You are on page 1of 18

Дурнамои

истифодаи
технологияи
блокчейн дар
шароити иқтисоди
рақамӣ

Иҷрокунанда: Қодирова М.З


  Дар ҷаҳони муосир технологияҳо мунтазам инкишоф меёбанд, ки
боиси тағйирёбии ҳаёти одамон ва умуман иқтисодиёт мегардад.
Таҳаввулоти тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон боиси тавлиди
марҳилаи навбатии рушди иқтисодии системаи ҷаҳонӣ-иқтисоди
рақамӣ гардид. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ аз ҳисоби
рақамикунонии ҷараёнҳои тиҷорат, ҷорӣ намудани технологияҳои
рақамӣ дар корхонаҳои саноатй, мақомотҳои давлатй ва муассисахои
молиявй анҷом дода мешавад. Азхудкунии технологияҳои нави
рақамӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва
мақомоти давлатиро аз ҳисоби алоқаи мутақобилаи тези
иштирокчиёни байнибозорӣ таъмин менамояд. Мисоли равшани
чунин намуди технология технологияи блокчейн мебошад.
Мазмун ва хусусиятҳои технологияи блокчейн
Содда: Блокчейн ин як дафтари калони муҳосибӣ аст, қайдҳо сабт карда
мешаванд ва ҳар як кас метавонад онро тариқи шумораи зиёди
компютерҳо дар тамоми миқёси ҷаҳон хонад.
Асосӣ: Блокчейн – ин як намуди маҳсулоти нармафзорест, ки имкон медиҳад,
бузургиҳо ё маълумотҳоро тавассути Интернет ба таври
муҳофизаткардашуда ва шаффоф, бидуни доштани мақомоти марказии
роҳбарикунанда нигоҳ ва табдил диҳад.
Аслӣ: Блокчейн занҷири блокҳоро тавсиф мекунад, ки дар он маълумоти
гуногун нигоҳ дошта мешаванд, ба монанди: транзаксияҳо, шартномаҳо,
ҳуҷҷатҳои амволӣ, асарҳои санъат ва ғ.
Умумӣ: Блокчейн технологияест, ки дар барномаҳои транзаксионии насли оянда
истифода мешавад, ки тавассути як алгоритми созиши дастаҷамъӣ ва
дафтари ғайримарказии тақсимшуда, дар байни ҳамаи иштирокчиён
боварӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофиятро ба вуҷуд меорад.
Техникӣ: Блокчейн технологияи ташкили пойгоҳи додаҳо дар асоси интернет аст,
ки аз тамоми бартариҳои он, аз ҷумла протоколи кушода ва қобилияти
ҳисоб кардан ва рамзгузорӣ пурра истифода мебарад. Ин пойгоҳи
додаҳои тақсимшудаи транзаксияҳоро метавон бо китоби муҳосибӣ
муқоиса кард, ки дар он ҳар як амалиёти нав дар паҳлӯи амалиёти қаблӣ
бидуни қобилияти тағйир додан ё нобуд кардани сабтҳои қаблӣ сабт
карда мешавад. Ин китоб фаъол, хронологӣ, паҳншуда, тафтишшаванда ва
аз таҳқир тавассути системаи тақсимот ҳифз шудааст.
Дар давоми инкишофи худ, технологияи блокчейн аз
марҳилаҳое гузашт, ки ҳамчун насли якум ва дуюм тавсиф
карда мешаванд ва айни замон насли сеюми блокчейн дар
марҳилаи ташаккул қарор гирифтааст:

Блокчейн 1.0
ҳамчун асъор баромад мекунад. Криптоасъорҳо дар барномаҳои
Инқилоби технологияи

мухталифи марбут ба пул, аз қабили низомҳои интиқол ва пардохтҳои


рақамӣ истифода мешавад.
блокчейн

Блокчейн 2.0
ҳамчун шартномаҳо ифода меёбанд. Тамоми синфҳои барномаҳои
иқтисодӣ, бозорӣ ва молиявӣ, ки дар асоси блокчейн сохта шудаанд, бо
намудҳои гуногуни воситаҳои молиявӣ - бо саҳмияҳо, вомбаргҳо,
фючерсҳо, ипотекаҳо, унвонҳои ҳуқуқӣ, дороиҳои интеллектуалӣ ва
шартномаҳои интеллектуалӣ кор мекунанд.

