду ширин бувад,
Сазовори тасдиќу тањсин бувад.
Чу якбор гуфтї, магу бозпас,
Ки њалво чу як бор хўрданд, бас.

ЊИКОЯТ
Якеро аз њукамо шунидам, ки мегуфт: «њаргиз касе ба љањли худ иќрор
накардааст магар он кас, ки чун дигаре дар сухан бошад, њамчунон ногуфта
сухан оѓоз кунад.

Суханро сар аст, эй хирадманду бун,


Маёвар сухан дар миёни сухун.
Худованди тадбиру фарњангу хўш
Нагўяд сухан, то набинад хамўш.

ЊИКОЯТ
Тане чанд аз бандагони Мањмуд гуфтанд Хасани Маймандиро, ки
султон имрўз туро чї гуфт дар фалон маслињат? Гуфт:
- Бар шумо њам пўшида набошад. Гуфтанд:
- Он чї бо ту гўяд, ба амсоли мо гуфтан раво надорад.
Гуфт:
- Ба эътимоди он ки донад, ки нагўям, пас чаро њамепурсед?

На њар сухан, ки барояд, бигўяд ањли шинохт,


Ба сирри шоњ сари хештан нашояд бохт.

ЊИКОЯТ
Дар аќди байъи сарое мутараддид будам, љуњуде гуфт:
- Ман аз кадхудоёни ин муњаллатам, васфи ин хона, чунон ки њаст, аз
ман пурс, бихар, ки њељ айбе надорад.
Гуфтам:
- Ба љўз он ки ту њамсояи манї!

Хонаеро, ки чун ту њамсоя аст,


Дањ дирам сими бадиёр арзад.
Лекин умедвор бояд буд,
Ки пас аз маргї ту њазор арзад.

ЊИКОЯТ
Яке аз шуаро пеши амири дуздон рафт ва санное бар ў бигуфт. Фармуд,
то љома аз ў баркананд ва аз дех бадар кунанд. Мискин барањна ба сармо
њамерафт, сагон дар ќафои вай афтоданд. Хост, то санге бардорад ва сагонро
дафъ кунанд, дар замин ях гирифта буд, ољиз шуд. Гуфт:
- Ин чї њаромзода мардумонанд, сангро баставу сагро кушодаанд!
Амир аз гурфа бидид, бишунид ва бихандиду гуфт:
- Эй њаким, аз ман чизе бихоњ!
Гуфт:
- љомаи худ мехоњам, агар инъом фармої!
Умедвор бувад одами ба хайри касон,
Маро ба хайри ту умед нест, шар марасон!
Солори дуздонро бар ў рањмат омад ва љома боз пас фармуд ва
кабопустине бар ў мазид карду дираме чанд.

ЊИКОЯТ
Мунаљљиме ба хона даромад, яке марди бегонаро дид бо зани ў ба њам
нишаста. Дашному саќат гуфт ва фитнаву ошуб бархост. Соњибдиле, ки бар
ин воќиф буд, гуфт:
Ту бар ављи фалак чї донї, чист,
Ки надони, ки дар сароят кист?!

ЊИКОЯТ
Хатибе карехуссавт худро хушовоз пиндошти ва фарёди бењуда
бардоштї. Мардум ќаря ба иллати љоње, ки дошт, балияташ њамекашиданд ва
азияташро маслињат намедиданд. То яке аз хутабои он иќлим, ки бо ў
адовате нињони дошт, боре ба пурсиши вай омада буд, гуфт:
- Туро хобе дидаам, хайр бод!
Гуфто:
- Чї дидї?
Гуфт:
- Чунон дидаме, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз анфоси ту бар
роњат буданд.
Хатиб андар ин лахте бияндешиду гуфт:
- Ин муборак хобест, ки диди, маро бар айби худ воќиф гардонидї.
Маълум шуд, ки овози нохуш дорам ва халќ аз баланд хондани ман дар
ранљ. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагўям, магар ба оњистагиї.

Аз сўњбати дўсте ба ранљам,


К-ахлоќи бадам њасан намояд.
Айбам њунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд.
Ку душмани шухчашми нопок,
То айби маро ба ман намояд?

***
Њар он кас, ки айбаш нагўянд пеш,
Њунар донад аз љоњили айби хеш.

ЊИКОЯТ
Яке дар масљиди Санчор ба татавуъ бонги намоз гуфтї ба адое, ки
мустамеонро аз ў нафрат будї ва соњиби масљид амире буд одил, нексират,
намехосташ, ки дилозўрда гардад, гуфт:
- Эй љавонмард, ин масљидро муаззинонанд ќадим, њар якеро панљ
динор мураттаб доштаам. Туро дањ динор медињам, то љое дигар равї.
Бар ин ќавл иттифоќ карданду бирафт ва пас аз муддате дар гузаре
пеши амир бозомад, гуфт:
- Эй худованд, бар ман хайф кардї, ки ба дањ динор аз он буќъаам
бадар кардї, ки ин љо ки рафтаам, бист динорам њамедињанд, то љое дигар
равам ва ќабул намекунам.
Амир аз ханда бехуд гашту гуфт:
- Зинњор, то настонї, ки ба панљоњ розї гарданд.

Ба теша кас нахарошад зи рўи хоро гил.


Чунон ки бонги дурушти ту мехарошад дил.

ЊИКОЯТ
Нохушовозе ба бонги баланд ќуръон њамехонд. Соњибдиле бар ў
бигузашту гуфт:
- Туро мушохара чанд аст?
Гуфт:
- њељ
Гуфт:
- Пас зањмати худ чандин чаро њамедињї?
Гуфт:
- Аз бањри худо мехонам.
Гуфт:
- Аз бањри худо, махон!

Гар ту ќуръон бар ин намат хонї,


Бубари равнаќи мусулмонї!

ДАР ИШК ВА ЧАВОНИ


ЊИКОЯТ
Њасани Маймандиро гуфтанд:
- Султон Мањмуд чандин бандаи соњибљамол дорад, ки њар яке бадеъи
чоњонеанд. Чї гуна афтодааст, ки бо њељ як бо эшон майлу муњаббате
надорад, чунон ки бо Аёз, ки зиёдат њусне надорад?
Гуфт:
- њар чї ба дил фурўд ояд, дар дида накў намояд.

Њар ки султон муриди ў бошад,


Гар њама бад кунад, накў бошад.
В-он киро подшањ бияндозад,
Касаш аз њайли хона нанвозад.

***
Касе ба дидаи инкор агар нигоњ кунад,
Нишони сурати Юсуф дињад ба нохубї.
В-агар ба чашми иродат нигањ кунї дар дев,
Фариштаест намояд ба чашми каррубї.

ЊИКОЯТ
Гўянд, њољаеро бандае нодирулњусн буд ва бо вай ба сабили маваддат
назаре дошт. Бо яке аз дўстон гуфт:
- Дареѓ, ин бандаро бо њусну шамоиле, ки дорад, агар забондарозию
беадаби накардї!
Гуфт:
- Эй бародар, чун ќарори дўсти кардї, таваќќуи хидмат мадор, ки чун
ошиќу маъшуќи дар миён омад, молику мамлуки бархост.

Хоља бо бандаи парирўхсор


Чун даромад ба бозию ханда,
На аљаб, к-ў чи хоља њукм кунад,
В-ин кашад бори ноз чун банда.
***
Ѓулом обкаш бояду хиштзан,
Бувад бандаи нозанин муштзан.
ЊИКОЯТ
Порсоеро дидам бо муњаббати шахсе гирифтор, на тоќати сабру на
ёрои гуфтор, чандон ки маломат дидию гаромат кашидї, тарки тасоби
нагуфтиву гуфтї:

Кўтањ накунам зи доманат даст,


В-ар худ бизани ба теѓи тезам.
Баъд аз ту малозу малае нест,
Њам дар ту гурезам, ар гурезам.

Боре маломаташ кардаму гуфтам:


- Аќли нафисатро чи шуд, то нафси хасиси ѓолиб омад?
Замоне фурў рафту гуфт:

Њар куљо султони ишќ омад намонд


Ќуввати бозуи таќвиро мањал.
Покдоман чун зияд бечорае.
Уфтода то гиребон дар вањал.

ЊИКОЯТ
Якеро дил аз даст рафта буд ва тарки љон гуфта ва матмањи назараш
љое хатарнок ва вартаи њалок , на луќмае, ки мутасаввир шуди, ки ба ком ояд,
ё мурѓе, ки ба дом афтад.

Чу дар чашми шоњид наёяд зарат,


Зару хок яксон намояд барат.

Боре ба насињаташ гуфтанд: «Аз ин хаёли муњол таљаннуб кун, ки


халќе њам бад-ин њавас, ки ту дорї, асиранду пой дар занљир». Гуфт:

«Дўстон гў, насињатам макунед,


Ки маро дида бар иродати ўст.
Љангљўён ба зўри панљаву китф
Душманонро кушанду хубон дўст.

Шарти маваддат набошад, ба андешаи љон дил аз мењри љонон


баргирифтан:
Ту, ки дарбанди хештан бошї,
Ишќбози дурўѓзан бошї.
Гар нашоядба дўст рањ бурдан,
Шарти ёрист дар талаб мурдан.
***
Гар даст расад, ки остинаш гирам,
В-арна биравам, бар остонаш мирам».
Мутааллиќонро, ки назар бар кори ў буду шафќат ба рўзгори ў, пандаш
доданду нињоданд. Суде накард.

Дардо, ки табиб сабр мефармояд,


В-ин нафси њарисро шакар мебояд.

***
Он шунидї, ки шоњиде ба нуњуфт
Бо дилзадастрафтае мегуфт:
«То туро ќадри хештан бошад,
Пеши чашмат чї ќадри ман бошад!»,

Овардаанд, ки мар он подшоњзодаро, ки манзури назари ў буд, хабар


карданд, ки љавоне бар сари ин майдон мудовимат менамояд, хуштабъу
ширинзабон ва суханњои латиф мегўяду нуќтањои бадеъ аз ў мешунавад ва
чунин маълум мешавад, ки дилошуфтаасту шуре дар сар дорад. Писар
донист, ки дили ў овехтаи ўст ва ин гарди бало ангехтаи ў, маркаб ба љониби
ў ронд. Чун дид, ки наздики ў азм дорад, бигристу гуфт:

«Он кас, ки маро бикушт, бозомад пеш,


Моно, ки дилаш бисўхт бар куштаи хеш!».

Чандон ки мулотифат карду пурсидаш: «Аз куљои ва чї ном ва чї


санъат донї?» Дар ќаъри бањри маввадат чунон ѓариќ буд, ки маљоли нафас
надошт.

Агар худ њафт субъ азбар бихонї,


Чу ошуфтї «алиф», «бе», «те» надонї

Гуфто:
- Сухане бо манн чаро нагўї, ки њам аз њалќаи дарвешонам, балки
њалќабагўши эшонам?!
Он гањ ба ќуввати ситиснои мањбуб аз миён талотуми амвољи
муњаббат Сар бароварду гуфт:

«Аљаб аст бо вуљудат, ки вуљуди ман бимонад.


Ту ба гуфтан андар оиву маро сухан бимонад».

Ин бигуфт ва наърае бизад ва љон ба њаќ таслим кард.

Аљаб аз кушта набошад ба дари хаймаи дўст,


Аљаб аз зинда, ки чун љон бадар овард салим?
ЊИКОЯТ
Якеро аз мутааллимон камоли бењљате буду тийби лањљате ва
муаллимро аз он љо ки њисси башарият аст, бо њусни башараи ў муомилате
дошт. Заљру тавбиње, ки ба кўдакон кардї, дар њаќ вай раво надоштї ва ваќте
ки ба хилваташ дарёфтї, гуфтї:

На ончунон ба ту машѓулам, эй бихиштирўй,


Ки ёди хештанам ар замир меояд.
Зи диданат натавонам, ки дида барбандам,
В-агар муќобала бинам, ки тир меояд.

Боре писар гуфт:


- Ончунон ки дар одоби дарси ман назар мефаромї, дар одоби нафсам
низ таамул фармой, то агар дар ахлоќи ман нописанди бинї, ки маро он
писанд њаменамояд, бар онам иттилоъ фармой, то ба табдили он сайъ кунам.
Гуфт:
- Эй писар, ин сухан аз дигаре пурс, ки он назар, ки маро бо туст, љуз
њунар намебинам!

Чашми бадандеш, ки барканда бод,


Айб намояд њунараш дар назараш.
В-ар њунаре дорию њайтоб айб,
Дўст набинад ба љуз он як њунар.

ЊИКОЯТ
Шабе ёд дорам, ки ёри азиз аз дар даромад, чунон бехуд аз љои худ
барљастам, ки чароѓам ба остин кушта шуд. Шигифт омад аз бахтам, ки ин
давлат аз куљо маро шуд? Бинишасту итоб оѓоз кард, ки дарњол ќи бидидї,
чароѓ бикуштї,ба чї маънї?
Гуфтам:
- Ба ду маънї: яке он ки гумон бурдам, ки офтоб баромад ва дигар он
ки ин байтам ба хотир бигузашт:

Чун гароне ба пеши шамъ ояд,


Хезаш андармиёни љамъ бикуш.
В-ар шакархандест ширинлаб,
Остинаш бигиру шамъ бикуш.

ЊИКОЯТ
Яке дўстеро, ки замонњо надида буд, гуфт:
- Куљои, ки муштоќ будаам?
Гуфт:
- Муштоќи бењ, ки маўлї!
Дар омадї, эй нигори сармаст.
Зудат надињем доман аз даст.
Маъшуќ, ки дер дер бинанд,
Охир кам аз он ки сер бинанд.

Шоњид, ки бо рафиќон ояд, ба љафо кардан омадааст ба њукми он, ки аз


ѓайрату музоддат холи набошад.

Ба як нафас, ки баромехт ёр бо аѓёр,


Басе намонд, ки ѓайрат вуљуди ман бикўшад.
Ба ханда гуфт, ки ман шамъї љамъам, эй Саъдї,
Маро аз он чї, ки парвона хештан бикўшад?

ЊИКОЯТ
Ёд дорам дар айёми пешин, ки манн ва дўсте чун ду бодамаѓз дар пусте
сўњбат доштем. Ногоњ иттифоќи маѓиб афтод. Пас аз муддате, ки бозомад,
итоб кард, ки дар ин муддат ќосиде нафиристодї!
Гуфт:
- Дареѓ омадам, ки дидаи ќосид ба љамоли ту равшан гардаду ман
мањрум.
Ёри дерина маро, гў, ба забон тавба мадењ,
Ки маро тавба ба шамшер нахоњад будан!
Рашкам ояд, ки касе сер нигањ дар ту кунад,
Боз гўям на, ки кас сер нахоњад будан!

ЊИКОЯТ
Донишмандеро дидам, ба мубтало шуда ва розаш аз парда бар мало
афтода, љаври фаровон бурдї ва тањаммули бекарон кардї. Боре ба
латофаташ гуфтам, ки туро дар маваддати ин манзур иллате ва бинои
муњаббат бар зиллате нест. Бо вуљуди чунин маъни лоиќи ќадри уламо
набошад худро мутањам гардонидан ва љаври беадабон бурдан?!
Гуфт:
- Эй ёр, дасти итоб аз домани рўзгорам бидор! Борњо дар ин маслињат,
ки ту бинї, андеша кардам ва сабр бар љафои ў сањлтар ояд њаме, ки сабр аз
нодидани ў. Ва њукамо гўянд: «Дил бар муљоњид нињодан осонтар аст, ки
чашм аз мушоњида баргирифтан!».

