You are on page 1of 16

Тестхо аз фанни биологияи умумӣ ( ссинфи10 ) барои чоряки 1 – ум

1. Нахустин зинаи ташаккули мавҷудоти зиндаро номбар намоед :


А ) организмӣ
В) молекулаӣ
С) ҳуҷайравӣ
Д ) бофтавӣ

2. Воҳиди хурдтарин ва унсури афзоиши тамоми мавҷудоти зинда ин :


А ) ҳуҷайра
В) молекула
С) бофта
Д ) узв

3. Маҷмӯи организмҳо ё фардҳои як намуд, ки ҷои зисташон умумӣ аст


……. меноманд.
А ) биосеноз
В) биогеосеноз
С) популятсия
Д) биосфера

4. Маҷмӯи организмҳои мухталифи аз ҷиҳати ташаккул гуногунро дар


якҷоягӣ бо ҳама мушаххасоти муҳити зист ……….. меноманд.
А ) биосфера
В) популятсия
С) биогеосеноз
Д ) биосеноз

5. Зинаи баландтарини ташаккули материяи зиндаро нишон диҳед :


А ) узвӣ
В) биосенозӣ
С) биогеосенозӣ
Д ) биосферӣ

6. Табиати зинда аз ғайризинда бо чанд хосият аз ҳамдигар фарқ мекунад


?
А ) 12 хосият
В) 10 хосият
С) 8 хосият
Д ) 6 хосият

7. Қобилияти аз насл ба насл гузаронидани хосияту аломатҳоро…….


меноманд.
А ) тағйирпазирӣ
В) мубодилаи модда
С) азнавбарқароршавӣ
Д ) ирсият

8. Қобилияти пайдо кардани аломату хосиятҳои навро ……….. меноманд .


А ) мубодилаи модда
В) азнавбарқароршавӣ
С) тағйирпазирӣ
Д ) ирсият

9. Инкишофи фардӣ ин :
А ) онтогенез
В) филогенез
С) гематогенез
Д ) гаметогенез

10. Инкишофи таърихиро…….. меноманд.


А ) онтогенез
В) филогенез
С) гематогенез
Д ) гаметогенез

11. Таркиби химиявӣ ва равандҳои физиологии худро нигоҳ доштанро


……….. меноманд.
А ) гомеостаз
В) капулятсия
С) мустақили
Д ) худидоракунӣ

12.Ақидаи пайдоши зинда аз ғайризинда чӣ ном дорад ?


А ) биогенез
В) биосфера
С) биоэкология
Д ) абиогенез

13. Ақидаи пайдоши зинда аз зиндаро чӣ меноманд?


А ) биогенез
В) биосфера
С) биоэкология
Д ) абиогенез

14. Панспермияро кадом олим пешниҳод намудааст ?


А ) Пастер
В) Нидгем
С) Редӣ
Д ) Арасту

15. Ҳосил кардани молекулаҳои органикӣ аз ғайриорганикӣ, бе организми


зинда ин :
А ) ассимилятсия
В) ситези биогенӣ
С) синтези абиогенӣ
Д ) диссимилятсия

16. Назарияи ҳароратӣ ё гармӣ бештар ба кӣ тааллуқ дорад ?


А ) Опарин
В) Фокс
С) Реди
Д ) Нидгем

17. Ақидаи “ шӯрбои аввалин ” – ро кадом олим ба миён гузоштааст ?


А ) Бернал
В) Опарин
С) Реди
Д ) Нидгем

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) фототаксис А) сабзиш ба ҷониби Офтоб


2) хемотаксис В) ҳаракат ҷониби рӯшноӣ
3) гелиотропизм С) ҷойивазкунӣ нисбати моддаи химиявӣ
4) геотропизм Д) сабзиши қисми зеризаминии растанӣ ба
маркази замин
Е) сабзиш ба самти гармӣ

1 2 3 4

19. Мувофикатро ичро намоед :

1) натрий А) 0,03 атом


2) гелий В) 1400000 атом
3) литий С) 3000 атом
4) карбон Д ) 17 атом
Е) 910 атом

1 2 3 4
. Тестхо аз фанни биологияиумумӣ ( синфи 10 ) барои нимсолаи 1 – ум

1. Ғун шудан, ҷамъшавии ягон модда дар ҷои муайян ин :


А ) коатсерват
В) коатсерватсия
С) маҳлул
Д ) консентронидан

2. Метоболизм ин :
А ) мубодилаи газ
В) мубодилаи модда
С) танҳо ассимилятсия
Д ) танҳо диссимилятсия

3. Дар эволютсияи эукариотҳо симбиози спирохеттаҳо бо симбионтҳо


чиро ба вуҷуд овард ?
А ) ядро
В) митохондрия
С) пардаи ҳуҷайра
Д) қамчинак

4. Организми дуқабатаи ба гаструла монандро Геккел чӣ номида буд ?


