You are on page 1of 16

Тестҳо аз фанни ботаника ( синфи 5 ) барои чоряки 1 – ум

1. Тоҷгул ва косагулро дар якчоягӣ чӣ меноманд ?


А ) гулпӯш
В) гулбанд
С) гулбарга
Д ) косагул

2. Узви наринаи гул чӣ ном дорад ?


А ) тухмдон
В) гардбарг
С) зеркосабарг
Д ) думчаи гул

3. Меваи ақоқиё ин :
А ) донакмева
В) магзакмева
С) кӯсак
Д) ғилофак

4. Меваи гули бунафша чист ?


А ) ғӯза
В) кӯсак
С) мағзакмева
Д ) ғилофак

5. Меваи фарк бо кадом рох паҳн мешавад ?


А ) бо одам
В) бо шамол
С) бо об
Д ) бо парандагон

6. Меваи ғубайро ва марҷонбутта бо кадом роҳ паҳн мешавад ?


А ) бо одам
В) бо шамол
С) бо об
Д ) бо парандагон
7. Вобаста ба давомнокии ҳаёт растании гандуми бахорӣ чи гуна аст ?
А ) бисёрсола
В) яксола
С) дусола
Д ) эфемерӣ

8. Вобаста ба давомнокии ҳаёт растании бойчечак чӣ гуна аст ?


А ) эфемероидӣ
В) яксола
С) дусола
Д ) эфемерӣ

9. Буттаро нишон дихед:


А ) Булут
В) фарк
С) зирк
Д ) чинор

10. Гиёҳи калонтарин кадом гиёҳ аст ?


А ) обсабзак
В) чашми гӯсола
С) момогул
Д ) муз ( банан )

11. Пурбин ашёро то чанд маротиба калон нишон медиҳад ?


А ) то 270 маротиба
В) аз 2 то 25 маротиба
С) то 3600 маротиба
Д ) то миллионҳо маротиба

12. Микроскопи мактабӣ ашёро то чанд маротиба калон нишон медиҳад ?


А ) то 270 маротиба
В) аз 2 то 25 маротиба
С) то 3600 маротиба
Д ) то 200 маротиба

13. Ковокӣ ё холигии дар ҳучайраҳои нисбатан пир ин мавчудияти кадом


органоид мебошад?
А ) вакуола
В) ситоплазма
С) ядро
Д ) масома

14. Пластидҳои сабз чӣ ном доранд ?


А ) хромопласт
В) хлоропласт
С) лейкопласт
Д ) чунин пластид нест

15.Аз руи шакл, андоза ва вазифаашон тамоми ҳуҷайраҳои растанихоро


ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?
А ) ядродор ва беядро
В) калон, хурд ва миёна
С) ғафс ва нафис
Д ) паренхимӣ ва прозенхимӣ

16.Дарозии нахҳои лифии зағирпоя ва канаб ба чанд мм баробар аст ?


А ) 23 – 31 мм
В) 20 - 40 мм
С) 80 мм
Д ) 100 мм

17. Ҳуҷайраҳо байни хам тавассути чӣ алоқаманд шудаанд ?


А ) моддаи байниҳуҷайравӣ
В) ситоплазма
С) рагҳо
Д ) кӯпрукчахо

18. Ботаника илм дар бораи :


А ) ҳайвонҳо
В) замбуруғхҳо
С) растаниҳо
Д ) ҳаёт

19. Нахустин тағйирот ҳангоми тақсимшавии ҳуҷайра ин :


А ) ядро тақсим мешавад
В) вакуолаҳо вайрон мешаванд
С) ситоплазма таксим мешавад
Д ) ядрои ҳуҷайра калон мешавад

20. Ҳуҷайраҳои чавон аз пир бо кадом хусусияташон фарқ мекунанд?


А ) ядро дар марказ ҷойгир аст
В) ядро дар канор ҷойгир аст
С) дорои вакуолаҳои калон мебошад
Д ) андозаашон калон мебошад

21. Решача, пояча ва муғҷача ин қисмҳои чист ?


