You are on page 1of 16

Тестхо аз фанни зоология ( синфи 7 ) барои чоряки 1 – ум

1. Ба омӯзиши олами ҳайвонот калом илм машғул аст ?


А ) зоология
В) ботаника
С) микробиология
Д ) карпалогия

2. Сабаби сахт будани рӯйпӯши танаи гамбӯскҳо аз мавҷудияти кадом


модда шаҳодат медиҳад ?
А ) сафеда
В) гликопротеидҳо
С) хитин
Д ) намакҳои минералӣ

3. Организмҳои ядродорро бо ибораи дигар чӣ меноманд ?


А ) прокариотҳо
В) эукариотҳо
С) автотрофҳо
Д) гетеротрофҳо

4. Ҳайвонҳое, ки фаъолона ҳаракат мекунанд чӣ гуна таносуби бадан


доранд ?
А ) дутарафа
В) яктарафа
С) шуъошакл
Д ) ассиметрӣ

5. Ҳамаи он чӣ ки ҳайвонотро дар ҷои сукунаташон иҳота мекунанд ………..


меноманд.
А ) таъсиротҳои биотӣ
В) таъсиротҳои абиотӣ
С) ҷои зист
Д ) муҳити зист

6. Муҳити зисте ки дар он як организм барои дигараш ҳамчун макони


зист ва фаъолияти ҳаёти хизмат мерасонад, чӣ ном дорад?
А ) абиотӣ
В) ҳавоӣ
С) обӣ
Д ) хокӣ

7. Муносибати гург бо заргӯш ба кадом намуди муносибати мутақобилаи


организмҳо дохил мешавад?
А ) дарандагӣ
В) рақобат
С) иҷоранишинӣ
Д ) туфайлихӯрӣ

8. Организмҳое, ки аз ҳисоби оргагизмҳои дигар фаъолият мекунанд ва


онро ҳамчун макони зист истифода мебаранд, чӣ меноманд ?
А ) хӯҷаин
В) паразит
С) рақиб
Д ) туфайлихӯр

9. Бо ҳамдигар вобаста будани ҳайвонот ва растанӣ чӣ ном дорад ?


А ) биосеноз
В) биогеосеноз
С) биосфера
Д ) биоэкосистема

10. Чанд намуди парандаҳо ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид карда


шудаанд?
А ) 37 намуд
В) 4 намуд
С) 42 намуд
Д ) 21 намуд

11. Ба таснифоти олами ҳайвонот ва растанӣ кадом илм машғул аст ?


А ) зоология
В) ботаника
С) систематика
Д ) экология
12. Дар таснифоти олами ҳайвонот қаторҳо ба кадом таксони таснифотӣ
муттаҳид карда мешаванд?
А ) синф
В) авлод
С) оила
Д ) тип

13. Мафҳуми соддатаринҳоро ба илм аввалин маротиба кадом олим


ворид намуд ?
А ) Левенгук
В) Зиболд
С) Кёликер
Д ) Голдфус

14. Узви ҳаракати кадоме аз ин соддатаринҳо пойҳои қалбакӣ мебошад ?


А ) евгленаи сабз
В) амёбаи муқаррарӣ
С) хлорелла
Д ) инфузорияи патакча

15.Вазифаи ҳазми хӯрокро лар амёбаи муқаррарӣ кадом қисмат иҷро


мекунад?
А ) ядро
В) вакуолаи кашишхӯранда
С) вакуолаи ҳозима
Д ) ситоплазма

16.Маънои калимаи «инфузиум» чист ?


А ) шира, қиём
В) моеъ
С) шаҳд
Д ) намакҳои маъданӣ

17. Вазифаи ҳастаи хурд дар инфузорияи патакча дар чист ?


А ) мубодилаи моддаро танзим мекунад
В) дар афзоиши ҷинсӣ иштирок мекунад
С) раванди нафаскаширо танзим мекунад
Д ) моддаҳои нолозимро хориҷ мекунад
18. Мувофикатро ичро намоед :

1) евгленаи сабз А) қамчинакдорони ҳайвонӣ


2) хламидоманада В) қамчинакдорони растанигӣ
3) лямбля
4) опалина

1 2 3 4

19. Мувофикатро ичро намоед :

1) радиолария А) синфи решапойҳо


2) коксидия В) синфи нурдорон
3) трипанасома С) типпи споровикҳо
4) фораминифераҳо Д) қамчинакдорони ҳайвонӣ
Е) қамчинакдорони растанигӣ

1 2 3 4
Тестхо аз фанни зоология ( синфи 7 ) барои нимсолаи 1 – ум

1. Ҳайвони серҳуҷайраи оддитарин чӣ ном дорад ?


