You are on page 1of 6

Раҳмонов Ф.Х., Нурматова С.

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати


Тоҷикистон
НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ
ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
farhod6663@mail.ru
Фишурда.Истиқлолият тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии
шоиста ва имконияти муфид фароҳам орад. Дар замони истиқлолият занон
тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолият намоянд. Имрӯз занон дар ҷомеаи
Тоҷикистон, ки зиёда аз 51 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, дар пешрафти соҳаҳои
мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Бо шарофати ба қудрати
сиёсӣ расидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди давлатӣ оид ба баланд
бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа роҳандозӣ гардид. Дар Паёми ахири худ Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи
онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд. Инчунин дар
суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар
ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Калидвожаҳо: Зан- модар, истиқлолият, озодӣ, озодандешӣ

Аннотация.Независимость предоставила таджикским женщинам


свободу мысли, достойную жизнь и возможности. Во времена
независимости женщины могли работать в любой сфере. Сегодня женщины
в таджикском обществе, которое составляет более 51% населения, играют
важную роль в развитии различных отраслей экономики. Благодаря приходу
к власти Эмомали Рахмона было запущено множество государственных
программ по повышению статуса женщин в обществе. В своем недавнем
обращении Лидер нации Эмомали Рахмон подчеркнул статус женщин в
обществе и важность их роли в реализации социальной политики
государства. Особое внимание они также уделяют вопросу повышения
статуса женщин в обществе в своих выступлениях и ежегодных посланиях.
Ключевые слова: Женщина, независимость, свобода, вольность.