А ) пӯстпардаи тухм
В) ҷанини тухм
С) эндосперм
Д ) тухмпалла

22. Растаниҳои гулдоре, ки ҷанини онхо дорои ду тухмпаллаанд


растаниҳои …….. меноманд.
А ) якпалла
В) дусола
С) дупалла
Д ) яксола

23. Растании якпалларо нишон дихед :


А ) варточ
В) чакамуғ
С) гули ливондар
Д ) кӯкнор

24. Кадом шароитҳо барои сабзиши тухми растаниҳо ҳатмист ?


А ) об, гармӣ ва оксиген
В) гармӣ, гази карбонат ва об
С) намӣ ва хунукӣ
Д ) оксиген ва гази карбонат

25.Кадоме аз ин тухми растаниҳо дар вақти сабзишаш ба об нисбатан


бештар эхтиёҷ дорад?
А ) арзан
В) мушунг
С) нахӯд
Д ) ҷуворимакка
Тестхо аз фанни ботаника ( синфи 5 ) барои нимсолаи 1 – ум

1. Дар натиҷаи нафаскашии тухм …………..


А ) оксиген хориҷ мешавад
В) гази карбонат хориҷ мешавад
С) моддаи ғизоӣ ҳосил мешавад
Д ) хромасомаҳо дучанд мешаванд

2. Узви модинаи гул чӣ ном дорад ?


А ) тухмдон
В) гардбарг
С) зеркосабарг
Д ) думчаи гул

3. Меваи офтобпараст ин :
А ) донакмева
В) мағзакмева
С) кӯсак
Д) ғилофак

4. Меваи пахта чист ?


А ) ғӯза
В) кӯсак
С) мағзакмева
Д ) ғилофак

5. Тухми растании роздор бо кадом роҳ паҳн мешавад ?


А ) бо одам
В) бо шамол
С) бо об
Д ) бо парандагон

6. Тухми растании мушхор бо кадом роҳ паҳн мешавад ?


А ) бо ҳайвонот
В) бо шамол
С) бо об
Д ) бо парандагон
7. Вобаста ба давомнокии ҳаёт лаблабу чӣ гуна растанӣ аст ?
А ) бисёрсола
В) яксола
С) дусола
Д ) эфемерӣ

8. Вобаста ба давомнокии ҳаёт растании вазирак чи гуна растанӣ аст ?


А ) эфемероидӣ
В) яксола
С) дусола
Д ) эфемерӣ

9. Буттаро нишон дихед:


А ) Булут
В) фарк
С) қот
Д ) чинор

10. Гиёҳи хурдтарин кадом гиёҳ аст ?


А ) обсабзак
В) чашми гӯсола
С) момогул
Д ) муз ( банан )

11. Микроскопи биологӣ ашёро то чанд маротиба калон нишон


медиҳад ?
А ) то 270 маротиба
В) аз 2 то 25 маротиба
С) то 3600 маротиба
Д ) то миллионҳо маротиба

12. Растании гармидӯстро нишон диҳед?


А ) сулӣ
В) зағир
С) мушунг
Д ) бодиринг

13. Решачаи асосӣ аз чӣ инкишоф меёбад ?


А ) аз муғҷача
В) аз решача
С) аз пояча
Д ) аз эндоспер

14. Дар кадом кисми реша мӯякрешаҳо чойгир шудаанд ?


А ) ҷузъи гузарониш
В) ҷузъи тақсим
С) ҷузъи ҷаббиш
Д ) ҷузъи ғилофак

15. Тавассути кадом рагхо об ва намакҳои маъданӣ ҳаракат мекунад?


А ) ксилема
В) флоэма
С) склеренхима
Д ) колленхима

16. Дар растаниҳои қосидгулак ва гули кавкаб моддаи ғизоӣ дар куҷо
захира мешавад?
А ) решаи асосӣ
В) решахои пахлӯӣ ё иловагӣ
С) баргҳо
Д ) поя

17. Муғҷаи дар нӯги навда ҷойгиршударо чӣ меноманд?