ЊИКОЯТ
Дар унфувони чавонї, чунон ки афтаду донї, бо шоњиде сареву сарї
доштам ба њукми он, ки хулќе дошт.

Он ки наботи оразаш оби њаёт мехўрад,


Дар шакараш нигањ кунад, њар ки набот мехўрад.
Иттифоќан ба хилофи табъ аз вай њаракате бидидам, ки написандидам,
доман аз ў даркашидаму мењр барчидам ва гуфтам:

«Бирав, харљ и мебоядат, пеш гир,


Сари мо надорї, сари хеш гир!»

Шунидам, ки њамерафту мегуфт:

«Шабпара гар васли офтоб нахоњад,


Равнаќи бозори офтоб накоњад!».

Ин бигуфту сафар кард ва парешонии ў дар ман асар.

Боз ою маро бикуш, ки пешат мурдан


Хуштар, ки пас аз ту зиндагонї кардан.

Аммо ба шукру миннати борї пас аз муддате бозомад, он хулќи довудї


мутаѓайир шуда ва он љамоли юсуфи ба зиён омада ва ба себи занањдонаш
чун бињ гарде нашаста ва равнаќи бозори њуснаш шикаста, мутаваќќеъ, ки
дар канораш гирам. Канора гирифтаму гуфтам:

Он руз, ки хатти шоњидат буд,


Соњибназар аз назар бирондї.
Имрўз биёмади ба сулњаш,
К-аш фатњаву зама барнишондї.

***
Тозабањоро, вараќат зард шуд,
Дег манењ, к-оташи мо сард шуд.
Чанд хиромию такаббур кунї,
Давлати порина тасаввур кунї.

Пеши касе рав, ки талабгори туст,


Ноз бар он кун, ки харидори туст.

***
Сабза дар боѓ, гуфтаанд, хуш аст,
Донад он кас, ки ин сухан гўяд.
Яъне аз рўи некувон хати сабз
Дили ушшоќ бештар љўяд.
Бўстони ту ганднозорест,
Баски бармеканию мерўяд.
***
Гар сабр кунї в-ар накунї, мўи баногўш,
Ин давлати айёми накўї ба сар ояд.
***
Суол кардаму гуфтам љамоли рўи туро:
«Чи шуд, ки мурча бар гирди моњ љушидаст?»
Љавоб дод: «Надонам, чї буд рўямро,
Магар ба мотами њуснам сиёњ пўшидаст?».

ЊИКОЯТ
Якеро пурсиданд аз мустаърабони Баѓдод: «Мо таќулу фи-л-мурд» (дар
бораи амрадон чї мегўї?)
- Гуфт: «Ло њайра фињим мо дома ањадуњум латифан ятњошану фоизо
хашуна яталотафу».
Яъне чандон ки хубу латиф аст, дуруштї кунаду сахтї, чун сахту
дурушт шуд, талаттуф кунаду дўстї намояд.

Амрад он гањ ки хубу ширин аст,


Талхгуфтору тундхўй бувад.
Чун ба риш омаду ба лаънат шуд,
Мардумомезу мењрчўй бувад.

ЊИКОЯТ
Якеро аз уламо пурсиданд, ки яке бо мањрўе дар хилват нишаста ва
дарњо баста ва раќибон хуфта ва нафс толибу шањват ѓолиб, чунон ки араб
гўяд: «Ат-тамру ёнеъ Ван-но-туруѓайру монеъ» (тарљумааш: хурмо расида ва
боѓбон бирафта).
Њељ бошад, ки ба ќуввати парњезгорї аз ў ба саломат бимонад?
Гуфт:
- Агар аз мањрўён ба саломат монад, аз бадгўён намонад.

Шояд паси кори хештан биншастан,


Лекин натавон забони мардум бастан.

ЊИКОЯТ
Тўтиеро бо зоѓе дар ќафас карданд ва аз ќубњи мушоњидаи ў муљоњида
мебурду мегуфт:
- Ин чи талъати макрўњ асту њайати мамќут ва манзари малъуну
шамоили номавзун?

Алассабоњ ба рўи ту њар ки бархезад,


Сабоњи рўзи саломат бар ў масо бошад.
Бадбахтаре чу ту дар суњбати ту боистї,
Вале чунин, ки тўї, дар љањон куљо бошад?

Аљабтар он, ки ѓуроб аз мучовирати тўти њам ба љон омода буд ва


малул шуда, лоњавлкунон аз гардиши гети њаменолид ва дастњои тагобун бар
якдигар њамемолид, ки ин чї бахти нагун асту толеи дун ва айёми
букаламун? Лоиќи ќадри ман он аст, ки бо зоѓе ба девори боѓе бар хиромон
њамерафтаме.
Порсоро бас ин ќадар зиндон,
Ки бувад њамтавилаи риндон.

То чї гунањ кардам, ки рўзгорам ба уќубати он дар силќи сўњбати


чунин аблањи худрайъ, нољинси хирадори ба чунин банди бало мубтало
гардонидааст?!
Кас наёяд ба пои деворе,
Ки бар он суратат нигор кунад.
Гар туро дар бихишт бошад љой,
Дигарон дузах ихтиёр кунанд.

Ин забурмасал бад-он овардам, то бидони, ки сад чандон, ки доноро аз


нодон нафрат аст, нодонро аз доно вањшат, бал бештар:

Зоњиде дар самои риндон буд,


З-он миён гуфт шоњиде балхї:
«Гар малули зи мо, туруш манишин,
Ки ту њам дар миёни мо талхї!».

***
Љамъе чї гулу лола ба њам пайваста,
Ту њезуми хушк дар миёне раста.
Чун боди мухолифу чу сармо нохуш,
Чун барф нишастаиву чун ях баста.

ЊИКОЯТ
Рафиќе доштам, ки солњо бо њам сафар карда будему намак хўрда ва
бекарон њуќуќи сўњбат собит шуда. Охир ба сабаби нафъ андак озори хотири
ман раво дошт ва дўсти сипарї шуд. Ва бо ин њама аз ду тараф дилбастагї
буд. Шунидам, ки рўзе ду байт аз суханони ман дар маљмаи њамегуфтанд:

Нигори ман чу дарояд ба хандаи намакин,


Намак зиёда кунад бар љањорати решон.
Чи будї, ар сари зулфаш ба дастам афтодї,
Чу остин каримон ба дасти дарвешон.

Тоифаи дўстон ба лутфи ин сухан на, ки бар њусни сирати хеш гувоњи
њаме дода буданду офарин бурда ва ў њам дар ин љумла муболиѓа карда буд
ва бар фавти сўњбати дерин таасуф хўрда ва ба хатои хеш эътироф намуда,
маълум кардам, ки аз тарафи ў њам раѓбате њаст, ин байтњо фиристодаму
сулњ кардем:
«На моро дар миён ањду вафо буд?
Љафо кардию бадањдї намудї.
Ба як бор аз љањон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки баргардї ба зудї.
Њанузат гар сари сулњ аст, боз ой,
К-аз он маќбултар бошї, ки будї!».

ЊИКОЯТ
Якеро зани соњибљамоле љавон даргузашту модарзани фартут ба иллати
кобин дар хона мутаммакин бимонд ва мард аз муњовирати ў ба љон ранљидї
ва аз муљовирати ў чора надидї, то гурўње ошноён ба пурсидан омаданд.
Шарике гуфто:
- Чї гунаї дар муфориќати ёри азиз?
Гуфт:
- Нодидани зан бар ман чунон душвор намеояд, ки дидани модарзан.

Гул ба торољ рафту хор бимонд,


Ганљ бардоштанду мор бимонд.
Дида бар тораки синон дидан
Хуштар аз рўи душманон дида
Вољиб аст аз њазор дўст бурид,
То яке душманат набояд дид.

ЊИКОЯТ
Ёд дорам, ки дар айёми љавони гузар доштам ба кўе ва назар бар рўе
дар тамузе, ки њарураш дањон бихушонидї ва самумаш маѓзи устухон
биљушонидї, аз заъфи башарият тоби офтоби њаљир наёвардам ва илтиљо ба
сояи деворе кардам, мутараќќиб ки њарри тамуз аз ман бибарад, обе фурў
нишонад, ки њаме ногоњ аз зулмати дањлези хона равшани битофт, яъне
љамоле, ки забони фасоњат аз баёни сабоњати ў ољиз ояд, чунон ки дар шаби
торе субњ барояд ё оби њаёт аз зулмот ба дар ояд, ќадање барфоб бар дасту
шакар дар он рехта ва ба араќ баромехта, надонам, ба гулобаш мутайиб карда
буд ё ќатрае чанд аз гули рўяш дар он чакида. Филљумла, шароб аз дасти
нигоринаш баргирифтаму бихўрдам ва умру љавони аз сар гирифтам.

Хуррам он фархундатолеъро, ки чашм


Бар чунин рўй ўфтад њар бомдод.
Масти май бедор гардад ними шаб,
Масти соќи рўзи мањшар бомдод.

ЊИКОЯТ
Соле Муњаммади Хоразмшоњ бо Хито аз бораи маслињате сулњ ихтиёр
кард. Ба љомеи Кошѓар даромадам, писаре дидам ба хубию њусн ба ѓояти
эътидол ва нињояти љамол, чунон ки дар амсоли ў гўянд:
Муаллимат њама шухию дилбари омўхт,
Љафову нозу итобу ситамгари омўхт.
Ман одами ба чунин шаклу хую ќаду равиш,
Надидам, магар ин шева аз пари омўхт?!

Муќаддимаи «Нањви» Замахшарї дар даст дошт ва њамехонд.


Гуфтам: Зараба Зайдун Амран ва кони-л-мутаадди Амран (Зад Зайд
Амрро ва «Амр» гузаранда буд).
- Эй писар, Хоразму Хито сулњ карданду Зайду Амрро њамчунон
хусумат боќист?!
Бихандиду мавлидам пурсид. Гуфтам:
- Хоки Шероз.
Гуфт:
- Аз суханони Саъдї чї дорї?
Гуфтам:
«Табъи туро то њаваси нањв кард,
Сурати сабр аз дили мо мањв кард.
Эй дили ушшоќ ба доми ту сайд,
Мо ба ту машѓулу ту бо Амру Зайд.

Бомдодон ки ба азми сафар мусаммим шудам, гуфта будандаш, ки


фалон Саъдист. Давон омаду талаттуф карду таасуф хўрд, ки чандин муддат
чаро нагуфтї, ки «Манам Саъдї», то шукри ќудуми бузургонро миён ба
хидамат бубастаме?!
Гуфтам:
- Бо вуљудат зи ман овоз наёмад, ки манам?
Гуфто:
- Чї шавад, гар дар ин хита чанде баросої, то ба хидмат мустафид
гардем?
Гуфтам:
- Натавонам ба њукми ин њикоят:

Бузурге дидам андар кўњсоре,


Ќаноат карда аз дунё ба ѓоре.
Чаро, гуфтам, ба шањр андар наёї,
Ки боре банде аз дил баркушої?
Бигуфт: «Он љо парируёни наѓзанд,
Чи гул бисёр шуд, пилон билаѓзанд!»

Ин бигуфтаму бўса бар сару рўхи якдигар додем ва видоъ кардем.


Бўса додан ба рўи дўст чї суд,
Њам дар он лањза карданаш падруд?
Себ гўи видои ёрон кард,
Рўй аз ин нима сурху з-он сў зард.
ЊИКОЯТ
Хирќапуше дар корвони Хиљоз њамроњи мо буд. Яке аз умарои араб
мар ўро сад динор бахшид, то ќурбон кунад. Дуздони хафољањ ногоњ бар
корвон заданд ва пок бибурданд. Бозаргонон гиряву зори кардан гирифтанд
ва фарёди бефоида хондан.

Гар тазаррўъ кунию гар фарёд,


Дузд зар бозпас нахоњад дод.

Магар он дарвеши солењ, ки бар ќарори хеш монда буд ва таѓьир дар ў
наёмада. Гуфтам:
- Магар маълуми туро дузд набурд?
Гуфт:
- Бале, бурд, валекин маро бо он улфате чунон набуд, ки ба ваќти
муфориќат хастадилї бошад.

Набояд бастан андар чизу кас дил,


Ки дил бардоштаи корест мушкил.

Гуфтам:
- Муносиби њоли ман аст он чї гуфтї, ки маро дар ањди љавони бо
љавоне иттифоќи мухолитат буд ва сидќи маваддат то ба љое, ки ќиблаи
чашмам љамоли ў будї ва суду самояи умрам висоли ў.

Магар малоика дар осмон вагарна башар


Ба њусни сурати ў дар зами нахоњад буд.
Ба дўстї, ки њаром аст баъд аз ў сўњбат,
Ки хељ нутфа чун ў одами нахоњад буд.

То гање пои вуљудаш ба гили аљал фурў рафт ва дуди фироќ аз


дудмонаш баромад, рўзњо дар хокаш муљовират кардам ва аз љумла бар
фироќи ў гуфтам:

«Кош, к-он рўз, ки дар пои ту шуд хори аљал,


Дасти гети бизади теѓи њалокам бар сар.
То дар ин рўз љањон бе ту надидї чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

***
Он ки ќарораш нагирифтию хоб,
То гулу насрии нафишонди нахуст.
Гардиши гети гули рўяш нахуст,
Хорбунон бар сари хокаш бируст.
Баъд аз муфориќати ў азм кардаму ният љазм, ки баќияти
зиндагони фарши њавас дарнавардам ва гирди муљолисат нагардам».

Суди дарё нек будї, гар набудї бими мављ,


Сўњбати гул хуш будї, гар нести ташвиши хог
Душ чун товус менозидам андар боѓи васл,
Дигар имрўз аз фироќи ёр мепечам чу мор.

ЊИКОЯТ
Якеро аз мулуки араб њадиси Маљнун ва Лайли ва шуриши њоли ў
бигуфтанд, ки бо камоли фазлу балоѓат сар дар биёбон нињода ва зимоми
аќл аз даст дода. Бифармудаш, то њозир оварданд. Маломат кардан гирифт,
ки дар шарафи нафси инсон чи халал дидї, ки хуи бањоим гирифтї ва тарки
ишрати марудм гуфтї?
Гуфт:
Кош, к-онон, ки айби ман љустанд,
Рўят, эй дилситон, бидидандї.
То ба љои турунљ дар назарат
Бехабар дастњо буридандї.

То њаќиќати маъни бар сурати даъви гуноњ омадї.


Маликро дар дил омад љамоли Лайлї мутолиа кардан, то чї сурат аст,
ки муљиби чандин фитнааст. Бифармудаш талаб кардан. Дар ањёи араб
бигардиданд ва ба даст оварданд ва пеши малик дар сањни сароча бидоштанд.
Малик дар њайати ў назар кард, шахсе дид сияњфом, борикандом. Дар
назараш њаќир омад ба њукми он ки камтарини худоми њарами ў ба љамол аз
ў дар пеш буданд ва ба зинат беш. Маљнун ба фаросат дарёфт, гуфт: - Аз
даричаи чашми Маљнун бояд дар љамоли Лайлї назар кардан, то сирри
мушоњидаи ў дар ту таљало кунад.

Тандурустонро набошад дарди реш,


Љуз ба њамдаре нагўям дарди хеш,
Гуфтан аз занбурбењосил бувад,
Бо яке дар умри худ нохўрда неш.
То туро њоле набошад њамчу мо,
Њоли мо бошад туро афсона беш
Сузи ман бо дигаре нисьат макун,
Ў намак бар дасту ман бар узви реш!