Annotation. Independence provided Tajik women with freedom of thought, a


decent life and opportunities. During independence, women could work in any
field. Today, women in Tajik society, which makes up more than 51% of the
population, play an important role in the development of various sectors of the
economy. Thanks to the coming to power of Emomali Rahmon, many government
programs were launched to improve the status of women in society. In his recent
address, the Leader of the Nation Emomali Rahmon emphasized the status of
women in society and the importance of their role in the implementation of the
social policy of the state. They also pay special attention to the issue of raising the
status of women in society in their speeches and annual messages.
Key words: Woman, independence, freedom, liberty.
“Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим
фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти
дигар сайёраро такон медиҳад”[1]
            Зиндагии ҳар як фард аз меҳру муҳаббат ва вафодории зан-
модар сарчашма мегирад. Зеро зан-модар худ сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи
зебоӣ , рамзи ишқи ҷовидона, нахустин мураббӣ ва муаллиму тарбиятгари
ҳар як инсон дар ҷомеа мебошад.
Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри
саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар
донистааст. Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои
ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва
ғаму андӯҳ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ , ки марҳалаи аз ҳама
муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ
вобаста аст.
Нақши зан дар ҷомеа аз оила маншаъ мегирад. Чунки зан фарзандонро
дар рӯҳияи инсондӯстию некбинӣ , ватандӯстию меҳанпарастӣ , ростиву
росткорӣ , зебоипарастиву ҳақиқатнигорӣ   тарбия намуда, ҳамчун як инсони
комил ба воя мерасонад. Аз ин ҷо ёд меояд, ҳодисае аз рӯзгори Аҳмадшоҳи
Масъуд, ки рӯзе аз маҳаллае гузашта буду модареро бо кӯдаки гирёнаш дид.
Кӯдак аз гуруснагӣ гирён буд ва модар бар кӯдак хок мехӯронду мегуфт:
“Бихӯр писарам, мо хок мехӯрему хок намедиҳем”. Чашмони Аҳмадшоҳи
Масъуд пур аз ашк шуд ва ба бузургиву қудрати поки зан сари таъзим фуруд
овард. Аз ин ҷо бармеояд, ки танҳо зан-модар метавонад як шахсияти бузург
ба воя расонад, то дар оянда дар хидмати халқу Ватани худ бошад.
Албатта, дар баробари ҳамаи ин, ахлоқ ва хислати ҳамидаро доро
бошад. Зеро бузурге гуфтааст: “Хонаеро донишгоҳи ахлоқу инсоният
мегӯянд, ки дар он ҷо модар нек ва тарбиятёфта бошад.”
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии
модарро ситоиш намуда, гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои
босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он
шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.[1]
Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва
хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати
поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини
мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва
бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Бонувони мо собит намудаанд, ки рисолати пуршарафро бар сари
баланд расонида метавонанд. Зеро имрӯзҳо сафи оилаҳои солим ва намунавӣ
дар Тоҷикистонамон босуръат афзоиш ёфта истодааст ва ин аз он шаҳодат
медиҳад, ки бонувони тоҷик дар таълим ва тарбияи насли наврас саҳми
назаррас гузошта истодаанд.
“Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву
мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст”[3]
Дар шароити соҳибистиқлолии кишвар, рушди давлати ҳуқуқбунёди
дунявӣ , масъалаҳои мақому мавқеи занон мазмуни нав касб намуд. Дар
ҷараёни ислоҳот ташаккули сохтори нави ҷомеа ва навгониҳои мафкуравӣ ва
дар ҷамъият мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ хело боло рафт. Буҳрони
мафкуравӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, дар ҷомеа
қувваҳоеро ба вуҷуд овард, ки онҳо падидаҳои номатлуби миллатгароӣ ,
фундаментализми исломӣ , экстремизми динӣ ва дигар равияҳои
ифротгароиро тарғиб менамуданд. Ҳолати мазкур тақозо мекард, ки мақом ва
аҳамияти омилҳои мафкуравӣ баланд бардошта шаванд ва дар ин замина ба
муайян намудани мавқеи занон дар ҳаёти сиёсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа
зоҳир карда шавад. Таҳлили ин масъала имрӯз хеле бамаврид аст, зеро
вазъияти иҷтимоиву сиёсии мамлакат  муттаҳидшавии қувваҳои солими
миллат, синфҳо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаро тақозо мекунад.
Соли 2004-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои
давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари
амалигардонии онҳо” қабул шуд. Ҳамчунин, баҳри таъмини иштироки
фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷамъият” аз 3-
юми декабри соли 1999 ба тасвиб расид.
Барои дар амал татбиқ намудани ин санадҳои муҳими давлатӣ , дар
давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади
амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.Имрӯз бонувон
дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ , махсусан дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва
ғайраҳо фаъолият менамоянд, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ
23 фоизашро занон ташкил медиҳанд.
Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар донишгоҳу
донишкадаҳои мамлакат имтиёзҳо, тавассути он ба мисли квота муқарар
гардидаанд, ки ҷавондухтарон метавонанд ба таври ройгон таҳсил намоянд.
Ин буд, ки дар даврони истиқлолият зиёда аз ёздаҳ ҳазор нафар духтароне,
ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм
кардаанд, беш аз 80 фоизи он дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва беш аз
25 фоизи онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму
талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд. Ҳамин иқдом боис
шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва
корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар
таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд,
сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат,
самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ
мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад.
Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш
имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои
оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро
ташкил медиҳад. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад.
Масалан, маҳз бо ҳидояти модари донишманд шахсиятҳои бисёр барҷаста аз
қабили С. Айниву Б. Ғафуров ба пояҳои баланди маърифат расида, барои
пешрафти ҷомеа нақши муассири худро гузоштаанд.
Хушбахтона, бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир
мардум ба ин масъала бо диди нав, бо назари тоза менигаранд. Дар давраи
пеш аз соҳибистиқлолии кишвар дар навоҳии дурдасти мамлакат шумораи
занҳои хонашин ва духтарони аз таҳсил дурмонда хеле зиёд буд. Занҳо
имкони аз хона берун шудан ва ё ба ягон кори давлатӣ машғул шуданро
надоштанд. Имрӯз тарбияи занони бомаърифатро қабл аз ҳама бояд дар оила
ва мактаб мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао робитаи зичи
мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи
фарҳанги оиладорӣ , касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону
модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳамаи намуди зуроварӣ ва хушунат
нисбати занҳо Нақшаи миллии амалиёти беҳтар намудани вазъи занон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мутобиқи он баҳри баланд
бардоштани мақом ва мавқеи занон ташкили марказҳои буҳронии
расонидани ёрии руҳиву психологӣ ва дастгирии занони ба шаклҳои
гуногуни зуроварӣ дучоршуда, таъсиси системаи таҳсилоти ҳуқуқии занон
оид ба муаммоҳои зуроварӣ , гузоштани “телефонҳои боварӣ ” баҳри
пешгирии хушунат, гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар минтақаҳои
мухталифи Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани ҳаҷм ва сабабҳои
муаммоҳои хушунат нисбати занҳо ба роҳ монда шуданд.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Паёми асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ
Раҳмон// http://prezident.tj/node/27417
2. http://javonon.tj/news/social/zanonu-avonon-dar-me-vari-siyesati-i-
timoii-davlat/
3. http://journalism.tnu.tj/index.php/2016-10-09-07-40-33/khabarnigori-
javon/730-zan-modar-dar-sijosati-davlatii-um-urii-to-ikiston

You might also like