You are on page 1of 16

Тестхо аз фанни зоология ( синфи 8 ) барои чоряки 1 – ум

1. Кадом сол “Қонун оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи ҳайвонот”


қабул шудааст?
А ) 1980
В) 1994
С) 2019
Д ) 1990

2. Хордадорон чӣ гуна ҳайвонҳо мебошанд ?


А ) сеқабата ва таносуби бадани шуъошакл
В) дуқабата ва таносуби бадани радиалӣ
С) дуқабата ва таносуби бадани дутарафа
Д ) сеқабата ва таносуби бадани дутарафа

3. Хорда аз кадом бофта таркиб ёфтааст?


А ) асабӣ
В) мушакӣ
С) пайвандкунанда
Д) рӯйпушкунанда

4. Вазифаи туника дар чист ?


А ) нафаскашӣ
В) ихроҷӣ
С) ғизодиҳӣ
Д ) муҳофизат

5. Миксина ва минога мансуби :


А ) зертипи сутумӯҳрадоронанд
В) синфи сархордадоронанд
С) зертипи ҷанинхордадоронанд
Д ) синфи даҳонгирдонанд

6. Кадом болҳои моҳиҳо тоқ аст ?


А ) боли шиноварии пуштӣ
В) боли шиноварии синагӣ
С) боли назди маъқадӣ
Д ) боли шикамӣ

7. Сутунмӯҳраи моҳиҳо кадом намуди мӯҳраҳоро надорад?


А ) гарданӣ
В) камарӣ
С) чорбандӣ
Д ) синагӣ

8. Марзи сари моҳиҳо аз чанд шӯъба иборат аст?


А ) 3 шӯъба
В) 4 шӯъба
С) 5 шӯъба
Д ) 6 шӯъба

9. Дили моҳиҳо дорои чӣ гуна хун мебошад ?


А ) даҳлез – варидӣ, меъдача – шарёнӣ
В) даҳлез – шарёнӣ, меъдача – варидӣ
С) фақат варидӣ
Д ) фақат шарёнӣ

10. Кадом моҳӣ зиндазой мебошад ?


А ) шамшердум
В) хормоҳӣ
С) макропод
Д ) аломоҳӣ

11. Аломатҳое, ки намудҳои гуногунро аз рӯи рафтор, тарзи зиндагӣ,


афзоиш ба ҳамдигар наздик мекунанд аломатҳои ……….. номида
мешаванд.
А ) таснифотӣ
В) биологӣ
С) экологӣ
Д ) систематикӣ

12. Латимерия ба кадом қатор мансуб аст ?


А ) суфрамоҳиҳо
В) химерашаклон
С) моҳиҳои дубаҳра
Д ) моҳиҳои панҷабол
13. Вазифаи луоби ғадудии пӯсти обхокиҳо дар чист ?
А ) шикори тӯъма
В) муҳофизат
С) таъмини нафаскашии пӯстӣ
Д ) дарёфти ҷуфт барои афзоиш

14. Гӯши обхокиҳо чӣ гуна аст ?


А ) мобайнӣ
В) дарунӣ
С) берунӣ
Д ) гӯш надоранд

15. Сохти гардиши хуни обхокиҳо чӣ гуна аст ?


А ) дили ду хонагӣ, як доираи гардиши хун
В) дили ду хонагӣ, ду доираи гардиши хун
С) дили се хонагӣ, як доираи гардиши хун
Д ) дили се хонагӣ, ду доираи гардиши хун

16. Кадом қисми мағзи сари обхокиҳо нисбатан нағзтар инкишоф


ёфтааст ?
А ) мағзи пеш
В) мағзча
С) мағзи миёна
Д ) мағзи мобайнӣ

17. Бордоршавӣ дар обхокиҳо чӣ гуна аст ?


А ) беруна
В) дохила
С) партеногенез
Д ) андрогенез

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) сардина А) шӯрмоҳимонандҳо
2) кета В) камбаламонандҳо
3) симмоҳӣ С) озодмоҳиҳо
4) палтус Д) капурмонандҳо
Е) мормоҳимонандҳо

1 2 3 4

19. Мувофикатро ичро намоед :

1) червяга А) қатори обхокиҳои бедум


2) тритон В) қатори обхокиҳои бепой
3) квакша С) қатори обхокиҳои думдор
4) қурбоққаи кӯлӣ

1 2 3 4
Тестхо аз фанни зоология ( синфи 8 ) барои нимсолаи 1 – ум

1. Рӯйпӯши танаи хазандаҳо чист ?