ЊИКОЯТ
Ќозии њамадонро њикоят кунанд, ки бо наълбандписаре сархуш буд ва
наъли дилаш дар оташ. Рўзгоре дар талабаш муталлахиф буд ва пуёну
мутарассид ва љуёну бар њасби воќиа гуён:
Дар чашми ман омад он сињї сарви баланд,
Бирбуд дилам зи дасту дар пой фиканд.
Ин дидаи шўх мекашад дил ба каманд,
Хоњї, ки ба кас дил надињї, дида бубанд.

Шунидам, ки дар гузаре пеши ќози омад бархе аз ин муомила ба


самъаш расид ва зоид-ул-васф ранљида, дашноми бетањоши доду саќат гуфт
ва санг бардошту њељ аз бењурмати нагзошт. Ќози якеро гуфт аз уламои
муътабар, ки њамъинони ў буд:

Он шоњидию хашм гирифтан бинаш,


В-он уќда бар абрўи турушширинаш.

Дар билоди араб гўян: зарбу-л-њабиби забибун (зарбаи мањбуби чун


мавиз аст).
Аз дасти ту мушт дар дањон хўрдан
Хуштар, ки ба дасти хеш нон хўрдан.

Њамоно, к-аз вакоњати ў бўи самоњат њаме ояд:

Ангури навоварда туруштаъм бувад,


Рўзе ду-се сабр кун, ки ширин гардад.

Ин бигуфту ба маснади ќазо бомдод. Тане чанд аз бузургон удул дар


маљлиси њукми ў буданд. Замини хидмат бибўсиданд, ки ба иљозат сухане
бигўем, агарчи тарки адаб аст ва бузургон гуфтаанд:

На дар њар сухан бањс кардан равост,


Хато бар базургон гирфитан хатост.

Аммо ба њукми он ки савобиќи инъоми худованди мулозими рўзгори


бандагон аст, маслињате, ки бубинанду эълом накунанд, навъе аз хиёнат
бошад. Тариќи савоб он аст, ки бо ин писар гири тамаъ нагарди ва фарши
валаъ дарнавардї, ки мансаби ќазо поёгоње манеъ аст, то ба ин гоње шанеъ
мулаввас нагардони ва њариф ин аст, ки дидию њадис ин, ки шунидї.

Яке карда беобрўї басе,


Чи ѓам дорад аз обрўи касе.
Басо номи некўи панљоњ сол
Ки як номи зишташ кунад поймол.

Ќозиро насињати ёрони якдил писанд омад, бар њусни рои ќавм офарин
хонду гуфт:
- Назари азизон дар маслињати њоли ман айни савоб аст ва масъалаи бељавоб.
валекин:
Маломат кун ки маро чандон, ки хоњї,
Ки натвон шустан аз занги сиёхї.

***
Аз ёди ту ѓофил натавон кард ба њељам,
Саркуфта морам, натавонам, ки напечам.

Ин бигуфту касоно ба тафањњуси њоли вай барангехт ва неъмати


бекарон бирехт ва гуфтаанд: «њар киро зар дар тарозуст, зўр дар бозўст ва он
ки бар динор дастрас надорад, дар њама дунё кас надорад».

Њар ки зар дид, сар фурўд овард,


В-ар тарозуи оњаниндўш аст.

Филљумла, шабе хилвате муяссар шуд ва њам дар он шаб шањнаро


хабар шуд. Ќози њама шаб шароб дар сару шоњид дар бар аз танаъум
нањуфтї ва ба тараннум гуфтї:

Имшаб магар ба ваќт намехонад ин хурўс,


Ушшоќ бас накарда њанўз аз канору бўс
Як дам, ки дўсти фитнаи хуфтаст, зинњор.
Бедор бош, то наравад умр бар фусўс,
То нашави зи масљиди одина бонги субњ.
Ё аз дари сари атобак ѓиреви кўс,
Лаб аз лабе чу чашми хурўс аблањи бувад
Бардоштам, ба гуфтани бењудаи хурўс.

Ќози дар ин њолат, ки яке аз мутаалиќон даромад ва гуфт:


- Чї нишинї, хезу то пой дорї, гурез, ки њасудон бар ту даќќе
гирифтаанд, балки њаќќе гуфта. Магар оташи фитна, ки њанўз андак аст, ба
оби табдире фурў нишонем, мабодо, ки фардо чу боло гирад, оламе фаро
гирад.
Ќози мутабассим дар ў назар карду гуфт:

«Панља дар сайд бурда зайѓамро


Чї тафовут кунад, ки саг лояд,

Пистони ёр дар хами гесўи тобдор


Чун гўи ољ дар хами чавгони обнўс
Рўй дар рўи дўст кун, бигзор.
То аду пушти даст мехояд!» .

Маликро њам дар он шаб огањи доданд, ки дар мулки ту чунин мункире
њодис шудааст, чї фармої?
Малик гуфт:
- Ман ўро аз фузалои аср медонам ва ягонаи рўзгор. Бошад, ки
муонидон дар њаќќи вай њавзе карданд. Ин сухан дар самъи ќабули ман
наёяд, магар он гањ ки муояна гардад, ки њукамо гуфтаанд:

«Ба тунди сабук даст бурдан ба теѓ,


Ба дандон бурад пушти дасти дареѓ».

Шунидам, ки сањаргоње бо тане чанд хосон ба болини ќози фаро омад.


Шамъро дид истода ва шоњид нишаста ва май рехтаву ќадањ шикаста ва ќози
дар хоби мастию бехабар аз мулки њастї. Ба лутф андак-андак бедор кардаш,
ки «хез, офтоб баромад!».
Ќози дарёфт, ки њол чист, гуфто:
- Аз кадом љониб баромад?
Гуфт: «Аз ќабили машриќ».
Гуфт:
- Алњамдулиллоњ, ки дари тавба њамчунон боз аст.

Ин ду чизам бар гуноњ ангехтанд:


Бахти нофарљому аќли нотамом.
Гар гирифторам кунї, мустављибам,
В-ар бубахши, авф бењтар к-интиќом.

Малик гуфто:
- Тавба дар ин њолат, ки бар њалок иттилоъ ёфтї, суде накунад:

Чї суд аз дуздї, он гањ тавба кардан,


Ки натвони каманд андохт бар коњ?
Баланд аз мева, гў, кўтоњ кун даст,
Ки кўтањ худ надорад даст бар шоњ.

- Туро бо вуљуди чунин мункирї, ки зоњир шуд, сабили халос сурат


набандад.
Ин бигуфт ва муваккилони уќубат дар вай овехтанд. Гуфто, ки маро
дар хидмати султон яке сухан боќист. Малик бишунид ва гуфт: «Он чист?»
гуфт:
Ба остини малоле, ки бар ман афшонї,
Тамаъ мадор, ки аз доманат бидорам даст.
Агар халос муњол аст аз ин гунањ, ки марост,
Бад-он карам, ки ту дорї, умедворї њаст.

Малик гуфт:
- Ин латифа бадеъ овардї ва ин нуќта ѓариб гуфтї, валекин муњоли аќл
аст ва хилофи шаръ, ки туро фазлу балоѓат имрўз аз чанги уќубати ман
рањои дињад. Маслињат он бинам, ки туро аз ќалъа ба зер андозам, то
дигарон насињат пазиранду ибрат гиранд!
Гуфт:
- Эй худованди љањон, парвардаи неъмати ин хонадонам ва ин гуноњ на
танњо кардам, дигареро бияндоз, то ман ибрат гирам!
Маликро ханда гирифту ба афв аз хатои ў даргузашт ва мутааннитонро,
ки ишорат ба куштани ў њамекарданд, гуфт:

Њар ки њаммоли айди хештанед,


Таъна бар айби дигарон мазанед.

ЊИКОЯТ
Љавоне покбозу покрав буд,
Ки бо покизарўе дар гарав буд.
Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам,
Ба гирдобе дарафтоданд бо њам.
Чу маллоњ омадаш, то даст гирад,
Мабодо, к-андар он њолат бимирад.
Њаме гуфт аз миёни мављу ташвир:
«Маро бигзору дасти ёри ман гир!»
Дар ин гуфтан љањон бар вай дарошуфт
Шунидандаш, ки љон медоду мегуфт:
«њадиси ишќ аз он баттол маньюш,
Ки дар сахти кунад ёри фаромўш!»
Чунин карданд ёрон зиндагонї,
Зи корафтода бишнав, то бидонї,
Ки Саъдї роњу расми ишќбозї
Чунон донад, ки дар Баѓдод тозї.
Дилороме, ки дорї, дил дар ў банд,
Дигар чашм аз њама олам фурўбанд.
Агар Маљнуну Лайлї зинда гаштї,
Њадиси ишќ аз ин дафтар набиштї.

ДАР ЗАЪФУ ПИРИ


ЊИКОЯТ
Бо тоифае донишмандон дар љомеи Димишќ бањсе кардам, ки љавоне
даромаду гуфт:
- Дар ин миён касе њаст, ки забони порсї бидонад?
Ѓолиб ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш:
- Хайр аст?
Гуфт:
- Пире саду панљоњсола дар њолати назъ аст ва ба забони порси чизе
њамегўяд ва мафњуми мо намегардад. Агар ба карам ранља шавї, музд ёбї,
шояд, ки васияте њамекунад.
Даме чанд, гуфтам, барорам ба ком,
Дареѓро, ки бигирифт роњи нафас.
Дареѓро, ки дар хони алвони умр
Даме хўрда будему гуфтанд: «Бас!».

Маони ин суханро ба араби ба шомиён њаме гуфтаму тааљуб њаме


карданд ва умри дарозу таасуфи ў њамчунон бар њаёти дунё.
Гуфтам:
- Чї гуннаї дар ин њолат?
Гуфт:
- Чї гўям аз ин вартаи холи мањуф.

Надидаи, ки чї сахти њаме расад ба касе,


Ки аз дањонаш бадар мекунанд дандоне.
Ќиёс кун, ки чї њолат бувад дар он соат,
Ки аз вуљуди азизаш бадар равад љоне.

Гуфтам:
- Тасаввури марг аз хаёлат бадар кун ва вањмро бар табиат муљтавли
магардон, ки файласуфони Юнон гуфтаанд: «Мизољ гарчи мустаќим бувад,
эътимоди баќоро нашояд ва мараз гарчи хоил, далолати кулли бар њалок
накунад». Агар фармої табиберо бихонам, то муолиљат кунад. Дида бар
кард, бихандид ва гуфт:

«Даст бар њам занад табиби зариф.


Чун њариф бинад ўфтода њариф.
Хоља дар банди наќши айвон аст,
Хона аз пойбаст вайрон аст.
Пирмарде зи назъ менолид,
Пирзан сандалаш њаме молид.
Чун муњаббат шуд эътидоли мизољ,
На азимат асар кунад, на илољ!».

ЊИКОЯТ
Пире њикоят мекунад, ки духтаре хоста будам ва хуљра ба гул ороста ва
ба хилват бо ў нишаста ва дидаву дил дар ў баста. Шабњои дароз нањуфтаме
ва базлахову латифањо гуфтаме, бошад, ки муонисат пазираду вањшат
нагирад. Аз љумла шабе мегуфтам: «Бахти баландат ёр буваду чашми
давлатат бедор, ки ба сўњбати пире афтоди пухтапарварда, љањондида, ки
њаќќи сўњбат бидонад ва шарти маваддат ба љой оварад мушфиќу мењрубон,
хуштабъу ширинзабон:
То тавонам, дилат ба даст орам,
В-ар биёзориям, наёзорам.
В-ар чу тўти шакар бувад хўришат,
Љони ширин фидои парваришат.
На гирифтор омади ба дасти љавоне муъљиб, хирарой, сартези
сабукпой, ки хар дам њавасе барад ва њар лањза рое занад ва њар шаб љое
хусбад ва њар рўз ёре гирад.

Љавонон гарчи хубу дилрабоянд,


Валекин дар вафо бо кас напоянд.
Вафодорї мадор аз булбулон чашм,
Ки њар дам бар гуле дигар сароянд.

Хилофи пирон, ки ба аќлу адаб зиндагонї кунанд, на ба муќтазои


љањлу љавонї.
Зи худ бењтаре љую фурсат шумор,
Ки бо чун худе гум кунї рўзгор!»

Гуфт:
- Чандин бар ин неъмат бигуфтам, ки гумон бурдам, ки дилаш бар
ќайди ман омад ва сайди ман шуд.
Ногањ нафасе сард аз даруни синаи пурдард бароварду гуфт: «Чандин
сухан, ки бигуфїи, дар тарозуи аќли ман вазни он сухан надорад, ки ваќте
шунидам аз ќобилаи хеш», ки гуфт: «Зан љавонро агар тире дар пањлу
нишинад бењ, ки пире!»

Бо ин њама љавру тундхўї,


Борат бикашам, ки хубрўї.

***
Бо ту маро сухтан андар азоб
Бењ, ки шудан бо дигаре дар бињишт.
Буи пиёз аз дањани хубрўй
Наѓзтар ояд, ки гул аз дасти зишт.

ЊИКОЯТ
Мењмони пире шудам дар Диёрбакр, ки моли фаровон дошт ва
фарзанде хубрўй. Шабе њикоят кард, ки маро ба умри хеш љуз ин фарзанд
набудааст. Дарахте дар ин води зиёратгоњ аст, ки мардумон ба њољат хостан
он љо раванд. Шабњои дароз дар пои он дарахт бар њаќ бинолидаам, то маро
ин фарзанд бахшидааст. Шунидам, ки писар бо рафиќон оњиста њаме гуфт:
«Чї будї, гар ман он дарахт бидонистаме куљост, то дуо кардамеву падар
бимурдї».
Хоља шодикунон, ки писарам оќил аст ва писар таъназанон, ки падарам
фартут.

Солњо бар ту бигзарад, ки гузор


Накунї сўи турбати падарат.
Ту ба љои падар чї кардї хайр,
То њамон чашм дорї аз писарат.

ЊИКОЯТ
Рўзе ба ѓурури љавони сахт ронда будам ва шабонгоњ ба пои гараве
суст монда. Пирамарде заиф аз паси корвон њамеомад, гуфт:
- Ин нашунидї, ки соњибдилон гуфтаанд: «Рафтану нишастан бењ, ки
давидану гусастан!»

Эй, ки муштоќи манзилї, машитоб,


Панди ман кор банду сабр омўз:
Аспи тозї дутак равад ба шитоб,
Шутур оњиста меравад шабу рўз.

ЊИКОЯТ
Љавоне чусту латиф, хандону ширинзабон дар њалќаи ишрати мо буд,
ки дар дилаш аз њељ навъе ѓам наёмади ва лаб аз ханда фароњам. Рўзгоре
баромад, ки иттифоќи мулоќот наюфтод. Баъд аз он дидамаш, зан хоставу
фарзандон хоста ва бехи нишоташ бурида ва гули њавас пажмурда.
Пурсидамаш: «Чї гунаї ва чї њолат аст?»
Гуфт:
- То кўдакон биёвардам, дигар кўдакї накардам!

Чун пир шудї зи кўдакї даст бидор,


Бозию зарофат ба љавонї бигузор.

***
Тараби навони зи пир маљўй,
Ки дигар нояд оби рафта ба љуй.
Заръро чун расид ваќти дарав,
Нахиромад чунон ки сабзаи нав.