Блокчейн 3.0
барномаҳое мебошанд, ки аз доираи ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ,
молиявӣ ва бозорӣ фаротаранд. Онхо дар сохахои идораи давлатй,
тандурустй, илм, маориф, маданият ва санъат истифода мешаванд.
Принсипҳои технологияи блокчейн

тақсимотӣ

бехатарӣ
ошкорбаёнӣ ва
шаффофият
ғайримарказият

боварӣ

алоқамандӣ

тағйирнопазирӣ
Механизми истифодабарии технологияи
блокчейн
 
Блокчейн ин як махзани транзаксияҳои тақсимшуда мебошад, ки онро бо
як китоби калони муҳосибии ғайримарказонидашуда ва тақсимшуда муқоиса
кардан мумкин аст, ки дар он бо истифода аз шабакаи Интернет бузургиҳо ва
маълумотҳо шаффоф ҳифз, мустақилона нигоҳ ва табдил дода мешаванд,ва
он бидуни мақомоти марказии танзимкунанда ба амал меояд.
Блокчейнҳоро аз рӯи сохтори шабакаҳояш метавон ба оммавӣ, хусусӣ ва омехта
гурӯҳбандӣ намуд.
 

Дар шабакаҳои хусусӣ барои ҳамроҳ шудан ба қатори


истифодабарандагони оддӣ бояд ба як қатор меъёрҳое, ки аз ҷониби
ташкилкунандагони шабака муқаррар карда шудаанд, мувофиқат кард. Танҳо
шумораи маҳдуди одамон метавонанд “майнер” гарданд ва
ташкилкунандагони шабака маъмурони онҳо мебошад.
Блокчейн феҳристи маълумотҳои тақсимшудаи оммавии
тағйирнопазирро инъикос мекунад, имконияти гузаронидани транзаксияҳоро
бидуни миёнарави ягонаи марказиро (шабакаи ғайримарказонидашуда)
медиҳад. Агар чуқуртар дида бароем , занҷири пайдарпай аз блокҳое иборат
мебошад, ки дорои маълумоти рамзшуда ё кушода мебошанд.
Блокчейни омехта (консорсиум) хосиятҳои ду намуди дар боло
зикршударо дар бар мегирад. Яке аз хосиятҳои ин намуд дар он аст, ки дар
он шумораи “майнерҳо” маҳдуд буда, онҳо байни худ оиди шартҳои
истифодабарии система созиш мебанданд. Дар занҷире, ки аз якчанд блокҳо
иборат аст, раванди созиш пешакӣ аз рӯи гиреҳҳои бақайдгирифташуда
баргузор мегардад.
Фарқияти асосӣ байни ин се гурӯҳи блокчейн-шабакаҳо дар он аст, ки
блокчейни оммавӣ пурра ғайримарказонидашуда, омехта қисман
муттамарказ ва блокчейнҳои гибридӣ бошад, пурра марказонидашуда
мебошанд.
Блок унсури асосии сохтории блокчейн мебошад, ки транзаксияҳо ва
намудҳои гуногуни маълумотро (вобаста ба татбиқ) дар худ нигоҳ медоранд.
Ҳар як блок тавассути хэш-суммаи блоки худ ба блоки қаблӣ бо воситаи яке
аз функсияҳои хэширонӣ пайванд мегардад.
 
