You are on page 1of 27

Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

падари шеъри порсӣ (858 – 941)

Абёти пароканда аз маснавиҳо


Кор чун баста шавад, бикшоядо
В-аз паси ҳар ғам тараб афзоядо!

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор


Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Аз Хуросон парвази товусваш,


Сӯи Ховар мехиромад шоду каш,
К-офтоб ояд ба бахшаш зӣ Бара,
Рӯйи гетӣ сабз гардад яксара.
Меҳр дидам бомдодон чун битофт,
Аз Хуросон сӯи Ховар мешитофт.
Нимрӯзон бар сари мо баргузашт,
Чун ба Ховар шуд, зи мо нодид гашт.

Ҳамчунон сурма, ки духти хубрӯй,


Ҳам ба сони гард бардорад зи рӯй.
Гарчи ҳар рӯз андаке бардорадаш.
Бофдум рӯзе ба поён орадаш.

Шаб зимистон буд, каппӣ сард ёфт,


Кирмаки шабтоб ногоҳе битофт.
Каппиён оташ ҳамепиндоштанд,
Пуштаи ҳезум бад-ӯ бардоштанд.

--
Он гурунҷу он шакар бардошт пок
В-андар он дастори он зан баст хок.
Боз кард аз хоб занро нарму х(в)аш,
Гуфт: “Дуздонанд!”-у омад пойпаш.
Он зан аз дӯкон фуруд омад чу бод,

www.sattor.com 2
Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.
Шӯй бикшод он фаларзаш хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: «Эй палид!»

Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист,


Бо ниҳебу саҳм ин овои кист?
Димна гуфт ӯро: «Ҷуз ин ово дигар,
Кори ту на ҳасту саҳме бештар!
Об ҳар чи бештар ниру кунад,
Банду варғи сусту пӯда бифганад.
Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд,
Ранҷаке бошад-ту озору газанд!»

Гуфт: “Ҳангоме яке шаҳзода буд,


Гавҳарию пурҳунар, озода буд.
Шуд ба гармоба дарун як рӯз ғӯшт,
Буд фарбиву калону хубгӯшт.
Чунки занро дид лағ, кард уштулам,
Ҳамчу оҳан гашту на дод эч хам”

--
Киштие бар обу киштибон-ш бод,
Рафтан андар водие яксон ниҳод.
На хала бояд, на бод ангехтан,
На зи киштӣ биму на з-овехтан.

Бонги залла кард хоҳад кар(р) гӯш


В-еч н-осояд ба гармо аз хурӯш.
Барзанад овоз дунонак ба даст,
Бонги дунонак сечанд овой ҳаст.

www.sattor.com 3
--
В-аз дарахт-андар гувоҳӣ хоҳад ӯй,
Ту бад-он гаҳ аз дарахт-андар бигӯй,
К-он табангӯ, к-андар-ӯ динор буд,
Он ситад з-эдар, ки ноҳушёр буд.

Ҳамчунон капте, ки дорад ангабин,


Чун бимонад достони ман барин.
Капт ногаҳ бӯйи нилуфар биёфт,
Хушаш омад сӯйи нилуфар шитофт.
В-аз бари хушбӯй нилуфар нишаст,
Чун гаҳи рафтан фароз омад, наҷаст.
То чу шуд дар об нилуфар ниҳон,
Ӯ ба зери об монд аз ногаҳон.

--
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон!
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар!

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,


Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг-андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

www.sattor.com 4
Гуфт бо харгӯш: «Хона – хони ман,
Хез хошокат аз-ӯ берун фикан.
Чун яке хошок афканда ба кӯй,
Гӯшхоронро ниёз ояд бад-ӯй.»

Он-к-ро донам, ки ӯям душман аст


В-аз равони пок бадхоҳи ман аст;
Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман,
Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман.

--
Бори каҷ мардум ба кунгур-ш андаро,
Чун аз он суд аст, мар шодӣ туро.

Офарида мардумон мар ранҷро,


Пеша карда ранҷи ҷоноҳанҷро.

Андар омад мард бо зан чарб-чарб,


Гандапир аз хона берун шуд ба тарб.

Шоҳ дигар рӯз боғ орост хуб,


Тахтҳо бинҳоду баргустурд буб.

Худ туро ҷӯяд ҳаме хубию зеб,


Ҳамчунон чун навҷаба ҷӯяд нишеб.

www.sattor.com 5
Пас табире дид наздики дарахт,
Ҳар гаҳе бонге биҷастӣ тунду сахт.

Гурсуна рӯбоҳ шуд то он табир,


Чашм зӣ ӯ бурда, монда хир-хир.