***
Даври љавони бишуд аз дасти ман,
Оњу дареѓ он замани дилфурўз.
Ќуввати сарпанљаи шери бирафт,
Розиям акнун ба пашизе чу юз.
Пирзане мўй сияњ карда буд,
Гуфтамаш: «Эй момаки деринарўз».
Мўй ба таблис сияњ карда гир,
Рост нахоњад шудан ин пушти кўз!»
ЊИКОЯТ
Ваќте ба љањли љавони бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунље
нишаст ва гирён њамегуфт: «Магар хурдї фаромўш кардї, ки дуруштї
мекунї?».

Чї хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,


Чу дидаш палангафкану пилтан:
Гар аз ањди хурдит ёд омадї,
Ки бечора будї дар оѓўши ман?!
Накардї дар ин рўз бар ман љафо,
Ки ту шермардию ман пирзан.

ЊИКОЯТ
Тавонгаре бахилро писаре ранљур буд, некхоњон гуфтандаш:
- Маслињат он аст, ки хатми ќуръоне кунї аз бањри вай ё базли
ќурбоне?!
Лахте ба андеша фурў рафту гуфт:
- Мусњафи мањљўр авлитар аст, ки галаи ду
Соњибдиле бишунид ва гуфт:
- њатмаш ба иллати он ихтиёр омад, ки ќуръон бар сари забон асту
дар миёни љон!
Дареѓо, гардани тоат нињодан,
Гараш њамроњ будї даст додан.
Ба диноре чу њар дар гил бимонад,
В-ар «алњамде» бихоњи, сад бихонанд.

ЊИКОЯТ
Пирамардеро гуфтанд:
- Чаро зан накунї?
Гуфт:
- Бо пиразанонам айше набошад!
Гуфтанд:
- љавоне бихоњ, чу мукнат дорї?!
Гуфт:
- Маро, ки пирам бо пиразанон улфат нест, пас ўро, ки љавон
бошад, бо ман, ки пирам, чї дўстї сурат бандад?!

Зўр бояд на зар, ки бонуро


Гурзе дўсттар, ки дањ ман гўшт.

Шунидаам, ки дар ин рўзњо кўњанпире


Хаёл баст ба пиронасар, ки гирад љуфт.
Бихост духтараке хубрўй, Гавњар ном,
Чу дурљи гавњараш аз чашми мардумон бинуњуфт.
Чунон ки расми арўси бувад, муњайё буд,
Вале ба њамлаи аввал асои шайх бихуфт.
Камон кашиду бизад бар њадаф, ки натвон духт,
Магар ба сузани фулод љомаи њангуфт.
Ба дўстон гила оѓоз карду њучљљат сохт,
Ки хону мони ман ин шухдида пок бируфт.
Миёни шавњару зан љангу фитна хост чунон,
Ки сар ба шањнаву ќози кашиду Саъдї гуфт:
«Пас аз хилофу шанеат гуноњи духтар чист?
Туро, ки даст биларзад, гуњар чї донї суфт!».

ДАР ТАЪСИРИ ТАРБИЯТ


ЊИКОЯТ
Яке аз вузароро писаре кавдан буд. Пеши яке аз донишмандон
фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оќил шавад. Рўзгоре
таълим кардашу муассир намуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин
писар оќил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

Чун бувад асли гавњаре ќобил,


Тарбиятро дар ў асар бошад.
Њељ сайќал накў наёрад кард
Оњанеро, ки бадгуњар бошад.
Саг ба дарёи њафтгона машўй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд,њанўз хар бошад.

ЊИКОЯТ
Њакиме писаронро панд њамедод, ки љонони падар, њунар омўзед,
ки мулки давлати дунёро эътиќод нашояд ва симу зар дар сафар-бар
мањаллихатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хоља ба тафорик бихўрад.
Аммо њунар чашмае зоянда асту давлати поянда. Агар њунарманд аз
давлат бияфтад, ѓам набошад, ки њунарманд дар нафси худ давлат аст,
њар љо ки равад, ќадр бинад ва дар садр нишинад ва бењунар луќма љуяду
сахти бинад!
Сахт аст, пас аз чоњ тањаккум бурдан,
Хў карда ба ноз, љаври мардум бурдан.

***
Ваќте афтод фитнае дар Шом,
Њар кас аз гушае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд
Ба вазирии подшоњ рафтанд,
Писарони вазири ноќисаќл
Ба гадои ба русто рафтанд.
ЊИКОЯТ
Яке аз фузало таълими маликзодае њамедод ва зарби бемуњобо задї
ва заљри беќиёс кардї. Боре аз бетоќати шикоят пеши падар бурдва љома
аз тани дардманд бардошт. Падарро дил бањам баромад, устодро
бихонду гуфт:
Писарони оњоди раиятро чунин љафову тавбих раво намедорї, ки
фарзанди маро! Сабаб чист?
Гуфт:
- Сабаб он, ки сухан андешида бояд гуфтан ва њаракат писандида
кардан њама халкро алалумум, ва подшоњонро, алалхусус. Ба муљиби он
ки бар дасту забони эшон њар чї рафта шавад, њароина ба афвоњ бигўянд
ва ќавлу феълиавомунносро чандон эътиборе набошад.

Агар сад нописанд ояд зи дарвеш,


Рафиќонаш яке аз сад надонанд.
В-агар як базла гўяд подшоње,
Аз иќлиме ба иќлиме расонанд!

Пас вољиб омад муаллими подшоњзодаро дар тањзиби ахлоќи


худовандзодагон: анбатањуму-л-лоњу наботан њасанан (худо онњоро
нињоли нек рўёнад) ичтињод аз он беш кардан, ки дар њаќќи авом.

Њар ки дар хурдияш адаб накунанд,


Дар бузургї фалоњ аз ў бархост.
Чўби тарро, чунон ки хоњи, печ,
Нашавад хушк љуз ба оташ рост!

Маликро њусни тадбири фаќењ ва таќрири љавоби ў мувофиќи рой


омад, хилъату неъмат бахшид ва пояи мансаб баланд гардонид.

ЊИКОЯТ
Муаллими куттоберо дидам дар диёри Маѓриб турушрўй,
талхгуфтор, бадхўй, мардумозор, гадотабъ, нопарњезгор, ки айши
мусулмонон ба дидани ў табањ гаштї ва хондани ќуръонаш дили мардум
сияњ кардї. Љамъе писарони покизаву духтарони душиза ба дасти љафои
ў гирифтор на зањраи хандаву на ёрои гуфтор, гањ орази симини якеро
тапонча зади ва гањ соќи булуруни дигареро шиканља кардї. Алќисса,
шунидам, ки тарфе аз њабосати нафси ў маълум карданд ва бизаданду
биронданд ва мактаби ўро ба муслење доданд порсое салим, некмарди
њалим, ки сухан љуз ба њукми зарурат нагуфтиву муљиби озори кас бар
забонаш нарафтї. Кўдаконро њайбати устоди нахустин аз сар бирафт
ва муаллими дуввуминро ахлоќ малаки диданд ва як як дев шуданду ба
эътимоди њилми ў тарки илм доданд. Аѓлаби авќот ба бозича фароњам
нишастанди ва лавњ дуруст нокарда, дар сари хам шикастандї.
Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кўдакон дар бозор.

Баъд аз ду њафта бар масљид гузар кардам, муаллими аввалинро дидам,


ки дил хуш карда буданд ва ба љои хеш оварда, инсоф биранљидам ва
«лоњавл» гуфтам, ки иблисро муаллими малоика дигар чаро карданд?
Пирамарде зарифи љахондида гуфт:

Подшоње писар ба мактаб дод,


Лавњи симин-ш канор нињод
Бар сари лавњи ў набишта ба зар:
«љаври устод бењ, ки мењри падар».

ЊИКОЯТ
Порсозодаеро неъмати бекарон аз тараќаи аммон ба даст афтод.
Фисќу фуљур оѓоз кард ва мубаззирї пеша гирифт. Филљумла, намонд аз
соири маосї мункаре, ки накард ва мускире, ки нахўрд.
Боре ба насињаташ гуфтам:
- Эй фарзанд, дахл оби равон асту айш осиёи гардон, яъне њарчи
фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад.

Чу дахлат нест, харљ оњистатар кун,


Ки мегўянд маллоњон суруде:
«Агар борон ба куњистон наборад,
Ба соле Даљла гардад хушкрўде».

Аќлу адаб пеш гиру лавњу лаб бигзор, ки чун неъмат сипари шавад,
сахти барию пушаймони хўрї!
Писар аз лаззатит ною нўш ин сухан дар гуш наёвард ва ба ќавли
ман эътироз карду гуфт:
- Роњати ољил ба ташвиши мењнати ољил мунаѓѓас кардан хилофи
раъи хирадмандон аст.

Худовандони кому некбахтї


Чаро сахти хўранд аз бими сахтї?
Бирав, шодди кун, эй ёри дилафрўз,
Ѓами фардо нашояд хўрд имрўз.

Факайфа маро, ки дар садри мурувват нишастаам ва аќди футувват


баста ва зикри инъом дар афвоњи авом афтода.

Њар ки алам шуд ба сахову карам,


Банд нашояд, ки нињад бар дарам.
Номи накўи чу бурун шуд ба куй,
Дар натавони, ки бубандї ба рўй.
Дидам, ки насињат намепазирад ва дами гарми ман дар оњани сарди
ў асаре намекунад, тарки муносињат гирифтам ва рўй аз мусоњибат
бигардонидам ва ќавли њукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

«Гарчи донї, ки нашнаванд, бигўй,


Њар чї донї, зи некњоњию панд.
Зур бошад, ки хирасар бинї,
Боду пой уфтода андар банд.
Даст бар даст мезанад, ки дареѓ
Нашунидаам њадиси донишманд».

То пас аз муддате он чї андешаи ман буд, аз накбати њолаш ба


сурат бидидам, ки пора-пора ба њам бармедухт ва луќма-луќма њаме
андўхт. Дилам аз заъфи њолаш ба њам баромад ва мурувват надидам дар
чунон њоле реши дарунаш ба маломат харошидану намак пошидан.
Пас бо дили худ гуфтам:

«Њарифи сифла дар поёнии мастї


Наяндешад зи рўзи тангдастї.
Дарахт андар бањорон бар фишонад,
Зимистон, лољарам, бебарг монад».

ЊИКОЯТ
Подшоње писареро ба адибе доду гуфт:
- Ин фарзанди туст, тарбияташ њамчунон кун, ки яке аз фарзандони
хеш. Адиб хидмат кард ва мутаќаббил шуд ва соле чанд бар ў сайъ карду
ба љое нарасид ва писарони адиб дар фазлу балоѓат мунтањї шуданд.
Малик донишмандро муохазат карду муотабат, ки ваъда хилоф кардї ва
ваъда ба љо наовардї!
Гуфт:
- Бар раъи худованди рўи замин пушида намонад, ки тарбият яксон
асту табоеъ мухолиф.

Гарчи симу зар зи санг ояд њаме,


Дар њама санге набошад зарру сим.
Бар њама олам њаметобад Суњайл,
Љое анбон мекунад, љое адим.

- Эй писар, чандон ки таалуќи хотири одамизод ба руўист, агар ба


рўзидењ будї, ба маќом аз малоика даргузаштї!

Фаромушат накард эзад дар он њол,


Ки будї нутфае матфуну мадњуш.
Равонат доду табъу аќлу идрок,
Љамолу нутќу рою фикрату њуш.
Дањ ангуштат мураттаб кард бар каф,
Ду бозуят мураккаб сохт бар душ.
Кунун пиндорї, эй ночиз њиммат,
Ки хоњад карданат рўзе фаромўш.

ЊИКОЯТ
Аъробиро дидам, ки писарро њамегуфт:
Туро хоњанд пурсид, ки амалат чист, нагўянд падарат кист ва аслат
чї?
Љомаи Каъбаро, ки мебўсанд,
Ў на аз кирми пила номї шуд?
Бо азизе нишаст рўзе чанд,
Лољарам њамчу ў гиромї шуд.

ЊИКОЯТ
Дар тасонифи њукамо овардаанд, ки каждумро валодат маъхуд
нест, чунон ки дигар њайвонотро, бал ањшои модарро бихўранд ва
шикамашро бидаранд ва роњи сањро гиранд ва он пустњо, ки дар хонаи
каждум бинанд, асари он аст. Боре ин нукта пеши бузурге њаме гуфтам,
гуфта:
- Дили ман бар сидќи ин сухан гувоњи медињад ва љуз чунин
натавон будан. Дар њолати хурдї бо модару падар чунин муомилат
кардаанд, лољарам дар бузургї чунин муќбиланду мањбуб.

Писареро падар васият кард,


К-эй љавонбахт, ёд гир ин панд.
Њар ки бо ањли худ вафо накунад,
Нашавад дўструю давлатманд.

Каждумро гуфтанд:
- Чаро ба зимистон берун наёї?
Гуфт:
- Ба тобистон чї њурмат дорам, ки ба зимистон низ биёям?!

ЊИКОЯТ
Фаќираи дарвеше њомила буд, муддати њамл ба сар оварда ва мар
ин дарвешро њама умр фарзанд наёмада буд.
Гуфт:
- Агар худои азза ва љалла маро писаре дињад, љуз ин хирќа, ки
пушида дорам, њарчи милки ман аст, эсори дарвешон кунам.
Ба мўљиби шарт иттифоќан писар оварду суфраи дарвешон ба
мўљиби шарт бинињод. Пас аз чанд соле, ки аз сафари Шом бозомадам,
ба мањаллати он дўст баргузаштам ва аз чигунагии њолаш хабар
пурсидам.
Гуфтанд:
- Ба зиндони шањна-дар даст.
Сабаб пурсидам, касе гуфт:
- Писараш њамр хўрдааст ва арбада карда ва хуни касе рехта ва худ
аз миён гурехта. Падарро бо иллати ў силсила дар ной асту банди гарон
бар пой.
Гуфтам:
- Ин балоро ба њољат аз худо хостааст!

Замони бордор, эй марди хушёр,


Агар ваќти валодат мор зоянд,
Аз он бењтар ба наздики хирадманд,
Ки фарзандони ноњамвор зоянд.

ЊИКОЯТ
Тифле будам, ки бузургеро пурсидам аз булўѓ.
Гуфт:
- Дар мастур омадааст, ки се нишон дорад: яке понздањсолагї ва
дигар эњтимол ва сеюм баромадани мўи пеш. Аммо дар њаќиќат як
нишон дораду бас: он ки дар банди ризои њаќ љалла ва ало беш аз он
бошї, ки дар банди хаззи нафси хеш ва њар он ки дар ў ин сифат мављуд
нест, ба назди муњаќќиќон болиѓ нашуморандаш.

Ба сурат одамї шуд ќатраи об,


Ки чил рўзаш ќарор андар рањим монд.
В-агар чилсоларо аќлу адаб нест,
Ба тањќиќаш нашояд одами хонд.
Љавонмардию лутфу одамият,
Њамин наќши хаюлои мапиндор.
Њунар бояд, ки сурат метавон кард,
Ба айвонњо-дар аз шангарфу зангор.
Чу инсонро набошад фазлу эњсон,
Чї фарќ аз одами то наќши девор.
Ба даст оварданї дуне њунар нест,
Якеро гар тавонї, дил ба даст ор!

ЊИКОЯТ
Соле низое дар пиёдагони њољ ўфтода буд ва дої њам дар он сафар
пиёда. Инсоф, дар сару рўи њам фитодем ва доди фусуќу љилол бидедем.
Каљованишинеро шунидам, ки бо адиле худ мегуфт:
- Ё лилаљаб, пиёдаи оч чун арсаи шатранљ ба сар мебарад, фарзин
мешавад, яъне бењ аз он мегардад, ки буд ва пиёдагони њољ бодия ба сар
бурданду батар шуданд.