Дар транзаксияҳои амалиёти интиқол ва қабули маълумот бо мақсади
тасдиқи шахсият имзои электронӣ истифода бурда мешавад. Дар контексти
технологияи блокчейн имзои электронӣ дар асоси шабакаҳои хусусӣ ва
оммавӣ тартиб дода мешаванд.
Соҳаҳои татбиқи технологияи
блокчейн

ташкилотҳои
қарзӣ
энергетика бахши
давлатӣ

соҳаи хоҷагии
қишлоқ
маориф

Соҳаҳо хизматрасо
тандурустӣ ниҳои
ҳуқуқӣ

сохтмон
микропард
охтҳо суғурта
• Бартарии асосии истифодаи технологияи блокчейн дар соҳаи бонкдорӣ аз байн
бурдани миёнаравҳо дар амалиётҳои бонкӣ мебошад. Агар дар айни замон амалиёти
анҷом додани пардохтҳо, инчунин барасмиятдарорӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва
дигар маълумот бо иштироки бевоситаи миёнаравҳои гуногун, ки ҳаққонияти чунин
маълумотро тасдиқ мекунанд, анҷом дода шавад, (бонкҳо, муассисаҳои давлатӣ,
нотариусҳо ва ғайра), пас ҳангоми истифодаи блокчейн транзаксияҳо мустақиман бе
иштироки мақомоти марказӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни система тафтиш карда
мешаванд. Ин принсипи кори блокчейн тартиби иҷрои амалиёти бонкиро содда, вақт ва
ҳаҷми захираҳоро кам мегардонад. Илова бар ин, бо назардошти он, ки рамзи барномаи
шабакавӣ ҳамеша кушода аст, ҳар як истифодабарандаи дорои калидҳои дастрасӣ ба
система метавонад ба он ворид шавад, вале маълумоти шахсии ӯ махфӣ боқӣ мемонад.
Созандагони блок танҳо метавонанд ба маълумот дар бораи ҳар як амалиёти мушаххас
дастрасӣ дошта бошанд. Дар натиҷа, истифодаи технологияи блокчейн имкон медиҳад,
ки назорат аз болои амалиётҳои бонкӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, аудиторҳо,
ширкатҳои суғуртавӣ, бақайдгирандагон ва дигар иштирокчиёни низоми молиявӣ бекор
карда шавад.
• Ҳамасола 45% миёнаравҳои молиявӣ, аз қабили шабакаҳои пардохтӣ ва биржаҳои
фондӣ аз қаллобӣ азоб мекашанд. Агар технологияи блокчейн танҳо як қисми ками
чунин транзаксияҳоро бо имкон додани транзаксияҳои баробарвазн дар бахшҳои дигар
иваз кунад, он метавонад самаранокии бахши молиявиро ба таври назаррас беҳтар
гардонад.
• Коршиносони Бонки аврупоии Сантандер ҳисоб карда баромаданд, ки сарфаи
эҳтимолӣ аз татбиқи технологияҳои блокчейн дар як сол 15-20 миллиард доллари
амрикоиро ташкил медиҳад.
Яке аз воситаҳои афзалиятнок барои иваз кардани
миёнаравҳои боэътимод ин истифодаи шартномаҳои
интеллектуалӣ ба ҳисоб меравад. Шартномаҳои интеллектуалӣ ин
алгоритмҳои қаблан барномарезишудае мебошанд, ки ба таври
худкор барнома ҳангоми ба вуҷуд омадани ягон амалиёт иҷро
мекунад.
Тавассути рақамикунонии шартномаҳо ва дигар намудҳои
ҳамкорӣ дар намуди шартномаҳои интеллектуалӣ ҳамаи шартҳои
муқарраршуда ба таври қатъӣ аз рӯи алгоритми муқарраршудаи
ба блокчейн асосёфта иҷро карда мешаванд (ба таври худкор) ва
ба ин васила омили инсониро аз байн мебарад ва эътимоди
мутақобилаи байни ҳамаи тарафҳои шартномаро зиёд мекунад.
Боз дигар самти самарабахши татбиқи шарномаҳои
интеллектуалӣ ин сабти рақамии таърихи қарзи муштариён
мебошад, ки пояи асосии муомилотҳо дар оянда мебошад
Алгоритми истифодабарӣ