--

Бо карӯзу хуррамӣ оҳу ба дашт,


Мехиромад чун касе, к-ӯ маст гашт.

Хоягони ту чу кобила шудаст,


Ранги ӯ чун ранги потила шудаст.

Чун даромад он кадевар, марди зафт,


Бел ҳишту доскола баргирафт.

Омад ин шабдиз бо марди хароҷ,


Дар биҷунбонид бо бонгу талоҷ.

Дасту каффу пои пирон пуркалахҷ,


Риши пирон зард аз бас дуди нахҷ.

Гар хӯрӣ, аз хӯрдан афзояд-т ранҷ,


В-ар диҳӣ, мину фароз орад-т ганҷ.

www.sattor.com 6
Гуфт: « Хез акнуну сози раҳ басеҷ,
Рафт бояд-т, эй писар, мамғаз ту ҳеҷ.»

Оҳу аз дом-андарун овоз дод,


Посухи гарза ба дониш боздод.

Подшоҳ симурғи дарёро бибурд,


Хонаву бачча бад-он тетав супурд.

Андар он шаҳре, ки муш оҳан х(в)арад,


Боз паррад дар ҳаво, кӯдак барад.

--
Аз фаровонӣ, ки хушкомор кард,
З-он ниҳон мар мардро бедор кард.

Чунки ноланда бад-ӯ густох шуд,


Тандурустӣ омаду дарвох шуд.

Кард рӯбаҳ юз ворӣ як зағанд,


Хештанро з-он миён берун фиганд.

Гуфт диниро, ки ин динор буд,


К-ин фажогин мушро парвор буд.
Марди динӣ рафту овардаш кананд,
Чун ҳаме меҳмон дари ман хост канд.

www.sattor.com 7
Гунбаде наҳмор барбурда баланд,
На-ш сутун аз зеру н-аз бар сар-ш банд.

Рӯзи ҷастан тозиёне чун наванд,


Рӯзи дан чун шастсола судманд.

Гурбузони шаҳр бо ман тохтанд,


Ман надонистам, чӣ тунбал сохтанд!

Нони он мудхил зи бас зиштам намуд,


Аз паи хӯрдан гувориштам набуд.

Зан чу ин бишнида шуд, хомӯш буд,


Кафшгар конову марде лӯш буд.

Сурхии хафча нигар аз сурхбед–


Мӯъсафаргун пӯшиши ӯ, худ сафед.

--
Чун кашаф анбӯҳи ғавғоӣ бидид,
Бонгу жаххи мардумон хашм оварид.

Сар фурӯ кардам миёни обх(в)ар,


Аз фурунҷи ман-ш хашм омад магар?!

www.sattor.com 8

Хӯр ба шодӣ рӯзгори навбаҳор,


Май гусор андар такуки шоҳвор!

Доштӣ он тоҷири давлатшиор,


Сад қатори сор андар зери бор.

Марди муздур андароғозид кор,


Пеши ӯ дастон ҳаме зад бекиёр.

Ошкӯхад бар замин ҳамвортар,


Ҳамчунон чун бар замин душвортар.

Аз ту дорам ҳар чӣ дар хона ханур


В-аз ту дорам низ гандум дар канур.

--
Ҳар кӣ ёри хешро ёвар шавад,
Ёр бояд буд, агар кофар шавад.

Вақти нокомӣ тавон донист ёр,


Чун бувад дар комронӣ сад ҳазор.

Оташе биншонд аз тан тафту тез,


Чун замоне бигзарад, гардад гамез.

www.sattor.com 9
В-аз чаковак нӯф бинӣ растахез,
Дашт баргирад бад-он овои тез.

Чун гули сурх аз миёни пилгӯш,


Ё чу заррингӯшвор аз хубгӯш.

Шер ғажм оварду ҷаст аз ҷойи хеш


В-омад ин харгӯшро алфағда пеш.

Аблаҳу фарзонаро фарҷом хок,


Ҷойгоҳи ҳар ду андар як мағок!

--
Мӯи сар ҷағбуту ҷома римнок,
Аз бурун-сӯ боди сарду бимнок.

Зад кулӯхе бар ҳабоки он фазок,


Шуд ҳабоки ӯ ба кирдори мағок.

Аз даҳони ту ҳамеояд ғашок,


Пир гаштӣ, рехт мӯят аз ҳабок.

Хашм омад-шу ҳамон гаҳ гуфт: «Век!»


Хост, к-ӯро барканад аз дида кек.

www.sattor.com 10

Мода гуфто: «Ҳеҷ шармат нест, век!


Бас сабуксорӣ, на бад донӣ, на нек».