А ) трипанасома
В) трихоплакс
С) опалина
Д ) лямблия

2. Ҳуҷайраҳои амёбашакли қабати мезоглияи исфанҷҳо кадом вазифаро


иҷро мекунад?
А ) ҳозима
В) ихроҷӣ
С) ҳосилкунии гаметаҳо
Д ) регенератсия

3. Организмҳои беядроро бо ибораи дигар чӣ меноманд ?


А ) прокариотҳо
В) эукариотҳо
С) автотрофҳо
Д) гетеротрофҳо

4. Таносуби бадани рудаковокҳо чӣ гуна мебошад ?


А ) дутарафа
В) яктарафа
С) шуъошакл
Д ) ассиметрӣ

5. Рӯдаковокҳое, ки шакли зиндагии нишастаро доранд ........ меноманд.


А ) гидра
В) сианея
С) медуза
Д ) полип

6. Аз ҳуҷайраҳои захиравии дар эпителия ҷойгиршудаи рӯдаковокҳо


кадом намудҳои ҳуҷайраҳо ҳосил мешаванд ?
А ) мушакӣ ва асабӣ
В) интеркалярӣ ва ҳозимавӣ
С) сӯзонанда, асабӣ ва ҷинсӣ
Д ) ғадудӣ ва луобӣ

7. Кирминаи рудаковокҳо чӣ ном дорад?


А ) планула
В) актиния
С) медуза
Д ) полип

8. Вазифаи паренхима дар паҳнкирмҳо кадом аст ?


А ) нафаскашӣ
В) ғизодиҳӣ
С) ихроҷӣ
Д ) такягоҳӣ

9. Аввалин маротиба дар паҳнкирмҳо кадом узви мустақил пайдо шуд ?


А ) асаб
В) ихроҷӣ
С) ҷинсӣ
Д ) ғадудӣ

10. Чанд намуди хазандаҳо ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид карда


шудаанд?
А ) 37 намуд
В) 4 намуд
С) 42 намуд
Д ) 21 намуд

11. Эхинокок давраи инкишофи пуфакии худро дар куҷо мегузаронад?


А ) ҷигар ва шуш
В) дил ва гурдаҳо
С) рӯдаи 12 ангушта
Д ) рӯдаи борик ва ғафс

12. Дар таснифоти олами ҳайвонот оилаҳо ба кадом таксони таснифотӣ


муттаҳид карда мешаванд?
А ) синф
В) авлод
С) оила
Д ) тип

13. Роҳи афзоиши лӯндакирмҳоро нишон диҳед :


А ) танҳо ҷинсӣ
В) танҳо ғайриҷинсӣ
С) ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ
Д ) конюгатсия

14. Узви ҳаракати кадоме аз ин соддатаринҳо қамчинак мебошад ?


А ) евгленаи сабз
В) амёбаи муқаррарӣ
С) хлорелла
Д ) инфузорияи патакча

15.Вазифаи ихроҷи моддаҳои боқимондаи нолозимро лар амёбаи


муқаррарӣ кадом қисмат иҷро мекунад?
А ) ядро
В) вакуолаи кашишхӯранда
С) вакуолаи ҳозима
Д ) ситоплазма

16. Раванди ҷинсии инфузорияи патакча бо кадом роҳ мегузарад?


А ) конюгатсия
В) трансдуксия
С) трансформатсия
Д ) фрагментатсия

17. Назарияи пайдошавии ҳайвони дуқабатаи ковокии рудадошта аз


паренхимулла ба кадом олим тааллуқ дорад?
А ) Сеченов
В) Геккел
С) Павлов
Д ) Мечников

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) бандкирми хук А) синфи кирмҳои мижгондор


2) бандкирми гов В) синфи маккандаҳо
3) кирми ҷигармак С) синфи кирмҳои тасмашакл
4) планарияи сафед

1 2 3 4

19. Мувофикатро ичро намоед :

1) аурелия А) синфи гидроидҳо


2) актиния В) синфи сифоидниҳо
3) медузаҳо С) синфи кораллҳои полиппӣ
4) гидрополиппҳои баҳрии тӯдагӣ

1 2 3 4
Тестхо аз фанни зоология ( синфи 7 ) барои чоряки 3 – ум

1. Модинаи аскаридаи одам то чанд см дарозӣ дошта метавонад?