Аз рӯи расм маълум мегардад, ки дар нақшаи пардохти классикии


ипотекӣ алоқаи бонки тиҷоратӣ бо ҳамаи гиреҳҳои муомилотҳо яктарафа
мебошад. Яъне, ҳамаи ин муомилаҳо ба воситаи амалиётҳои бонкӣ анҷом
дода мешаванд. Ҳангоми истифодаи технологияи блокчейн дар ин раванд
алоқа аллакай байни гиреҳҳои муомилот дутарафа мешавад. Дар ин ҳолат,
шартнома зарурати гаравро аз байн мебарад, зеро объект аз ҷониби шартнома
ба таври худкор пас аз пардохти охирин озод карда мешавад. Ҳамин тариқ,
гузариши амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла пардохтҳои ипотекӣ ба технологияи
блокчейн имконият медиҳад, ки миёнарав-бонкро аз байн барад.
Таъсири технологияи блокчейн ба
иқтисодиёт

Бояд мушоҳида намуд, ки бахшҳои молиявии кишварамон


аллакай марҳилаи гузариш ба табаддулотҳои равандҳои тиҷоратро
аз сар гузаронида истодааст, ки технологияи блокчейн низ
метавонад ба таври назаррас ҳамчун яке аз намудҳои
технологияҳои муосири молиявӣ таъсири худро расонад. Дар ин
бобат, вазифаи асосӣ ин ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳое мебошад, ки
барои гузаштан аз ғояҳои умумӣ дар бораи таъсири технологияи
мазкур ба иқтисодиёт ва соҳаҳои алоҳидаи он ба баҳодихии расмӣ
бо дарачаи баланд ва гузаронидани ҳисобу китобҳо барои муайян
намудани самаранокӣ ва имконпазирии гузариш ба инфрасохтори
амалиёти молиявӣ ва равандҳои тиҷорат нигаронида шудаанд.
 
Дар баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки таҳлил аз ҷиҳати
методологӣ ба таҳлили афзоиши самаранокии бахши бонкии иқтисодиёт
дар зери таъсири равандҳои воридшавии технологияҳои блокчейн
тавассути призмаи баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии афзалиятёбӣ ва
оптимизатсияи равандҳои амалиётии он асос ёфтааст.
Ҷанбаи мазкур омӯзиши таъсири технологияҳои
блокчейнро ба бахши молиявӣ ва иқтисодиёти
миллӣ дар асоси чор омили асосӣ инъикос
менамояд.
Тағйирёбандаҳо Параметр
ММД 8850,942
Vпардохтҳо -0,0018
Vнат. молиявӣ 23,487
Vқарзҳо 0,208
Vамонатҳо 0,147
R маҷмӯӣ 0,75
R2 0,6
R2 –меъёрӣ 0,4
F-меъёр 3,5

Дар натиҷаи ворид намудани тағйирёбандаҳо чунин муодилаи регрессионии чоромила


ҳосил гардид:

Y=8850,942-0,0018X1+23,48738X2+0,208079X3+0,147063X4
Дар натиҷа, метавон қайд намуд, ки муодилаи регрессионии таҳияшуда аз
мавҷудияти таъсири мусбат ба ҳаҷми ММД шаҳодат медиҳад, ки он ба таври
миқдорӣ баҳодиҳии дараҷа ва потенсиали имконпазири таъсири равандҳои
”блокчейнизатсия” –ро ба равандҳои иқтисодӣ ифода менамояд.
35000

29879.4
18966.4 21320.4
30000
16389.4 20475.2
17460.3
21041.4
17457.9 17726.3
25000
Ҳаҷми ММД, млн сомонӣ

26896.4
20319.6
13103.6 18014.2 23202
20981.7
20000
18677.4
19339
13106.9
15000 17211 19339 16470.8
19339
17211 19339
18392.4 16318.8 15973.8

10000 15771.6
10490.1 17211
17211
13533.7
5000

0
I кв. II кв. III кв. IV кв. Iкв. II кв. III кв. IV кв. I кв. II кв. III кв. IV кв. I кв. II кв. III кв. IV кв.
2017 2017 2017 2017 2018 2018 2018 2018 2019 2019 2019 2019 2020 2020 2020 2020

Ҳаҷми ММД Ҳаҷми ММД пешгӯишаванда

You might also like