Чун фароз ояд бад-ӯ оғози марг,


Диданаш бегор гардонад маҷарг.

Истода дидам он ҷо дузду ғул,


Рӯй зишту чашмҳо ҳамчун дуғул.

То ба хона бурд занро бо дилом,


Шодмона зан нишасту шодком.

З-асп ялле (?) омад он гаҳ нарм-нарм,


То баранд аспаш ҳамон гаҳ гарм-гарм.

Назди он шоҳи замин кардаш паём,


Доруе фармуд «Зомеҳрон» ба ном.

Баски бар гуфта пушаймон будаам,


Баски бар ногуфта шодон будаам.

www.sattor.com 11
Кард бояд мар маро в-ӯро раван,
Шер то темор дорад хештан.

Пас шитобон омад инак пирзан,


Рӯй як сӯ коға карда хештан.

З-аш аз-ӯ посух диҳам андар ниҳон.


З-аш ба бедорӣ миёни мардумон.

Чун бигардад пои ӯ аз пойдон,


Худ шукӯхида бимонад ҳамчунон.

Мору ғунда, карбаша бо каждумон,


Хӯрд эшон пӯсти рӯи мардумон.

Токи раз, бинӣ, шуда диноргун,


Парниёни сабзи ӯ зангоргун.

Аз ҳамолон в-аз бародар ман фузун,


З-он ки ман уммедворам низ юн.

Гар дирамдорӣ газанд орад ба дин,


Бифган ӯро, гурми дарвешӣ гузин.

www.sattor.com 12
Мардро наҳмор хашм омад аз ин,
Ғовшанге ба каф овардаш гузин.

Ар ҳама хубию некӣ дорад ӯ,


Модавар бар кори хеш ар дорад ӯ(?).

Танг шуд олам бар ӯ аз баҳри гов,


Шӯр-шӯр андар фиканду ков-ков.

Гуфт фардо биниам дар пеши ту,


Худ биёҳанҷам ситем аз реши ту.

Кош он гӯяд, ки бошад беш на,


Бар яке-бар чанд бифзояд фара.

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,


То тавонӣ, рав ҳавозӣ ганҷ неҳ!

Рӯи ҳар як чун дуҳафта гирдмоҳ,


Ҷомашон – ғуффа, самуришон – кулоҳ.

Ахтаронанд, осмоншон – ҷойгоҳ,


Ҳафт тобанда давон дар дуву доҳ.

www.sattor.com 13
Суси парварда ба май бигдохта,
Нек дармоне занонро сохта.

Пар биканда, чангу чангал рехта,


Хок гашта, бод хокаш бехта.

Назди ту омода буд в-ороста,


Ҷанги ӯро хештан пероста.

Санҷиду челон ба ду нима шуда,


Нуқтаи сурма ба як-як барзада.

Ҳаст аз мағзи сарат, эй мангала,


Ҳамчу раш монда тиҳӣ аз кашкула!(?)

Беҳтарин ёрону наздикон ҳама,


Назди ӯ дорам ҳамеша андама.

Пас биӯборид эшонро ҳама,


Не шубонро меш зинда, не рама.

Ҷой кард аз баҳри будан козае,


З-он ки карда будашон андозае.

www.sattor.com 14
Рафт риманмарди хоми лакдарой,
Пеши он фартутпири жожхой.

Бинию гандадаҳон дорию ной,


Хоягон ғур, ҳар яке ҳамчун дарой.

Песиву носӯркуну гурбапой,


Хоя ғур дорӣ ту чун уштурдарой!

Обканде дуру бас торик ҷой,


Лағз-лағзон чун дар ӯ бинҳанд пой.

Зишту нофарҳехтаву нобихраде,


Одамирӯею дар ботин баде.

Ман сухан гӯям, ту коноӣ кунӣ,


Ҳар замоне даст бар дасте занӣ.

Дастгоҳи ӯ надонад, к-аз чӣ рӯй,


Тунбалу канбураву дастони ӯй!

Шав бад-он кунҷ андарун, хумме биҷӯй,


Зери ӯ сумҷест, берун шав бад-ӯй.

www.sattor.com 15
Чун яке ҷағбут пистонбанди ӯй,
Шир душӣ з-ӯ ба рӯзе ду сабӯй.

Хумму хунба пур, зи андӯҳ дил тиҳӣ,


Заъфарону наргису беду биҳӣ.

Ба андо намуданд вахшурро,


Бидид он саропо ҳама нурро.

Кафан ҳулла шуд кирми баҳромаро,


К-аз абрешими ҷон кунад ҷомаро.