А ) сармуғҷа
В) мугаи генеративи
С) мугчаи иловаги
Д ) мугчаи пахлуи

18. Мувофикатро ичро намоед :


1) Навда А) фосилаи ду банди ба ҳам наздик
2) Банд В) кунҷи байни барг ва байнибанди дар боло ҷойгиршуда
3) Байнибанд С) пояе, ки дар он муғча ва баргҳо инкишоф меёбанд
4) Бағали барг Д) ҷое,ки ба он барг пайваст мешавад
Е) узви генеративии растани

1 2 3 4
19. Мувофикатро ичро намоед :
1) суперфосфат А) нурии нитрогендор
2) карбамид В) нурии фосфордор
3) селитра С) нурии калийдор
4) нитрати калий

1 2 3 4
Тестхо аз фанни ботаника ( синфи 5 ) барои чоряки 3 – ум

1. Барги кадом растанӣ бедумча мебошад?


А ) чормағз
В) заранг
С) чинор
Д ) зағир

2. Канори паҳнаки барги кадоме аз ин растаниҳо суфтаи яклухт


мебошад ?
А ) ларзонбед
В) себ
С) ёсуман
Д ) фарқ

3. Вазифаи асосии масома дар чист ?


А ) оббухоркунӣ
В) фотосинтез
С) қабули моддаи гизоӣ
Д) хориҷкунии моддахои фаъоли биологӣ

4. Раванди бо таъсири нури рӯшноӣ аз моддахои ғайриорганикӣ


ҳосилшавии моддаи органикиро ……….. меноманд.
А ) хориҷкунии шира
В) транспиратсияи об
С) оббухоркунӣ
Д ) фотосинтез

5. Дар раванди фотосинтез аз об ва гази карбонат чӣ ҳосил мешавад ?


А ) қанд, оҳар
В) чарб
С) сафеда
Д ) намакхои маъданӣ

6. Об дар растанихо асосан аз куҷо бухор мешавад ?


А ) аз поя
В) аз реша
С) аз сатҳи барг
Д ) аз гул
7. Дар кадоме аз ин растаниҳо барг тағйири шакл намуда пурмағзу
сероб гаштааст ва обро захира мекунад ?
А ) ҳанҷарӣ ( агава )
В) зирк
С) кактус
Д ) пашшахӯрак

8. Барои чӣ дар тирамоҳ ранги баргҳо сурху зарду норинҷи мешаванд ?


А ) аз норасоии об
В) хлорофилл вайрон мешавад
С) намакҳои минералӣ нокифоягӣ мекунанд
Д ) сабаб надорад

9. Кадом олим дар китоби худ « Ҳаёти растанӣ » аҳамияти растаниҳоро


пурраву возеҳ шарҳ додааст ?
А ) Павлов
В) Сеченов
С) К. А. Тимирязев
Д ) Анохин

10. Растании ашақа ба тиргак ё девор тавассути чӣ часпида мебарояд ?


А ) решаҳои паҳлӯи
В) решаи асоси
С) решахои иловагӣ
Д ) баргҳо

11. Қабати сахте,ки аз ҳама сербар буда, дар зери пӯстлох чойгир аст чӣ
ном дорад ?
А ) дила
В) чуб
С) лиф
Д ) пӯк

12. Пӯк аз кадом бофта ташкил ёфтааст ?


А ) бавуҷудоваранда
В) пӯшиш
С) гузаронанда
Д ) механикӣ

13. Вазифаи наскдонаҳо дар чист ?


А ) мубодилаи газ
В) оббухоркунӣ
С) фотосинтез
Д ) мубодилаи модда

14. Солҳалкаи сабзиш аз ҳисоби ҳучайрахои кадом қабат ҳосил


мешавад ?
А ) чӯб
В) дила
С) лиф
Д ) камбий

15. Моддаҳои органикӣ дар поя тавассути кадом рагҳо ҳаракат


мекунанд ?
А ) ксилема
В) флоэма
С) склеренхима
Д ) колленхима

16. Кадоме аз ин растаниҳоро тавассути қаламчареша зиёд мекунанд ?


А ) сансевера
В) бунафшаи узамбарӣ
С) тамашки бАғи
Д ) лимӯ

17. Кадоме аз ин растаниҳои гулпӯш надоранд ?