А ) фагосителла
В) гастрей
С) морулла
Д ) бластула

5. Организмҳои тоҳаставие, ки пардаи ҳуҷайра ва қобилияти


худҳосилшавӣ надоранд чӣ ном доранд ?
А ) сианобактерияҳо
В) коатсерватҳо
С) протобионтҳо
Д ) фагосителлашаклон
6. Кадоме аз ин элементҳои химиявӣ ба гурӯҳи якуми элементҳо, ки 98%
- ро ташкил мекунанд мансуб нест :
А ) гидроген
В) оксиген
С) карбон
Д ) сулфур

7. Элементҳои химиявие, ки асоси молекулаҳои органикиро ташкил


мекунад ……… ном доранд.
А ) биоэлементҳо
В) микроэлементҳо
С) макроэлементҳо
Д ) маҳлулҳои буферӣ

8. Пайвастшавии 2 аминокислота чӣ ном дорад ?


А ) дипептид
В) полипептид
С) трипептид
Д ) тетрапептид

9. Пайдарпайии ҷойгиршавии аминокислотаҳоро дар занҷири


полипептидӣ……… меноманд.
А ) сохтори дуюмини сафеда
В) сохтори сеюмини сафеда
С) сохтори якумини сафеда
Д ) сохтори чорумини сафеда

10. Структураи табии худро гум кардани молекулаи сафедаро чӣ


меноманд ?
А ) биосинтези сефеда
В) ренатуратсия
С) денатуратсия
Д ) мубодилаи пластикӣ

11. Ангиштоби мураккабро нишон диҳед :


А ) фруктоза
В) глюкоза
С) сахароза
Д ) селлюлоза
12. Ҳангоми таҷзияшавии 1 гр чарб чӣ миқдор энергия хориҷ мешавад ?
А ) 17,6 кҶ
В) 38,9 кҶ
С) 22,4 кҶ
Д ) 12,9 кҶ

13. Гурӯҳи пайвастагиҳои оганикие,ки аз эфири спиртҳо ва кислотаҳои


равғанӣ, инчунин дигар компонентҳо иборатанд …….. ном доранд.
А ) липидҳо
В) карбогидратҳои мураккаб
С) стероидҳо
Д ) карбогидратҳои сода

14. Кадом карбогидрат ба таркиби КДН дохил мешавад ?


А ) рибоза
В) фруктоза
С) манноза
Д ) дезоксирибоза

15. Қисми зиёди КРН – ро кадом намуди он ташкил мекунад ?


А ) КРН – и рибосомавӣ
В) КРН – и митохондриявӣ
С) КРН – и нақлиётӣ
Д ) КРН – и ахборӣ

16. Маҷмуи реаксияҳои синтези биологӣ чӣ ном дорад ?


А ) ассимилятсия
В) диссимилятсия
С) гликолиз
Д ) сикли Кребс

17. Маънои калимаи лотинии « transcriptio » чист ?


А ) руйнавис кардан
В) додан
С) кашонандагӣ
Д ) нақлиётӣ

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) оҳан А) дар лахташавии хун иштирок мекунад


2) магний В) дар раванди фотосинтез иштирок мекунад
3) руҳ С) ба таркиби инсулин дохил мешавад
4) калсий Д) ба таркиби гемоглобин дохил мешавад
Е) ба таркиби гормони ғадуди сипаршакл дохил мешавад

1 2 3 4

19. Мувофикатро ичро намоед :

1) мезосома А) шакли нисбатан содаи прокариотҳо, ки


пардаи ҳуҷайраро надоранд
2) микоплазма В) прокариотҳои қобилияти фотосинтез дошта
3) сианобактерия С) қисми берунаи мембранаи ситоплазма
4) археобактерия Д) прокариотҳое,ки хусусияти қадимаи худро
нигоҳ доштанд
Е) зинаи ҳаётии прокариотҳо

