You are on page 1of 6

Тести синфи 9.

1.Забон дар ҷамъият чиро ифода мекунад?


Гуфтугӯи байни одамонро;
ҳусни баёнро;
сухандониро;
маҳорат ва малакаро;
2. Овозшиносӣ ( фонетика) чиро меомӯзад?
таркиби калимаро;
ҳиссаҳои нутқро;
овозҳои нутқро;
таъбирҳоро;
3. Воҳиди хурдтарини забон, ки маънои луғавӣ дорад, чӣ ном дорад?
ибора;
калима;
ҷумла;
мухотаб;
4. Ҳиссаҳои нутқро кадом соҳаи илми забоншиносӣ меомӯзад?
наҳв (синтаксис);
овозшиносӣ (фонетика);
сарф (морфология);
калима (лексикология);
5. Овозҳои нутқро кадом соҳаи илми забоншиносӣ меомӯзад?
таъбирҳо (фразеология);
калима (лексикология);
имло (орфография);
овозшиносӣ (фонетика);
6. Сарф (морфология) чиро меомӯзад?
таъбирҳоро;
луғатҳои забонро;
овозҳои нутқро;
ҳиссаҳои нутқро;
7. Наҳв (синтаксис) чиро меомӯзад?
пайдоиши калимаро;
сохтори вожаҳоро;
ибора ва ҷумларо;
ибораҳои рехтаро;
8. Дар ҷумлаи зерин калимаи “вай” чӣ нақши наҳвӣ дорад?
Вай дирӯз ба назди ман омад.
пуркунанда;
муайянкунанда;
мубтадо;
хабар;
9. Фикри тамомшударо чӣ меноманд?
ибора;
ҷумла;
калима;
матн;
10. Ҷумла аз ҷиҳати сохт чанд хел мешавад?
ду хел;
се хел;
чор хел;
як хел;
11. Ҷумлаҳое, ки аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода таркиб ёфтаанд, чӣ ном доранд?
ҷумлаи мураккаб;
ҷумлаи сода;
ҷумлаи хуллас;
ҷумлаи тафсилӣ;
12. Аз гурӯҳи зерин намудҳои ҷумлаи мураккабро ёбед?
пайвандакдор ва бепайвандак;
хуллас ва тафсилӣ;
яктаркиба ва дутаркиба;
сермаъно ва якмаъно;
13. Ҷумлаи мураккаб вобаста ба сохт ва муносибатҳои маъноӣ чанд хел мешавад?
се хел;
ду хел;
чор хел;
як хел;
14. Ҷумлаи мураккаби пайваст аз чиҳо ташкил меёбанд?
аз ҷумлаҳои чидааъзо;
аз ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқ ва пайвандакҳои пайвасткунанда;
аз ҷумлаҳои содаи хуллас;
аз ҷумлаҳои содаи дутаркиба;
15. Ҷумлаи мураккаби пайваст чанд хел мешавад?
ду хел;
се хел;
чор хел;
як хел;
16. Аз гурӯҳи зерин пайвандакҳои пайвасти пайиҳамро ёбед?
аммо, вале, лекин;
-ва, -у, -ю, -ву, ҳам;
ки, зеро, вақте ки;
агар, гар, гарчӣ;
17. Пайвандаки “аммо” кадом намуди пайвандаки ҷумлаи мураккаб мебошад?
пайвандаки тобеъкунанда;
пайвасти пайиҳам:
пайвасти ҷудоӣ;
пайвасти хилофӣ;
18. Пайвандакҳои пайвасти хилофиро аз гурӯҳи зерин ёбед?
ё ки, ё ин ки, ё ;
аммо, вале, лекин ;
то, бо, агар, зеро ;
чун, ва, то, мисли ;
19. Аз гурӯҳи зер пайвандакҳои пайвасти ҷудоиро интихоб кунед?
вақте ки, агарчӣ;
ё, ё ки, ё ин ки;
ба шарте ки, то;
лекин, балки, аммо;
20. Сарҷумла ва ҷумлаи пайрав дар таркиби кадом намуди ҷумлаи пайрав иштирок
мекунад?
ҷумлаи мураккаби пайваст;
ҷумлаи мураккаби тобеъ;
ҷумлаи мураккаби омехта;
ҷумлаҳои содда;
21. Сарҷумла чиро ифода мекунад?
ҷумлаи асосӣ ва эзоҳшаванда аст;
эзоҳдиҳанда аст;
ҳамнисбат аст;
ишораткунанда аст;
22. Ҷумлаи пайрав чиро ифода мекунад?
тобеи сарҷумла аст;
мустақил аст;
маъно надорад;
нобаробар аст;
23. Ҷумлаи пайрав чанд хел мешавад?
панҷ хел;
се хел;
ду хел;
як хел;
24. Дар ҷумлаи “Чун аз дарвоза даромадам, ...” сарҷумлаи мувофиқро гузоред?
модарамро дидам;
аз мактаб баргашт;
китобро хонд;
кӯҳистонро;
25. “... як ҳафтаи дигар борон намеборид, хуб мешуд” (А.Ш). Дар чойи нуқта кадом
пайвандакро гузоштан мумкин аст?
чунки;
вақте ки;
агар;
аммо;
26. “Дар кушода шуд ва мо ба ҳавлӣ даромадем”. (С.А.). Ин ҷумла аз рӯйи сохтор чӣ
хел ҷумла аст?
мураккаби тобеъ;