А ) бед
В) лола
С) себ
Д ) садбарг

18. Мувофикатро ичро намоед :


1) шохтути заминӣ А) фарғуч
2) Қот В) решапоя
3) Ғумой С) лунда
4) ноки заминӣ Д) пояи хазанда(танобак)
Е) пиёзак
1 2 3 4

19. Мувофиқатро иҷро намоед :


1) Гули ливондар А) пиёзак
2) Картошка В) решапоя
3) Сиёҳалаф С) лунда
4) Лола

1 2 3 4
Тестхо аз фанни ботаника ( синфи 5 ) барои салона

1. Тӯдагули гули тӯтиё чист ?


А ) чатраки мураккаб
В) қубба
С) чатраки сода
Д ) хӯша

2. Шаҳд дар куҷо ҳосил мешавад ?


А ) нектардон
В) косабарга
С) думчаи гул
Д ) тухмдон

3. Тӯдагули офтобпараст ин :
А ) сабадак
В) хӯша
С) чатраки сода
Д) сипарак

4. Соли 1898 аз тарафи олим ………… аввалин маротиба бордоршавии


дучанда кашф шудааст.
А ) Сеченов
В) Тимирязев
С) Павлов
Д ) Навашин

5. Меваи кадоме аз ин растаниҳо мураккаб мебошад ?


А ) гандум
В) тамашк
С) нахӯд
Д ) олуболу

6. Дар вақти нафаскашии растанӣ қанд то ба кадом моддаҳо таҷзия


мешавад ?
А ) гази карбонат ва об
В) об ва намакхои минералӣ
С) витаминҳо ва гази карбонат
Д ) оксиген ва гидроген
7. Хучайрае, ки баъди бордоршави аз он организми томи растанӣ нашъу
намо мекунад чӣ ном дорад?
А ) зигота
В) синергид
С) антипод
Д ) тухмҳуҷайраи калони марказӣ

8. Дар лиф вазифаи гузаронандагиро чӣ иҷро мекунад ?


А ) раги ксилема
В) бофтаи механикӣ
С) ҳучайрахои исфанчшакл
Д ) найчахои элакшакл

9. Кадоме аз ин растаниҳо серсафеда мебошанд ?


А ) офтобпараст
В) зағир
С) лӯбиё
Д ) чигит

10. Ғафсшавии пояи растанихо аз хисоби тақсимшавии ҳучайрахои кадом


қабат мебошад?
А ) лиф
В) камбий
С) пук
Д ) дила

11. Хангоми даст расонидан ба кадоме аз ин растаниҳо баргхояш бо


суръати тез ба поён хам мезанад?
А ) анчибар
В) настурсия
С) мимозаи шармгин
Д ) офтобпараст

12. Растаниҳо дар маҷмуъ чанд давраи хаётиро паси сар мекунанд ?
А ) 4 давра
В) 5 давра
С) 6 давра
Д ) 3 давра

13. Дар растаниҳои якпалла моддаи гизоӣ дар кучо захира мешавад ?
А ) муғҷача
В) тухмпаллахо
С) эндосперм
Д ) решача

14. Вазифаи бофтаи руйпушкунанда ?


А ) муҳофизат аз таъсиротхои гуногуни муҳити беруна
В) мубодилаи газ ва модда
С) ҷаббиши об ва намакхои минералӣ
Д ) раванди фотосинтез

15. Муғҷаи нӯгтези зифти часпак ба кадоме аз ин растаниҳо хос мебошад ?


А ) маҳлаби русӣ
В) ғубайро
С) сафедор
Д ) қоти сиёҳ

16. Сабзиши баргу пояҳои растаниҳоро кадом намуди нурӣ метезонад ?


А ) хамаи чавобхо дурустанд
В) калийдор
С) фосфордор
Д ) нитрогендор

17. Бофтаи чузъи тақсимшавии реша чи хел аст ?


А ) руйпушкунанда
В) механики
С) бавуҷудоваранда
Д ) асосӣ

18. Мувофикатро ичро намоед :


1) тус А) ру ба ру
2) ёс В) навбатӣ
3) ёсуман С) ҳалқагӣ
4) чилбанди оби

1 2 3 4
19. Мувофикатро ичро намоед :
1) ливондар А) сабадак
2) ангур В) чатраки мураккаб
3) олуболу С) чатраки сода
4) чаъфарӣ Д) хуша
Е) чорубак

1 2 3 4

You might also like