Professional Documents
Culture Documents
Миров Насрулло география
Миров Насрулло география
ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ
ДОНИШГОЬИ ТЕХНИКИИ ТОЖИКИСТОН
Ба номи академик М. Осимц дар шаьри Хужанд
РЕФЕРАТ
МАВЗ+Ъ: «Комплекси ьудудию истеьсолии
Тожикистони Жанубц»
Хужанд – 2021
Комплекси ьудудию истеьсолии Тожикистони Жанубц
Комплекси минтақавӣ-истеҳсолӣ гуфта, маҷмӯи корхонаҳои бо ҳам зич
алоқамандеро меноманд, ки дар асоси истеҳсол ва коркарди манбаи бойи ашёи хом
(металл, сӯзишворӣ, барқ, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, захираҳои ҷангал ва ғайра)
ташкил меёбанд.
Дар ин комплекс ба вуҷуд омадани марказҳои нави саноатӣ сабаби тез афзудани
аҳолии шаҳр гардид. Вазни қиёсии аҳолии шаҳр дар соли 2008 аз 31,5 % ба 35,3
% (2008) расид. Аҳолии комплекс дар оянда низ хеле зиёд хоҳад шуд. Бо мақсади
оқилона истифода бурдани қувваи корӣ ва ба кор таъмин кардани аҳолии қобили
меҳнат зарур аст, ки соҳаҳои хурду миёнаи саноат натанҳо дар шаҳрҳои бузург, балки
дар шаҳрҳои хурду миёна низ инкишоф дода шаванд.
Барои инкишофи комплекси кишоварзию саноатӣ дар ҳудуди КМИТҶ ҳама гуна
шароит мавҷуд аст. Дар комплекс ҷои асосиро пахтакорӣ ишғол мекунад. Зиёда аз 40
% киштзорҳоро пахта мекоранд.