мураккаби пайваст;
содаи хуллас;
содаи тафсилӣ;
27. Ба ин сарчумла ҷумлаи пайрави мувофиқ гузоред? “Ман омадам, ки...”
шуморо бинам;
аз шумо бинам;
мо бинем;
онҳо бинам;
28. “Беҳтар мешуд, ки ӯро ба беморхона фиристанд.” Нақшаи ин ҷумлаи мураккаби
тобеъро муайян намоед?
( ), + [ ] ;
[ + ( ), + ];
[ ], + ( );
[ ], + [ ];
29. “Мақсади мо ин аст, соҳиби маълумот шавем.” Ҷумлаи пайрави ин мисол кадом
хели ҷумлаи пайрав аст?
мубтадо;
пуркунанда;
муайянкунанда;
хабар;
30. “Зеро ки” пайвандаки тобеъкунандаи кадом навъи ҷумлаи пайрав аст?
замон;
сабаб;
шарт;
макон;
31. Мисоли “Ҳар кас нахонад, вай бой додагӣ ҳисоб меёбад”кадом навъи ҷумлаи пайрав
аст?
ҷумлаи пайрави мубтадо;
ҷумлаи пайрави хабар;
ҷумлаи пайрави ҳол;
ҷумлаи пайрави шарт;
32. Ҷумлаи пайрави муайянкунанда ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
киҳо? чиҳо?;
чӣ хел? чӣ гуна?;
чӣ тарз? аз куҷо?;
чӣ мешавад?, чӣ шуд?;
34. “Медонистам, ки ба дарс тайёр нестӣ.” Ҷумлаи пайрави ин ҷумларо муайян
кунед?
пуркунанда;
муайянкунанда;
миқдору дараҷа;
мубтадо;
35. Вақте ки ман шашсола шудам, падарам маро ба мактаб бурд”. Нақшаи ҷумлаи
мураккаби тобеъро муайян кунед?
( ), + [ ];
[ ], + [ ];
( + [ ], + );
[ ], + ( );
36. Пайвандаки тобеъкунандаи мувофиқро дар ин ҷумла гузоред? Дар кушода
нашуд, аз берун бастагӣ буд. (С.А.)
агар;
зеро ки;
ҳамин ки;
шарте ки;
37. Ҷумлаи пайрави мисоли “Имтиҳонро бо баҳои аъло супоридам, ...” –ро ёбед?
агар тайёрӣ медидам;
зеро тайёрии хуб дидам;
бе тайёрӣ омадам;
натиҷаи тайёрӣ бинам;
38. Нақшаи ин ҷумлаи мураккаби тобеъро муайян кунед? Китоберо, ки ба шумо
ваъда карда будам, овардам.
( ), + ( ) ;
[ ], + [ ] ;
( ), + [ ] ;
[ + ( ), + ] ;
39. “Дӯсти ҳақиқӣ он аст, ки ...” ба сарҷумлаи зерин ҷумлаи пайрави мувофиқро
гузоред?
дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекунад;
дар ҳайрат мемонад;
бепарво ҳаст;
ба наздат меояд;
40. “... ... ... об аст, ободист” дар ҷумлаи додашуда, пайвандаки мувофиқро гузоред?
ҳар ҷое ки ;
вақте ки;
ба шарте ки;
ҳар кас ки;
41. Ба ҷумлаи мураккаб ба ҷойи нуқтаҳо пайвандаки мувофиқ гузоред?
Занг зада шуд ... хонандагон ба дарс даромаданд:
ва;
вале;
зеро;
то ки;
42. Аз ҷумлаи зерин навъи ҷумлаи пайравро ёбед? Ман медонистам, ки аз озмун
мегузарам:
мубтадо;
хабар;
пуркунанда;
ҳол;
43. Сарҷумла аз ҷумлаи пайрав бо кадом аломат ҷудо карда мешавад?
нуқта;
вергул;
тире;
қавс;
44. Ҷумлаи додашуда кадом навъи ҷумла аст? Ман ба истгоҳ рафтам , аммо аз
қатора дер мондам:
мураккаби пайваст;
мураккаби тобеъ;
мураккаби омехта;
ҷумлаи сода;
45. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрави хабар ба кадом саволҳо ҷавоб
мешавад?
кист?, чист?, чӣ шуд? ,чӣ кор мекунад?;
кадом?, чӣ хед?, чӣ гуна?;
кай?, куҷо?, чаро?, барои чӣ?;
чӣ?, чиҳо?, кӣ?, киҳо?;
46. Кадом ҷумлаи пайрав ба саволи ба кӣ?, ба чӣ?, чиро?, киро?, ҷавоб мешавад?
пуркунанда;
муайянкунанда;
ҳол;
мубтадо;
47. Аз гурӯҳи зерин пайвандакҳои тобеъкунандаро ёбед?
ки, то ки, азбаски;
ва, у, , ву;
ё, ё ин ки, ё ки;
аз, ба, бе, дар;
48. Артикли номуайянии “е” дар кадом сарҷумлаи ҷумлаи пайрав бештар иштирок
мекунад?
мубтадо;
муайянкунанда;
пуркунанда;
ҳол;
49. Дар забони тоҷикӣ чанд ҳарф мавчуд аст?
35 ҳарф;
30 ҳарф;
33 ҳарф;
31ҳарф;
50. Аъзоҳои ҷумла дар забони тоҷикӣ чандто мебошанд?
5 то;
10 то;
8 то;
7 то;

You might also like