Аз ман бигўй њољии мардумѓазойро,


К-ў пустини халќ ба озор медарад.
Њољи ту нестї, шутур аст, аз барои он-к
Бечора хор мехўраду бор мебарад.
ЊИКОЯТ
Њиндуе нафтандозї њамеомўхт. Њакиме гуфт:
- Туро, ки хона найин аст, бозї на ин аст!

То надонї, ки сухан айни савоб аст, магўй,


В-он чи донї, ки на некўш љавоб аст, магўй.

ЊИКОЯТ
Мардеро дарди чашм хост, пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор
аз он чи дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ў кашид ва кўр шуд.
Њукумат ба довар бурданд. Гуфт:
- Бар ў њељ товон нест, агар ин њар набудї, пеши байтор нарафтї!
Маќсуд аз ин сухан он аст, то бидонї, ки њар он ки ноозмударо
кори бузург фармояд, бо он ки надомат барад, ба наздики хирадмандон
ба њиффати рой мансуб гардад.

Надињад хушманди равшанрой


Ба фурўмоя корњои њатир.
Бурёбоф агарчи бофанда (а) ст,
Набарандаш ба коргоњи њарир.

ЊИКОЯТ
Якеро аз бузургони аимма писаре вафот ёфт. Пурсиданд, ки бар
сандуќи гўраш чї нависем? Гуфт:
- Оёти китоби маљидро иззату шараф беш аз он аст, ки раво бошад
бар чунин љойњо навиштан, ки ба рўзгор суда гардаду халоиќ бар ў
гузаранд ва сагон бар ў шошанд. Агар ба зарурат чизе њаменависанд, ин
ду байт кифоят аст:

«Вањ, ки њар гањ ки сабза дар бўстон


Бидамидї, чи хуш шудї дили ман.
Бигзар, эй дўст, то ба ваќти бањор
Сабза бинї дамида бар гили ман!»

ЊИКОЯТ
Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро
дасту пой баста, уќубат њаме кард. Гуфт:
- Эй писар, њамчу ту махлуќеро худои азза ва љалла асири њукми ту
гардонидааст ва туро фазилат дода, шукри неъмати бориитаоло ба љой
ор ва чандин љафо бар вай маписанд, набояд, ки фардои ќиёмат бењ аз ту
бошад ва шармсої барї!

Бар банда магир хашми бисёр,


Љавраш макуну дилаш маёзор.
Ўро ту ба дањ дирам харидї,
Охир на ба ќудрат офаридї.
Ин њукму ѓуруру хашм то чанд?
Њаст аз ту бузургтар худованд.
Эй хољаи Арслону Оѓўш,
Фармондењи худ макун фаромўш!

Дар хабар аст ва хољаи олам салиаллоњу алайњи ва олињи ва салам,


ки гуфт:
- Бузургтарин њасрате рўзи ќиёмат он бувад, ки бандаи солењро ба
бињишт баранд ва хољаи фосиќро ба дузах!

Бар ѓуломе, ки тавъи хидмати туст,


Хашми бењад марону тира нагир,
Ки фазењат бувад ба рўзи шумор.
Банда озоду хоља дар занљир.

ЊИКОЯТ
Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роњ аз њаромиён пурхатар.
Љавоне бадраќа њамроњи мо шуд сипарбоз, чархандоз, силањшўри
бешзур, ки ба дањ марди тавоно камони ў зењ кардандї ва зуроварони
рўи замин пушти ў бар замин наёвардандї. Валекин, чунон ки донї,
муѓтанам буду сояпарварда, на љањондидаву сафаркарда, раъди кўси
диловарон ба гўшаш нарасида ва барќи шамшери саворон надида.

Наяфтода бар дасти душман асир,


Ба гирдаш наборида борони тир.

Иттифоќан ману ин љавон њар ду дар паи њам равон. Њар он девори
ќадимаш, ки пеш омадї, ба ќуввати бозу бияфкандї ва њар дарахти азим,
ки дидї ба зўри сарпанча баркандї ва тафохуркунон гуфтї:
«Пил ку, то китфу бозуи гурдон бинад,
Шер ку, то кафу сарпанљаи мардон бинад!»

Мо дар ин њолат, ки ду њинду аз паси санге сар бароварданду


оњанги ќитоли мо карданд. Ба дасти яке чўбе ва дар баѓали он дигар
кулухкўбе. Љавонро гуфтам: «Чї пої»?

Биёр, он чї дорї зи мардиву зўр,


Ки душман ба пои худ омад ба гўр!».

Тиру камонро дидам, аз дасти љавон афтод ва ларза бар устухон.

На њар ки мўй шикофад ба тири љавшанхой,


Ба рўзи њамлаи љанговарон бидорад пой.
Чора љуз он надидем, ки рахту силоњу љома рањо кардему љон ба
саломат биёвардем.

Ба корњои гарон марди кордида фирист,


Ки шерри шарза дарорад ба зери њами каманд.
Љавон агарчи ќивиёлу пилтан бошад,
Ба љанги душманаш аз њавл биѓсилад пайванд.
Набард пеши масофозмуда маълум аст,
Чунон ки масъалаи шаръ пеши донишманд.

ЊИКОЯТ
Тавонгарзодае дидам бар сари гўри падар нишаста ва бо
дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуќи турбати мо сангин асту
китоба ранги ва фарши руњом андохта ва хишти пирўза дар ў сохта. Ба
гўри падарат чї монад, (ки) хиште ду фароњам оварда ва муште ду хок
бар он пошида. Дарвешписар ин бишуниду гуфт:
- То падарат зери он сангњои гарон бар худ биљунбида бошад,
падари ман ба бињишт расида буд!

Њар, ки камтар нињанд бар вай бор,


Бешак, осудатар кунад рафтор.

***
Марди дарвеш, ки бори ситами фоќа кашид,
Ба дари марг њамоно, ки сабукбор ояд.
В-он ки дар неъмату осоишу осони зист,
Мурданаш з-ин њама, шак нест, ки душвор ояд.
Ба њама њол асире, ки зи банде бирањад,
Бењтар аз њоли амире, ки гирифтор ояд!

ЊИКОЯТ
Бузургеро пурсидам дар маънии ин њадис, ки «Аъдо адувуќќа
нафсуќа аллати байна љанбайќа (душмантарини душманњоят нафси туст,
ки дар синаи туст).
Гуфт:
- Ба њукми он ки њар он душманеро, ки бо вай эњсон кунї, дўст
гардад, магар нафсро, ки чандон ки мудоро беш кунї, мухолифат зиёдат
кунад.
Фариштахўй шавад одами ба кам хўрдан,
В-агар хўрад чу бањоим, бияфтад ў чу љамод,
Муроди њар ки барорї, мутеи амри ту гашт.
Хилофи нафс ки фармон дињад, чу ёфт мурод.
ЉИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ
ДАРВЕШИ
Яке дар сурати дарвешон на бар сифати эшон дар мањфиле дидам
нишаста ва шанъате дарпайваста ва дафтари шикоят ва замми
тавонгарон оѓоз карда, сухан бад-ин љо расонида, ки дарвешро дасти
ќудрат бастааст ва тавонгарро пои иродат шикаста.

Каримонро ба даст андар дирам нест,


Худовандони неъматро карам нест.

Маро, ки парвардаи неъмати бузургонам, ин сухан сахт омад,


гуфтам:
- Эй ёр, тавонгарон дахли мискинонад ва захираи гушанишинон ва
маќсади зоирону кањфи мусофирон ва мутањамили бори гарон аз бањри
роњати дигарон. Дасти тановул он гањ ба таом баранд, ки мутааллиќон
ва зердастон бихўранд ва фазлаи макорими эшон ба аромилу пирону
аќорибу љийрон расад.

Тавонгаронро ваќф асту назру мењмонї,


Закоту фитраву эътоќу њадию ќурбонї.
Ту кай ба давлати эшон расї, ки натвонї
Љуз ин ду ракъату он њам ба сад парешонї.

Агар ќудрати људ асту гар ќуввати суљуд тавонгаронро бењ муяссар
шавад, ки моли музакко доранд ва љомаи поку ирзи масуну дили фориѓ
ва ќуввати тоат дар луќмаи латиф аства сўњбати ибодат дар кисвати
назиф. Пайдост, ки аз меъдаи холи чї ќувват ояд ва дасти тињї чї
мурувват ва аз пои барањна чї сайр ояд ва за дасти гурусна чї хабар.

Шаб пароканда хусбад он, ки падид,


Набувад ваљњи бомдодонаш.
Мўр гирд оварда ба тобистон,
То фароѓат бувад зимистонаш.

Фароѓат бо фоќа напайвандад ва љамъият дар тангдастї сурат


набандад. Яке тањримаи ишо баставу дигаре мунтазири ашо нишаста!
Њаргиз ин бад-он кай монад?

Худованди мукнат ба њаќ муштаѓил,


Парокандарўзи – парокандадил.

Пас ибодати инон ба ќабул авлитар аст, ки љамъанду њозир, на


парешону парокандахотир. Асбоби маишат сохта ва ба авроди ибодат
пардохта.
Араб гўяд: Аузу бил-л-лоњи мина-л-фаќри-л-муќиби ва љавори ман
лоуњиббу. (Тарљума: худо нигањ дорад аз камбаѓалии бардавом ва
њамсоягии касе, ки дўсташ надорам).
Ва дар хабар аст: «Ал-фаќру саводу –л-ваљњи фи-д-дорайн»
(Тарљума: «Камбаѓали русиёњи дар њар ду дунёст»).
Гуфто: «Нашунидї, ки пайѓамбар алайњиссалом, гуфт:
«Ал-фаќру фахри» (Тарљума: камбаѓали ифтихори ман).
Гуфтам: «Хомуш, ки ишорати хољаи олам ба фаќри тоифаест, ки
марди майдони ризоанду таслими тири ќазо, на инон, ки хирќаи аброр
пушанд ва луќмаи идрор фурўшанд.

Эй табли баландбонги дар ботин њељ,


Бе тўша чї тадбир кунї ваќти басиљ?
Рўи тамаъ аз халќ бипеч, ар мардї,
Тасбењи њазордона бар даст мапеч.

Дарвеши бемаърифат наёромад, то фаќраш ба куфр анљомад ки


нашояд љуз ба вуљуди неъмат барањнае пўшидан ё дар истихлоси
гирифторе кўшидан. Ва абнои љинси моро ба мартабаи эшон ки расонад
ва яди улё ба яди суфло чї монад? Набинї, ки њаќ љалла ва ало дар
муњками танзил аз наими ањли бињишт хабар медињад, ки улоиќа лањум
ризќун маълум (онњоро ризќе муайян бошад). То бидонї, ки машѓули
кафоф аз давлати афоф мањрум аст мулки фароѓат зери нигини ризќи
маълум.
Ташнагонро намояд андар хоб
Њама олам ба чашм чашмаи об.

Њоли, ки ман ин сухан бигуфтам, инони тоќати дарвеш аз дасти


тањаммул бирафт, теѓи забон баркашид ва бар ман давонид ва асби
фасоњат дар майдони ваќоњат љањонид ва гуфт:
- Чандон муболиѓа дар васфи эшон бикардї ва суханњои парешон
бигуфтї, ки вањм тасаввур кунад, ки тарёканд ё калиди хизонаи арзоќ,
муште мутакаббири маѓрур, муљиби манфури муштаѓили молу неъмат,
мутафаннини љоњу сарват, ки сухан нагўянд илло ба сафоњату назар
накунанд илло ба кароњат: уламоро ба гадои мансуб кунанду фуќароро
ба бесарупои маъюб гардонанд ва ба иззати моле, ки доранду иззате
чоње, ки пиндоранд, бартари њама нишинанд. Ва худро бењтар аз њама
бинанд. Ва на он дар сар доранд, ки сар ба касе бароранд, бехабар аз
ќавли њукамо, ки гуфтаанд: «њар кї ба тоат аз дигарон кам асту ба
неъмат беш, ба сурат тавонгар асту ба маъни дарвеш».

Гар бењунар ба мол кунад кибр бар њаким,


Куни хараш шумор вагар гови анбар аст!

Гуфтам:
- Мазаммати эшон раво мадор, ки худованди караманд!
Гуфт:
- ѓалат гуфтї, ки бандаи дираманд. Чї фоида, чун абри озоранду
намеборанд ва чашмаи офтобанду бар кас наметобанд, бар маркаби
иститоат саворанду намеронанд ва ќадаме бањри худо нанињанду дираме
бе ману изо надињанд. Моле ба машаќќат фароњам оранду ба њиссат
нигањ доранду ба њасрат бигузоранд, чунон ки њакимон гўянд: «Сими
бахил аз хок ваќте барояд, ки вай дар хок равад!».

Ба ранљу саъй касе неъмате ба љанг орад,


Дигар кас ояду бе саъю ранљ бардорад!

Гуфтамаш:
- Бар бухли худовандони неъмат вуќуф наёфтаї илло ба иллати
гадої, вагарна њар ки тамаъ як су нињад, кариму бахилаш яке намояд.
Мањак донад, ки зар чисту гадо донад, ки мумсик кист.
Гуфто:
- Ба таљрибат он њамегўям, ки мутааллиќон бар дар бидоранд,
ѓализони шадид баргуморанд, то бори азизон надињанд ва даст бар
синаи соњибтамизон нанињанд ва гўянд: «Кас ин љо-дар нест!» Ва рост
гуфта бошанд.
Онро, ки аќлу њиммату тадбиру рой нест,
Хуш гуфт пардадор, ки кас дар сарой нест.

Гуфтам:
- Ба узри он ки аз дасти мутаваќќеон ба љон омадаанд ва аз руќъаи
гадоён ба фиѓон ва муњоли аќл аст, агар реги биёбон дур шавад, ки
чашми гадоён пур шавад!

Дидаи ањли тамаъ ба неъмати дунё


Пур нашавад, њамчунон ки чоњ ба шабнам.

Њар куљо сахтикашидае, талхидидаеро бинї, худро ба шарањ дар


корњои махуф андозад ва аз авобиќи он напарњезад ва аз уќубати эзид
нањаросад ва њалол аз њаром нашиносад.
Сагеро гар кулухе бар сар ояд.
Зи шодї барљањад, к-ин устухонест.
В-агар наъше ду кас бар дўш гиранд,
Лаим-ут-табъ пиндорад, ки хонест.
Аммо соњиби неъмати дуне ба айни ин инояти њаќ малњузаст ва ба
њалол аз њаром мањфуз. Ман њамоно, ки таќрири ин сухан накардам ва
бурњону баён наовардам, инсоф аз ту таваќќуъ дорам, њаргиз дидаї,
дасти дуое бар китф баста ё бенавое ба зиндон дарнишаста ё пардаи
маъсуме дарида ё кафе аз миъсам бурида, илло ба иллати дарвеши
шермандоно ба њукми зарурат дар наќбњо гирифтаанду каъбњо суфта. Ва
муњтамал аст он, ки якеро аз дарвешон нафси аммора талабкунад, чу
ќуввати эњсонаш набошад, ба исён мубтало гардад, ки батну фарљ
тавъаманд, яъне ду фарзанд дар як шикаманд. Модом ки ин яке
барљояст, он дигар барпояст. Шунидам, ки дарвешеро бо њадасе бар
хабасї гирифтанд. Бо он ки шармсори бурд, бими сангсорї буд. Гуфт:
- Эй мусулмонон, ќувват надорам, ки зан кунам ва тоќќат на, ки
сабр кунам, чї кунам? Ло рањбанията фи-л-ислом (дар ислом роњибият
набошад).
Ва аз љумлаи мавољиби сукун ва љамъияти дарун, ки мар
тавонгарро муяссар мешавад, яке он ки њар шаб санаме дар бар гирад,
ки њар рўз бад-ў љавонї аз сар гирад. Субњи тобонро даст аз сабоњати ў
бар дилу сарви хиромонро пой аз хиљолати ў дар гил:

Ба хуни азизон фурў бурда чанг,


Сарангуштњо карда уннобранг.