1 2 3 4
Тестхо аз фанни биологияи умумӣ ( синфи 10 ) барои чоряки 3 – ум

1. Ба ҳуҷайраҳои эукариотҳо мансубанд :


А ) растаниҳои дараҷаи олӣ
В) археобактерияҳо
С) сианобактерияҳо
Д ) микоплазмаҳо

2. Роҳи дохилшавии қатраҳои моеъ ба ҳуҷайраро ……. меноманд.


А ) фагоситоз
В) экзоситоз
С) пиноситоз
Д ) рефлекторӣ

3. Чанд намуди тӯри эндоплазмавӣ вуҷуд дорад ?


А ) 3 намуд
В) 4 намуд
С) 2 намуд
Д) 5 намуд

4. Вазифаи тӯри эндоплазмавии шахшулро нишон диҳед :


А ) ҷаббиши об
В) синтези карбогидрат
С) синтези чарб
Д ) синтези сафеда

5. Вазифаи тӯри эндоплазмавии суфтаро нишон диҳед :


А ) синтези чарб ва карбогидрат
В) синтези сафеда
С) танзими мубодилаи об ва намакҳо
Д ) танзими гормонҳои ғадудҳо

6. Вазифаи рибосома
А ) ситези глюкоза
В) синтези карбогидрат
С) синтези чарб
Д ) ситези сафеда

7. Вазифаи митохондрияро нишон диҳед :


А ) синтези АТФ
В) синтези карбогидрат
С) синтези сафеда
Д ) синтези чарб

8. Вазифаи лизосомаҳо :
А ) таҷзияи моддаҳо
В) синтези сафеда ва чарб
С) синтези витамин ва фермент
Д ) ҷаббиши об

9. Маркази ҳуҷайра аз чанд ҳиссаси силиндршакл иборат аст ?


А ) 2 то
В) 3 то
С) 4 то
Д ) 6 то

10. Органоиде, ки дар он фотосинтез мегузарад:


А ) митохондрия
В) хлоропласт
С) маҷмӯаи Голҷӣ
Д ) ядро

11.Ядро дорои чанд мембрана мебошад ?


А ) 1 то
В) 3 то
С) 2 то
Д ) надорад

12. Ҷамъбасти аломатҳои сифати ва миқдории дастаи хромасомаҳои


ҳуҷайраҳои ҷисмиро……. меноманд.
А ) кариотип
В) хроматин
С) хромасома
Д ) ядроча
13. Шираи ядро чӣ ном дорад ?
А ) эндоплазма
В) кариоплазма
С) экзоплазма
Д ) тоноплазма

14. Ҳуҷайраҳои ҷинсӣ бо кадом роҳ тақсим мешаванд ?


А ) амитоз
В) митоз
С) мейоз
Д ) эндомитоз

15. Спиралшавии хроматинҳо дар кадом давраи митоз ба амал меояд ?


А ) метафаза
В) телофаза
С) профаза
Д ) анафаза

16. Даври тайёрии ҳуҷайра ба тақсимшавӣ чӣ ном дорад ?


А ) профаза
В) пропрофаза
С) проанафаза
Д ) интерфаза

17. Ҳуҷайраи растаниҳо бо мавҷудияти кадом органоид аз тамоми дигар


ҳуҷайраҳои эукариотҳо фарқ мекунад?
А ) фагосома
В) ядро
С) вакуола
Д ) пластид

18. Мувофикатро ичро намоед :

1) плазмодияи вараҷа А) 46n


2) зоғармоҳӣ В) 48n
3) шимпанзе. С) 104n
4) одам Д) 2n
Е) 33n
1 2 3 4

19. Мувофикатро иҷро намоед :

1) захираи моносахаридҳо А) хлоропласт


2) фотосинтез В) хромопласт
3) рангдиҳии меваву гул С) лейкопласт
4) захираи дисахаридҳо

1 2 3 4
Тестхо аз фанни биологияи умумӣ ( синфи 10 ) барои солона

1. Аввалин бор вирусро кадом олим дар тамоку мушоҳида менамояд ?