Ба кӯҳ-андарун, гуфт: «Камкони(?) мо,


Биёву бикан, бигсилад ҷони мо!»

Тавонӣ бар ӯ кор бастан фиреб,


Ки нодон ҳама рост бинад виреб.

Гирифт об коша зи сармои сахт,


Чу зарринварақ гашт барги дарахт.

Зи қалб ончунон сӯйи душман битохт,


Ки аз ҳайбаташ шери нар об тохт.

www.sattor.com 16
Чу гашт он парирӯй беморғанҷ,
Бибуррид дил з-ин сарои сипанҷ.

Сиголандаи чарх монанди ғӯч,


Табар бурда бар сар чу тоҷи хурӯч.

Ки бар обу гил нақши мо ёд кард,


Ки моҳор дар бинии бод кард.

Ба душман-бар аз хашм овоз кард,


Ту гуфтӣ, магар тундар оғоз кард.

Нафасро ба узрам чу ангез кард,


Чу озарфазо оташам тез кард.

Зи ҳар хошае хештан парварад,


Ки ҷуз хош вайро чӣ андар х(в)арад?!

Нишасту суханро ҳаме хош зад,


Зи оби даҳан кӯҳро шош зад.

Ба бодафраҳи ҷовидон кардманд,


Ба дӯзах бимонад равонаш нажанд!

www.sattor.com 17
Яке базми хуррам биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.

Тани хингбед арчи бошад сапед,


Ба таррию нармӣ набошад чу бед.

Кафидаш дил аз ғам чу он кафтанор,


Кафида шавад санги теморхор.

Дурахш ар нахандад ба вақти баҳор,


Ҳамоно нагиряд чунин абр зор.

Ба домам наёмад ба сони ту гӯр,


Раҳоӣ наёбӣ, бад-ин сон машӯр!

Расиданд зӣ шаҳр чандон фароз,


Сипаҳ хайма зад дар нишебу фароз.

Чӣ хуш гуфт он мард бо он хадеш,


«Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш»!

Тан аз х(в)ай пуробу даҳон пур зи хок,


Забон гашта аз таншнагӣ чок-чок.

www.sattor.com 18
Фиканданд бар лоди парнехсанг,
Накарданд дар кори мӯъбад даранг.

Ба як бод агар бештар тор ранг(?),


Ки бошад, ки бешӣ бувад бедаранг.

-—

Ду ҷӯе равон аз даҳонаш зи хилм,


Ду хирман зада бар ду чашмаш зи хим.

Баҳор аст ҳамвора ҳар ду бутам.


Ба мункар фаровон, ба маъруф кам.

Ба дашт ар ба шамшер бигзорадам,


Аз он беҳ, ки моҳӣ биӯборадам!

Макун хештан аз раҳи рост гум,


Ки худро ба дӯзах барӣ бофдум!

Агар бошгуна бувад пираҳан,


Бувад ҳоҷати баркашидан зи тан.

Ҷигарташнагонанд бетӯшагон,
Ки бечорагонанду безоварон.

www.sattor.com 19
В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Моваруннаҳр дон.

Ки ҳар гаҳ ки тира бигардад ҷаҳон,


Бисӯзад чу дӯзах, шавад бодрон(?)

Бадандеш душман бар ӯ вайлҷӯ,


Ки то чун ситонад аз ӯ чизи ӯ.

Сиришк аз мижа ҳамчу дур(р) рехта,


Чу хӯша зи соруна овехта.

Нишаста ба сад чашм бар борае,


Гирифта ба чанг - андарун порае.

Лаби бахти пирӯзро хандаӣ,


Маро низ мурвои фархандаӣ!

Маялфанҷ душман, ки душман яке


Фузун асту дӯст ар ҳазор, андаке!

Або хилъати фохир аз хуррамӣ,


Ҳамерафтию менаваштӣ замӣ!

www.sattor.com 20
Ҷавон будаму пунба фахмидаме,
Чу фахмида шуд, дона барчидаме.

Ҷавон чун бидид он нигоридарӯй,


Ба сони ду занҷир марғули мӯй.

Ба хунёгаре нағз овард рӯй,


Ки чизе, ки дил хуш кунад, он бигӯй!

Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,


Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бибин ошкор,
Ниҳонӣ-тро бар ниҳонӣ гумор!

Нест фикре ба ғайри ёр маро,


Ишқ шуд дар ҷаҳон фаёр маро.

То самӯ сар бароварид аз дашт,


Гашт зангоргун ҳама лаби кашт.
Ҳар яке корде зи хон бардошт,
То пазанд аз самӯ таомаки чошт.