Муњол аст, ки бо њусни талъати ў гирди маноњї гардад ё ќасди


табоњи кунад.
Диле, ки њури бихиштї рабуду яѓмо кард,
Кай илтифот кунад бар бутони ягмої?

Аѓлаб тињидастон домани исмат ба маъсият олоянд ва гуруснагон


нон рабоянд.
Чун саги дарранда гўшт ёфт, напурсад,
К-ин шутури Солех аст ё хари Даљљол.

Чи моя мастурон ба иллати дарвеши дар айни фасод афтода ва


ирзи гиромї ба боди зиштномї дода.

Бо турснагї ќуввати парњез намонад,


Ифлос инон аз кафи таќво биситонад.

Ва он чї гуфтї дар ба рўи мискинон мебанданд, Њотами Той, ки


биёбоннишин буд, агар шањрї будї, аз љўши гадоён бечора шудї ва љома
бар ў поракардандї!
Гуфто:
- На, ки ман бар њоли эшон њасад мебарам!
Гуфтам:
- На, ки бар моли эшон њасрат мехўрї!
Мо дар ин гуфтору њар ду ба њам гирифтор, њароина байдаќе, ки
бирондї, ба дафъи он бикушидаме ва њар шоње, ки бихондї, ба фарзандї
бипайвастеме, то наќди ќисаи њиммат дарбохт ва тири љабъаи њуљљат
њама бияндохт.

Хон, то сипар наяфканї аз њамлаи фасењ,


К-ўро ба љуз муболиѓаи мустаор нест,
В-ин дузди маърифат, ки сухандони саљъгўй.
Бар дар силоњ дораду кас дар хисор нест.
То оќибатуламр далелаш намонд, залилаш кардам. Дасти таади
дароз карду бухудагуфтан оѓоз. Ва суннати љоњилон аст, ки чун бадалел
аз хасм фурў монанд, силсилаи хусумат биљунбонанд чун Озари
буттарош, ки ба њуљљат бо писар барнаёмад, ба чангаш бархост, ки ла ин
лам тантањи ла арљуманнака (агар бас накунї, сангсорат кунам).
Дашном дод, саќаташ гуфтам, гиребонам дарид, занањдонаш
гирифтам.
Ў дар ману ман дар ў фитода,
Халќ аз паи мо давону хандон.
Ангушту тааљуби љањоне
Аз гуфту шуниди мо ба дандон.

Алќисса, мурофиаи ин сухан пеши ќози бурдему ба њукумати адл


розї шудем, то њоким мусулмонон маслињате биљўяду миёни таонгарону
дарвешон фарќе бигўяд. Ќози чун њолати мо бидиду мантиќи мо
бишунид, сар ба љайби тафаккур фурў бурду пас аз таамули бисёр сар
баровард ва гуфт:
- Эй он, ки тавонгаронро сано гуфтї, бар дарвешон љафо раво
доштї, бидон, ки њар куљо, ки гул аст, хор асту бо хамр њумор аст ва бар
сари ганљ мор аст ва он љо, ки дури шоњвор аст, нањанги мардумхор аст,
лаззати айши дунёро ладѓаи аљал дар пеш аст ва наими бињиштро
девори макорењ дар пеш.

Љаври душман чи кунад, гар накушад толиби дўст,


Ганљу мору гулу хору ѓаму шодди бањаманд.

Назар накунї дар бўстон, ки бедмушк асту чўби хушк, њамчунин


дар зумраи тавонгарон шокиранду кафур ва дар њалкаи дарвешон
собиранду заљур.

Агар жола њар ќатрае дур шудї,


Чу њармўњра бозор аз ў пур шудї.

Муќаррабони њаќ љалла ва ало тавонгаронанд дарвешсират ва


дарвешонанд тавонгарњиммат. Ва мањини тавонгарон он аст, ки ѓамии
дарвеш хўрад ва бењини дарвешон он аст, ки ками тавонгар гирад.
Пас рўи итоб аз ман ба љониби дарвеш овард ва гуфт:
- Эй, ки гуфтї: тавонгарон муштаѓиланду соњї ва масти малоњии
ниами тоифае њастанд. Бар ин сифат, ки баён кардї косињиммат,
кофирнеъмат, ки бибаранду бинињанд ва нахўранду надињанд вагар, ба
масал, борон биборад ё тўфон љањон бардорад, ба эътимоди мукнати
хеш аз мењнати дарвеш напурсанду аз худои азза ва љалла натарсанд ва
гўянд:
Гар аз нестї дигаре шуд њалок,
Маро њаст, батро зи туфон чї бок?
***
Дунон чу гилеми хеш берун бурданд,
Гўянд: чї ѓам, гар њама олам мурданд!

Ќавме бар ин намат, ки шунидї ва тоифае хони неъмат нињода ва


дасти карам кушода, толиби номанду маърифат ва соњиби дунёву
охират чун бандагони њазрати подшоњи олам одил, муайиди музаффару
мансур, молики азминаи аном, њомии суѓури ислом, вориси мулки
Сулаймон, аъдали мулуки замон, музаффаруддунё ва-д-дин Атобак
Абубакр ибни Саъд ибни Зангї.

Падар ба љои писар њаргиз ин карам накунад,


Ки дасти људи ту бо хонадони одам кард.
Худой хост, ки бар оламе бубахшоянд,
Туро ба рањмати худ подшоњи олам кард.

Ќози чун сухан бад-ин ѓоят расонид ва аз- њадди ќиёси мо асби
муболиѓа даргузаронид, ба муќтазои хњукми ќазо ризо додему аз момазо
даргузаштем ва баъд аз мољаро тариќи мадоро гирифтем ва сар ба
тадорук бар ќадами якдигар нињодем ва бўса бар сару рўи њам додему
хатми сухан бар ин буд:

Макун зи гардиши гетї шикоят, эй дарвеш,


Ки тирабахтї, агар њам бар ин насак мурдї!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат њаст,
Бихўр, бубахш, ки дунёву охират бурдї!

ДАР ОДОБИ СУХБАТ


Мол аз бањри осоиши умр аст, на умр аз бањри гирд кардани мол!
Оќилеро пурсидаанд:
- Некбахт кисту бадбахт чист?
Гуфт:
- Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду њишт!
Макун намоз бар он њељ кас, ки њељ накард,
Ки умр дар сари тањсили мол карду нахўрд.

***
Мўсо, алайњиссалом Корунро насињат кард, ки «Уњсин камо
ањсана-л-лоњу илайка» (некї кун, чунон ки худо ба ту некї кардааст)
нашунид ва оќибаташ шунидї.

Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндўхт,


Сар оќибат андар сари динору дирам кард.
Хоњї, мутаматтуъ шавї аз дунъиву уќбо,
Бо халќ карам кун, чи худо бо ту карам кард.
Араб гўяд: «људ вало таманнан, фа Инна-л-фоидата илайка
оидатун» (саховат кун ва миннат магузор, зеро нафъаш ба ту бозгардад).
Яъне бубахшу миннат манењ, ки нафъи он ба ту бозмегардад.

Дарахти карам њар куљо бех кард,


Гузашт аз фалак шоху болои ў.
Гар уммедворї, к-аз ў бар хўрї,
Ба миннат манењ арра бар пои ў.

***
Шукри худой кун, муваффаќ шудї ба хайр,
З-инъому фазли худ на маътал гузоштат.
Миннат манењ, ки хидмати султон куни њаме,
Миннат шинос аз ў, ки ба хидмат бидоштат.

ЊИКОЯТ
Ду кас ранљи бењуда бурданд ва саъи бефоида караданд: яке он, ки
андухту нахўрд ва дигаре он, ки омўхту (амал) накард.

Илм чандон, ки бештар хонї,


Чун амал дар ту нест, нодонї.
На муњаќќиќ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ў китобе чанд.
Он тињимаѓзро чї илму хабар,
Ки бар ў њезум аст ё дафтар?

ПАНД
Илм аз бањри дин парвардан аст, на аз бањри дунё хурдан!

Њар кї парњезу илму зуњд фурўхт,


Хирмане гирд карду пок бисўхт.

ЊИКМАТ
Олими нопарњезгор кўри машъалдор аст.

Бефоида њар ки умр дарбохт,


Чизе нахариду зар бияндохт.

Мулк аз хирадмандон љамол гирад ва дин аз парњезгорон камол


ёбад. Подшоњон ба сўњбати хирадмандон аз он муњтољтаранд, ки
хирадмандон ба курбати подшоњон.

Пандам агар бишнавї, эй подшоњ,


Дар њама олам бењ аз ин панд нест.
Љуз ба хирадманд мафармо амал,
Гарчи амал кори хирадманд нест.

НУКТА
Се чиз пойдор намонад: мол бе тиљорату илм бе тиљора илм бе бањс
ва мулк бе сиёсат.
ПАНД
Рањм овардан бар бадон, ситам аст бар некон ва афв кардан аз
золимон, љавр аст бар дарвешон!

Хабисро чу таањњуд кунию бинвозї,


Ба давлати ту нигањ мекунад ба анбозї.

ПАНД
Бар дўстии подшоњон эътимод натавон карду на бар овози хушу
кўдакон, ки он ба хаёле мубаддал шавад ва ин ба хобе мутаѓйир гардад.

Маъшуќи њазордўстро дил надињї


В-ар медињї, он дил ба људої бинињї!

ПАНД

Њар он сирре, ки дорї, бо дўст дар миён манењ, чї донї, ки ваќте


душман гардад ва њар газанде, ки тавонї, ба душман марасон, ки бошад,
ки ваќте дўст шавад!
Роз, ки нињон хоњї, бо кас дар миён манењ, вагарчи дўст мухлис
бошад, ки мар он дўстро дўстони мухлис бошанд, њамчунин мусалсал.

Хомўшї бењ, ки замири дили хеш


Бо касе гуфтану гуфтан, ки «Магўй!»
Эй салим, об зи сарчашма бубанд,
Ки чу пур шуд, натавон бастан љўй.
***
Ваќте ба лутфи гўву мудорову мардумї,
Бошад, ки дар каманди ќабул оварї диле.
Ваќте ба ќањр гўї, ки сад кузаи набот
Гањ-гањ чунон ба кор наёяд, ки њанзале.
***
Сухане дар нињон набояд гуфт,
Ки бар анљуман нашояд гуфт.

НУКТА
Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дўсти намояд, маќсуди вай љуз
он нест, ки душмани ќавї гардад ва гуфтаанд: бар дўстии дўстон
эътимод нест, то ба тамаллуќи душманон чї расад. Ва њар кї душмани
кўчакро њаќир медорад, бад-он монад, ки оташи андакро мўхмал
мегузорад!
Имрўз бикуш, чу метавон кушт,
К-оташ чу баланд шуд, љањон сўхт.
Магзор, ки зењ кунад камонро
Душман, ки ба тир метавон дўхт!

ЊИКМАТ
Сухан миёни ду душман чунон гуй, ки агар дуст гарданд, шармзада
нашавї!
Миёни ду касс чанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт хезумкаш аст!
Кунанд ину он хуш дигар бора дил,
Вай андар миён кўрбахту хичил!
Миёни ду тан оташ афрўхтан,
На акл асту худ дар миён сухтан!

***
Дар Сухан бо дустон охиста бош,
То надорад душмани хунхор гўш!
Пеши девор он чи гўї, хуш дор,
То набошад дар паси девор гўш!

ЊИКМАТ
Њар ки бо душманон сулњ кунад, сари озори дўстон дорад.

Бишўй, эй хирадманд, аз он дўст даст,


Ки бо душманонат бувад њамнишаст.

ПАНД
Чун дар имзои коре мутараддид бошї, он тараф ихтиёр кун, ки
беозортар барояд.
Бо мардуми сањлхўй душхор магўй,
Бо ин кї дари сулњ занад, љанг маљўй!

То кор ба зар бармеояд, љон дар хатар афкандан нашояд!


Чу даст аз њама хилате даргусаст,
Њалол аст бурдан ба шамшер даст.

ПАНД
Бар аљзи душман рањмат макун, ки агар ќодир шавад, бар ту
набахшояд.
Душман чу бинї нотавон, лоф аз бурути худ мазан,
Маѓзест дар њар устухонам, мардест дар њар пирањан.
НУКТА

Њар кї бадеро бикушад, халќро аз балои ў бирањонад ва ўро аз


азоби худой.
Писандида (а)ст бахшоиш , валекин
Манењ бар реши халќозор марњам!
Надонист, он кї рањмат кард бар мор,
Ки он зулм аст бар фарзанди одам!

ЊИКМАТ
Насињат аз душман пазируфтан хатост, валекин шунидан равост, то
ба хилофи он кор кунї, ки айни савоб аст:

Њазар кун, з-он чи душман гўяд: «Он кун!»


Ки бар зону занї дасти таѓобун.
Гарат роње намояд рост чун тир,
Аз ў баргарду роњи дасти чап гир!

ЊИКМАТ
Хашм беш аз њад гирифтан, вањшат орад ва лутфи беваќт њайбат
бибарад. На чандон дуруштї кун, ки аз ту сер гарданд ва на чандон
нармї, ки бар ту далер шаванд.

Дуруштию нармї ба њам-дар бех аст,


Чу раѓзан, љарроњу марњамнењ аст.
Дуруштї нагирад хирадманд пеш,
На сустї, ки нозил кунад ќадри хеш.
На мар хештанро фузунї нињад,
На якбора тан дар мазалат дињад.

***
Шубоне бо падар гуфт: «Эй хирадманд,
Маро таълим дењ пирона як панд!»
Бигуфто: «Некмардї кун на чандон,
Ки гардад чира гурги тездандон!

ЊИКМАТ
Ду кас душмани мулку динанд: подшоњи бењилму зоњиди беилм!

Бар сари мулк мабод он малик фармондењ,


Ки худро набувад бандаи фармонбардор
Туро бо чунин гармию саркашї.
Напиндорам, аз хокї, аз оташї?!

***
Дар хоки Байлаќон бирасидам ба обиде,
Гуфтам: «Маро ба тарбият аз љањл пок кун!»
Гуфто: «Бирав, чу хок тањаммул кун, эй фаќењ,
Ё њар чї хондаї, њама дар зери хок кун!»

ЊИКМАТ
Бадхўй дар дасти душмане гирифтор аст, ки њар куљо равад, аз
чанги уќубати ў халосї наёбад.

Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхўй,


Зи дасти хўи бади хеш дар бало бошад.

ПАНД
Чу бинї, ки дар сипоњи душман тафриќа афтодааст, ту љамъ бош.
Вагар љамъ шаванд, аз парешони андеша кун.

Бирав, бо дўстон осуда биншин,


Чу бинї дар миёни душманон љанг.
Вагар бинї, ки бо њам якзабонанд,
Камонро зењ куну бар бора бар санг!