А ) Ивановский
В) Кончаловский
С) Фокс
Д ) Опарин

2. Афзоиши, ки барои он иштироки ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ҳатмист чӣ ном


дорад ?
А ) ғайриҷинсӣ
В) нашвӣ
С) ҷинсӣ
Д ) шизегония

3. Инкишофёбии ҳуҷайраҳои ҷинсии мардонаро чӣ меноманд ?


А ) гаметогенез
В) овогенез
С) оогенез
Д) сперматогенез

4. Сперматогенез аз овогенез бо доштани кадом марҳила фарқ


мекунад?
А ) афзоиш
В) сабзиш
С) шаклгирӣ
Д ) балоғатрасӣ

5. Ивазшавии қисмҳои якхелаи хромасомаҳои гомологиро .......


меноманд.
А ) чилликшавӣ
В) конформатсия
С) транскрипсия
Д ) трансформатсия

6. Асосгузори эмбриологияи ҳозира кист ?


А ) Бэр
В) Кончаловский
С) Мюллер
Д ) Геккел

7. Онтогенез ба чанд давра ҷудо мешавад ?


А ) 3 давра
В) 2 давра
С) 4 давра
Д ) ба давраҳо тақсим намешавад

8. Марҳилаи аввалини ҷанинӣ баъди зигота кадом аст ?


А ) порашавӣ
В) органогенез
С) бластулятсия
Д ) гаструлятсия

9. Таъсири як бофта ба қисми дигари ҷанин дар рафти эмбриогенезро


…… меноманд.
А ) индуксия
В) порашавӣ
С) гаструлятсия
Д ) гистогенез

10. Раванди ивазшавии узвҳои кирминагӣ ба узвҳои фарди болиғ :


А ) индуксия
В) партеногенез
С) метоморфоз
Д ) фрагментатсия

11. Дуршавии аломатҳои ҷанинӣ дар рафти инкишоф ……. меноманд.


А ) дивергенсияи ҷанин
В) дегенератсияи ҷанин
С) индуксияи ҷанин
Д ) монандии ҷанин
12. Кӯчонидани бофтаҳо ё узвҳо дар растаниҳо, ҳайвонҳо ва одамон :
А ) регенератсияи физиологӣ
В) таҷдиди дохилиҳуҷайравӣ
С) таҷдиди репоративӣ
Д ) трансплантатстя

13. Асосузори илми генетика:


А ) Мендел
В) Мечников
С) Михайлов
Д ) Мюллер

14. Генҳое, ки дар ҷойҳои монанди хромасомаҳои гомологӣ ҷойгиранд чӣ


гуна генҳо ном доранд.
А ) ғайриаллелӣ
В) танзимкунанда
С) аллелӣ
Д ) иҷрокунанда

15. Қонуни якуми Менедел чӣ ном дорад ?


А ) таҷзия
В) полигибрид ва моногибрид
С) монандии шакли наслҳои якум
Д ) комбинатсияи нави генҳо

16.Агар модар барандаи гемофилия ва падар солим бошад чанд % - и


фарзандон гемофилик таваллуд мешаванд ?
А ) 50%
В) 25%
С) 100%
Д ) 75%

17.Аввалин бор микроскоп ихтироъ шуд :


А ) 1609, Галилей
В) 1628, Гарвей
С) 1661, Малпиги
Д ) 1674, Левенгук
18. Мувофикатро ичро намоед :

1) гидра А) тақсимшавии митозӣ


2) замбӯруғҳо В) муғҷабандӣ
3) амёба С) тавассути спора
4) картошка Д) лӯндареша
Е) қаламча

1 2 3 4

19. Мувофикатро иҷро намоед :

1) эпистазӣ А) ҳодисаи якҷоя ва пурра зоҳиршавии ду


аллели ген дар ҳолати гетерозиготӣ
2) плейотропӣ В) ҳодисае, ки як ген имконият намедиҳад, ки як
гени ғайриаллелӣ ба кор дарояд
3) кодоминантӣ С) илова шудани як ген бо зоҳиршавии
аломатҳои гени дигари ғайриаллелӣ
4) комплиментарӣ Д) таъсири як ген ки якчанд аломатҳоро
назорат мекунад
Е) таъсири якчанд ген, ки як аломатро танзим
мекунанд

1 2 3 4

You might also like