А ) то 25 см
В) то 40 см
С) то 15 см
Д ) то 10 см

2. Селом аввалин маротиба дар кадом ҳайвонҳо пайдо шудааст?


А ) ҳалқакирмҳо
В) паҳнкирмҳо
С) рӯдаковокҳо
Д ) лӯндакирмҳо

3. Узви ихроҷи ҳалқакирмҳо чӣ ном дорад?


А ) протонефридия
В) метанефридия
С) ҳуҷайраҳои селеноиситӣ
Д) ҳуҷайраҳои ситорашакл

4. Ҳазмшавии ғизо дар ҳалқакирмҳо дар куҷо ба амал меояд ?


А ) ҷиғилдон
В) меъда
С) рӯда
Д ) сурхрӯда

5. Кадом рагҳо дар ҳалқакирмҳо вазифаи “дил” – ро иҷро мекунанд?


А ) рагҳои тахтапушт
В) мӯйрагҳо
С) рагҳои ҳалқашакли қисми пеш
Д ) рагҳои шикам

6. Кирминаи ҳалқакирмҳо чӣ ном дорад?


А ) трохофора
В) планула
С) лейшмания
Д ) диффлугия
7. Сохти дили нармбаданҳоро нишон диҳед:
А ) ду меъдача ва ду пешдил
В) як меъдача ва як пешдил
С) як меъдача ва ду пешдил
Д ) иборат аз рагҳои тахтапушт, шикам ва ҳалқашакл

8. Кадом ғадуди ҳозима аввалин маротиба дар нармбаданҳо пайдо


шудааст ?
А ) ҷигар
В) зери меъда
С) луоби даҳон
Д ) шираи меъда

9. Ҷуфти дуюми пойи тортанакшаклон чӣ ном дорад ?


А ) амбӯр
В) хелитсера
С) педипалпа
Д ) нешчангол

10. Ҳалқакирмҳо аз кадом ҳайвонҳо пайдо шудаанд?


А ) паҳнкирмҳои қадима
В) рӯдаковокҳои қадима
С) исфанҷҳои қадима
Д ) лӯндакирмҳои қадима

11. Узви ихроҷи нармбаданҳо чӣ ном дорад?


А ) ҳуҷайраҳои селеноиситӣ ва ситорашакл
В) протонефридия
С) метанефридия
Д ) як ҷуфт гурда

12. Тавассути кадом узвҳо нармтанҳо нафас мекашанд ?


А ) бо тамоми сатҳи болоии тана
В) ғалсама ва шушҳо
С) шушҳо ва пӯст
Д ) пӯст ва ғалсама
13. Калонтарин синфи нармбаданҳо ин синфи :
А ) сарпойҳо
В) нармтанҳои дупалла
С) нармтанҳои дуқабата
Д ) шикампойҳо

14. Хитин кадом вазифаро иҷро мекунад?


А ) скилети беруна
В) нафаскашӣ
С) ғизодиҳӣ
Д ) ихроҷӣ

15. Миқдори пойи роҳгардӣ дар гамбӯсаки саврӣ чанд қадар аст ?
А ) 5 ҷуфт
В) 3 ҷуфт
С) 4 ҷуфт
Д ) 2 ҷуфт

16. Меъдаи гамбӯсаки саврӣ чӣ гуна аст?


А ) сованда
В) резакунанда
С) ҷаббанда
Д ) ғадудӣ

17. Маҷрои ғалудҳои сабзи бандбойҳо дар куҷо кушода мешавад ?


А ) дар сарҳади рӯдаи мобайн ва ақиб
В) дар асоси мӯйлабчаҳо
С) дар сарҳади рӯдаи пеш ва мобайн
Д ) дар асоси трахеяҳо

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) каждум А) синфи харчангшаклон


2) ғунда В) синфи тортанакшаклон
3) сиклоп
4) кайки обӣ

1 2 3 4
19. Мувофикатро иҷро намоед :

1) лесак А) нармтанҳои дупалла


2) калмар В) нармтанҳои сарпой
3) сангтарош С) нармтанҳои шикампой
4) тередо

1 2 3 4
Тестхо аз фанни зоология ( синфи 7 ) барои солона

1. Бемории,ки канаи тайгавӣ ба вуҷуд меорад нишон диҳед:


А ) захми меъда
В) гепатит
С) сурхакон
Д ) варами майна

2. Узви ихроҷи бисёрпойҳо ё чилпойҳо ин :