А ) мина ва пашм
В) пулакчаҳо
С) пӯсти лучи тар
Д ) пӯсти хушки шохин

2. Хазандаҳо дорои ……….. мебошад.


А ) 2 пилки чашмӣ
В) 3 пилки чашмӣ
С) 4 пилки чашмӣ
Д ) 1 пилки чашмӣ

3. Дар хазандаҳо нисбат ба ҳайвонҳои пешина кадом қисмати скилет


аввалин бор пайдо шудааст ?
А ) косахонаи сар
В) қафаси сина
С) сутунмӯҳра
Д) скилетҳои андоми боло ва поён

4. Сохти дили хазандаҳоро нишон диҳед:


А ) ду меъдача ва як даҳлез
В) ду даҳлез ва ду меъдача
С) ду даҳлез ва як меъдача
Д ) ду меъдача ва ду даҳлез

5. Кадом шӯъбаҳои мағзи сари хазандагон бештар инкишоф ёфтааст ?


А ) мағзи миёна ва мобайнӣ
В) мағзи пеш ва мағзча
С) мағзи дарозрӯя ва нимккраҳои калони мағзи сар
Д ) мағзча, мағзи дарозрӯя ва мағзи мобайнӣ

6. Хазандаи қадимтарин ин :
А ) сеймурия
В) стегосефала
С) латимерия
Д ) лепидосирен

7. Синфи хазандаҳоро ба чанд қатор ҷудо менамоянд ?


А ) 3 қатор
В) 6 қатор
С) 5 қатор
Д ) 4 қатор

8. Гаттерия намояндаи кадом қатор мебошад?


А ) нӯлсарон
В) сангпуштон
С) пулакчадорон
Д ) тимсоҳҳо

9. Ғадуди заҳр дар морҳо ин шакли тағйирёфтаи кадом ғадуд ба ҳисоб


меравад?
А ) луоби даҳон
В) зери меъда
С) талхаи ҷигар
Д ) меъда

10. Дили кадоме аз ин хазандагон чорхонагӣ мебошад?


А ) тирмор
В) кайман
С) игуанаи сабз
Д ) сусмори хокистарранг

11. Қисми гардании сутунмӯҳраи хазандаҳоро чанд мӯҳра ташкил мекунад


?
А ) 5 то
В) 12 то
С) 8 то
Д ) аз 2 то 25 то

12. Кадоме аз ин синфи ҳайвонҳо гармхунанд ?


А ) моҳиҳо
В) обхокиҳо
С) хазандагон
Д ) паррандагон
13.Аз берун танаи парандагон бо кадом намуди парҳо пӯшида шудааст ?
А ) парҳои қу
В) парҳои контурӣ
С) парҳои тибитии тартиби якум
Д ) парҳои тибитии тартиби дуюм

14. Ғадуди думғозаи парандагон дар куҷо ҷойгир шудааст ?


А ) дар нӯли парандагон
В) дар асоси дум
С) дар севкаҳои пой
Д ) дар тоҷи (гӯшвор) – и парандаҳо

15.Миқдори мӯҳраҳои гарданро дар парандагон нишон диҳед :


А ) аз 9 то 25 то
В) 1 то
С) 8 то
Д ) 7 то

16. Кадоме аз ин устухонҳоро танҳо парандагон доранд ?


А ) думғоза
В) теғаи сина
С) қафаси сина
Д ) сутунмӯҳра

17. Мушакҳои аз ҳама бештар инкинофёфтаи парандагонро нишон диҳед:


А ) мушакҳои ҷуфти сина
В) мушакҳои андоми поён
С) мушакҳои дум
Д ) мушакҳои гардан

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) кос А) чанбари пойи пеш


2) охурак В) чанбари пойи ақиб
3) қулфак
4) севка
1 2 3 4

19. Мувофикатро ичро намоед :

1) синфи нӯлсарон А) гавиал


2) синфи пулакчадорон В) гаттерия
3) синфи сангпуштон С) гурзаи осиёимиёнагӣ
4) синфи тимсоҳҳо Д) сеймурия
Е) бисаа

1 2 3 4
Тестхо аз фанни зоология ( синфи 8 ) барои чоряки 3 – ум

1. Меъдаи парандагон аз кадом қисмҳо иборат аст ?