НУКТА
Душман чу аз њама хилате фурў монад, силсилаи дўстї биљунбонад,
пас он гањ ба дўсти корњое кунад, ки њељ душман натавонад!
Сари мор ба дасти душман бикўб, ки аз ињдо-л-њасанайн (яке аз ду
њасанот) холї набошад: агар ин ѓолиб омад, мор куштї в-агар он аз
душман растї.
Ба рўзи маърака эмин машав зи хасми заиф,
Ки маѓзи шер барорад, чу дил зи љон бардошт!

ЊИКМАТ
Хабаре, ки донї, диле биёзорад, ту хомўш (бош), то дигаре биёрад.

Булбуло, муждан бањор биёр,


Хабари бад ба бум бозгузор.

ПАНД
Подшахро бар хиёнати кассе вокиф магардон, магар он ки бар
кабули кулли восик боши, вагарна дар халоки хеш хамекўшї.

Басичи Сухан гуфтан он гах кун,


Ки донї, ки дар кор гирад сукун.

ЊИКМАТ
Њар ки насињати худраъй мекунад, худ ба насињатгарї муњтољ аст.
Фиреби душман махўру ѓурури маддоњ мањар, ки ин доми зарк
нињодааст ва он домани тамаъ кушода. Ањмаќро ситоиш хуш ояд, чун
лоша, ки дар каъбаш дамї, фарбењ намояд.

Ало, то нашнавї мадњи сухангўй,


Ки андакмоя нафъе аз ту дорад,
Ки гар рўзе муродаш барнаёрї,
Дусадчандон уюбат баршуморад.

Мутакаллимро то касе айб нагирад, суханаш салоњ напазирад!

Машав ѓарра бар њусни гуфтори хеш,


Ба тањсини нодону пиндори хеш.

НУКТА
Њама касро аќли худ бакамол намояд ва фарзанди худ баљамол.

Яке љуњуду мусулмон низоъ мекарданд


Чунон ки ханда гирифт ва њадиси эшонам.
Ба тира гуфт мусулмон: «Гар ин иќболи ман
Дуруст нест, худоё љуњуд миронам!»
Љуњуд гуфт: «Ба «Таврот» мехўрам савганд
В-агар хилоф кунам, њамчу ту мусулмонам!»
Гар аз басити замин аќл мунъадим гардад,
Ба худ гумон набарад њељ кас, ки нодонам.

ЊИКМАТ
Дањ одамї бар суфрае бихўранду ду саг бар мурдоре бо њам ба сар
набаранд. Њарис бо љањоне гурусна аст ва ќонеъ ба ноне сер. Њукамо
гуфтаанд: «Тавонгарї ба ќаноат бењ аз тавонгарї бо бизоат!

Рўдаи танг ба як нони тињї пур гардад,


Неъмати рўи замин пур накунад дидаи танг!
***
Падар чун даври умраш мунќазї гашт,
Маро ман як насињат карду бигзашт,
Ки шањват оташ аст, аз вай бипарњез,
Ба худ-бар оташи дўзах макун тез,
Дар он оташ надорї тоќати сўз,
Ба сабр обе бар ин оташ зан имрўз.

ЊИКМАТ
Њар кї дар њоли тавоної накуї накунад, дар ваќти нотавонї сахтї
бинад.
Бадахтартар аз мардумозор нест,
Ки рўзи мусибат касаш ёр нест.
НУКТА
Њар чї зуд барояд, дер напояд.

Хоки Машриќ, шунидаам, ки кунад


Ба чињил сол косае чинї.
Сад ба рўзе кунанд дар Мардашт,
Лољарам ќиматаш њамебинї.

***
Мурѓак аз байза бурун ояду рўзи талабад,
В-одамибачча надорад хабар аз аќлу тамиз,
Он кї ногоњ касе гашт, ба чизе нарасид,
В-ин ба тамкини фазилат бигузашт аз њама чиз.
Обгина њама љо ёбї, аз он ќадраш нест,
Лаъл душвор ба даст ояд, аз он аст азиз.

ЊИКМАТ
Корњо ба сабр барояду мустаъљил ба сар дарояд.

Ба чашми хеш дидам дар биёбон,


Ки оњиста сабак бурд аз шитобон.
Саманди бодпой аз так фурў монд,
Љавзи бемаѓзро сабукборї.

***
Хареро аблање таълим медод,
Бар ў-бар сарф кардї саъй доим.
Њакиме гуфташ: «Эй нодон, чї кўшї,
Дар ин савдо битарс аз лавми лоим!».
Наёмузад бањоим аз ту гуфтор,
Ту хомўшї биёмўз аз бањоим.

***
Њар ки таамул накунад дар љавоб,
Бештар ояд суханаш носавоб.

Ё сухан орои чу мардум ба њуш!


Ё бинишин чун њаявонон хамўш!

Њар ки бо донотар аз худ бањс кунад, то бидонанд, ки доност,


бидонанд, ки нодон аст.

Чун дарояд бењ аз туе ба сухун,


Гарчи бењ донї, эътироз макун.
ПАНД
Њар ки бо бадон нишинад, некї набинад.

Гар нишинад фариштае бо дев,


Вањшат омузаду хиёнату рев.
Аз бадон некўї наёмузї,
Накунад гург пустиндўзї.

ЊИКМАТ
Мардумонро айби нињони пайдо макун, ки мар эшонро расво
кунию худро беътимод. Њар ки илм хонду амал накард, бад-он монад, ки
гов ронду тухм наяфшонд.
Аз тани бедил тоат наёяд ва пусти бемаѓз бизоатро нашояд.

Бас ќомати хуш, ки зери чодар бошад,


Чун боз кунї, модари модар бошад.

НУКТА
Агар шабњо њама ќадр будї, шаби ќадр беќадр будї!

Гар санг њама лаъли Бадахшон будї,


Пас ќимати лаълу санг яксон будї.

ЊИКМАТ
На њар кї ба сурат некўст, сирати зебо дар ўст. Кор андарун дорад
на пўст!

Тавон шинохт ба як рўз дар шамоили мард.


Ки то куљош расидаст пойгоњи улум.
Вале зи ботинаш эман мабошу ѓарра машав,
Ки хусби нафс нагардад ба солњо маълум.

ЊИКМАТ
Њар ки бо бузургон ситезад, хуни худ резад.

Хештанро бузург пиндорї


Рост гуфтанд: як ду бинад луч.
Зуд бини шикаста пешонї,
Ту, ки бозї кунї ба сар бо кўч.

ЊИКМАТ
Панља бо шер задану мушт бар шамшер кори хирадмандон нест.

Љангу зўроварї макун бо маст,


Пеши сарпанља дар баѓал нењдаст
ЊИКМАТ
Заифе, ки бо ќави диловарї кунад, ёри душман аст дар њалоки хеш.

Сояпарвардаро чї тоќати он,


Ки равад бо муборизон ба китол.
Сустбозу ба љањл мефиканад
Панља бо марди оњанинчангол.

ПАНД
Бењунарон њунармандро натавонанд, ки бинанд, њамчунон ки
сагони бозори саги сайдро машѓала бароранд ва пеш омадан наёранд,
яъне сифла чун њунар бо касе барнаёяд, ба хубсаш дар пустин афтад.

Кунад њароина ѓайбат њасуди кўтањдаст,


Ки дар муќобила гунгаш бувад забони маќол.

ЊИКОЯТ
Гар љаври шикам нестї, њељ мурѓ дар доми сайёд наюфтодї, балки
сайёд худ дом нанињодї. Њакимон дер- дер хўранду обидон нимсер ва
зоњидон сади рамаќу љавонон то табак баргиранду пирон то араќ
бикунанд. Аммо ќаландарон чандон ки дар меъда љои нафас намонад ва
бар суфра рўзии кас.

Асири банди шикамро ду шаб нагирад хоб,


Шабе зи меъдаи сангин, шабе зи дилтангї.

НУКТА
Машварат бо занон табоњ асту саховат бо муфсидон гуноњ!

НУКТА
Њар киро душман пеш аст,агар накушад, душмани хеш аст!
Санг бар дасту мор сар бар санг,
Тирарои бувад ќиёсу даранг!

Ва гурўње ба хилофи ин маслињат диданду гуфтанд, ки дар


куштани бандиён таамул авлитар аст ба њукми он, ки то ихтиёр боќист,
тавон кушту тавон бахшид. Вагар бе таамул кушта шавад, муњтамал
аст, ки маслињате фавт шавад, ки тадоруки мисли он мумтанеъ бошад.

Нек сањл аст зинда бељон кард,


Куштаро боз зинда натвон кард.
Шарти аќл аст сабри тирандоз,
Ки чу рафт аз камон наёяд боз.
ЊИКМАТ
Њакиме, ки бо љуњњол дарафтод, таваќќўи иззат надорад ва агар
љоњиле ба забоноварї бар њакиме ѓолиб ояд, аљаб нест, ки сангест, ки
гавњар њамешиканад.

На аљаб, гар фурў равад нафасаш


Андалебе, ѓуроб њамќафасаш.

***
Гар њунарманд аз авбош љафое бинад,
То дили хеш наёзораду дарњам нашавад.
Санги бадгавњар агар косаи зарин бишикаст,
Ќимати санг наёфзояду зар кам нашавад.

ЊИКМАТ
Хирадмандеро, ки дар зумраи аљлоф сухан бубанданд, шигифт
мадор, ки овози барбат бо ѓалабаи дуњул барнаёяд ва бўи абир аз Ганди
сир фурў монад.
Баландовоз нодон гардан афрохт,
Ки доноро ба бешармї бияндохт.
Намедонад, ки оњанги њиљозї
Фуру монад зи бонги табли ѓозї.

НУКТА
Љавњар агар дар њалоб афтад, њамон нафис асту нубор агар бар
фалак расад, њамон хасис!
Истеъдод бе тарбият дареѓ асту тарбияти номустаад зоеъ. Хокистар
насабе олї дорад, ки оташи љавњари улвияст, валекин чун ба нафси худ
њунаре надорад, бо хок баробар аст ва ќимати шакар на аз най аст, ки он
худ хосияти вай аст.

Чу Канъонро табиат бењунар буд,


Паямбарзодагї ќадраш наяфзуд.
Њунар бинмой, агар дорї, на гавњар,
Гул аз хор асту Иброњим аз Озар.

ЊИКМАТ
Мушк он аст, ки (худ) бибўяд, на он ки аттор бигўяд. Доно чу
таблаи аттор аст хомўшу њунарнамої ва нодон чу табли ѓозї
баландовозу миёнтињї.

Олим андар миёни љоњилро


Масале гуфтаанд сиддиќон:
Шоњиде дар миёни кўрон аст,
Мусњафе дар сарои зиндиќон.
ЊИКМАТ
Дўстро ба умре фарочанг оранд, нашояд, ки ба як дам биёзоранд.

Санге ба чанд сол шавад лаълпорае.


Зинњор, то ба як нафасаш нашканї ба санг.

ПАНД
Аќл дар дасти нафс чунон гирифтор аст, ки марди ољиз зан
ногузир.
Рои беќувват макру фусун аст ва ќуввати берой љањлу чунун!

Тамиз бояду тадбиру аќл в-он гањ мулк,


Ки мулку давлати нодон салоњи љанги худост.

ПАНД
Љавонмарде, ки бихўраду бидињад бењ аз обиде, ки рўза дораду
бинињад. Њар кї тарки шахњоват аз бањри ќабули халќ додаст, аз
шањватењалол дар шањвате њаром афтода аст.

Обид, ки на аз бањри худо гуша нишинад,


Бечора дар оинаи торик чи бинад?

ЊИКМАТ
Андак-андак хеле шавад ва ќатра-ќатра селе гардад, яъне онон, ки
дасти ќувват надоранд, санги хўрда нигањ доранд, то ба ваќти фурсат
димор аз димоѓи золим бароранд.

Андак-андак ба њам шавад бисёр,


Дон-донаст ѓалла дар анбор.

Олимро нашояд, ки сафоњат аз оми ба њилм даргузаронад, ки њар


ду тарафро зиён дорад: њайбати ин кам шаваду љањли он мустањкам.

Чу бо сифла гўи ба лутфу хушї,


Фузун гардадаш кибру гарданкашї.

Маъсият аз њар ки содир шавад, нописандидааст ва аз уламо


нохубтар, ки илм силоњи љанги шайтон аст ва худованди силоњро чун ба
асирї баранд, шармсорї беш барад.

Оми нодони парешонрўзгор,


Бењ зи донишманди нопарњезгор.
К-он ба нобинои аз роњ ўфтод.
В-ин ду чашмаш буду дар њар чоњ ўфтод.
ЊИКМАТ
Љон дар њимояти як дам асту дунё вуљуде миёни ду адам.
Дин ба дунёфурўшон харанд, Юсуф бифўрушанд, то чї харанд.

Ба ќавли душман паймони дўст бишкастї.


Бубин, ки аз ки буридию бо кї пайвастї!

ЊИКМАТ
Шайтон бар мухлисон барнамеояд ва султон бо муфлисон.

Вомаш мадењ он ки бенамоз аст,


Гарчи дањанаш зи фоќа боз аст.
К-ў фарзи худо намегузорад,
Аз ќарзи ту низ ѓам надорад.

НУКТА
Њар кї дар зиндагонї нонаш нахўранд, чун бимирад, номаш
набаранд.
Лаззати ангур бева донад, на худованди мева. Юсуфи Сиддиќ,
алайњиссалом, дар хушксоли Миср сер нахўрдї, то гуруснагон фаромўш
накунад.
Он ки дар роњату танаъум зист,
Ў чї донад, ки њоли гурусна чист?
Њоли дармондагон касе донад,
Ки ба ањволи хеш дармонад.

Эй, ки дар маркаби тозанда саворї, хуш дор,


Ки хари хоркаши сўхта дар обу гил аст.
Оташ аз хонаи њамсояи дарвеш махоњ,
К-он чї бар равзани ў мегузарад, дуди дил аст.

ЊИКМАТ
Дарвеши заифњолро дар хушкии тангсол мапурс, ки «чунї?» илло ба
шарти он, ки марњами решаш бинињї ва маълуме пешаш.

Харе, ки биниву боре ба гил дарафтода,


Ба дил барў шафаќќат кун, вале марав ба сараш.
Кунун, ки рафтию пурсидияш, ки чун афтод,
Миён бубанду чун мардон бигир думби хараш.

ЊИКМАТ
Ду чиз муњоли аќл аст: хўрдани беш аз ризќи маќсум ва мурдан пеш аз
ваќти маълум.
Ќазо дигар нашавад в-ар њазор нолаву оњ
Ба куфр ё ба шикоят аз дањане.
Фариштае, ки вакил аст бар хазоини бод,
Чи ѓам хўрад, ки бимирад чароѓи бевазане.

ЊИКМАТ
Эй толиби рўзи, бинишин, ки бихўрї ва, эй матлуби аљал, марав, ки
љон нобарї!
Љахди ризќ ар кунї в-агар накунї,
Бирасонад худои азза ва љал.
В-ар равї дар дањони шеру паланг,
Нахўрандат магар ба рўзи аљал.

ПАНД
Сайёд бе рўзї дар Даљла моњї нагирад ва моњї бе аљал дар хушк
намирад.
Мискин њарис дар њама олам њамеравад,
Ў дар ќазои ризќу аљал дар ќафои ў.

НУКТА
Тавонгари фосиќ кулўхї зарандуд асту дарвеши боз шоњиди
хоколуд. Ин далќи Мўсост-мураќќаъ ва он ризќи Фиръавн-мурассаъ.
Шиддати некон рўй дар фараљ дорад ва давлати бад сар дар нишеб.
Њар киро љоњу давлат аст, бад-он
Хотире хаста дарнахоњад ёфт.
Хабараш дењ, ки њељ давлату љоњ,
Ба сарон дигар нахоњад ёфт.