А ) найчаҳои малпигӣ
В) як ҷуфт гурда
С) ғадудҳои сабз
Д ) метанефридия

3. Сӯрохие ки тавассути он ба трахеяи баъзе бандпойҳо ҳаво дохил


мешавад чӣ ном дорад?
А ) атриопор
В) стигма
С) антеннаҳо
Д) антенуллаҳо

4. Лифофаи нутфадори бисёрпойҳо ки ба узвҳои системаи ҷинсии нарина


дохил мешавад ………. ном дорад.
А ) сперматозоид
В) сперматсия
С) сперматофор
Д ) тухмҳуҷайра

5. Болосинфи шашпойҳоро ба кадом синфҳо ҷудо мекунанд ?


А ) ҳашаротҳои тоқбол ва ҷуфтбол
В) ҳашаротҳои кушодаҷоғ ва пӯшидаҷоғ
С) ҳашаротҳои зараррасони ҷангал ва обчакорӣ
Д ) ҳашаротҳои инкишофашон пурра ва нопурра

6. Танаи ҳашаротҳо ба кадом қисмҳо ҷудо мешаванд ?


А ) сар ва сина
В) сина ва шикам
С) сар, сина ва шикам
Д ) сарсина ва шикам

7. Узви даҳонии замбӯри асал чӣ гуна аст ?


А ) хояндаю лесанда
В) хоянда
С) макканда
Д ) халандаю макканда

8. Шаклдигаркунии пурраи ҳашаротҳо кадом давраҳоро дар бар


мегирад?
А ) тухм – кирмак – зоча – шакли болиғ
В) тухм – кирмак – шакли болиғ
С) тухм – зоча – шакли болиғ
Д ) кирмак – зоча – шакли болиғ – тухм

9. Шаклдигаркунии нопурраи ҳашаротҳо кадом давраҳоро дар бар


мегирад?
А ) тухм – зоча – шакли болиғ
В) кирмак – зоча – шакли болиғ – тухм
С) тухм – кирмак – шакли болиғ
Д ) тухм – кирмак – зоча – шакли болиғ

10. Ҳашаротеро нишон диҳед, ки бо шаклдигаркунии нопурра инкишоф


ёбад :
А ) гамбӯск
В) пашша
С) магас
Д ) малах

11. Узви даҳонии нонхӯракҳо :


А ) халандаю макканда
В) хоянда
С) халандаю лесанда
Д ) хояндаю лесанда

12. Намояндагони кадоме аз ин қаторҳои ҳашарот ҳангоми болиғӣ узви


даҳонӣ надоранд ?
А ) нонхӯракҳо
В) якрӯзаҳо
С) сӯзанакҳо
Д ) гавҳораҷунбонҳо

13. Малахи саҳроӣ ва малахи боғӣ ба кадом қатори ҳашаротҳо мансуб


мебошанд ?
А ) нимсахтболҳо
В) сахтболҳо
С) ростболҳо
Д ) пардаболҳо

14. Қатори ҳашаротҳоеро нишон диҳед ки онҳо бо шаклдигаркунии


пурра инкишоф меёбанд?
А ) сахтболҳо
В) гавҳораҷунбонҳо
С) термитҳо
Д ) шабушкҳо

15. Вобаста ба тарзи зиндагӣ кадоме аз ин ҳашаротҳо боли худро гум


намудаанд ?
А ) гавҳораҷунбонҳо
В) термитҳо
С) кайкҳо
Д ) малахҳо

16. Сангпуштаки зараррасон асосан ба кадом зироат зарари худро


мерасонад ?
А ) лаблабу ва пахта
В) сабзӣ
С) картошка
Д ) гандум

17.Дар системаи рагии хорпӯстҳо чӣ ҳаракат мекунад ?


А ) луоб
В) гемолимфа
С) хун
Д ) об
18. Мувофикатро ичро намоед :

1) чирчирак ва гӯсоласаракҳо А) сахтболҳо


2) ширинчаҳо В) ганданафасакҳо
3) сангпуштаки ҷангалӣ С) баробарболҳои хартумдор
4) момохолак Д) ростболҳо
Е) шабушкҳо

1 2 3 4

19. Мувофикатро иҷро намоед :

1) сафедболакҳо А) ҳашаротҳои шаклдигаркуниашон пурра


2) шапалакҳо В) ҳашаротҳои шаклдигаркуниашон нопурра
3) обченкунакҳо
4) кайк

1 2 3 4

You might also like