А ) мушакӣ ва серрозӣ
В) мушакӣ ва ғадудӣ
С) серрозӣ ва ғадудӣ
Д ) ҷаббанда ва сованда

2. Сохти дили парандагонро нишон диҳед :


А ) ду даҳлез ва ду меъдача
В) ду меъдача ва ду даҳлез
С) як даҳлез ва ду меъдача
Д ) як меъдача ва ду даҳлез

3. Маҷрои ғадуди зери меъда, ҷигар ва пуфаки талха дар парандагон ба


куҷо кушода мешавад ?
А ) рӯдаи ғафс
В) меъда
С) рӯдаи борик
Д) клоака

4. Системаи нафаскашии парандагонро чӣ ташкил мекунад?


А ) шушҳо ва пусти лучи тар
В) ғалсамаҳо ва пӯст
С) халтаҳои ҳавоӣ ва ғалсамаҳо
Д ) шушҳо ва халтаҳои ҳавоӣ

5. Узвҳои ҷинсии парандагон ин :


А ) дар модина наслдон, дар нарина тухмдон
В) дар нарина наслдон, дар модина тухмдон
С) онҳо ғадудҳои ҷинсӣ надоранд
Д ) дар модина ва нарина ғадудҳои ҷинсӣ якхел буда, гонада ном
дорад

6. Қабати оҳакӣ ё пӯстлохи тухми парандаҳо кадом вазифаро иҷро


мекунад ?
А ) ғизодиҳӣ
В) муҳофизат
С) зардии тухмро дар марказ нигоҳ медорад
Д ) ихроҷӣ

7. Парандаи муқимиро нишон диҳед :


А ) булбул
В) фохта
С) фотимачумчуқ
Д ) эзорсурхак

8. Парандаи қадимтарине, ки исботи пайдоиши парандагон аз хазандаҳо


мебошад нишон диҳед :
А ) археоптерикс
В) гоасин
С) гаттерия
Д ) птерозавр

9. Кадоме аз ин парандагон ба парандагони гурӯҳи экологии ҷангал


мансубанд ?
А ) казуар
В) кивӣ
С) дуғдоғ
Д ) дурроҷ

10. Кадоме аз ин парандагон ба парандагони гурӯҳи экологии дарандаи


рӯзона мансубанд ?
А ) буми лочинӣ
В) чуғз
С) каргас
Д ) филин

11.Мурғҳоро аз рӯи зоташон ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд ?


А ) 2 гурӯҳ
В) 3 гурӯҳ
С) 4 гурӯҳ
Д ) 5 гурӯҳ

12. Ватани мурғи марҷон ин :


А ) Рим
В) Финляндия
С) Филиппин
Д ) Мексика

13. Аз рӯи сохт пӯсти ширхӯрон аз пӯсти хазандагон ва парандагон бо


кадом хусусияташ фарқ мекунад ?
А ) бо пулакчаҳои шохин, гоҳо бо пулакчаҳои устухонӣ пӯшида
шуданаш
В) бо лучи тар буданаш
С) бо мавҷудияти ғадудҳои равғанӣ ва арақбарор
Д ) дар нафаскашӣ иштирок мекунад

14. Гӯши берунӣ доранд :


А ) обхокиҳо
В) парандагон
С) ширхурҳо
Д ) хазандагон

15. Дар ширхӯрон ковокии сина ва шикам тавассути …………… аз ҳамдигар


ҷудо мешаванд.
А ) дил
В) шуш
С) диафрагма
Д ) камони аорта

16. Нафасгирӣ ва нафасбарориро дао ширхӯрон кашишхӯрии кадом


мушакҳо таъмин мекунанд?
А ) мушакҳои байниқабурғавӣ ва диафрагма
В) мушакҳои андоми озоди боло
С) мушакҳои андоми озоди поён
Д ) мушакҳои қафаси сина ва косахонаи сар

17. Аввалин маротиба кадом клонро олимон дар шароити лабораторӣ ба


даст оварданд ?
А ) рӯдаковоки актиния
В) сирпиёз
С) замбӯруғи сиёҳмуғ
Д ) гӯсфанди Долло
18. Мувофикатро ичро намоед :

1) майна А) парандагони лонанишин


2) мусича В) парандагони лонатарк
3) кабк
4) мурғобӣ

1 2 3 4

19. Мувофикатро иҷро намоед :

1) ушан А) қатори ҳашаротхӯрон


2) хукчаи обӣ В) қатори дастболон
3) ғулмуш С) қатори хояндагон
4) хорпушт . Д) қатори заргӯшшаклон
Е) қатори дарандагон

1 2 3 4
Тестхо аз фанни зоология ( синфи 8 ) барои солона

1. Деформатсияшавии дандонҳо ба пеш,ашк ва курсӣ дар кӣ дида мешавад ?