ЊИКМАТ
Њасуд аз неъмати њаќ бахил асту бандаи бегуноњро душман
медорад.
Мардаке хушкмаѓзро дидам
Рафта дар пўстини соњибљоњ,
Гуфтам: «Эй хоља, гар ту бадбахтї,
Мардуми некбахтро чї гуноњ?»

***

Ало, то нахоњї бало бар њасуд,


Ки он бахтбаргашта худ дар балост.
Чї њољат, ки бо ў кунї душманї,
Ки ўро чунин душмане дар ќафост

ЊИКМАТ
Талмизи беиродат ошиќи безар асту равандаи бемаърифат мурѓи
бепар ва олими беамал дарахти бебару зоњиди беилм хонаи бедар.
Мурод аз нузули «ќуръон» тањсили сирати хуб аст на тартили сураи
мактуб.
Омин мутааббид пиёда рафтаасту олими мутањовин вора хуфта.
Осие, ки даст (ба) бар дорад бењ аз обид, ки кибр дар Сар дорад.

Сарњанги латифхўи дилдор


Бењтар зи фаќењи мардумозор.

НУКТА
Якеро гуфтаанд: «Олими беамал ба чї монад?» Гуфт: «Ба занбўри
беасал!»
Занбўри дурушти бемурувватро гўй:
«Боре чу асал намедињї, неш мазан!»

ЊИКМАТ
Марди бемурувват за насту обиди ботамаъ рањзан!

Эй, ба солус карда љома сапед


Бањри пиндори халќу љома сиёњ,
Даст кўтоњ бояд аз дуньё,
Остини худ дарозу худ кўтоњ.

ЊИКМАТ
Бу касро њасрат аз дил нараваду пои таѓобун аз гил барнаёяд:
тољири кишитишикаставу вориси бо ќаландарон нишаста.

Пеши дарвешон бувад хунат мубоњ,


Гар набошад дар миён молат сабил.
Ё марав бо ёри азраќпирањан,
Ё бикаш бар хонумон ангушти нил.
Дўсти бо пилбонон ё макун,
Ё талаб кун хонае дархурди пил!

ЊИКМАТ
Хилъати султон агарчи азиз аст, љомаи хулќони худ баиззаттар ва хони
бузургон агарчи лазиз аст, хурдаи анбони худ балаззаттар.

Сирка аз дастрранљи хешу тара


Бењтар аз нони дењхудову бара!

ПАНД
Хилофи роњи савоб асту акси раъи улулалбоб дору ба гумон хўрдан ва
роњи нодида бе корвон рафтан.
Имоми муршид Муњаммад Ѓазолиро пурсиданд: «Чї гунна расидї
бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бал-он ки њар чї надонистам, аз
пурсидани он нанг надоштам».
Умеди офият он гањ бувад мувофиќи аќл
Ки нафсро ба табиатшинос биномої.
Бипурс, њар чї надонї, ки зулли пурсидан
Далели роњи ту бошад, ба иззи доної!

ЊИКМАТ
Њар он чї донї, ки њароина маълуми ту гардад, ба пурсидани он
таъљил макун, ки њайбати салтанатро зиён дорад.

Чу Луќмон дид, к-андар дасти Довуд


Њаме оњан ба мўъљиз мум гардад,
Напурсидаш, чї месозї, ки донист.
Ки бе пурсиданаш маълум гардад.

НУКТА
Яке аз лавозими сўњбат он аст, ки хона бипардозї ё бо хонахудой
дарсозї.
Њикоят бар мизољи мустамеъ гўй,
Агар хоњї, ки дорад бо ту майле.
Њар он оќил, ки бо Маљнун нишинад,
Набояд карданаш љуз зикри Лайлї.

НУКТА
Њар ки бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ў асар
накунад, ба тариќати эшон муттањам гардад ва гар ба харобате равад ба
намоз кардан, мансуб шавад ба њамр хўрдан.

Раќам бар худ ба нодонї кашидї,


Ки нодонро ба сўњбат баргўзидї.
Талаб кардам зи донное яке панд,
Маро фармуд: бо нодон мапайванд,
Ки дар донои дањрї, хар бибошї.
Вагар нодонї, аблањтар бибошї.

ЊИКМАТ
Њилми шутур, чунон ки маълум аст, агар тифле мањолаш гирад ва
сад фарсанг барад, гардан аз мутоабаташ напечад. Аммо агар дарае
њавлнок пеш ояд, ки муљиби њалок бошад ва тифл он љо ба нодони хоњад
шудан, зимом аз кафаш даргусалонад ва њељаш мутоваат накунад, ки
њангоми дуруштї мулотифат дўст нагардад, балки тамаъ зиёдат кунад».
Касе, ки лутф кунад бо ту, хоки пояш бош
В-агар ситеза барад дар ту, чашмаш оган хок!
Сухан ба лутфу карам бо дуруштхўй магўй,
Ки зангхўрда нагардад ба нармсўњон пок!
ЊИКМАТ
Њар кї дар пеши сухани дигарон афтад, то мояи фазлаш бидонанд,
яќин, ки пояи љањлаш шиносанд.

Надињад марди хушманд љавоб,


Магар он гањ к-аз ў суол кунанд.
Гарчи барњаќ бувад мизољи сухан,
Њамли даъвеш бар муњол кунанд.

ЊИКОЯТ
Реше даруни љома доштам ва шайх њар рўз аз он бипурсидї, ки чун
аст ва напурсидї, ки куљост. Донистам, ки аз он эњтироз мекунад, ки
зикри њама узве раво набошад ва хирадмандон гуфтаанд: «њар кї (дар)
гуфтор сухан насанљад, аз љавобаш биранљад!».

То нек надонї, ки сухан айни савоб аст,


Бояд, ки ба гуфтан дањан аз њам накушої.
Гар рост сухан гўиву дар банд бимонї,
Бењ з-он ки дурўѓат дињад аз банд рањої!

ЊИКМАТ
Дурўѓ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар низ љароњат
дуруст шавад, нишон бимонад, чун бародарони Юсуф, ки ба дурўѓи
мавсум шуданд, ба рост гуфтани эшон эътимод намонд.

Якеро, ки одат бувад ростї,


Хатое равад, даргузаронад аз ў.
В-агар номвар шуд ба ќавли дурўѓ,
Дигар рост бовар надоранд аз ў.

ЊИКМАТ
Аљалли коинот аз рўи зоњир одамист ва аззали мављудот-саг. Ба
иттифоќи хирадмандон саги њаќшинос бењ аз одами носипос!

Сагеро луќмае њаргиз фаромўш


Нагардад, гар зани сад навбаташ санг.
В-агар умре навозї сифлаеро,
Ба камтар тундї ояд бо ту дар љанг.

НУКТА
Аз нафспарвар њунарвари наёяд ва бењунар сарвариро нашояд.
Макун рањм бар гови бисьёрхор,
Ки бисёрхусб аст бисёрхор,
Чу гов ар њаме боядат фарбењї.
Чу хар тан ба љаври касон дардињї!
ЊИКМАТ
Дар «Инљил» омадааст, ки «Эй фарзанди Одам, агар тавонгарї
дињамат, муштаѓил шавї ба мол аз ман ва гар дарвеш кунамат, тангдил
нишинї, пас њаловати зикри ман куљо дарёби ва ба ибодати ман кай
шитобї!»
Гањ андар неъмати маѓруру ѓофил,
Гањ андар тангдасти хаставу реш.
Чу дар саррову зарро њолат ин аст,
Надонам, кай ба њаќ пардозї аз хеш?

НУКТА
Иродати бечун якеро аз тахти шоњї фурў орад ва дигареро дар
шиками моњї накў дорад.

Ваќтест хуш онро, ки бувад зикри ту мунис,


В-ар худ бувад андар шиками њут чу Юнус.

ЊИКМАТ
Гар теѓи ќањр баркашад, набию вали сар даркашанд вагар ѓамзаи
лутф биљунбонад, бадон ба некон даррасонад.

Гар ба мањшар хитоби ќањр кунанд,


Анбиёро чї љои маъзарат аст.
Парда аз рўи лутф, гў, бардор,
К-ашќиёро умеди маѓфират аст.

ЊИКМАТ
Њар кї ба таъбиди дунё роњи савоб нагирад, ба таъзиби уќбо
гирифтор ояд.
Панд аст хитоби мењтарон, он гањ банд,
Чун панд дињанду нашнавї, банд нињанд.

НУКТА
Некбахтон ба њикояту амсоли пешиниён панд гиранд з-он пештар,
ки пасиниён ба воќиаи ў масал зананд ва дуздон даст кўтањ накунанд, то
дасташон кўтањ кунанд.

Наравад мурѓ сўи дона фароз,


Чун дигар мурѓ бинад андар банд.
Панд гир аз масоиби дигарон
То нагиранд дигарон зи ту панд.
ЊИКМАТ
Онро, ки гўши иродат гарон офаридаанд, чун кунад, ки бишнавад
онро, ки каманди саодат кашон мебарад, чї кунад, ки наравад.

Шаби торики дўстони худой


Мебитобад чу рўзи рахшанда,
В-ин саодат ба зўри бозу нест.
То набахшад худои бахшанда.

***
Аз ту ба кї нолам, ки дигар довар нест,
В-аз дасти ту њељ даст болотар нест,
Онро, ки ту рањбари, касе нум накунад.
В-онро, ки ту гум кунї, касе рањбар нест.

ЊИКМАТ
Гадои неканљом бењ аз подшоњи бадфарљом.

Ѓаме, к-аз паяш шодмонї барї,


Бењ аз шодие, к-аз пасаш ѓам хўрї.

ЊИКМАТ
Заминро аз осмон нисор аст ва осмонро аз замин ѓубор.

Гарат хўи ман омад носазовор,


Ту хўи неки хеш аз даст магзор.

НУКТА
Њаќ љалла ва ало мебинад ва мепўшад ва њамсоя намебинаду
мехурўшад.
Дўнон нахўранду гўш доранд,
Гўянд: умед бењ, ки хўрда.
Рўзе бинї ба коми душман
Зар мондану хоксор мурда.

ЊИКМАТ
Њар кї ба зердастон набахшояд, ба љаври забардастон гирифтор
ояд.
На њар бозу, ки дар вай ќуввате њаст,
Ба мардї ољизонро бишканад даст.
Заифонро макун бар дил газанде,
Ки дармонї ба љаври зўрманде.
НУКТА
Оќил чу хилоф андар миён омад, биљањад ва чун сулњ бинад, лангар
бинињад, ки он љо саломат бар карон асту ин љо хњловат дар миён.
Маќомро се-шаш мебояд, валекин се-як меояд.

Њазор бор чарогоњ хуштар аз майдон


Валекин асп надорад ба дасти хеш инон.

***
Дарвеше ба мунољот-дар мегуфт: «Ёраб, бар бадон рањмат кун, ки
бар некон худ рањмат кардаї, ки мар эшонро нек офаридаї!
Аввал касе, ки алам бар љома кард ва ангуштари дар дасти Љамшед
буд, гуфтандаш:
- Чаро њама зинат ба чап додию фазилат рост-рост?
Гуфт:
- Ростро зинати ростї тамом аст!

Фаридун гуфт наќќошони Чинро


Ки пиромуни њаргоњаш бидузанд:
«Бадонро нек дор, эй марди хушёр,
Ки некон худ бузургу некрўзанд!».

***
Бузургеро пурсиданд: «Бо чандин фазилат, ки дасти ростро њаст,
њотам дар ангушти чап чаро мекунанд?»
Гуфт:
- Надонї ки ањли фазилат њамеша мањрум бошанд?

Он кї халќ офариду рўзї дод,


Ё фазилат њамедињад ё бахт.

***
Насињати подшоњон кардан касеро мусуллам бувад, ки бими сар
надорад ё умуди зар.
Мувањњид,чї дар пой резї зараш,
Чї шамшери њиндї нињї бар сараш.
Умеду њаросаш набошад зи кас,
Бар ин аст бунёди тавњиду бас.
ПАНД
Шоњ аз бањри дафъи ситамгорон асту шањна барои хунхорон ва
ќозї маслињатљуї тарророн.
Њаргиз ду хасми ба њаќ розї пеши ќозї нараванд.
Чу њаќ муояна донї, ки мебояд дод,
Ба лутф бењ, ки ба љанг оварию дилтангї.
Хирољ агар нагузорад касе ба тийби нафас,
Ба ќањр аз ў биситонанду музди сарњангї.
ЊИКМАТ
Њама касро дандон ба турушї кунад шавад магар ќозиёнро, ки ба
ширинї.
Ќозї чу ба ришват бихурад панљ хиёр,
Собит кунад аз бањри ту дањ харбузазор.

ЊИКМАТ
Ќањбаи пир аз нобакорї чї кунад, ки тавба накунад ва шањнаи
маъзул аз мардумозорї.

Љавони гўшанишин шермарди роњи худост,


Ки пир худ натавонад зи гўшае бархост.
Љавон сахт мебояд, ки аз шањват бипарњезад,
Ки пири сустраѓбатро худ олат барнамехезад.

ЊИКМАТ
Њакимеро пурсидаанд: «Чандин дарахти номвар, ки худои азза ва
љалла офаридаасту барўманд, њељ якро озод нахондаанд магар сарвро, ки
самаре надорад. Гўй, дар ин чї њикмат аст?» Гуфт:
- њар якеро дахле муайян асту ваќте маълум, ки гоње ба вуљуди он
тозаанду гоње бо одами он пажмурда ва сарвро њељ аз ин нест ва њама
ваќте хуш аст. Ин аст сифати озодагон.

Бар он чї мегузарад, дил манењ, ки Даљла басе


Пас аз халифа бихоњад гузашт дар Баѓдод.
Гарат зи даст барояд, чу нахл бош карим,
В-арат зи даст наёяд, чу сарв бош озод.

ЊИКМАТ
Ду кас мурдану тахассур бурданд: яке он кї дошту нахўрд ва дигар
он кї донисту накард. Фурсат ѓанимат шумор.

Касе набинад бахил фозилро,


Ки на дар айб гуфтанаш кўшад.
В-ар кариме дусад гуннањ дорад,
Карамаш айбњо фурў пушад.
***
Тамом шуд китоби «Гулистон» ба тавфиќи бори азза исмању. Дар
ин љумла чунон кирасми муаллифон асту даъби мусаннифон аз шеъри
мутакаддимон ба тариќи истиорат талфиќе нарафт.

Куњан хирќаи хеш пиростан,


Бењ аз љомаи орият хостан.
Ѓолиби гуфторї Саъдї тарабангез асту тийбатомез ва
кутоњаназаронро бад-ин иллат забони таъи дароз гардад, ки маѓзи димоѓ
бењуда бурдан ва дуди чароѓ бефоида хўрдан кори хирадмандон нест.
Валекин бар рои равшани соњибдилон, ки рўи сухан дар эшон аст,
пўшида намонад, ки дури мавъизањои шофиро дар силќи иборат
кашидааст ва доруи талхи насињат ба шањди зарофат баромехта, то
табъи малули эшон аз давлати ќабул мањрум намонад.

Мо насињат ба љои худ кардем,


Рўзгоре дар ин ба сар бурдем.
Гар наёяд ба гўши раѓбати кас,
Бар расулон паём бошаду бас.

ПОЁНИ КИТОБИ «ГУЛИСТОН»


»

You might also like