Заръу заръ аз баҳор шуд чу биҳишт:


Заръ кишт асту заръ гӯшаи кишт!

www.sattor.com 21
Уштури гурсина касема х(в)арад,
Кай шукӯҳад зи хор, чира чарад!

Ҳар киро роҳбар заған бошад,


Гузари ӯ ба марғазан бошад.

Дева ҳарчанд к-абришам бикунад,


Ҳар чи он бештар ба хеш тунад.

Гови мискин зи кайди Димна чӣ дид


В-аз бади Зоғ Бумро чӣ расид?!

Дур монд аз сарои хешу табор,


Насаре сохт бар сари кӯҳсор.

--

Гарчи номардум аст он нокас,


Нашавад сер аз ӯ дилам паргас!

Духти Кисро, зи насли Кайковус,


Дурситӣ ном, нағз чун товус.

Табар азбаски зад ба душман кӯс,


Сурх шуд ҳамчу лолакои хурӯс.

www.sattor.com 22
Он ки ӯ ин сухан шунид азиш
Боз пеш ор, то кунад пажуҳиш.

Хештандор бошу бепархош,


Ҳеҷ касро мабош ошиқу ғош!

Хештан пок дор, бепархош,


Рӯ ба оғош - андарун махрош!

Аз бузургӣ, ки ҳастӣ, эй хаштук,


Чокарат бар китиф ниҳад дафнук!

Аз ту холӣ нигорхонаи Ҷам,


Фарши дебо фиканда бар бачкам.

Ман чунин зор аз он ҷамош шудам,


Ҳамчу оташ миёни дош шудам.

Ҷонтаранҷидаву шикастадилам,
Гӯйӣ, аз ғам ҳаме фурӯ гусилам.

Бод бар ту мубораку хуншон


Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон!

www.sattor.com 23
Буданӣ буд, май биёр акнун,
Ратл пур кун, магӯй беш сахун!

Чун ниҳод ӯ паҳандро неку,


Қайд шуд дар паҳанди ӯ оҳу.

Чун ба бонг омад аз ҳаво бахнав,


Май хӯру бонги рӯду чанг шунав!

Аз шабистон ба башкам омад шоҳ,


Гашт башкам ба дилбарон чун моҳ.

Ришу сиблат ҳаме ҳизоб кунӣ,


Хештанро ҳаме азоб кунӣ!

Он, ки нашк офариду сарви сиҳӣ


В-он ки бед офариду нору биҳӣ.

Шабе деранду зулматро муҳайё,


Чу нобино дар ӯ ду чашми бино!

Диранг ор, эй сипеҳри чархворо,


Каёхантар - т бояд кард коро!

www.sattor.com 24
Чароғон дар шаби чак ончунон шуд,
Ки гетӣ рашки ҳафтум осмон шуд!

Чу ёвандон ба маҷлис май гирафтанд,


Зи маҷлис, маст чун гаштанд, рафтанд.

Наёрам бар касе ин роз бикшуд,


Маро он холи ҳиндуи ту бифнуд.

Агарчи дар вафо бешибҳию дес,


Намедонӣ ту қадри ман дизандес!

Бувад зудо, ки ойӣ нек хомӯш,


Чу мурғобӣ занӣ дар об поғӯш.

Илоҳӣ аз худам бистону гум кун,


Ба нури пок бар ман уштулум кун!

Сари сарви қадаш шуд божгуна,


Дуто шуд пушти ӯ ҳамчун даруна.

Ту аз фарғул бояд дур бошӣ,


Шавӣ дунболи кору ҷон харошӣ!

www.sattor.com 25
Ба роҳ - андар ҳамешуд шоҳроҳе,
Расид ӯ то ба назди подшоҳе.

Биҳиштойин сароеро бипардохт,


Зи ҳар гуна дар ӯ тимсолҳо сохт.
Зи уду чандан ӯро остона,
Дараш симину заррин поликона.

Бигрифт ба чанг чангу биншаст,


Бинвохт ба шаст чангро шаст.

Фархор бузургу нек ҷоест,


К-он мавзеи он бути навоест!

На кафшгарӣ, ки дӯхтастӣ,
На гандуму ҷав фурӯхтастӣ.

Эй булбули хушово, ово деҳ,


Эй соқӣ, он қадаҳ бо мо деҳ!


Ҷавонӣ гусасту чиразабонӣ,
Табъам гирифт низ гаронӣ.


Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,
Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ.

www.sattor.com 26

Ҷомаи пурсурати даҳр, эй ҷавон,
Чирк шуду шуд ба кафи гозурон;
Ранг ҳама хому чунон печутоб ,
Мунтазирам, то чӣ барояд зи об.

www.sattor.com 27

You might also like