А ) парандагон
В) хазандагон
С) ширхӯрон
Д ) обхокиҳо

2. Шағол мансуби кадом оила мебошад ?


А ) гургшаклон
В) гурбашаклон
С) хисрҳо
Д ) савсоршаклон

3. Кашалотҳо ва делфинҳо мансуби кадом қатор мебошанд ?


А ) дастболон
В) дарандагон
С) белпойҳо
Д) китшаклон

4. Дар ҷуфтсумон сумҳои чандум хуб инкишоф ёфтааст?


А ) 3 – ум ва 4 – ум
В) 2 – ум ва 3 – ум
С) 1 – ум ва 4 – ум
Д ) 4 – ум ва 2 – ум

5. Меъдаи ширхӯрони кавшакунанда аз чанд хона иборат аст ?


А ) 2 хона
В) 3 хона
С) 4 хона
Д ) 6 хона

6. Филҳо кадом дандонро надоранд ?


А ) пеш
В) курсии хурд
С) курсии калон
Д ) ашк

7. Макака ва павиан мансуби кадом оила мебошанд ?


А ) гургшаклон
В) мартишкамонандҳо
С) гурбамонандҳо
Д ) маймунҳои одамшакл

8. Самарқанд, лос ва гавазн ба кадом гурӯҳи экологии ширхӯрон дохил


мешавад ?
А ) ҷангалӣ
В) фазои кушод
С) нимобӣ ва обӣ
Д ) кобанда ё зеризаминӣ

9. Дорои қиматбаҳои пантокринро аз чӣ истеҳсол мекунанд ?


А ) шохи оҳуи ҷавон
В) мӯинаи гурбаи баҳрӣ
С) мӯинаи санҷоб
Д ) чарби зерипӯстии хирсҳо

10. Уштур ба кадом қатор мансуб аст ?


А ) ҷуфтсумон
В) обилапойҳо
С) тоқсумон
Д ) кавшакунандагон

11. Омилҳои муҳитро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?


А ) 2 гурӯҳ
В) 3 гурӯҳ
С) 5 гурӯҳ
Д ) 4 гурӯҳ

12. Намояндаи зерсинфи нахустдарандагонро нишон диҳед :


А ) гург
В) савсор
С) ехидна
Д ) паланг

13. Давраи ҳомиладорӣ дар харгӯш чӣ миқдор мӯҳлатро дар бар


мегирад ?
А ) 3 моҳ
В) 16 моҳ
С) 2 сол
Д ) 5 – 6 моҳ

14. Бордоршавии тухм дар ширхӯрон дар куҷо ба амал меояд?


А ) наслдонҳо
В) тухмдонҳо
С) найи тухмгузар
Д ) ҳамроҳак

15. Миқдори мӯҳраи гарданро дар ширхӯрон нишон диҳед:


А ) 7 то
В) 8 то
С) 1 то
Д ) аз 9 то 25 то

16. « Мӯйлабҳо » - и атрофи даҳон дар ширхӯрон кадом вазифаро иҷро


мекунанд ?
А ) узви шомма
В) узви зоиқа
С) узви ломиса
Д ) узви сомеа

17.Мураккабии рафтор ширхӯрон ба чӣ вобастагӣ дорад ?


А ) ҳолати хоб ва бедорӣ
В) ҷойгиршавии мушакҳои тана
С) миқдори чинҳои мағзи сар
Д ) миқдори насл

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) зоғча А) қозмонандҳо
2) мурғобӣ В) гунҷишкшаклон
3) турна С) пойдарозон
4) мусича Д) достакмонандҳо
Е) кукумонандҳо

1 2 3 4

19. Мувофикатро иҷро намоед :

1) пума А) оилаи гугршаклон


2) кафтор В) оилаи гурбашаклон
3) гепард
4) рӯбоҳ

1 2 3 4

You might also like